ЭЪҶОЗИ БАДАХШОН ё ҶАҲОН АЗ БАЛАНДӢ ЧИ СОН МЕНАМОЯД?
Тақриз не, бардошт!
АНГЕЗА
Чанд рӯз қабл барои табрики мавлуди 50-солагии ходими давлативу ҷамъиятӣ, сиёсатшиносу сиёсатмадори саршинос Абдуллоҳи Раҳнамо, ки феълан ба қавле «дар оромиш» қарор дорад ва ба хизмати адабиёт дасту остин барзадааст, рафта будам.
Эшон ҳангоми гусел бо муҳаббат ду китоби навашон – «Дидгоҳи давлатмеҳвар» ва «Нурест дар ҷабини Бадахшон»-ро бароям тақдим кардаву гуфтанд:
Китоби якумро бо ҷиддият хонед, китоби дувумро як назар кунед.
Вале чунин иттифоқ афтоду банда дар дили яке аз шабҳои бехобӣ «як варақ зада бинам» гуфта, китоби «Нурест дар ҷабини Бадахшон»-ро ба даст гирифтам… ва ҳамин тавр, саросема ҷомадонамро ҷамъ карда, ба сафари Бадахшон баромадам…
…Бори аввал, ҳангоми мутолиаи «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов парвоз карда, ба авулҳои Доғистон рафта, пӯстини пашмин пӯшида, ба сар папах монда, ба миёнам шамшер баста, савори асп бо забони аварӣ суҳбаткунон, ҳамроҳи Ғамзат Садаса ва Абӯтолиби пир дурудароз саёҳат карда, хаста шуда, дар гирди гулхани фурӯзон толқон хӯрда, нишаста будам…
…Бори дуввум, вақте «Диёри домани гардун»-и Йордан Милевро мехондам, ба сафари ватани худам баромадам, мардуми сарзамини хешро шинохтан хостам, зебоиҳоро табиати диёрамро дидан бароям ҷолиб буд ва аз ҳама муҳим аз миллати хеш, аз фарҳанги мардуми хеш ифтихор кардам…
…Ва зимни мутолиаи китоби «Нурест дар ҷабини Бадахшон», маҳз чунин эҳсоси гуворо доштам.
…Чун китоби Раҳнамо калонҳаҷм нест, сафари ман ба Бадахшон тӯлонӣ набуд, мисли сафари муаллиф: кӯтоҳ, вале хотирмон. Вақте охирин сафҳаи китобро мехондам, муаззини масҷиди канори хонаам азон мегуфт…
ДАР БОРАИ КИТОБ
«Нурест дар ҷабини Бадахшон» ёддоштҳо ва бардоштҳои Абдуллоҳи Раҳнамо аз сафари Боми Ҷаҳон аст. Китоб аз 14 бахш, иборат аст. Банда бо муаррифӣ кардани ҳар бахш чанд ҷумла бардошти худро мегӯям ва ҷое ба сифати хулоса шеърҳои муаллифро меорам.
- Аз ватаншиносии иттилоотӣ то ватандории вуҷудӣ
Дар ин бахш муаллиф ангезаи иншои ин ҳадисро шарҳ медиҳад. Ба мушоҳидаи Раҳнамо бештари мардуми кишвари мо ба ҷуз аз пойтахт ва маҳали зиндагии худ аксари гӯшаву канори ватанро надидаанд, балки дар бораи он аз ВАО ё китобҳо хонда, хулоса бардоштаанд. Бинобар ин, ӯ қарор додааст, ки ватаншиносии иттилоотӣ ба ватандории вуҷудӣ ва ё амалӣ гузарад ва зимни зиёрати гӯшаву канори Тоҷикистон онро чун як пораи дил шиносад ва дар вуҷудаш маъво диҳад. Сафар ба Боми Ҷаҳон ба Абдуллоҳи Раҳнамо чунон таъсир мегузорад, ки ӯ дар вуҷуди Бадахшон ҳазм мешуд, бо обаш зулолу бо ҳавояш тоза мешуд, бо гиёҳаш мерӯйид ва бо себаш ранг мегирифт, дар фалакаш мепечид, дар оҳангаш мепечид ва дар асолаташ асил мешуд, дар шукуҳаш қударт меёфт ва дар ҳуснаш ғарқ мегашт.
Ин байт баёнгари мароми муаллиф аз таълиф аст?
Эй мулки осмонӣ, эй лутфи бениҳоят,
Ишқи туро сурудам «дар чордаҳ ривоят».
- Аз фиреби харита бояд раст
Ин бахш нигоҳи шоиорани Абдуллоҳи Раҳнамо ба Тоҷикистон –кишвари камзамини Осиёи Марказист. Раҳнамои сиёсатшинос ва олим ба Тоҷикистон, ба кишвари кӯчаке, ки дар оғӯши кӯҳистон як тикка замин насибаш шудаву феълан дар ҷуғрофиёи аз лиҳози геополитикӣ ҳасос ҷойгир аст, чунин боҳиммат назар намекард ва намегуфт:
Аз фиреби харита бояд раст,
Тоҷикистон басе бузургтар аст.
Ба ҳар навъ ин бардошт, ин ҳиммат зебост:
- Шукрона як рукни имони мост
Ин бахш муқоисаи ду соҳили Панҷи мавҷхез аст, ки ҳар равандаро ба шукрона кардан водор мекунад.
- Дарвоз, қадамгоҳи баланди падарон;
Муаллиф Дарвозро дарвозаи Бадахшон, сарзамини анору афсона, қандили бурҷҳои баланди обӣ, зодбуми таронаи кабки дарӣ, хонаи мардуми некназар, обгинаи булурини таърих, хостгоҳи руҳи миллӣ, садои осмонии Акашарифи Ҷӯра, сухани ҷаҳонгири Мӯъмин Қаноат ва дигар бузургон дарёфта, дар деталҳои нозук зиндагии ашрофона ва зебои ин мардуми некназару некманзарро тасвир мекунад. Барои нигоранда пешравиҳои Дарвоз ҷолиби диққатанд ва ӯ бо завқ аз онҳо қисса мекунад ва хурасанд аст, ки «Агар дар ҷойҳои дигар мардум суроғи кор бошанд, ин ҷо кор ба суроғи мардум омадааст».
- Рӯшаниҳои Рӯшон
Абдуллоҳи Раҳнамо ба Рӯшон аз панҷ диди рӯшан назар андохта, мардуми ин диёрро аз даруну берун рӯшан дарёфтааст. Оби Рӯшонро ба ҳадде соф тасвир кардааст, ки агар ба чинӣ бирезӣ ё ба ҷоми булӯр бардорӣ маълум намегардад, ки ҷом пур аст ё холӣ. Меҳмоннавозии мардуми Рӯшон ва тамоми Бадахшон, ки вежагиҳои худро дорад барои сафаракии мо ҷолибу аҷиб менамояд.
- Рӯй оварем ба Шуғнон
Диёри гули ҳафтранг аст, Шуғнон,
Қашанг аст, оре, қашанг аст, Шуғнон.
- Роҳати ҷон аст тоҷик ё дарсҳое аз Барсем;
Ин бахш қиссаи зебоест. Вақте деҳаи Барсеми Шуғнон қисман зери хок монд, хонандагони «Литсейи Раҳнамо» тасмим мегиранд, ки ба ҳамсолони худ кӯмак баранд. Ҳамин тавр, бо сарварии Абдуллоҳи Раҳнамо корвони кӯмаки наврасон ба наврасон ба роҳ мебарояд.
Чӣ омӯзанда аст! Вақте маҳалгароӣ дар хуну ҷони калонсолон ҷой шудааст, ин фариштаҳои беайб, ин тазанафасону тозаниҳодон, ғофил аз талоши гуруҳу маҳал барои роҳбариву фаррошиву дарбонӣ, бо нияти нек ба кӯмаки ҳамсолони худ мераванд. Тасаввур кунед, ки чӣ ҳад муассир бояд бошад, вохӯрии ин чуҷаҳои навбол…
- Хоруғ, эй нигини Бадахшон
Муҳити Хоруғро шаҳрӣ, ашрофӣ ва дар сатҳи кишварӣ меёбад муаллифи китоб ва аз ин истиқбол мекунад.
Нигини Бадахшонзамин аст Хоруғ,
Ба тоҷи Бадахшон нигин аст Хоруғ.
- Зи ишкошим омӯзем оини ватандорӣ
Барои Абдуллоҳи Раҳнамо мизони пасти ҷиноят дар Ишкошим боварнакарданӣ буд, зеро дар як сол ҳамагӣ 2 ҷиноят, сурат гирифтааст, дар ин ноҳия. Барои ин мардум, ҳанӯз девори баланду қуфл кардани ҳавлиҳо расм нашудааст.
Хушдилу хушгилу хушбодуҳаво, Ишкошим,
Ватани мардуми бомеҳру вафо Ишкошим.
- Роштқалъа, себе дар остини Бадахшон
Замини Роштқалъаро саҷҷодае сабзе мебинад, муаллифи китоб, ки рӯйи он бо пойи намозӣ қадам бояд гузошт.
- Меҳроби ишқ, гӯшаи ҳар хонадони Ванҷ
Ванҷро Абдуллоҳи Раҳнамо ватани паҳлавонон дарёфтааст:
Ҳаргиз ғубори хоки заминро надидааст,
Он шонаи баланди ҷаҳонпаҳлавони Ванҷ.
- Дар хумори Мурғоб
Муаллиф Мурғоб нарафтааст, вале дар хаёли худ, тасаввур мекунад:
Муоғоб, эй қаламрави ҷоду,
Оғози Панҷу модари Омӯ,
Бурҷи уқобу хонаи Оҳу,
Шоҳини тезбини Бадахшон.
- Дарки Бадахшон: ё ҷаҳон аз баландӣ чи сон менамояд?
Ин бахш хулосаи сафари муаллиф ба Бадахшон аст, ки дар он васфи табиати Бадахшон, мардуми бонангу ори он, хулосаҳо аз маърифати илмӣ, гиёҳшиносӣ, мардумшиносӣ… ва ғайра аст.
- Ҷонам, ҷаҳонам, биҳиштам.
Поёни ҳадиси Бадахшон аст.
Ва дар ин бахш муаллиф роҳҳои рушди туризми дохилиро мегӯяд ва пешниҳодҳои мушаххас мекунад.
ДАР БОРАИ АҲАМИЯТИ КИТОБ
Абдуллоҳи Раҳнамо зодаи Бадахшон нест. Ӯ ҳамагӣ чанд маротиба ба Бадахшон сафар кардааст. Шояд ӯ ба Маскаву Теҳрон, Порису Вашингтон, Лондону Алмаато бештар аз Бадахшон рафта ва дар ин шаҳрҳо зиёдтар аз Бадахшон зиста бошад, вале Бадахшон чашми ӯро ба ҷаҳон, ба ҷаҳони ботинии миллати тоҷик боз кард. Ӯ ба сарзамини худамон, ба миллати худамон, ба умқи маърифати худамон бо диди таҳқиқ назар кард ва чунин китоби нозанинро пешкаши мо намуд. Барои Раҳнамо муҳим нест, ки ӯ зодаи Бадахшон нест, барои ӯ муҳим аст, ки ҳар сангу харсандг, ҳар тикка замин ва ҳар қатраи об, Тоҷикистон аст, ватани ӯст, сарзамини гузаштагон ва мерос ба ояндагон аст. Ман бовар дорам, ки агар зиёиёни мо, аҳли маърифати мо, давлатмандону давлатмардони мо аз лоначаи маҳалу мафкураи маҳалгароӣ берун бароянд, Тоҷикистонро «ба чашми хирад» мебинанд, чунин ҷаззоб, чунин назаррабо, чунин дилфиреб, чунин ангезанда, чунин таҳрикдиҳанда, чунин ба андешаводоркунанда.
«Нурест дар ҷабини Бадахшон» беҳтарин тасвири бадеии Бадахшон аст.
ДАР БОРАИ НАВЪИ КИТОБ
Муаллиф онро «ёддоштҳои адабӣ» гуфтааст, вале банда онро эссеи ҷолибе дарёфтам.
Ин калима, яъне эссе, солҳои охир маъмул мешавад. Ҳатто иншои озоди толибилми мактаби миёнаро эссе мегӯянд. Дар публитсистика асари озоди раҳида аз қолаби очерку сафарнома ва ёддошту ёдномаро мо – публитстистон эссе гуфтем. Яъне ҳамон иншои озоди толибилми мактаб, агар мустанад бошад, эссеи публитсистӣ аст. Ин навъи эҷод хеле қадима аст ва бори аввал дар асри 12, дар замони сулолаи Хэян, дар Ҷопон пайдо шудааст. Хизматгори малика Тэйси, Сэй-Сёнагон рӯзгори пурмашаққати дарбораишро шабона пинҳонӣ ёддошт мекард ва ин шоҳкор имрӯз ба номи «Ёддоштҳои сари балишт» дар ҷаҳон маъруф аст…
Китоби Абдуллоҳи Раҳнамо ҳамин гуна як эссе аст, ки гӯё бо як нафас навишта шуда бошад, зеро бо як нафас хонда мешавад.
Барои муаллифи он факту рақамҳо мавқеи аввалиндараҷа надорад, зеро ӯ очерк наменависад, ҷузъиёти сафарро нақл намекунад, зеро сафарнома ё очерки сафарӣ навиштан мақсадаш нест. Ӯ бардоштҳояшро дар заминаи мушоҳидаҳояш мегӯяд.
ДАР БОРАИ ЗАБОНИ КИТОБ
Забони китоб, тоҷикии тоза ва чун асал ширин аст, ки аз нӯши ҷон кардани он кас сер намешавад.
АНГЕЗАИ ОХИР
Ду-се рӯзи охир, пас аз мутолиа, овозаи ин китобро ба ҳама дӯстонам расонидам ва феълан дар навбатанд, ки китобро барояшон амонат диҳам.
Кош китобам солим баргардад…
760 – Мақоларо хонданд, 105 – Имрӯз хонданд