ХабарҳоШеър ШУКӮҲИ ПИРӮЗӢ 13.08.2024 Rahnamo TJ Тамоми шаб чу медоли биринҷу зарҳали Сомон, Ҳамели моҳ болои Душанбе буд овезон. Тамоми шаб, агар дар ҳар куҷое тоҷике бошад, Ба ҳам пайванд шуд бо риштаи ҷонаш дар ин майдон. Шукӯҳеро, ки ман аз дурбини ашк медидам, Хаёлам дид имшаб чашми ҳар тоҷики армонӣ: Магар дасти малоик шаддаи хуршедро овехт, Ба болои баланди бурҷи Исмоили Сомонӣ! Previous Post Next Post