ЭЙ МОДАРИ КУЛОБ, ТУРО ҚУРБОН!!

Шеъри имрӯз дар пойи пайкараи Модари Кӯлоб

                                                                 ***

Як шаҳр ҳама маърифату имон,

Эй модари Кӯлоб, туро қурбон!


Як шаҳр ҳама атру гулу савсан,

Эй модари Кӯлоб, туро аҳсан!


Як шаҳр ҳама фазлу ҷавонмардӣ,

Эй, модари Кӯлоб, ту парвардӣ!


Як шаҳр ҳама рӯҳияи озод,

Эй модари Кулоб, ҳалолат бод!


Як шаҳр ҳама замзамаи ширин,

Эй модари Кӯлоб, туро таҳсин!


Як шаҳр ҳама хубиву зебоӣ,

Эй модари Кӯлоб, ту яктоӣ!


Як шаҳр ҳама ҳисси ватандорӣ,

Эй модари Кӯлоб, ту бедорӣ!


Як шаҳр ҳама салтанати тоҷик,

Эй модари Кулоб, туро табрик!


Як шаҳр ҳама тарбияту таълим,

Эй модари Кӯлоб, туро таъзим!


Як шаҳр зи тасвири сухан берун…

Эй модари Кӯлоб, дуоям кун!

Total Views: 64 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.