ЧАРО АЛИФБОИ ТОҶИКОНРО ИВАЗ КАРДАНД. Далелҳои расмии он замон.

Имрӯз ҳангоми таҳқиқ дар маводи бойгонию таърихӣ матни ҳуҷҷатеро хондам, ки онро шояд на ҳамаи дӯстон дидаанд: матни қарорҳои таърихии аз байн бурдани алифбои форсӣ ва қабули алфавити нави тоҷикӣ дар соли 1928.

1.ҚАРОРИ ИҶЛОСИЯИ 3-ЮМИ КИМ ШӮРОҲОИ ҶУМҲУРИИ АВТОНОМИИ ШӮРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН ДАЪВАТИ 1-УМ АЗ 15-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 1928 ДАР БОРАИ ҶОРӢ КАРДАНИ АЛИФБОИ НАВИ ТОҶИКӢ

2.МУРОҶИАТНОМАИ КИМ ШӮРОҲОИ ҶУМҲУРИИ АВТОНОМИИ ШӮРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН БА ҲАМАИ МЕҲНАТКАШОНИ ҶАШСТ ДАР БОРАИ ҶОРӢ КАРДАНИ АЛФАВИТИ НАВИ ТОҶИКӢ АЗ 28-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 1928

Огоҳӣ аз далелҳое, ки КИМ ҶАШСТ он вақт дар матни Қарор ва Муроҷиатномаи худ дар шарҳи зарурати ивазкунии алифбо овардааст, барои мувофиқон ва мухолифони тағйири алифбои форсӣ хеле муҳимм аст.

Албатта, имрӯз ҳар кас вобаста ба сатҳи маърифату навъи ҳувияти худ дар ин боб қазоват мекунад, аммо бовар борам, ки ошноӣ бо худи матни ин санадҳои таърихӣ барои ҳама воҷиб ва ҷолиб хоҳад буд.

Ва ҷолибтар аз ҳама, дар охири Муроҷиатномаи расмӣ бо сабки маъмули ҳамон замон омадааст:

ЗИНДА БОД АЛФАВИТИ НАВИ ТОҶИКӢ – РОҲИ БЕҲТАРИНИ КАСБИ ФАРҲАНГ ВА САВОД!!!)

Total Views: 67 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.