СИПОСНОМАЕ ДАР РЎЗИ ҶАҲОНИИ СИПОС

Ман аз замини ниёгони худ сипосгузорам,

Аз ин қаламрави армони худ сипосгузорам.


Барои сояи беминнату виқори баландаш,

Зи ҳар чанори хиёбони худ сипосгузорам.


На кӯҳи Қоф шиносам, на кӯҳи Тӯр парастам,

Ман аз шукӯҳи Бадахшони худ сипосгузорам.


Барои рӯҳи баланде, ки ҳеҷ паст нагардад,

Ман аз ғурури куҳистони худ сипосгузорам.


Аз он, ки ин ҳама доғам в-аз он, ки ин ҳама хунам,

Зи лолаҳои баҳорони худ сипосгузорам.


Барои табъи хурӯшону байтҳои равонам,

Зи чашмаҳои ғазалхони худ сипосгузорам.


Ба ҳар куҷо, ки маро мардум “устод” бихонад,

Аз устоди дабистони худ сипосгузорам.


Ҳануз шеър ба лаб дорад ин қабилаи қудсӣ,

Ман аз хамири Хуросони худ сипосгузорам.


Барои мавҷи дуову барои сели муҳаббат,

Зи ҳар кадоми азизони худ сипосгузорам.


Аз ин, ки ин ҳама будам в-аз ин, ки ин ҳама ҳастам,

Зи меҳрубонии Яздони худ сипосгузорам.


Ғами гарони маро мекашад ба барги ҳарираш,

Зи ҳар саҳифаи девони худ сипосгузорам….


Ман аз замини ниёгони худ сипосгузорам,

Total Views: 73 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.