ЯК ҚАРОРИ БЕМИСЛУ ҶАСУРОНАИ ТАЪРИХӢ ДАР БОБИ ЗАБОН, КИ АЗ САБАБҲОИ ҚАТЛИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ВА А. ҲОҶИБОЕВ ШУД!

Имрӯз, дар Рӯзи гиромидошти забони давлатӣ, матни Қарори муштараки КИМ ҶШСТ ва ШКХ ҶШСТ аз 30-юми январи соли 1929 «ДАР БОРАИ ТОҶИКӢ КАРДАНИ ДАСТГОҲИ ДАВЛАТӢ» ё «О ТАДЖИКИЗАЦИИ ГОСУДАРСТВЕННОГО АППАРАТА»-ро мегузорам.

ВА ИЛТИМОС ДОРАМ, КИ ОНРО МӮ БА МӮ МУТОЛИА ФАРМОЕД.

Ин ҳуҷҷат рӯҳи баланди миллӣ ва ҷасорати бемисли Раиси КИМ ҶШСТ Нусратулло Махсумро нишон медиҳад. Номбурда дар ин масъала 4 қарори дигари маҷбуркунанда қабул карда, тамоми дастгоҳи давлатӣ ва коргузории идории Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ гузаронида буд. Ҳамин истодагарии ҷасурона дар масъалаи забони тоҷикӣ дар ниҳоят яке аз сабабҳои барканорӣ ва қатли ӯ шуд.

Ёди шаҳидони роҳи миллату давлату забон гиромӣ бод!

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.