ЯК НАЗАРУ ЯК ХАБАР ДАР РӮЗИ ВАТАНДОРӢ

Чун имрӯз рӯзи мардону ҳомиёни Ватан аст, мехостам як назару як хабарро бо дӯстон дар миён гузорам, ки аз диди ватандорӣ ҳар ду муҳим аст:

НАЗАР:

Тӯли ҳафтаҳои охир сафари хубе ба даҳ ноҳияи вилояти Суғд доштам, ки ҳадафи асосии он дидору суҳбатҳои ватандорӣ бо марзбонони кишвар ва низ такмили баъзе нуктаҳои пажӯҳишам дар боби марзи Ватан буд…

Ва чизе, ки дар Рӯзи мардону ватандорон мехостам таъкид намоям, ин аст, ки дар ин сафар шоҳиди рӯҳияи бисёр баланд ва сатҳи болои омодагии рӯҳию ҷисмию фаннии марзбонону марздорони кишвар будам. Ба гунае, ки ҳар сарбозу ҳар афсар саршор аз эҳсоси ватандорӣ буду аз сухану нигоҳашон ғайрат ҷўш мезад. Хоса вақте аз ҳодисаҳои марзӣ ва дифои сарҳад ҳарф зананд, вуҷудашон лабрез аз фитихору иқтидор буд. Ҳеҷ осори тарсе ва ҳеҷ нишони ҳаросе дар онон надидам ва ҳар яке барои худ достону ривояти пурифтихоре аз марзу марзбонию марздорӣ дошт…

Аз ҷумла ду ҳодисаи хурде маро зери таъсири бузург гузошт, ки зикри он шоиста мебуд:

Якум, дар марзи Исфара ногоҳ писари ҳамсояи худро дидам, ки то хизмат ҷавони бисёр оддии кӯча буду шогирдии устои мошинро мекард. Аммо дар якуним соли хидмат ба зоҳиру ботин бисёр дигар шуда, ба як марди марзбони қавию шуҷоъ табдил ёфта буд. Чун яке аз дархостҳои маъмули сарбозон интиқол ба минтақаҳои наздики хона аст ва чун ӯ низ модари ранҷур дорад, аз ў пурсидам, ки оё мехоҳӣ пеши фармондеҳ далолат кунам, ки ба Душанбе интиқол ёбӣ? Ба таври қатъӣ гуфт, не! Зеро дар ҳодисаҳои охири марзӣ беҳтарин дӯстам дар ҳамин ҷо рӯйи дастонам шаҳид шуд. Болои ҷасади ў ман қасам хўрдам ва ваъда дам, ки аз ҳамин ҷо ба ҷое намеравам, ҳамин ҷо меистам, баъди хидмат ҳам ҳамин ҷо мемонам, марзбони касбӣ мешавам… Марзи ватанро ҳимоя мекунам… Ин ваъдаи ман ба дўстам аст ва онро намешиканам…

Ростӣ аз саволи худ ва аз иродаву бузургии ин сарбози марзбон дар хиҷолат шудам. Ин лаҳза бузургии мактаби артиш ва тавоноии рўҳи марзбониро ба тамоми ҳиссам дарёфтам. Ин падида баробари як достон буд…

Дуюм, дар қитъаи сарҳадии Истаравшан сарбози қаторие бо номи Зайниддин, ки аз худи Ишкошим ба хидмат омадааст, мақолаи тўлонии маро дар боби сарҳад азёд карда буд. Тамоми ин 40 саҳифа матни мушкили сиёсию ҳуқуқию фанниро бо тамоми мисолу рақаму омораш чун сураву оят аз бар мехонад! Аз ҳар куҷояш пурсӣ, худи матнро бехато мегуфт… Бисёр мутаассир шудам ва гуфтам, ки шояд беҳтар мебуд ба ҷойи ин достоне аз «Шоҳнома» ё бобе аз «Маснавӣ»-ро ҳифз мекардӣ. Гуфт, қариб ҳамаи китобҳои китобхонаи қисми ҳарбиро хондаам, аммо ин рисола чунон писанд омад, ки онро азёд кардам. Зеро ман аз он ҳақиқати масъалаи сарҳадҳо ва барҳақ будани мавқеи Тоҷикистонро дар дифои сарзамини худ фаҳмидам ва мехоҳам дар ҳамин самт хидмат кунам…

Аз покии ихлосу бузургии иродаи ў чашмонам об гирифтанд ва ваъда додам, ки аз Душанбе барои ў ва ҳамхидматони далераш 50 китоби хуб бифиристам. Ин низ як достони комил буд…

Ва бо тамоми ҷиддияту масъулият метавон гуфт, ки хулосаи ҳамаи дидору мулоқотҳо як чиз буд: марзи Ватан дар дасти мардони шоиста ва ватандорони асил аст, он ҷо сарбозону афсароне истодаанд, ки вуҷудашон бо Ватан пайванди унсурӣ ёфтааст, он ҷо мардоне истодаанд, ки ба онҳо метавон такя кард, эътимод кард ва ифтихор намуд!

ВА ХАБАР:

Шояд тамоми соли гузашта ба таҳқиқе дар боби таъриху ҳақиқату санадҳои хатти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон банд будам ва барои такмили он чанд моҳи охирро дар китобхонаву бойгониҳои таърихӣ ба сар бурдам. Аммо ин сафар имкон дод, ки ба чандин саволи бозу боқимондаи ин пажӯҳиш низ ҷавоб ёбам ва холигиҳои таҳқиқро комил кунам. Гарчӣ сафарҳои марзӣ бисёр буданд, аммо ин бор муяссар гашт, ки баъзе аз минтақаҳои марзӣ ва баҳсиро, ки пештар аз даҳон шунидаву аз харита дидаву аз расона хонда будам, бо чашм дидаву бо қадам андоза гирам. Ва имкони амалӣ пеш омад, ки бори дигар бо донандагону дорандагону бошандагони марз суҳбатҳои басе муфид дошта бошам…

Ва инак, бисёр хушҳолу хушбахтам, ки дар ин рӯзи иди ватандорӣ яке аз ҷиддитарин корҳои солҳои ахири худ, яъне пажӯҳиши густардаеро дар боби хатти сарҳадии кишвар, асосҳои таърихиву сиёсӣ ва ҳуҷҷатию ҳуқуқии он ва мавқеъ ва манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала ба анҷом расонидаву нусхаи аввали онро имрўз ба муҳаррири чопгар супурдам.

Албатта, пештар мақолае аз мазмуни ин китоб бо номи “Мавқеи Тоҷикистон…” нашр шуда буд, ки истиқболи хуб ёфт, аммо акнун ин таҳқиқ ба китобе муфассал дар ҳаҷми 250 саҳифа табдил гаштааст, ки санаду ҳуҷҷату харитаву далелу таҳлилҳои бисёр наву нодиру фаровонеро дар бар мегирад. Ва ҳамагӣ ба таври қатъӣ ин ҳақиқатро исбот мекунад, ки МАРЗ МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ВА ЗАМИН ЗАМИНИ ТОҶИКОН АСТ…

(Дар зимн, китоб бори аввал таҳқиқи васееро дар бораи таъриху ташаккули хатти марзи байни ду кишвар дар минтақаи Мурғоб низ дар бар мегирад, ки дар он тамоми даъвоҳои бепоя ва ҳуҷҷату харитаҳои сохтаи даъвогарон ба тарви қатъӣ рад шудаанд.)

Бо умеди он, ки ба нашру дастрассозии ин китоб ноил гардам, ки он ҳадяи фарзандонае ба пешгоҳи ин сарзамин ва ин миллат хоҳад буд…

РӮЗИ МАРДОНУ ВАТАНДОРОН ГИРОМӢ БОД!

Total Views: 77 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.