ТОҶИКИСТОН МЕШАВАД ҚУДРАТ!

 (Ёддоште аз сафари Роғун)

Ҷойи тоқӣ ман кулоҳи оҳанин мепӯшам акнун,

Мешавам ман корманди ГЭС-и Роғун,

Чунки андар ин набарди нуру зулмат,

Ҳал шавад тақдири истиқлоли миллат.

Чунки андар ин набарди нуру зулмат,

Ҳал шавад тақдири истиқлоли давлат.


Чунки рӯҳи корзори НОБи Роғун

Ҳамчу як андешаи миллӣ,

Мекунад тоҷикро ғун.


Чунки нақшу ҷойгоҳи чархи Роғун,

Ҳамчу чархи сарнавишти халқи тоҷик,

Бартар аст аз чархи гардун.


Чун Худо ҳам хешро «нури самовоту замин» гуфт,

(Андар оёташ чунин гуфт.)

НОБи Роғун низ чун конуни истеҳсоли нур,

Маъбади қудсии анвори илоҳист,

Кори ҳар як кормандаш

Бегумон як кори миллӣ,

Балки як кори илоҳист.


Эй, ки бо ҳангомаи дину ҷиҳод,

Рафтаӣ сарсон ба саҳрои Ироқу Сурия,

Чашм бикшо, нак туро ҷанги муқаддас!

Ин туро Ҷанги бузурги меҳанӣ!

Ҷанг бо сардиву торикии шабҳои халоиқ,

Ҷанг бо вобастагиву фақру зулмат,

Ҷанг андар ҷабҳаи нуру сафо,

Ҷанг дар роҳи Худо.


Кор дар Роғун ҷиҳод аст,

Кор дар Роғун калиди иттиҳод аст.

Гар ҷиҳоди Сурия куштору вайрониву гӯр аст,

Дар ҷиҳоди Роғун озодиву истиқлолу нур аст.

Дар ҷиҳоди Роғун ободиву сур аст…


Ҷойи дафтар рӯйи лавҳи санг иншо мекунам акнун,

Ҳамчу нақши панҷаи устои нерӯгоҳи Роғун,

Дар ҷабини кӯҳ бо имлои нохун.

Балки бо имзои нохун.


Ин, ки фарзандони ин миллат чӣ тӯфон мекунанд ин ҷо,

Корзоре берун аз тасвири инсон мекунанд ин ҷо.

Оби дарёро ба мисли банд мебанданд,

Куҳҳоро бар мисли чок медӯзанд,

Бурҷи хороро бар мисоли тут талқон мекунад инҷо,

Ғайриимконро ҳам имкон мекунанд ин ҷо.

Тоҷикистонро ба ин эъҷозу қудрат

Тоҷикистон мекунанд ин ҷо.


Баъди Роғун,

Бояд аз афсона берун ояд он Фарҳоди номӣ,

Хуфта дар гаҳвораи девони Ҷомию Низомӣ,

Ҳамчу қурбонии нокомиву хомӣ.

То занад зону ба пеши кӯҳканустои Роғун,

Пеши он устои беҳамтои Роғун.

То биёмузад тариқи кӯҳ кандан,

То биёмузад тариқи нақб бастан,

То бихонад мактаби тасхири дарё,

То раҳо ёбад зи рӯъё…


Баъди Роғун бе муҳобо метавон гуфт:

Офарин бар қудрати бозуи тоҷик,

Офарин бар кулчаи зонуи тоҷик,

Офарин бар зӯри дасташ,

Офарин бар зӯри пояш,

Офарин бар азми халқаш,

Офарин бар Пешвояш,

Офаридаст ин, ҷасорат, ин бузургӣ,

Офаридаст ин шаҳомат, ин тамаддун.

Шоҳкори НОБи Роғун…


Ҷойи тоқӣ ман кулоҳи оҳанин мепӯшам акнун,

Мӯзаву камзул биёредам ба ҷойи шиму кастун,

Мешавам ман корманди ГЭС-и Роғун,

Мекунам ман сарнавишти Тоҷикистонро дигаргун:


Баъди Роғун,

Тоҷикистон,

Мешавад султони махзанҳои нур,

Соҳиби худмеҳвариву эътимод,

Мешавад мулки саноат,

Мешавад мулки савод.


Баъди Роғун,

Тоҷикистон,

Ҳам мароми обро бар даст мегирад,

Ҳам зимоми барқро бар даст мегирад,

Ҳам лаҷоми Шарқро бар даст мегирад,

Моҳии тиллоии таърихро бар шаст мегирад.


Баъди истиқлоли нерӯ,

Баъди истиқлоли бозӯ,

Мерасад таҳкими истиқлоли давлат.

Мерасад таъмини истиқлоли миллат.

Баъди Роғун Тоҷикистон мешавад қудрат!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.