ИМРӮЗ. ХОВАЛИНГИ ЗЕБО ТО ҲАЗРАТИ СУЛТОН ҲАНӮЗ САБЗПӮШ БУД
***
ФАСЛИ САБЗИ ХОВАЛИНГ
Ба Ховалинг расидам, ҳама баҳораш сабз,
Замину бому дару дашту кӯҳсораш сабз.
Зи гул фаромадаасту ба бор биншастаст,
Биҳишти боғ, ки ҳар нахлу ҳар қатораш сабз.
Чи маҳшарест ба даргоҳи Ҳазрати Султон!
Ҳама муҳит зи рӯҳи бузургвораш сабз.
Зи ҳафт чашмаи он оби зиндагӣ ҷорӣ,
Зилолу зираи паҳлӯи ҷуйбораш сабз.
Диёри ҳазрати Восеву дарраи Мухтор,
Ҳанӯз қиссаву номусу ифтихораш сабз.
Чанори пир, ки ҳамтову ҳамнишинаш буд,
Ҳазор сол нишинад дар интизораш сабз.
Ҷилои кӯҳи зумуррад ба обшораш бин,
Ҷилои кӯҳи зумуррад ба обшораш сабз.
Ба шохи сабз қанории беқарораш бин,
Ба шохи сабз қанории беқарораш сабз.
Ба ноз хӯша гирифтаст соқаи гандум,
Сараш хамидаву мижгони теғдораш сабз.
Чу бурҷи тантанаи ростии ин мардум,
Миёни ҳотаи ӯ арари виқораш сабз.
Чу пойтахт қашанг аст маркази сабзаш,
Ки Боғи парчаму гулгашти Чилчанораш сабз.
Зи Ховалинг фақат ёди сабз мемонад,
Ҳамеша бод сараш сабзу рӯзгораш сабз!