25-УМИ СЕНТЯБР – РӮЗИ ШАҲРИ ХУҶАНД ГИРОМӢ БОД!

                                                                 ***

Партави зарҳали ҳилоли Хуҷанд,

Медамад бар шаби хаёли Хуҷанд.


Рӯди Сайҳун навор мегирад,

Сарнавишти хуҷастафоли Хуҷанд.


Ҳама фазлу фазилати ноб аст,

Офарин бар Хуҷанду оли Хуҷанд.


Чӣ муҳити муаттаре дорад,

Пири мо, Хоҷаи Камоли Хуҷанд.


Пистаи нарму рӯғани бодом,

Шеваи гӯишу мақоли Хуҷанд.


Қадди таърих сахт кӯтоҳ аст,

Пеши таърихи моҳу соли Хуҷанд.


Ба тирози ҷаҳон мулаққаб шуд,

Обу иқлиму эътидоли Хуҷанд.


Ҳама қанду набот мебандад,

Қандаки сабзи навниҳоли Хуҷанд.


Турку тоҷику орифу ошиқ,

Ҳама мастанд аз ҷамоли Хуҷанд.


Хоки покаш ба дида бардорам,

Рӯзи шукронаи висоли Хуҷанд!


Ё Раб, аз ҳар газанд эмин бод,

Рӯзгорони безаволи Хуҷанд.

Total Views: 35 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.