МЕКАШАД ХОКАШ

Ё достони тоҷик, Ватан ва муҳоҷирату бозгашт

(Аз китоби “Маниши тоҷикӣ”)

                                                        ***

“Дур рафтам, то туро наздик бинам,

Аз ту рафтам, то даме бо ту нишинам,

Тоҷикистон, Тоҷикистон!” (Гулрухсор)

Сиришти тоҷик сиришти ватандӯстист, сиришти меҳанпарастӣ. Қалби ҳар тоҷики асил нисбат ба Ватан, миллат ва давлати миллии худ саршор аз эҳсосу муҳаббат аст. Ҳар тоҷик дӯст медорад, ки дар Ватани худ, дар муҳити арзишҳои миллии худ зиндагӣ бикунад.

Аммо вақте тоҷик аз оғӯши Ватан, аз ҳудуди Тоҷикистон берун меравад, масъулияти ӯ дар баробари ватану миллат дучандон мегардад. Зеро дар хориҷа ӯ дигар кулобӣ, хуҷандӣ, ғармӣ, ҳисорӣ ё бадахшонӣ нест, балки дар хориҷа ӯро, пеш аз ҳама ҳамчун тоҷик шинохта, ҳар қадаму ҳар амали ӯро ҳамчун сатҳу сифати миллати тоҷик баҳо медиҳанд.

Бинобар ин, дар хориҷи кишвар тоҷик танҳо ТОҶИК аст ва дар ҳар қадами худ ин масъулияту ин андешаро фаромӯш намекунад, ки мабодо бо амали худ ба номи Ватан, миллат ва кишвараш маломате ё доғе биёварад.

Тоҷик дар хориҷа либоси хубу озода мепӯшад, то шахсияту миллати ӯро чун мардуми озода шиносанд.

Ӯ рафтору гуфтори намуна дорад, то фарҳангу миллати ӯро чун намуна бидонанд.

Ӯ дар доираи қонунҳо амал мекунад, то миллату маърифати ӯ болову мутамаддин муаррифӣ шавад.

Ӯ ба фиребу ҷиноят даст намезанад, шарафу номуси худро нигоҳ медорад, то шахсият ва миллати ӯро чунин шиносанд.

Зеро нигоҳ доштани шаъну шарафу обурӯи Ватану миллат вазифаи шахсию рисолати миллии ӯст.

Тоҷик дар хориҷа худро бо ифтихор тоҷик меномад. Агар барои кору зиндагӣ ба хориҷ рафта бошад, забон, фарҳанг ва маниши тоҷикияшро фаромӯш намекунад. Ба фарзандаш номи тоҷикӣ мегузорад, ӯро дар рӯҳия ва арзишҳои баланди миллӣ тарбият мекунад, муҳити хонаводаашро тоҷикӣ нигоҳ медорад. Ба фарзандонаш ҳатман забон, адабиёт ва таърихи миллати тоҷикро меомӯзонад. Бо афсонаҳои халқи тоҷик, ҳикматҳои тоҷикӣ ва дар доираи тавонаш бо осори Рӯдакиву Фирдавсию Балхию Хаёму Саъдии Ҳофиз ошно месозад. Бо фарҳанг, ҳунар ва мусиқии тоҷикӣ одат медиҳад.

Тоҷик дар хориҷи кишвар “Маниши тоҷикӣ”-ро бозомӯзӣ мекунад, матни онро дар хонааш нигоҳ медорад, ба фарзандаш таълим медиҳад ва онро банд ба банду ҳарф ба ҳарф меомӯзонад. Ба ӯ меҳру муҳаббати Ватану миллату давлатро ёд медиҳад, ҷойгоҳи баланду муқаддаси модарватанро талқин мекунад.

Ҳеҷ фарди тоҷик дар хориҷи кишвар бо ҳамватани худ бадиву душманӣ намеварзад, балки бо тамоми ҳамватанон дӯстиву бародарӣ ба роҳ мемонад, тоҷиконро дар ҳар шароит дастгирӣ мекунад, дар зиндагии фарҳангии ҳамватанон иштирок мекунад, бо тоҷикони дигар ҳамчун аъзои як хонаводаи миллӣ муносибат мекунад.

Тоҷик дар хориҷи кишвар дучандон талош мекунад, кору таҳсили худро дар сатҳи шоиста анҷом медиҳад, шахсияти худро месозад, муваффақ мешавад, сарватманд мешавад, намуна мегардад.

Тоҷик аз хориҷи кишвар низ дар рушди ватан саҳм мегузорад. Дар кишвари худ сармоягузорӣ мекунад, ватани аҷдодияшро обод месозад.

Дар ободии роҳи деҳааш, мактаби азизаш, кӯчаи маҳаллааш саҳм мегузорад.

Тоҷик дар хориҷа Ватану миллату давлатро аз баҳсу ихтилофҳои сиёсӣ болотар мегузорад, манфиати ватану миллатро аз манфиати худ болотар мешуморад. Аз ин рӯ, ҳаргиз бар зарари манфиати Ватану миллат сухан намегӯяд ва қадам намегузорад.

Тоҷики муқими хориҷа, ҳар сол ё ҳар ду сол боре ба Тоҷикистон меояд, фарзандонашро ба Тоҷикистон меорад, бо сарзамин, бо кӯҳ, бо дарё, бо тамадун, бо ҳунар, бо хӯрок ва бо зиндагии тоҷикӣ ошно месозад.

Тоҷик дар хориҷи кишвар риштаи пайвандашро бо Ватан намеканад.

Тоҷик дар хориҷӣ кишвару дар сафару муҳоҷират низ пайваста дар бораи Тоҷикистон меомӯзад, аз ахбору аҳволи Ватан огоҳ аст, аз фазои фарҳангиву иттилоотии Ватан берун нест. Дар ҳама ҷову дар ҳама ҳол бо ғаму шодии Ватан пайваст ва шарик аст.

Тоҷик ҳар куҷое бошад, Тоҷикистони худро дар дилу дар вуҷудаш ҳамроҳ дорад. Меҳри Ватан дар дил, ҳавои ватан дар сар, садои Ватан дар гӯш ва рӯи Ватан пеши назари ӯст.

“Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,

Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.

Агарчи дар миён туфону мавҷи баҳрҳо буданд,

Вале омад ба гӯши ман садои мавҷҳои ту.”

                                                           ***

Достони пайванди тоҷик бо Ватан як достони зебои отифист, достоне пур аз ифтихор ва саршор аз фоҷеа. Пайванди тоҷик бо Ватану зодгоҳ ба ҳадде қавист, ки оташи ёди он дар дили ӯ ҳаргиз хомӯш намешавад ва нерӯи ҷозибаи Ватан ӯро пайваста сӯи худ мекашад. Тоҷик пас аз 10 сол низ ёди Ватан мекунад, пас аз 20 сол низ ёди Ватан мекунад, пас аз 50 солу пас аз 100 сол низ ёди Ватан мекунад. Тоҷик аз масофаи 1000 километр низ Ватан мегӯяд, аз масофаи 5000 километру 10000 километр низ Ватан мегӯяд. Ва ҳар куҷое бошад, дар ниҳоят талоши ба Ватани аҷдодии худ баргаштан мекунад, зиндааш ё мурдаашро ба Ватан мерасонад. Поёни сафари ҳаётии ҳар як тоҷик хоки Ватан аст…

Моҷарои бозгашти Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи шоҳасари “Тоҷикон” устод Бобоҷон Ғафуров ба Ватани аҷдодии худ басе ҳузновару ибратомӯз будааст. Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ, ки даҳсолаҳои охири умри худро дар Маскав мегузаронид, таъкид ва васият кардааст, агар ҳодисае пеш омад, тамоми чораҳоро бинанд, ки оромгоҳи ахирати ӯ маҳз дар Тоҷикистон бошад. Ҳамин тавр, охирин васияти алломаи бузурги миллат Ватан буд ҷисмаш ба оғӯши Ватан супорида шуд…

Васияти охирини Қаҳрамони дигари Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода низ басе омӯзанда аст. Ӯ дар поёни достони “Ҷони Ширин” эҳсосоти худ дар бозгашт ба Тоҷикистон ва зиёрати серии замину обу кӯҳу камари онро чунин баён мекунад:

Омадам дар Тоҷикистони азиз,

То бубинам рӯи ёрони азиз…

То бароям бар сари куҳсорҳо,

Сер бинам кишварамро борҳо.

Ман наям беошён паррандае,

Ман наям дар лаб тасодуф хандае…

Дар ҳамин ҷой аст манзилгоҳи ман,

Дар ҳамин ҷо гашт рӯшан роҳи ман…

Ва дар ниҳоят, устод васият намуданд, ки ӯро дар баландие, ки аз он ҷо нуктаи омезиши рӯдхонаҳои Варзобу Лучоб ва шаҳри Душанбе чун дар кафи даст менамоянд, ба хок супоранд. Ӯ таъкид карда буд, ки бигзор, рӯҳи ман то ҷовидон болои ин рӯди равону ин шаҳри ҷавон дар парвоз бошад. Охирин васияти устод Турсунзода низ Ватан буд.

Ин пайванди азаливу абадии тоҷик бо сарзамини аҷдодӣ аз насл ба насл гузашта, имрӯз низ нерӯи муайянкунандаи муносибати ҳар тоҷики асил бо Ватани худ аст. Ва тозатарин намунаи чунин шайдоии отифӣ ва муҳаббати бузург нисбат ба Ватанро метавон дар мисоли сарнавишту бозгашти устод Бозор Собир дид. Устод ҳудуди 20 соли охири ҳаёти худро дар Амрико ба сар мебурд, аммо навиштаҳои ин даврааш гӯёст, ки дар фироқи Ватан чун шамъ месӯзад. Дар осори ин давраи ӯ метавон дид, ки ҳатто хурдтарин ҷузъиёти кӯдакиву рустои тоҷикӣ пеши назари ӯ зинда мегарданд ва ба байтҳои зебо табдил мешаванд:

“Қишлоқаки ман бӯи чапотӣ дорад,

Ширинии ширинии тутӣ дорад…”

Ё:

“Дар кӯчаи хокие равонам ҳама шаб,

Дар тути қатори Суфиёнам ҳама шаб.

Дар домани кӯдакиям аз донаи ашк,

Ман донаи тут мефишонам ҳама шаб.”

Ва ниҳоят устод Амрикоро бо ҳамаи шукӯҳу нӯшу неъматаш раҳо карда, ба Ватани аҷдодии худ баргашт… Маҳз дар он рӯзҳои ғарибӣ ӯ нерӯи бузурги ҷозибаи Ватанро дар вуҷуди худ эҳсос карда, ин сатрҳои ҷовидонаро навишта буд:

Зодгоҳам дар сари кӯҳи сафеди Ширбияш тӯтиё дорад,

Дар сари кӯҳи Зарафшон мӯмиё дорад,

Дар сари ҳар пушта аз рангинкамон чархофалак дорад,

Кузаи моҳи шабаш шири малак дорад,

Зодгоҳам оби гарму оби шӯрак дораду заррингиё дорад…

Аз Ватан рафтам,

Валекин дур рафтан аз Ватан имкон надорад.

Мекашад хокаш.

Аз кашиданҳои хокаш набзи ман кандаст,

Зарбати набзам мураттаб нест,

Зарбати қалбам мураттаб нест,

Аз ватан рафтам, валекин мекашад хокаш,

Хоку хошокаш…

Бале, Тоҷикистон Ватанест, ки фарзандонашро ҳаргиз раҳо намекунад, Тоҷикистон модарест, ки меҳраш аз вуҷуди ҷигарбандонаш ҳаргиз коста намешавад. Балки онҳоро ҷазб мекунад, онҳоро гаштаву баргашта ошиқ мекунад, онҳоро аз ҳама ҷо ба сӯи худ мекашад, сарҷамъ месозад, ба оғуши меҳр фаро мехонад.

Бале,

Мекашад хокаш,

Хоку хошокаш…

Total Views: 33 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.