ИШҚ КОРИ НОЗУКОНИ НАРМ НЕСТ!

 (ШАРҲИ ЗАВҚИВУ БАДЕӢ БАР ДУ БАЙТИ ХОҶА ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ ДАР ОДОБИ МУОШИРАТ БО ЗАНОН)

Миёни ошиқони шоиру шоирони ошиқи адабиёти мо Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз ононест, ки на танҳо мавзӯи ишқро то авҷи бемунтаҳо бурдааст, балки худ барангехтаи ишқ буда, дар оини ишқу вафо камоли риндиву ҷавонмардиро бахшандагиро дарёфтааст:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро!

Ва ин ишқ дар тасвиру таҷрибаи ӯ ба ҳадде зебову поку шариф будааст, ки тӯли садсолаҳо ҳамчун сармашқи ошиқону покбозони ҷаҳон боқӣ мондааст. Ва шояд дар тамоми таърихи суханварӣ ё аз рӯзе, ки сари зулфи аруси суханро бо шонаи қалам ороиш медоданд ва онро бо ҳунарҳои нафиса зевар мебастанд, касе дар тасвири ишқ ва тамҷиди маъшуқ ва ифшои маъонии ошиқӣ ба ҷойгоҳи Ҳофиз нарасидааст:

Кас чу Ҳофиз накушод аз рухи андеша ниқоб,

То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд.

Ва дар девони ӯ, ки як девон ишқ аст, ғазале дар одоби ишқварзӣ омадааст, ки шарҳи кӯтоҳи ду байти аввали он барои гиромидошти занону дилбарону модарону хоҳарон ва таълими мардону ҷавонону ошиқон дар муносибат бо онон бисёр муносиб мебуд. Ғазал чунин оғоз ёфтааст:

Субҳидам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:

«Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт!»

Гул бихандид, ки «Аз рост наранҷем, вале

Ҳеҷ ошиқ сухани сахт ба маъшуқ нагуфт»…

Ба ин маънӣ, ки чун гул дар шукуфтан нозу таъхир фармуд, мурғи саҳар, яъне булбул аз сари бесабрӣ ба ӯ хитоб намуд, ки «ноз кам кун», зеро ту яктову танҳо нестӣ ва дар ин боғ ба мисли ту гулҳои зиёде шукуфтаанд. Гул аз шунидани ин сухан аввал бихандиду сипас гуфт, ки «бале, мо аз ҳақиқат намеранҷем, аммо ҳаргиз ошиқ ба маъшуқ сухани сахт намегӯяд». Зоҳири ин байтҳо ҳамин аст…

Аммо дар нигоҳе жарфтар Ҳофизи олиназар дар ин ду байт ба василаи гуфтугӯӣ гулу булбул ба яке аз меъёрҳои баланди ишқ таъкид варзида, барои ошиқону раҳравон дарси бузург мегузорад, ки он сабақи ахлоқу мардонагиву ҷавонмардӣ дар кори ишқ аст. Сабақе, ки хоса барои ҷавонони имрӯзи мо дар муносибат бо занону духтарон шуниданиву омӯхтанист. Ин маънии баландро ҳамроҳ бо шарҳи манзара ва мазмуни гуфтугӯи «гулу булбул» метавон дар нуктаҳои зерин дарёфт:

1.Булбул, ки даъвои ишқи гул дошт ва сари шохи гулбун дар нола буд, аз тӯл ёфтани лаҳзаи шукуфтану рӯнамоии гул ба танг омаду нисбат ба гул густохӣ ё сухани дуруштро раво дид. Ин ҳолат тасвире аз бесабриву сабуксории ошиқи хому даъвогари ишқ аст, ки на қудрати сабр дораду на тоби нози маъшуқа. Ва танҳо дар пайи он аст, ки гул ҳарчӣ зудтар бишукуфаду ӯ ба висол бирасад. Ҳоле, ки имрӯз низ дар водии ишқу зиндагӣ аз ҷавонони хоми булҳавасу шитобзада ба мушоҳида мерасад. Аммо чуноне, ки дар идома омадааст :

Гар тамаъ дорӣ аз он ҷоми мурассаъ майи лаъл,

Эй басе дурр, ки ба нуки мижаат бояд суфт!

2.Аммо гули тозаву навхоста чуноне, ки табиати ӯст, бо ишваю ноз ва бо қиссаи дароз парда аз рухи зебо боз мекунад ва бо табассуму ғамзаву хумор мешукуфад. Ин манзара тасвире аз маъшуқаи ҷавони навхостаи бландназарест, ки бо як ишорату як сухани маъшуқ аз ҷойгоҳи нози худ фурӯ намеояд ва барои расидан ба висолаш сабру таҳаммулу интизориҳои зиёд мебояд. Чизе, ки имрӯз ҳам шарафу зебоии маъшуқ дар он аст ва бояд чунин бимонад.

Карашма теғу мижа ханҷару нигоҳ алмос,

Шаҳодат ар талабӣ, дашти Карбало ин ҷост. (Зебуннисо)

3.Булбули булҳавас ё ошиқи носабур, тоби ин манзараи нозу ниёзро наёварда, ба маъшуқ бонги дурушт мезанад, ки аввалан, ноз кам кун ва зудтар чеҳра бикушо ва висол муяссар соз, сониян боз ҳам қиёси носазое мезанад, ки бидон, ки дар олами ҳусн ту танҳо нестӣ ва дар ин боғ гулҳое чун ту бисёр буданду ҳастанд ва маро интихобу ихтиёр фарох аст! Ба забони имрӯз, ошиқ ба маъшуқ таън мебандад, ки агар ноз мекунӣ ва тӯл медиҳӣ, дар ин шаҳр ҳазорон зебои дигар низ ҳаст. Бале, ин суханест, ки аз мардони мағруру ошиқони носабур ва аз муддаиёни хасу ҷавонони булҳавас то имрӯз низ бисёр шунида мешавад, ки «сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре!»

Ва бузургии сабки Ҳофиз дар он аст, ки ин манзараи фоҷеавиро дар худи байти оғозини ғазал чун барқи ногаҳонӣ ба тасвир мекашад. Мисли он сурудаи мушобеҳе, ки:

Саҳар булбул ҳикоят бо сабо кард,

Ки ишқи рӯи гул бар мо чиҳо кард?!

4.Аммо дар байти дуввум Ҳофиз ин муамморо кушода, он ҳадафи аслӣ ё сабақи мактаби ишқро, ки дар назар аст, ба миён мегузорад. Дар он аввалан, вокуниши бузургворонаи маъшуқ дар баробари ошиқи густоху носабур бисёр олист, ки «гул бихандид, ки аз рост наранҷем!» Яъне, маъшуқа ба ҷойи қаҳру гиряву ранҷиш(!), ки нишони заъфу бечорагист, бо камоли оромиш ва бо хандаи бисёр зебо, ки баёнгари қудрату ашрофияту шахсияти ӯст, ба ин густохии муддаӣ ҷавоб дод, ки бале, дар ин боғ гулҳои дигаре низ ҳастанд ва ин сухан рост аст ва мо аз сухани рост намеранҷем. Маъшуқе қавӣ, бузургвор ва устувор:

Ин ки мегӯянд он хуштар зи ҳусн,

Ёри мо ин дораду он низ ҳам. (Ҳофиз)

5.Аммо дар камоли ин қудрату оромиш ӯ ногоҳ суханро бо як «вале»-и гардишӣ ба нуктаи авҷ мекашад, ки «ҳеҷ ошиқ сухани сахт ба маъшуқ нагуфт!» Яъне, эй ҷавони хоми булҳавас, бале, ту ҳақиқатро гуфтӣ, аммо ҳақиқати басе болотару бузургтар аз ин низ ҳаст, ки агар ту ошиқи ростин мебудӣ ва ё оини мардонагӣ мешинохтӣ ва агар аз роҳу расми ошиқӣ огоҳ мебудӣ, ҳаргиз ба маъшуқ сухани талх намегуфтӣ! Зеро як ошиқи ҳақиқӣ ҳаргиз дар роҳи ишқ чунин бесабриву густохӣ намеварзад ва нисбат ба маъшуқ сухани талх намегӯяд ва як мард нисбат ба як зан ҳаргиз чунин таҳқирро раво намедорад!

Кам кун сухан, ки хотири дилдор нозук аст,

Бори гуҳар намекашад, ин тор нозук аст!

Пас нолаи булбуливу даъвои ошиқии ту аз бех козибу ҳеҷ аст!

Ба ин восита маъшуқ аз баландии камолу каромат ба ошиқ ёдрас мекунад, ки ту ошиқ нестӣ, балки ҷавонмард низ нестӣ, ки чунин кардаву чунин гуфта метавонӣ. Пас сазовори ошиқӣ низ нестӣ! Ё ба ин восита устоди сухан ва мураббии ишқ Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ба пайравону раҳравони ишқ таълим медиҳад, ки як ошиқ ва як мард ҳаргиз наметавонад нисбати маъшуқ ва нисбати зан сухани носазо бигӯяд. Ин ҷо ибораи «ҳеҷ ошиқ» маънӣ ва ҳукмро мутлақ мекунад, ба он маъно, ки ҳеҷ ошиқи ҳақиқӣ чунин карда наметавонад ва агар чунин бикунад, пас ошиқ нест. Ё ҳеҷ марди ҳақиқӣ нисбати зан чунин карда наметавонад ва агар чунин кардааст, пас марди ҳақиқӣ нест.

Паёму сабақи асосии байт ва ғазал низ маҳз ҳамин аст! Ва муҳимтар аз ин, устоди ишқу ҷавонмардӣ – Ҳофизи бузургвор ба ин восита ошиқи носуфтаву густохро маҳкум мекунад ва ҳусни дигаре аз маъшуқро ба ҷилва медарорад ва дарси дигаре ба раҳравон мегузорад…

Ин аст бардошти бузургони мо аз ишқ, аз зан, аз одоби муоширату муносибат бо ҷинси латиф! Ва ин аст дарси бузурге аз одоби ошиқӣ, аз ахлоқӣ риндиву ҷавонмардӣ, аз мактаби инсонсози ишқ. Дарсе, ки мардону ҷавонони имрӯз низ бояд дар гӯш дошта бошанд, то дар мактаби ишқу адаб зиндаву бузург гарданд. Чуноне, ки шоҳсутуни ин мактаб Мавлонои Румӣ фармудааст:

Ишқ кори нозукони нарм нест,

Ишқ кори паҳлавон аст, эй писар!

РӮЗИ ЗАНОН, МОДАРОН ВА ХОҲАРОН ГИРОМӢ БОД!

Total Views: 137 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.