ЯК ҒАЗАЛ

                                                      ДАР САБКИ АЗАЛ

Аз нармхези боди сабо эҳтиёт кун,

Аз неши ақраби кафи по эҳтиёт кун.


Ҳар ҷо, ки меравем, ду-се чоплус ҳаст,

Аз ин хабис дар ҳама ҷо эҳтиёт кун.


Бисёр дидаам, ки қалам чӯби дор шуд,

Аз ҳалқаҳои аҳли зиё эҳтиёт кун.


Бовар макун, ки кӯчаи дидор хилват аст,

Аз дурбини чашми гадо эҳтиёт кун.


Эй кафши тирногузару шишаи зиреҳ,

Аз иқтидори тири қазо эҳтиёт кун.


По дар замину ҳарфи ҳавоӣ чӣ мезанӣ?

Гар осмон шавӣ зи ҳаво эҳтиёт кун.


Ақле, ки бо адаб нанишинад, хирад нашуд,

Аз вос-воси ақли расо эҳтиёт кун.


Қавме кунун тиҷорати номи Худо кунанд,

Номи Худо, зи номи Худо эҳтиёт кун…

Total Views: 93 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.