НЕРӮ НАШАВАД ХАСТА!

Назме дар шасти камоли устод Ато Мирхоҷа, шоири ҳикмату ҷасорату истиқлол, бо зикри навиштаҳои эшон

                                                                  ***

«Фарҳанги Бадахшон»-ро кардем варақгардон,

«Сайре ба гилем»-и ту он қадр набуд осон.


Чун «Тасмаи мардон»-ро кардӣ ба камар баста,

Ҷисмат ҳама Нерӯ шуд, нерӯ нашавад хаста!


«Сарришта»-и кори ту чун «Даъвати Носир» шуд,

Он «Давлати баргашта» баргаштаву ҳозир шуд.


Чун «Ишқ ва ашк» имрӯз меъёри сухансанҷ аст,

«Маҷмўаи истиқлол» дар сабки «Шакарганҷ» аст.


Қомуси нави мо шуд ҳар ҷилди «Сарои санг»,

Қомуси пур аз таърих, таърихи пур аз фарҳанг.


Бо шасти камолотат омад «Нафаси дуввум»,

Ҳам ҷоизаи давлат, ҳам отифаи мардум.


Бикшой ба рӯии мо он «Дидаи сеюм»-ро,

То дида шавад рўшан, то нур шавад пайдо!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.