ОЗОДАГОНИ ВАНҶ

 (Тавсифу дуо барои мардуми озодаи Ванҷ, ки имрӯз дар ҳалқаи барфкӯчиҳост)

 

Атри зилол роиҳаи бӯстони Ванҷ,

Боғи биҳишт пешкаши меҳмони Ванҷ.

Сангаш ҳама зумурраду ёқуту мармар аст,

Аз чормағзу тути мавиз аст нони Ванҷ.

Ванҷови мавҷпӯш, ки чун шир медамад,

Ҷорист бо дуои шаби модарони Ванҷ.

Ҳар пир пири ҳикмату ҳар кӯй кӯйи дӯст,

Меҳроби ишқ гӯшаи ҳар хонадони Ванҷ.

Бар ростии арари садсолааш қасам,

К-аз ростист гавҳари озодагони Ванҷ.

Шерози маҳфилаш ҳама лутфу латифа аст,

Ҷовид бод мардуми ширинбаёни Ванҷ!

Нахчири кӯҳро ба ҳунар ром кардааст,

Кабки дарӣ муаллимаи кӯдакони Ванҷ.

Симои хусравонаву фарҳанги хусравӣ,

Русам дамида бар рагу рӯҳи ҷавони Ванҷ.

Ҳаргиз ғубори хоки заминро надидааст,

Он шонаи баланди ҷаҳонпаҳлавони Ванҷ.

Тарсам, ки бутпараст шавад марди порсо,

Чун бигзарад ба кӯйи накӯйи бутони Ванҷ.

Эй дил, агар зи ғуссаи офоқ хастаӣ,

Себе бигир аз сари дастурхони Ванҷ…

Пойи Мазор пойи баланди саодаташ,

Мавлои Садру Бадри Валӣ посбони Ванҷ.

Чун осмон ба қуллаи ӯ такя мезанад,

Ё Раб, ситоразор бувад осмони Ванҷ.

 

Total Views: 76 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.