ҶАШНИ БОВАР

Табрикии манзуме ба устод Муҳаммад Ғоиб

Ба ҳаво силсилаи борон аст,

Ба замин фарши гулу торон аст,

Ҷашни зебои ватандорон аст.

Рўзи мелоди Муҳаммад Ғоиб!

Ҷашни бо нўки қалам кон кандан,

Аз танўри дили худ нон кандан,

Ҷашни аз баҳри Ватан ҷон кандан,

Рўзи мелоди Муҳаммад Ғоиб!

Байъати ҷону ҷигар бо Меҳан,

Аҳди фарзанду падар бо Меҳан,

Рўзи паймони дигар бо Мейҳан,

Рўзи мелоди Муҳаммад Ғоиб!

Хираду хубиву беозорӣ,

Шакари хандаву хушгуфторӣ,

Ҷашни ворастагиву бедорӣ,

Рӯзи мелоди Муҳаммад Ғоиб!

Дашт дар пираҳани Наврўз аст,

«Ҳама ҷо анҷумани наврўз аст»

Тоҷикистон Ватани Наврўз аст»,

Рўзи мелоди Муҳаммад Ғоиб.

Шоири мардуми меҳанпарвар,

Шоири ҳақталабу ҳақдовар,

Ҷашни номусу ғуруру бовар,

Рўзи мелоди Муҳаммад Ғоиб!

 165 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 156 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.