МАДҲИЯ Ё ТАРБИЯ?

Ё маънои воқеии қитъаи “Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе”-и Саъдӣ чист?

Бо салому эҳтиром,

Ду рӯз пеш порае аз суханронӣ дар Рӯзи забонро, ки дар Вазорати меҳнат гузашта буд, гузоштам. Дар он, зимни баррасии таърихи забон ва давлатдории миллӣ маънои воқеӣ ва сабаби таълифи чанд байти Шайхи бузургвор Саъдии Шерозӣ, аз ҷумла қитъаҳои машҳури «Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист…» ва «Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе…» шарҳ шуда буданд.

Дар миёни истиқболи васеи дӯстон, баъзе аз корбарон аз чунин шарҳи ин байтҳо ҳайрон ё ҳатто нороҳат шудаанд.

Бале, шоҳбайтҳои машҳури зикршуда, ки бегумон, аз беҳтарину баландтарин байтҳои адабиёти форсӣ мебошанд, аз сӯи муаллиф маҳз дар бахши ситоиши подшоҳ ва мадҳи ҳокими вақти Шероз навишта шуда, дар таъйиноти аввал маҳз абёти мадҳиявӣ мебошанд. Аммо бузургии сухани Саъдӣ дар он аст, ки имрӯз мо онро ба маънои тарбиявию ахлоқӣ истифода менамоем ва ин хуб ва олист! Зеро башар ба ахлоқ бештар аз мадҳия ниёз дорад.

Барои рӯшании бештар дар ин маврид, ин ҷо матн ва шарҳи комилу соддаи башхи ситоишии дебочаи «Гулистон»-ро аз китоби зикршуда меорам, ки дар он ҳар як байти мавриди назарро дар матн ё контексти китоб дидан мумкин аст. Агар ба диққат хонем, матн ба гунаест, ки мазмуни байтҳо ва муроди муаллиф комилан рӯшан аст.

Ва боз, гарчӣ фейсбук ҷои баҳси тахассусӣ нест, аммо дар чунин масъалаҳо беҳтар аст бо тааммулу тахассус суҳбат ва изҳори назар намоем.

***

Аз китоби «ШАРҲИ ОСОНБАЁН БАР ДЕБОЧАИ «ГУЛИСТОН»-И ШАЙХ САЪДИИ ШЕРОЗӢ БА ЗАБОНИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ» (Абдуллоҳи Раҳнамо. Душанбе, 2010)

Дарси нӯҳум

Матн:

Зикри1 ҷамили2 Саъдӣ, ки дар афвоҳи3 авом4 афтодааст ва сайти5 суханаш, ки дар басити6 замин мунташир гашта ва қасабулҷайби7 ҳадисаш,8 ки ҳамчун шакар мехӯранд ва руқъаи9 муншаоташ,10 ки чун коғази зар мебаранд, бар камоли фазлу11 балоғати12 ӯ ҳамл13 натавон кард, балки худованди14 ҷаҳон ва қутби15 доираи замон ва қоиммақоми16 Сулаймон17 ва носири18 аҳли имон ва шоҳаншоҳи муаззам,19 Атобаки20 аъзам,21 музаффару-д-дунё вад-дин,22 Абӯбакр ибни Саъд ибни Зангӣ,23 зилу-л-лоҳи таъоло фи арзиҳи,24 раббӣ ирза ъанҳу ва арзиҳи,25 ба айни иноят26 назар кардааст ва таҳсини балиғ27 фармуда ва иродати содиқ28 намуда, лоҷарам29 коффаи аном,30 хосса ва авом ба муҳаббати ӯ гароидаанд, ки а-н-носу ало дини мулукиҳим.31

Маънои калимаҳо дар ин матн:

1 – ёдоварӣ, бар забон гирифтани номи касе. 2 –зебо, хуб, нек. 3 -даҳонҳо, забонҳо. 4 -омма, мардуми оддӣ. 5 -овоза, шӯҳрати нек. 6 –паҳно, дар инҷо: рӯи олам. 7 –найшакар, навъе ширинӣ, ишора ба қалами равон ва сухани ширин. 8 -сухан, калом. 9 -пора, баргаи коғазе, ки рӯи он чизе нависанд, нома. 10 -навиштаҷот, иншо. 11 –донишу хирад, бартарӣ. 12 –суханварӣ, санъати сухан. 13 –ҳамл кардан: нисбат додан, алоқаманд донистан. 14 -соҳиби мулк, подшоҳ (калимаҳои «худо» ва «худованд» дар асл ба маънии соҳиб ва подшоҳ будаанд ва дар адабиёти форсӣ гоҳо ҳамин маънои худро нигоҳ доштаанд, мис.: кадхудо, деҳхудо ва ғ.). 15 –марказ, меҳвар.16 –ҷойнишин, ворис. 17 –ҳазрати Сулаймон (а), аз пайғамбарони илоҳӣ, ки соҳиби мулки подшоҳӣ низ будааст. 18 -ёридиҳанда, ёвар. 19 –бузург, мавриди эҳтиром ва таъзим. 20 –номи шоҳ, ба маънои падари бузург, яке аз унвонҳои расмӣ дар сулолаи Салҷуқиён. 21 – бузургу гиромӣ. 22 –пирӯзу ғолиб дар кори дунё ва кори дин. 23 -шашумин ҳокими Форс аз силсилаи атобакон, ки солҳои 623-658 ҳиҷрӣ ҳукумат дошта, ҳам дар «Гулистон» ва ҳам дар «Бӯстон» Саъдӣ ӯро мадҳу ситоиш намудааст. 24 -сояи Худои бузургвор дар рӯи замини Ӯ. 25 – Парвардигоро, аз ӯ розӣ (хушнуд) бош ва ӯро розӣ (хушнуд) гардон. 26 –нигоҳи нек, назари лутф. 27 –ҳимояту ташвиқи ошкоро. 28 –ихлосу дӯстдории ҳақиқӣ. 29 –ночор, ногузир. 30 -ҳамаи мардум, халқ. 31 –мардумон пайрави дини подшоҳони худанд.

Мазмуни матн:

Зикри ҷамили…: (Бале, имрӯз мебинед, ки) шӯҳрату номи неки Саъдӣ бар забони ҳамаи мардум афтодааст ва овозаи суханони ширину панду андарзҳояш бар рӯи замин паҳн гаштааст ва шаҳди сухани ширин ва офаридаҳои қаламашро мардумон чун шакар мехӯранду ҳифз менамоянд ва порчаҳои навиштаҳояшро чун тиккаҳои пурқиммати зару тилло бо худ мегардонанд. Вале (ба ин шӯҳрат ва ҷойгоҳи баланд расидани Саъдӣ) натиҷаи донишу хиради комил ва санъати волои суханаш набуда, балки маҳз ба сабаби он аст, ки подшоҳи олам ва меҳвари гардиши рӯзгор ва ҷонишини ҳазрати Сулаймон(а) ва пуштибони мӯъминон ва шоҳаншоҳи баландмақом Атобаки бузургвор, пирӯз дар кори дунё ва кори дин, Абӯбакр ибни Саъд ибни Зангӣ, ки сояи Худои бузург бар рӯи замини Ӯст ва Худованд аз ӯ хушнуд бошаду ӯро низ хушнуд созад, БА МАН БО НИГОҲИ НЕК ВА НАЗАРИ ЛУТФ НИГАРИСТА, МАРО ҲАМЕША ТАРҒИБУ ТАҲСИНИ ОШКОРО НАМУДААСТ ВА НИСБАТИ БАНДА ИХЛОСУ ДӮСТДОРИИ САМИМӢ ЗОҲИР КАРДААСТ ВА АЗ ИН РӮ, ТАМОМИ МАРДУМ НИЗ, ЧӢ БУЗУРГОН ВА ЧӢ МАРДУМИ ОДДӢ ДАР ПАЙРАВӢ АЗ Ӯ НИСБАТИ МАН МЕҲРУ МУҲАББАТ МЕВАРЗАНД, ЗЕРО ЧУНИН АСТ, КИ МАРДУМ ҲАМЕША АЗ ДИНИ ШОҲОНИ ХУД ПАЙРАВӢ МЕКУНАНД.

(Ин ҷо Шайх Саъдӣ мувофиқи анъанаҳои замони худ дар муқаддимаи китобаш подшоҳи даврашро ситоиш намуда, ҳатто сабаби шӯҳратёбии худаш ва машҳӯр гаштани осорашро аз лутфу ҳимояти ӯ медонад. Вале дар асл бошад, сабаби шӯҳратёбии «Гулистон» маҳз мазмуни баланди ин китоб ва ҳунари волои Саъдӣ дар навиштани он буда, баръакс, зикри номи Абубакр ибни Саъд ибни Зангӣ дар дебочаи «Гулистон» боиси машҳӯр шудан ва дар таърих мондани номи ин ҳокими Форс гаштааст.)

Дарси даҳум

Матн:

З-он гаҳ ки туро бар мани мискин1 назар аст,

Осорам2 аз офтоб машҳӯртар аст.

Гар худ ҳама айбҳо бад-ин банда дар аст,3

Ҳар айб, ки султон биписандад, ҳунар аст.

***

Гиле хушбӯй4 дар ҳаммом рӯзе,

Расид аз дасти махдуме5 ба дастам.

Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ6 ё абирӣ,7

Ки аз бӯи диловези8 ту мастам.

Бигуфто, ман гиле ночиз будам,

Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли9 ҳамнишин дар ман асар кард,

Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.

Маънои калимаҳо дар ин матн:

1- бечора. 2-навиштаҳоям, асарҳоям. 3-дар ин банда мавҷуд аст. 4 –гили хушбӯи саршӯӣ, ки дар гузашта дар ҳаммомҳо истифода мешудааст, навъе собун. 5 – ҷаноб, касе, ки ба ӯ хидмат кунанд. 6 –моддаи хушбӯе, ки аз нофи оҳуи Хутан мегиранд ва дар атрсозӣ ба кор меравад. 7 -моддаи хушбӯе, ки аз мушку гулоб ва ғайра тайёр мешавад. 8 –дилкаш, хушу форам. 9 –хубӣ, сифатҳои нек, бузургӣ.

Мазмуни матн:

З-он гаҳ…: Аз он замоне, ки ту (эй подшоҳи Форс) бар мани бечораву мискин таваҷҷуҳу муҳаббат намудаӣ, (аз баракати лутфи ту) асарҳои навиштаи ман ҳамчун офтоб дар тамоми олам машҳӯру шинохта шудаанд. Агар ҳамаи айбу нуқсонҳо дар ман вуҷуд дошта бошанд, вале ҳар айбу камбудие, ки дар назари подшоҳ писанд ояд, он ҳунар ва сифати хуб ба ҳисоб меравад.

Гиле хушбӯй…: Ин қитъа аз машҳӯртарин байтҳои Шайх Саъдӣ буда, аз он метавон ба се маънои зерин истифода намуд:

Маънии аввал ё зоҳирӣ: Рӯзе дар ҳаммоме яке аз дӯстони соҳибэҳтиромам (ки шояд соҳиби ҳаммом будааст) ба ман гили саршӯие дод, ки он бӯи басе хуш дошт. Банда аз он гили хушбӯй пурсидам, ки сабаби хушбӯии ту дар чист ва оё ту мушк астӣ ва ё абир астӣ, ки чунин бӯи хуш дорӣ ва ман аз бӯи хушу форами ту чунин маст гаштаам? Гили хушбӯй дар ҷавоб чунин гуфт: ман ҳам дар аввал мисли ҳамаи хоку гилҳои дигар ночизу беарзиш будам, аммо ҳангоми тайёр кардани гили саршӯӣ маро (дар коргоҳи атрсозӣ ё собунпазӣ) бо атри гул омехта карданд ва дар натиҷа, бӯи хуши гул ба ман таъсир кард ва ман низ мисли гул хушбӯй шудам. Вагарна, ман ҳамон хоки оддӣ мебошам, ки худ ба худ ҳеҷ бӯе надорад. (Яъне, он бӯи хушу фораме, ки дар гили саршӯӣ ё шампуну собунҳои хушбӯй мебинем, сифату хосияти зотии худи онҳо нест, балки ин бӯи диловез дар натиҷаи (ҳангоми тайёркунӣ) ба онҳо омехта шудани атри гулҳои хушбӯй ҳосил шудааст. Пас, омезиши гили саршӯӣ ва собун бо гули хушбӯй сабаби хушбӯии онҳо гаштааст.)

Маънии дуввум ё ахлоқӣ: Рӯзе (ба воситаи яке аз рафиқони муҳтарамам) бо дӯстӣ бисёр хубе ошно гаштам, ки ақлу дониши васеъ ва ахлоқу фарҳанги воло дошт. Чун сифатҳои неки он дӯст ба ман бисёр писанд омаданд ва маро мафтун сохтанд, ман аз вай савол кардам, ки сабаби чунин донишу маърифат ва одобу ахлоқи баланди ту чист ва ту ин ҳамаро дар куҷо омӯхтӣ? Он дӯст дар ҷавоб чунин гуфт: ман дар аввал як шахси бисёр оддӣ ва аз илму маърифат ва одобу фарҳанг бехабар будам, вале чанд муддат бо як инсони донишманду хушахлоқ ошно гаштам ва бо вай дӯстӣ доштам. Дар натиҷаи рафиқию шогирдӣ сифатҳои хуби он дӯсти ҳамнишин бар ман таъсири нек кард ва ман аз ӯ чизҳои хубе омӯхтам ва дар натиҷа, ман низ мисли ӯ дорои донишу ахлоқи муносиб гаштам. Вагарна, то он вақт ман як шахси оддӣ ва дур аз донишу фарҳанг будам. (Яъне, дӯсти хуб ва рафиқи бомаърифат (ё пири огоҳи тариқат) ба инсон таъсири нек мерасонад ва сабаби боло рафтани дониш ва некӯ гаштани ахлоқи кас мешавад. Аз ин рӯ, инсон бояд ҳамеша аз дӯстони бад парҳез намояд ва бо инсонҳои хуб дӯсту ҳамнишин гардад.)

Маънии сеюм ё мадҳиявӣ (ситоишӣ): (Чун ин қитъа дар идомаи мадҳу ситоиши ҳокими Форс омадааст,) Саъдӣ дар он, аз ҷумла, чунин маъниро дар назар дорад: Бале, имрӯз ман миёни мардум машҳӯр ва дӯстдошта гаштаам ва мардум аз санъати волову сухани ширини ман мастанд, вале сабаби чунин шӯҳрату маҳбубият ёфтани банда ҳунару сифатҳои шахсии худи ман нест, балки маҳз лутфу дастгирии ҷаноби подшоҳ ва ҳамнишинии ман бо ӯ сабаб шудааст, ки ман чунин машҳӯру дӯстдоштаи халқ гаштаам. Яъне, ҳамон гуна, ки бӯи хуши гул сабаби хушбӯии он гили ҳаммом (собун) шудааст, хубию лутфи подшоҳи замон Абӯбакр ибни Саъд ибни Зангӣ низ сабаби шӯҳрату маҳбубияти ман мебошад.

(Дар баъзе сарчашмаҳо чунин эҳтимол низ омадааст, ки Саъдӣ маҳз ба сабаби ихлосу наздикии худ бо ин подшоҳи замонаш тахаллуси «Саъдӣ»-ро барои худ интихоб намуда будааст.)

Дарси ёздаҳум

Матн:

Аллоҳумма, маттаъил муслимина битули ҳаётиҳи ва зоъиф савоба ҷамили ҳасанотиҳи в-арфаъ дараҷата авиддоъиҳи ва вулотиҳи ва даммир ъало аъдоиҳи ва шунотиҳи бимо тулия фи-л-Қуръони мин оётиҳи, Аллоҳумма, омин баладаҳу в-аҳфаз валадаҳ(у).

Лақад саъида-д-дунё биҳи дома саъдуҳу,

Ва аййадаҳу-л-мавло би алвиятин наср(и).

Казолика яншаъу линатун ҳува ирқуҳо,

Ва ҳусну наботи-л-арзи мин карамил базри1.

Маънои калимаҳо ва мазмуни ин матн:

1-(Мазмуни матни арабӣ): Худовандо, мусулмононро аз баракати дарозии умри ӯ (подшоҳ) баҳраманд соз ва подошу савоби корҳои неки ӯро чандин баробар бияфзой ва рутбаю дараҷаи ёрону дӯстонашро низ баланд бинамой ва ба ҳаққи оёте, ки аз Қуръони карим тиловат мешавад, душманон ва бадхоҳони ӯро нобуд бисоз. Худоё, кишвари ӯро дар амон бидор ва фарзандашро (аз балоҳо) эмин гардон.

Лақад саъида…: (Ин ду байт аз яке аз қасидаҳои арабии Саъдист, ки матни комили он дар «Куллиёти Саъдӣ», чопи Теҳрон, 1320 ҳ.ш., саҳ. 94-95 омадааст ва тарҷумаи маъноии он чунин аст:)

Ба ростӣ, ин дунё ба сабаби вуҷуду фаъолиятҳои ӯ (Абӯбакр ибни Саъд) ба хушбахтию саъодат расид ва (бигзор) саъодаташ поянда бод ва Худованд ӯро бо парчамҳои пирӯзӣ ёрӣ диҳад (ва ҳамеша пирӯз бошад.) Ва нахли наврустаи ӯ, яъне фарзанди Абӯбакр ибни Саъд, ки аз решаи баланди вай аст, низ мисли худи ӯ (бобаракату босаодат) хоҳад шуд, зеро хубии гиёҳони рӯи замин аз хубии тухмаи гиёҳ вобаста аст. Яъне, аз чунин подшоҳе нек фарзанде нек мерӯяд.

Дарси дувоздаҳум

Матн:

Эзид таъоло1 ва тақаддас2 хиттаи3 поки Шерозро ба ҳайбати4 ҳокимони одил ва ҳиммати5 олимони омил6 то замони қиёмат дар амони саломат7 нигаҳ дорад.

Иқлими8 Порсро9 ғам аз осеби даҳр10 нест,

То бар сараш бувад чу туе сояи Худо.

Имрӯз кас нишон надиҳад дар басити хок,11

Монанди остони дарат маъмани ризо.12

Бар туст поси хотири13 бечорагону, шукр

Бар мову бар Худои ҷаҳонофарин ҷазо.14

Ё Раб, зи боди фитна15 нигаҳ дор хоки Порс,

Чандон, ки хокро буваду бодро бақо.16

Маънои калимаҳо дар ин матн:

1 –баланду бузургвор. 2 -поку муқаддас. 3 -сарзамин, кишвар, мамлакат. 4 – шукӯҳ, шаҳомат, бузургӣ. 5- баракат, ғайрат, дуо. 6 –амалкунанда, касе, ки ба илмаш амал намояд. 7 –тандурустӣ, осудагӣ ва сулҳу амният. 8 -сарзамин, минтақа, кишвар. 9 –Шероз ва сарзаминҳои атрофи он бо номи Форс ёд мешуд, ба маънои мулки Ирон низ меояд. 10 –ҳодисаҳои дунё. 11 -рӯи замин, паҳнои ҷаҳон. 12 -паноҳгоҳи хушнудӣ ва даргоҳи ризоят. 13 -дил ба даст овардан, таваҷҷуҳ кардан. 14 –мукофот ва подоши амал. 15 -ошуб, ҷанг, нооромӣ. 16 – пойдорӣ, боқӣ мондан.

Мазмуни матн:

Эзид таъоло…: (Ва дуъо мекунам, ки) Худованди бузургвору муқаддас сарзамини поки Шерозро бо баракати шукӯҳу шаҳомати ҳокимони одилаш ва бо иродаву кӯшишу дуои олимони боамалаш то охири дунё ва рӯзи қиёмат дар паноҳи худ солиму осуда нигоҳ дорад.

Иқлими Порсро…: То замоне, ки мисли ту подшоҳи фозилу одиле, ки чун сояи Худованд бар замин аст, сарвару ҳокимаш бошад, сарзамини Форс аз ҳеҷ осебу ҳодисаи дунё ғаму ташвише надорад. Имрӯз дар тамоми паҳнои рӯи замин ҳеҷ кас наметавонад монанди остонаи дари боргоҳи ту ҷойгоҳи амн ва паноҳгоҳи ризоиятро пайдо намояд, зеро дар замин ба ҷуз остонаи ту чунин ҷое вуҷуд надорад.

Чун кори ту ҳамеша ҳимояту дастгирии бечорагону дармондагон аст, вазифаи мо шукргузорию қадрдонии хидматҳои ту мебошад ва (бовар дорем, ки) Худованди офаринандаи ҷаҳон низ барои ин некӯкориҳои ту савобу мукофоти сазоворе хоҳад дод. (Ва дуо мекунам, ки) Парвардигоро, то замоне, ки хоку бод боқист, яъне то охири дунё ва то рӯзи Қиёмат, сарзамини Форсро аз ошӯбу нооромиҳо нигаҳбон бош ва онро дар амну осудагӣ ҳифз бифармо.

(То ин ҷо бахши аввали дебочаи «Гулистон» поён меёбад, ки он ба таври куллӣ ситоиши Худованди мутаъол, наъти Пайғамбар(с)ва мадҳи подшоҳи замони Саъдӣ – Абӯбакр ибни Саъд ибни Зангиро дар бар мегирад. Дар бахши баъдии дебоча Саъдӣ қисса ва сабаби навишта шудани «Гулистон»-ро баён мекунад.)

Дарси бистудуюм

Матн:

Ва тамом он гаҳ шавад ба ҳақиқат, ки писандида ояд1 дар боргоҳи2 шоҳи ҷаҳонпаноҳ,3 сояи Кирдгор4 ва партави5 лутфи6 Парвардигор, зухри замон7 ва каҳфи8 амон,9 ал муъайяду мина-с-самоъ, ал мансуру алал аъдо, ъазудду-д-давлати-л-қоҳира, сироҷу-л-миллати-л-боҳира, ҷамолу-л-аном, мафхару-л-ислом, Саъд-у-бну-л-Атобаки-л-Аъзам, шоҳаншоҳу-л-муъаззам, молику риқоби-л-умам, мавла-л-мулуки-л-араби ва-л-аҷам, султону-л-барри ва-л-баҳр, ворису мулки Сулаймон, музаффару-д-дунёи ва-д-дин, Абибакр ибин Саъд ибни Зангӣ, адомаллоҳу иқболаҳумо ва зоъафа ҷалолаҳумо ва ҷаъала ило кулли хайрин маолаҳумо10 ва ба карашмаи11 лутфи худовандӣ12 мутолиъа13 фармояд.

Гар илтифоти худовандияш14 биёрояд,15

Нигорхонаи16 чиниву17 нақши артангист.18

Умед ҳаст, ки рӯи малол19 дарнакашад,20

Аз ин сухан, ки «Гулистон» на ҷои дилтангист.

Алалхусус,21 ки дебочаи22 ҳумоюнаш,23

Ба номи саъди24 Абубакр Саъд ибин Зангист.

Маънои калимаҳо дар ин матн:

1 –маъқул гардад, пазируфта шавад. 2 –дарбори шоҳ. 3 –шоҳи кишвар, паноҳи ҷаҳон. 4 -сояи Худои Бузург дар замин. 5 –тобиш, нуру рӯшанӣ. 6 –навозиш, меҳубонӣ. 7 – захираи даврон, сарвати замон. 8 -ғор, паноҳгоҳ. 9 -осудагӣ, амният. 10 – тарҷумаи ибораҳои арабӣ дар қисмати шарҳи маънои матн омадааст. 11 –нози зебо. 12 –лутфи шоҳона, иноят. 13 –хондан, нигаристан. 14 –таваҷҷуҳ ва назари шоҳона. 15 –зебу ороиш диҳад, ҳусни таваҷҷуҳ намояд. 16 -осорхона, намоишгоҳи наққошӣ. 17 –хитойӣ, мансуб ба Чин. 18 –рангину зебо, мисли китоби «Артанг» («Артанг» ё «Аржанг» номи китоби наққош ва андешаманди машҳури таърихӣ Монӣ (215-276 м.) мебошад). 19-ранҷиш, малолӣ, озурдагии хотир. 20 -рӯй натобад, бетаваҷҷуҳӣ накунад. 21 -махсусан, бахусус. 22 -муқаддима, сарсухани китоб. 23 -муборак, пурфайз. 24 -муборак, бахосият, хушбахтиовар.

Мазмуни матн:

Ва тамом…: Аммо китоби «Гулистон» дар ҳақиқат он вақт комил ва тамом ҳисобида мешавад, ки агар он писанд ва қабул гардад аз тарафи шоҳи ҷаҳон (оламиён), сояву ҷонишини Худованд дар замин, нуре аз меҳрубонии Парвардигор, захираи замон (сарвати даврон), паноҳгоҳи наҷотбахш, таъйидшуда аз осмон (бо ризоияти Худо), ғолиб бар душманон, бозӯи давлати қудратманд, чароғи миллати бузургвор (пурифтихор), зеби мардумон, боиси ифтихори ислом – Саъд ибни Атобаки Бузург, шоҳаншоҳи баландмартаба, посдорӣ (муроқиби) осоиши мардумон, сарвари подшоҳони диёри арабу аҷам, фармонравои хушкию баҳр (заминҳо ва обҳо), вориси мулки Сулаймон, пирӯз дар кори дунё ва дин, Абубакр писари Саъд писари Зангӣ (ва дуо мекунам, ки) Худованд бахту иқболи ҳардуро (падар ва писарро) давом бахшад (ҷовидон кунад) ва шавкату ҷалоли ҳардуро афзоиш диҳад ва оқибаташонро комилан ба хайр гардонад (ва ҷаноби подшоҳ китоби «Гулистон»-ро биписандад) ва бо лутфи зебои шоҳонаи худ бо гӯшаи чашме онро бихонад.

Гар илитифоти…: Агар (шаҳаншоҳи бузургвор) бо лутфи шоҳонаи худ ба ин китоб нигарад (ва боиси боз ҳам ороста гаштани он шавад), хоҳад дид, ки «Гулистон» чун осорхонаи пурнақши чинӣ ва чун китоби рангини Монӣ («Артанг») бисёр дилкашу зебост (ҳам аз диди лутфи сухан ва ҳам аз диди баландии мазмун).

Умед ва боварӣ дорам, ки ҷаноби подшоҳ аз ин китоб хаставу озурдахотир нагардад ва аз он руй натобад, зеро (маълум аст, ки) гулистон ҷои хастагию дилтангӣ набуда, ҷои хушию кушоиши рӯҳ аст (ишора ба китоби «Гулистон», ки саршор аз суханони латифу ширин ва маъниҳои нафису баланд аст ва чун гулистони баҳорӣ табъи хонандаро хуш мегардонад. Ва низ, чун дар хатти форсӣ ҳар ду ҳолат ҳамсон навишта мешавад, баҳси чӣ тавр навистани гулистон ё «Гулистон» пеш намеояд ва ин масъала хоссаи имлои имрӯза бо хатти кириллист.)

Ва хусусан ба хотири он (ҷаноби подшоҳ аз хондани ин китоб хушҳол хоҳад шуд), ки дебочаи зебою хуҷастаи китоб ба номи мубораки Абубакр Саъд ибни Зангӣ зиннат дода шудааст, яъне китоб ба номи ин подшоҳ бахшида шудааст.

****

Дарси бистусеюм

Матн:

Дигар арӯси фикри ман аз беҷамолӣ сар барнаёрад1 ва дидаи яъс2 аз пушти пои хиҷолат барнадорад ва дар зумраи соҳибдилон мутаҷаллӣ3 нашавад, магар он гаҳ, ки мутаҳаллӣ4 гардад ба зевари қабули амири кабир,5 олими одил, муъайяди6 музаффари7 мансур,8 заҳири9 сарири салтанат10 ва мушири тадбири мамлакат, каҳфу-л-фуқаро, малозу-л-ғурабо, мураббию-л-фузало, муҳиббу-л-атқиё, ифтихору Оли Форс, ямину-л-мулк, малику-л-хавосси борбак, фахру-д-давлати ва-д-дин, ғиёсу-л-исломи ва-л-муслимин, умдату-л-мулуки ва-с-салотин Абубакр ибни Абинаср, атолла-л-Лоҳу умраҳу ва аҷалла қадраҳу ва шараҳа садраҳу ва зоъафа аҷраҳу,11 ки мамдуҳи12 акобири офоқ13 аст ва маҷмӯи14 макорими15 ахлоқ.

Ҳар, ки дар сояи инояти16 ӯст,

Гунаҳаш тоат17 асту душман, дӯст.

Маънои калимаҳо дар ин матн:

1 –боло накунад. 2 -ноумедӣ, ғам. 3 –намоён, дурахшон. 4 –ороста, зинатёфта. 5 –шоҳи бузург. 6 – тасдиқшуда (нерӯёфта), ёришуда. 7 -зафарёфта, пирӯз. 8 – ёришуда, нусратёфта. 9 -пуштибон, зебоӣ. 10 –сарири салтанат-тахти подшоҳӣ, давлат. 11 –маънои ибораҳои арабӣ дар бахши шарҳи матн омадааст. 12 -ситоишшуда, васфшуда. 13 -бузургони олам. 14 –ҷамъ, гирдомада. 15 –хубиҳо, хислатҳои нек. 16 –лутф, таваҷҷуҳ. 17 –ибодат, итоат.

Мазмуни матн:

Дигар арӯси…: Минбаъд фикри ман (ва андешаю осори ман, ки чун арӯс бикру тозаю зебост), худро ҳаргиз соҳибҷамол намедонад ва аз шармсорию ноумедӣ нигоҳашро аз пушти пой боло намекунад (сарашро боло намебардорад) ва байни бузургону соҳибназарон дурахшону пазируфта намегардад, то он даме, ки (фикри ман ва китоби «Гулистон»-и ман) ороста нагардад ба воситаи қабул ва пазируфтани амири бузург, донишманди одил, шахсияти аз сӯи Худованд назарёфта, ҳамешапирӯз ва ёришуда, пуштибони тахти подшоҳӣ ва роҳнамои роҳи дурусти давлатдорӣ, ҳомию соябони ниёзмандон, паноҳгоҳи ғарибону бечорагон, дастгиру парваришгари аҳли фазлу дониш, дӯстдоштаи покону парҳезкорон, боиси фахри хонадони Форс (сулолаи ҳокимони Форс), дасти рости (ё ситораи бахти) подшоҳӣ, сарвари хоссони даргоҳ (борбак ба маънои касест, ки иҷозати тамос ва гузориши бевосита бо худи подшоҳ дорад), боиси ифтихори давлат ва дин, пуштибони ислом ва фарёдраси мусулмонон, такягоҳ ва бузургвори маликону султонҳо (зоҳиран, роҳбарони вилоятҳои мустақили боҷсупори ҳокими Форс), яъне Абубакр ибни Абинаср. (Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Фахруддин Абубакр ибни Абинаср аз ҷумлаи вазирони бисёр наздики ҳокимони Атобаки Форс ва шояд сарвазири сулолаи онҳо буда, дар замони худ бо фазлу хираду саховат ва фарҳангпарвариаш маъруф будааст ва Саъдӣ пас аз ситоишу дуои худи ҳокими Форс вазири кабири ӯро низ зикру ситоиш мекунад.)

атолла-л-Лоҳу умраҳу…: (Ва дар ҳаққаш самимона дуо мекунам, ки) Худованд умри ӯро дароз гардонад ва мақому мартабаи ӯро бузург намояд ва синаи ӯро кушояд (дилашро шоду хуррам созад ва ҳидоят диҳад) ва аҷру савоби амалҳои некашро дучанд гардонад, зеро (ҷаноби подшоҳ бо сифатҳои беназири худ) мавриди ситоиши бузургони ҷаҳон буда, ҳамаи макорими ахлоқ (хислатҳои неку ҳамидаи ахлоқӣ) дар вуҷуди ӯ ҷамъ омадаанд.

Ҳар, ки дар…: Ҳар касе, ки мавриди лутфу таваҷҷуҳи ӯ (Абубакр ибни Абинаср) қарор гирифта бошад, гуноҳонаш тоату ибодат (амали савоб) ба ҳисоб меоянд ва ҳатто душманонаш бо ӯ дӯст мегарданд.

Дарси бистучорум

Матн:

Ба ҳар як аз соири1 бандагон ва ҳавошӣ2 хидмате мутаайян3 аст, ки агар дар адои4 бархе5 аз он таҳовун6 ва такосул7 раво доранд, дар маърази хитоб8 оянд ва дар маҳалли итоб,9 магар бар ин тоифаи10 дарвешон, ки шукри неъмати бузургон воҷиб аст ва зикри11 ҷамилу12 дуъои хайр ва адои чунин хидмате дар ғайбат13 авлотар аст, ки дар ҳузур14 ки ин ба тасаннӯъ15 наздик аст ва он аз такаллуф16 дур. Ба иҷобат мақрун бод!17

Маънои калимаҳо дар ин матн:

1 –дигар, боқӣ. 2 –ҷамъи «ҳошия»: атрофиён, хидматгорон. 3 –таъйиншуда, муайян. 4 –анҷом додан, иҷро. 5 –баъзе, бахше. 6 –саҳлангорӣ, сустӣ, бепарвоӣ. 7 –коҳилӣ, танбалӣ. 8 –мавриди сарзаниш. 9 –хашм, ҷазо. 10 –гурӯҳ, қавм, табақа. 11 –ёдоварӣ. 12 –зебо, некӯ. 13 –ғоиб будан, дар пинҳонӣ, ғайриҳузурӣ. 14 –дар назди, баръакси «ғайбат». 15 –сохтакорӣ, зоҳирсозӣ, хушомадгӯйӣ. 16- сохтакорӣ. 17 –мавриди қабул қарор гирад.

Мазмуни матн:

Ба ҳар як…: (Тартиб ва анъанаи хидматгузорӣ дар дарбори подшоҳи бузургвор чунин аст, ки дар он) барои ҳар яке аз хидматгорон ва атрофиёни шоҳ вазифае муайян шудааст ва агар онҳо дар иҷрои баъзе аз он кору вазифаҳои худ саҳлангорӣ (бепарвоӣ) ва коҳилӣ нишон диҳанд, мавриди сарзаниш қарор мегиранд ва ҷазо низ мебинанд. Аммо барои тоифаи дарвешону соҳибдилон ҳеҷ хидмату вазифаи мушаххасе пешбинӣ нашудааст, ба ҷуз ин ки аз неъмату бахшоиши бузургон (шоҳон) шукр кунанд ва онҳоро ҳамеша ба некӯи ёд оварда, дар ҳаққашон пайваста дуои хайр намоянд.

(Пас, одоби некӯ ин аст, ки) ба ҷой овардани чунин хидмате (яъне, шукри неъмат ва зикри хайр ва дуои нек) дар ғайб ва дар хилват беҳтар аст, нисбат ба он, ки дар назд ва ё дар ҳузури худи подшоҳ анҷом шавад, зеро, ин амал (касеро дар наздаш зикру дуои хайр кардан) ба рафтори сунъӣ ва сохтакорию хушомадгӯӣ наздик аст ва он амал (дар ғайбат анҷом додани ин шукру зикру дуо) аз сохтакорию хушомадгӯӣ дур аст ва (маълум аст, ки) ин амал аз он амал беҳтар аст. (Пас, бино ба вазифаи дарвешии худ дар ҳаққи ӯ дуо мекунам, ки) Худованд дуоҳои моро қабул фармояд.

Дарси биступанҷум

Матн:

Пушти дутои фалак, рост шуд аз хуррамӣ,

То чу ту фарзанд зод,1 модари айёмро.

Ҳикмати2 маҳз аст агар лутфи Ҷаҳонофарин

Хосс кунад бандае маслиҳати омро.

Давлати ҷовид3 ёфт ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Васфи туро гар кунанд, в-ар накунанд аҳли фазл4

Ҳоҷати машшота5 нест, рӯи дилоромро.6

Маънои калимаҳо дар ин матн:

1 – таваллуд кард. 2 –хирад, комилан дуруст. 3 –поянда, абадӣ. 4 – бузургон, донишмандон, аҳли илму адаб. 5 –ороишгар, шоназан. 6 -зебо ва оромибахш.

Мазмуни матн:

Пушти дутои…: Вақте модари рӯзгор фарзанди бузургворе чун туро ба дунё овард (ту таваллуд шудӣ), пушти хамидаи осмон аз шодию хурсандӣ рост шуд. (Пушти дуто ё қомати хамида аломати пирӣ, заифӣ ва ғаму андӯҳ аст ва агар шахс ҷавон ва хушбахту хурсанд бошад, пушт ва қомати ӯ рост мешавад. Ин ҷо осмон, ки дар назари заминиён шакли камон ва нимдоираро дорад, ба пушти дуто ва қомати хамидаи пирамарди андӯҳгин монанд (ташбеҳ) мешавад, ки бо таваллуди фарзанди хуҷаста дар домани замин, ки чун модар аст, ин пушти хамидаи осмон (падар) аз шодию хуррамӣ рост шуд. Ташбеҳи замину осмон ба зану мард ва модару падар дар адабиёти форсӣ бисёр маъмул аст, чуноне, ки Мавлоно Румӣ мефармояд:

Осмон марду замин зан дар хирад,

Ҳарчӣ он мекорад ин мепарварад.)

Коре дуруст ва хайри маҳз аст, ки агар Худованди ҷаҳонофарин бо лутфи хеш яке аз бандагонашро барои нафъ ва барои ба саодат расидани бандагони дигараш интихоб намояд (ва ӯро сарвари онон қарор диҳад ва онон дар сояи сарварии ӯ осуда зиндагӣ намоянд).

(Инсони хушбахт) ва соҳиби давлати ҷовидон касест, ки дар ин дунё (амалҳои хайр анҷом дода) бо номи нек зиндагӣ намояд, зеро мардум аз чунин инсони нек пас аз мурданаш низ ба некӣ ёд меоранд (ва аз ӯ зикри хайр менамоянд) ва ба ин восита номи ӯ ҳамеша дар хотираи мардум (ва дар таърих) зинда мемонад.

(Хубию бузургии ту то ба ҳадде маълум ва машҳур аст, ки) дигар ту ба васфу ситоиши аҳли фазлу дониш эҳтиёҷе надорӣ (ва ин ки онон туро васф мекунанд ва ё васф намекунанд, дигар фарқе надорад), зеро вақте чеҳари маъшуқ ба таври табиӣ зебову дилкашу дилором бошад, дигар ҳеҷ ҳоҷате ба ороиши сунъӣ ва рангу бори он нест.

(Ҳамон гуна, ки Ҳофизи Шерозӣ низ ба ин маънӣ фармудааст:

Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,

Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯи зеборо?)

Дарси бистушашум

Матн:

Тақсир1 ва тақоъуде,2 ки дар мувозибати3 хидмати боргоҳи худовандӣ4 меравад, бинобар он аст, ки вақте ҷамъе аз ҳукамои5 Ҳиндустон дар фазилати Бузурҷмеҳр6 сухан мегуфтанд ва ба охир ҷуз ин айбаш надонистанд, ки дар сухан гуфтан батиъ7 аст, яъне диранг8 бисёр мекунад ва мустамеъро9 басе мунтазир бояд будан, то вай тақрири10 сухане кунад. Бузурҷмеҳр бишниду гуфт: андеша кардан, ки чӣ гӯям, беҳ аз пушаймонӣ хӯрдан, ки чаро гуфтам.

Сухандони11 парварда,12 пири куҳан,

Бияндешад он гаҳ бигӯяд сухан.

Мазан бе тааммул13 ба гуфтор дам,

Накӯ гӯй, гар дер гӯйӣ, чӣ ғам?

Бияндеш в-он гаҳ баровар нафас,

В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд бас.

Ба нутқ14 одамӣ беҳтар аст аз давоб,15

Давоб аз ту беҳ, гар нагӯӣ савоб.16

Маънои калимаҳо дар ин матн:

1 –кӯтоҳӣ, сустӣ, гуноҳ. 2 –аз кор мондан, бознишастан. 3 –бардавомӣ, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ. 4 -шоҳ, шоҳона. 5 –ҷамъи «ҳаким»: доноён, донишмандон. 6 –Бузургмеҳр, вазири машҳури Хусрави Анӯшервони Сосонӣ, ки ба хирадмандӣ машҳур аст. 7 –кунд, оҳиста. 8 –сустӣ, босабрӣ. 9 –шунаванда, гӯшкунанда. 10 –баён, сухан гуфтан, иқрор кардан. 11 –адиб, суханшинос. 12 –тарбияёфта, озмуда, ботаҷриба. 13 –андеша, фикр. 14 –тафаккуру сухан, андешаю баён (нутқ фарқи асосии одам аз тамоми ҳайвонот аст). 15 -ҷамъи «добба»: ҳайвонот, чорпоён. 16 –дуруст, нек.

Мазмуни матн:

Тақсир ва…: Кӯтоҳӣ ва сустие, ки гоҳе (аз тарафи мо) дар риоят кардани пайвастагӣ ва ҳамешагии хидмати даргоҳи подшоҳ мушоҳида мешавад, ба сабаби он аст, ки (ва он қиссаро ба ёд меорад, ки) боре гурӯҳе аз донишмандони Ҳиндустон дар бораи хусусиятҳо ва фазлу дониши Бузургмеҳр сӯҳбат мекарданд ва (баъди баҳсу таҳлили зиёд) дар охир аз ӯ фақат ҳамин қадар айбу нуқсон ёфтаанд, ки (Бузургмеҳр) ҳангоми гуфтор бисёр оҳиста сухан мегӯяд, яъне вақти сухан (ором аст ва) шитоб намекунад ва шунаванда бояд замони зиёде интизор бимонад, то ӯ суханеро баён карда ба охир расонад. Бузургмеҳр (ин эроди ҳакимони Ҳиндро) шунида, оромона чунин ҷавоб дод: Беҳтар аст, ки аввал андеша намоӣ, ки чӣ мегӯӣ (ва сипас сухан бигӯӣ), то инки (бо шитоб сӯҳбат кунӣ ва баъд аз гуфтан) пушаймон шавӣ, ки чаро чунин суханон гуфтам.

(Зеро он гоҳ пушаймонӣ суде надорад, зеро андеша поя ва пойдевори сухан аст ва сухани бепоя мисли девори бебунёд зуд фурӯ мерезад. Чуноне ки худи Саъдӣ поинтар гуфтааст:

Аввал андеша в-он гаҳе гуфтор,

Пойбаст омадаст пас девор.)

Маънои куллӣ: Дар ин банд Саъдӣ аввал худро ба тарзи зарифе сарзаниш мекунад, ки ӯ дар хидмати подшоҳ гоҳе кӯтоҳию сустӣ менамояд ва зоҳиран, онро дар назар дорад, ки ӯ мисли шоирони дигар аҳли дарбор набуда, дар васфи подшоҳ мадҳияҳои зиёд насурудааст, балки баъди солҳои сафару ҷаҳонгардӣ фақат ҳамин китоби (аз назари ҳаҷм) хурдро пешкаш овардааст. Вале, ҳамзамон бо ин, ҳангоми шарҳ додани сабаби чунин камхидматию сустнависии худ, Саъдӣ ба таври бисёр зариф худ ва сухани худро ситоиш намуда, баён медорад, ки суханони ӯ бо вуҷуди камию кӯтоҳӣ бисёр андешидашуда ва поядор ва пурмазмун мебошанд. Дар ин равиши суханварӣ (аввал андешидан ва баъд гуфтан) Саъдӣ худро ба Бузургмеҳри ҳаким қиёс менамояд, ки бисёр ором, вале бисёр пухта ва андешида сухан мегуфт. Зеро, тавре, ки Саъдӣ аз забони Бузургмеҳр хулоса кардааст, «андеша кардан, ки чӣ гӯям, беҳ аз пушаймонӣ хӯрдан, ки чаро гуфтам.»

Сухандони парварда…: (Устоди сухан) ва касе, ки мактаби суханвариро гузашта ва таҷрибаи рӯзгор ва хирад ӯро тарбият намудааст, пеш аз он, ки сухане бигӯяд, ҳатман андеша менамояд (ки чӣ бигӯяд ва оқибати суханаш чӣ хоҳад буд.)

Ту низ (аз суханварони пухта ибрат омӯз) ва ҳаргиз бе фикру андеша сухан магӯй, зеро шарти ҳатмист, ки сухани нек ва дуруст гӯйӣ, аз ин рӯ, ташвиш набош, ки (ба сабаби фикру андеша) оҳиста ва дер сухан гуфтӣ.

Пас, (ба хотири он, ки ҳатман сухани нек ва дуруст бигӯйӣ) аввал андеша намо ва баъд аз он нафас баровар (лаб ба сухан кушо) ва ҳамчунин, (шарти дигар ва муҳимми сухангӯӣ ин аст, ки) пештар аз он, ки (мардум аз дарозии суханат хаста шаванд ва) хоҳиш кунанд, ки бас кун, худат суханро тамом кун. (Яъне, тӯлонӣ ва хастакунанда сухан магӯй, балки кӯтоҳу дуруст гӯй).

(Бидон, ки) нутқ, яъне тафаккур ва гуфтор, имтиёз ва бартарии асосии одам аз тамоми ҷонварони дигари ҷаҳон аст. (Ба ин маънӣ дар илми мантиқ низ инсонро «ҳайвони нотиқ» таъриф мекунанд ва нутқ сифати асосии инсон ҳисоб мешавад.) Вале, агар одамӣ (қувваи хираду нутқро дуруст истифода накунад ва) ва сухани нек ва андешида нагӯяд (балки суханони холиву бемаънӣ гӯяд ва боиси озори мардумон шавад), ҳайвон аз ин гуна одам беҳтар аст.

Маънои куллӣ: Хирадмандон суханро санҷида мегӯянд, ту низ андешида сухан гӯй, зеро нутқу сухан бартарии аслии одам нисбат ба ҳайвоноти дигар аст ва агар одам бе андеша сухан гӯяд ва боиси озори мардум шавад, ҳайвон аз ӯ беҳтар аст. Чуноне ки худи Саъдӣ ҷойи дигар мегӯяд:

Говону харони борбардор,

Беҳ з-одамиёни мардумозор.

Зеро сухани беандеша ва ноҷо, ки аз забони инсон берун ояд, метавонад барои худи сухангӯ ва барои мардум ва ҷомеа зиёнҳои бисёр оварад ва тавре ки дар бораи қудрати сухан Мавлоно Румӣ фармудааст: Оламеро як сухан вайрон кунад…

Total Views: 31 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.