НАВРӮЗ БО ОЗАР

Бо салому эҳтиром,

Имрӯз 20-уми марти соли 2021 соати 14:37 дақиқа ба вақти Душанбе соли нави хуршедии аҷдодӣ фаро мерасад. Табиитарин ва дақиқтарин ва зеботарин Соли нав ва миллитарин ҷашни мо барои ҳамагон хуҷаста бод.

Имсол Наврӯзро бо базми зебои «Ширу шакар», бо шоири тавоно замони мо Озар, дар гармтарин нуктаи кишвар, дар ноҳияи Шаҳритус оғоз кардем. Базме хотирмон ва пур аз самимият буд. Бо умеде, ки сол низ чунин зебову пур аз хотироти некӯ бошад. Барои банда ва барои ҳамагон.

Ва ду шеър, ки яке аз наврӯзии донишҷӯӣ ва дигаре пиронасар:

Бомдоди Наврӯз

Гулбонги ишқ дар малакут аст ин саҳар,

Асрор дар мақоми субут аст ин саҳар.

Зангулаи мубораки озодагӣ бизан,

Ворастан аз ҳудуду хутут аст ин саҳар.

Шукри Худо, ки муждаи Наврӯз ҳам расид,

Гӯянд хатми нахвати ҳут аст ин саҳар.

Бар пешвози фасли ҳумоюн баланд шав,

Пирӯзии садо ба сукут аст ин саҳар.

Аёйми зулфбезии бед аст ин нафас,

Айёми дастёзии тут аст ин саҳар.

Зонуи эътироф занам пеши обшор,

Айни бузургиву ҷабарут аст ин саҳар.

****

Баҳори русто

Шишаҳои шушаҳои ях зи гӯши бом рехт,

Духтари бегушвор аз шарм бар рух лола кишт:

Сурхрӯ шуд деҳаи андовагӣ,

Деҳаи андовагии тоҷикӣ.

Суфии покизадомони зимистонро нигар,

Хешро аз нав ба хилватхонаи порина зад.

Хайма бар саҳро кашиданд ошиқон,

Хаймаҳои ормон.

Меваи гунҷишкҳо хам карда шохи бедро –

Нест дар ин боғ нахли бесамар.

Хаста-хаста ин зимистонро ба Наврӯз оваридам,

Сабз бошӣ то ба Наврӯзи дигар!

Total Views: 281 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.