ДАР ПАЁМИ ИМСОЛА ЧӢ “ГАПҲОИ МУҲИМ” ҲАСТ?

Мулоҳизаҳо дар бораи мантиқи сохторӣ ва равиши дарки паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз сабабе, ки Паёми роҳбари як давлат маҷмуаи бисёр васеи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайраро дар бар мегирад, матни он маъмулан хеле калонҳаҷм ва васеъ меояд. Бинобар ин, аз назари берунӣ ва хусусан, барои хонандаи оддӣ, он матни мураккабе менамояд, ки гоҳо дарёфти пайдарҳамӣ ва мавзуъбандии он мушкил мебошад.

Аммо дар асл, паёмҳо матнҳои муназзам, ҳисобшуда ва дорои мантиқу сохтори мураттабу мушаххасе мебошанд, ки борҳо таҳриру коркард шуда, дар онҳо ҳар як банду сархат бо тартиби зарурӣ ва дар ҷойи зарурӣ ва дар ҳаҷми зарурӣ қарор дода мешавад…

Дар ин росто маводи ёридиҳандаи методологиеро барои дарки таркиби сохторӣ, мантиқи дохилӣ ва муҳтавои асосии паёмҳои солонаи Роҳбари давлат ва хусусиятҳои хосаи паёми имсола мегузорам, ки шояд барои дӯстон ва коргузорони ин самт муфид бошад. Ва дар охир ба ин савол низ посух меояд, ки чаро дар паёми имсола “ягон гапи муҳим нест”?

                                                                 ***

Баррасии сохтору мантиқу мавзуъбандии паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир нишон медиҳад, ки он тибқи назм ва сохтори муайяни мантиқӣ таҳия шуда, маъмулан аз 9-10 “бахши устувор”, яъне бастаҳои доимии самт ва масъалаҳо иборат мебошад. Муаррифӣ ва шарҳи ин бахшҳо имкон медиҳад, ки мантиқ ва мазумни паём ба осонӣ дарк карда шавад:

Бахши 1:МУҚАДДИМА Ё СУХАНОНИ ВУРУДӢ

Ҳамаи паёмҳо бо чанд ҷумла ё сархати вурудии тантанавӣ ё таъкидӣ оғоз мегарданд, ки дар ин бахш замони таърихии ироа шудани паём, вазъи умумии кишвар ва ҳодисаҳои муҳимтарини таъсиргузор бар он ба таври кӯтоҳ зикр ё арзёбӣ мегарданд. Ин бахш метавонад ҳамагӣ аз як ё ду сархат иборат бошад.

Масалан, паёми соли 2019 бо зикри се ҳодисаи муҳимтарини соли 2018 оғоз шуд, ки дар он Президенти кишвар аз тарфи СММ қабул шудани ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ба кор даромадани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва беҳбуди робитаҳо бо Ӯзбекистонро ҳамчун се ҳодисаи муҳимтарини сол унвон кард.

Ё паёми соли 2022 бо зикри аҳаммияти соли 2021 ҳамчун “соли сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон” оғоз гашт. Паёми соли 2023 бо арзёбии мухтасари соли 2022 ҳамчун “соли бобарор” оғоз гашт. Дар умум, сархати вурудии паём набзи вазъият ё рӯҳияи вуруди кишвар ба сол ё марҳилаи навро муайян мекунад.

БАХШИ 2: АРЗЁБИИ МАРҲИЛАИ ҲИСОБОТӢ

Пас аз муқаддимаи кӯтоҳ паёмҳои солона одатан бо бахши калони ҳисоботӣ оғоз мешаванд. Дар он вобаста ба кадом марҳила будани давраи ҳисоботӣ, ҷамъбасти рушди кишвар дар он сол ё дар он давра ба таври мухтасар пешниҳод мегардад. Агар паём дар соли “оддӣ” пешниҳод шавад, дар бахши гузоришии он нишондиҳандаҳои асосии соли ҷамъбастшаванда оварда мешаванд. Аммо агар он дар ҷамъбасти марҳилаи муайяни рушд ироа шавад, дар бахши ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои ҳамон марҳила оварда мешавнад. Ин бахшҳои паём аҳаммияти иттилоотии ҷиддӣ низ дошта, барои андозагирии самт ва сатҳи рушди кишвар ва аз як нукта ба нуктаи дигар ҳаракат кардани вазъият муҳим аст.

Масалан, дар бахши ҳисоботии Паёми соли 2019 натиҷаҳои 7 солаи навбатии президентӣ (солҳои 2013-2020) ироа шуд, зеро дар охири соли 2020 интихоботи навбатии президентӣ дар нақша буд. Дар ин бахш амалан дар бораи сатҳи татбиқи Барномаи интихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 гузориш ё пешниҳод гаштааст.

Ё Паёми соли 2022, ки дар ҷамъбасти соли 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, дар бахш ҳисоботии худ натиҷаҳои рушди кишвар дар 30-соли гузаштаро баррасӣ ва пешниҳод намудааст.

(Аммо аз он ҷо, ки марҳилаи ҳисоботии ин Паём як марҳилаи томми рушди кишварро дар бар мегирифт, ба таври истисноӣ дар он вазъият ва рушди аксари соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дар даврони истиқлолият арзёбӣ гашта, уфуқҳои нави соҳаҳо нишон дода шуданд. Ин ҳолат хосси паёмҳои марҳилавӣ мебошад.)

Дар бахши ҳисоботии Паём барои нишон додани манзараи рушд маъмулан аз равиши оддии муқоисавӣ истифода шуда, рақаму дастовардҳои имрӯза бо ягон соли муайян қиёс карда мешаванд. Зеро истифодаи равишҳои мураккабтаре мисли ҷадвал, график, диограмма, формула ва ғ. дар ин матн муносиб набуда, хусусияти оммапазирии онро халалдор мекунад. Масалан, дар паёми соли 2022 дастоврадҳо асосан дар 20 соли ахир гирифта шудаанд, зеро даҳ соли аввали истиқлол Тоҷикистон марҳилаи ҷанги шаҳрвандию бозсозии баъдиҷангиро аз сар гузаронида, рушди воқеии иқтисодӣ ва иҷтимоии он амалан пас аз соли 2000-ум оғоз гаштааст. Дар ин қисмати Паёми имсола асосан дастовардҳои панҷсолаи охир муқоиса гаштанд.

БАХШИ 3: БАРРАСИИ ВАЗЪИЯТ ВА САМТҲОИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР

Дар ин бахши паёмҳо вазъияти умумии иқтисодиёти кишвар таҳлил шуда, рафти иҷрои барномаҳои калони иқтисодию иҷтимоӣ, стратегияҳои рушди миллӣ ва вазъияти самтҳои асосии иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегарданд. Ин бахш аз назари матн ва мазмун нисбатан мушкил буда, бештар моҳияти фаннию тахссусӣ дорад. Аз ин рӯ, таҷриба нишон медиҳад, ки дар аксари шарҳу тафсирҳои паём, ки маъмулан аз тарафи сиёсатшиносону ҷомеашиносон анҷом меёбад, ба шарҳи ин бахш камтар таваҷҷуҳ мешавад.

Аммо агар тааваҷҷуҳи бештар шавад, ин бахши мураккабу фаннии паём низ таркиб, тартиб ва мантиқи муайяни худро дорад. Дар он фаъолияти 9-10 соҳаи калони иқтисоди миллӣ ба тартиби муайяншуда ёдрас ё баррасӣ мегарданд:

сатҳи иҷрои барномаҳои калони иқтисодӣ;

сатҳи пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар;

вазъияти бахши воқеии иқтисодиёт;

масъалаҳои бахши молия;

масъалаҳои буҷети давлатӣ;

фаъолияти бонкҳо ва пасандозҳои аҳолӣ;

вазъияти сармоягузорӣ дар кишвар;

вазъият ва масъалаҳои соҳибкорӣ;

вазъият ва масъалаҳои бахши хусусӣ;

вазъияти воридоту содирот дар кишвар ва ғ.

Дар ин бахши паём ҳар яке аз соҳаҳои зикршуда вобаста ба мавҷуд будани масъалаҳо дар ҳамон сол ё ҳамон давра дар ҳаҷми як ё чанд сархат баррасӣ мешаванд. Аммо аз сабабе, ки ин бандҳо саршор аз рақаму омору нишондиҳандаю муқоисаҳо мебошанд, барои омода шудани ҳар яке аз онҳо бахшҳои дахлдори ҳукумат борҳо ҳисоботҳои худро пешниҳод карда, ба саволҳои иловагӣ доир ба ҳар масъала гузоришҳои асоснок таҳия менамоянд. Ҳар як рақаму хулоса танҳо пас аз санҷишу муқоисаи зиёд дар ин бахш ҷой меёбад.

БАХШИ 4: САТҲИ ДАСТЁБӢ БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ

Бахши чоруми паёмҳо, ки дар солҳои охир он низ шакли устувор гирифтааст, баррасии сатҳи ноил шудани кишвар ба ҳадафҳои стратегӣ мебошад. Ин бахш аз назари мазмун ҳамоно идомаи бахши иқтисодист, аммо дар он дар чорчӯби арзёбии чор ҳадафи стратегӣ чор самти муҳимми рушди иқтисоди мамлакат, яъне соҳаҳои энергетика, роҳу коммуникатсия, озуқаворӣ ва саноат ба таври алоҳида баррасӣ мегарданд.

Тартиби баррасии чор ҳадафи стратегии кишвар дар таркиби ин бахш маъмулан чунин аст:

1.Дастрасӣ ба истиқлоли энергетикӣ

2.Раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ

3.Таъмини амнияти озуқаворӣ

4.Саноатикунонии босуръати кишвар

Зимни баррасии ҳар як ҳадаф вазъияти умумии он соҳа, мушкилоту дастоврадҳо ва аҳаммияту дурнамои он таҳлил карда шуда, дар назди соҳа вазифаҳои нав ва зарурӣ гузошта мешавад. Дар умум, ташхис дода мешавад, ки кишвар ба ҳадафи стратегии мазкур то чӣ андоза даст ёфтааст. Масалан, зимни баррасии ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии босуръат, вазъияти умумии рушди саноат, мушкилоту дастовардҳои соҳаи саноат ва аҳаммияту дурнамои он барои кишвар таҳлил карда шуда, дар назди соҳаҳои саноатӣ вазифаҳои нав ва зарурӣ гузошта мешавад.

Дар зимн бояд ёдовар шуд, ки солҳои охир худи ҳадафҳои стратегӣ низ моҳиятан таҳавул ва такмил ёфтаанд, ки шакли пурратари онҳоро акнун метавон чунин гуфт:

Ҳадафи стратегии якум: Дастрасӣ ба истиқлоли энергетикӣ ва (+) табдил шудан ба кишвраи содиркунандаи барқ;

Ҳадафи стратегии дуюм: Раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва (+) табдил шудан ба кишвари транзитии минтақа;

Ҳадафи стратегии сеюм: Таъмини амнияти озуқаворӣ ва (+) дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим;

Ҳадафи стратегии чорум: Саноатикунонии босуръати кишвар ва (+) таъмини шуғли пурмаҳсул.

Зимни шарҳи ин бахши паём таваҷҷуҳ ба ин нукта низ муҳим аст, зеро худи такмил ёфтани матну мазмуни ҳадафҳо тағйири миқдорӣ ва сифатии нишондиҳандаҳо ва талабот дар ин самтҳоро ифода мекунад.

(Албатта, аз сабабе, ки бахшҳои саноат ва кишоварзӣ бахшҳои калонтарини иқтисодиётанд, гоҳо ҳамчун бобҳои хеле васеъ ва зоҳиран мустақили паём ироа мегарданд. Бахши сохтумон низ ҳамчун зербахши соҳаи саноат гоҳо ба таври васеъ арзёбӣ мешавад, ки Паёми соли 2022 намунаи он аст. Аммо дар мантиқу сохтори куллии паёмҳо ҳамаи онҳо ба бахши иқтисодӣ дохил мешаванд.)

Ҳамин тавр, бахшҳои сеюм ва чоруми Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмулан моҳияти иқтисодӣ дошта, дар онҳо вазъияти умумии хоҷагии халқи мамлакат, яъне манзараи умумии вазъият ва рушди иқтисодии кишвар таҳлил ва пешниҳод мегардад. Яке аз сабабу заруратҳои дар паёмҳо омадани ин бахши калони иқтисодию ҳисоботӣ дар он аст, ки мувофиқи Конститутсияи кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Раиси Ҳукумати Тоҷикистон низ мебошад. Аз ин рӯ, роҳбарӣ ва масъулияти бевоситаи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат низ ба доираи салоҳиятҳои ӯ дохил шуда, дар паём фаро гирифта мешавад.

БАХШИ 5: АРЗЁБӢ ВА ДУРНАМОИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ

Бахши баъдии устувори паёмҳои солона “бахши иҷтимоӣ” буда, аз сабаби робитаи бевоситааш ба зиндагии ҷории қишрҳои васеи мардум, мавриди интизориҳо ва таваҷҷуҳи бештари ҷомеа қарор мегирад. Барои дарки ин бахш бояд зикр кард, ки дар забони муосири тоҷикӣ мафҳуми “иҷтимоӣ” дар соҳаҳои гуногун ба маъноҳои мухталиф истифода мешавад: “сиёсию ҷамъиятӣ” (маънои фалсафи-сиёсӣ), “шароити зиндагии моддии одамон” (маънии иқтисодӣ), “хидматгузорӣ барои қишрҳои осебпазир” (маънои башардӯстонаву хидматӣ = ҳифзи иҷтимоӣ), “маҷмуаи соҳаҳои ҳамсамти шаҳрвандӣ” (маънои идорӣ) ва ғ. Дар мавриди паёмҳо зери мафҳуми “бахши иҷтимоӣ” маҳз маънои идории он дар назар буда, маҷмуаи соҳаҳои ғайритиҷорӣ, ғайрисиёсӣ, ғайриидеологӣ ва ғайринизомии ҳаёти ҷомеаро, ки асосан ба рушд ва беҳзистии шаҳрвандон дахл дошта, аз тарафи давлат маблағгузорӣ мешаванд, дар бар мегирад.

Аз ин рӯ, дар “бахши иҷтимоӣ”-и паёмҳои солона маъмулан соҳаҳои зерини “иҷтимоӣ” бо тартиби устувор, баррасӣ мешаванд:

1.Соҳаи маориф

2.Соҳаи илм

3.Соҳаи фарҳанг

4.Соҳаи тандурустӣ

5.Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ (муносибат бо қишрҳои осебпазир)

6.Самти муҳоҷирати меҳнатӣ

7.Масъалаҳои занон

8.Масъалаҳои ҷавонон

Аз ин ҳашт самт маъмулан ба соҳаи маориф ва тандурустӣ, ки моҳияти фарогир доранд, диққати бештар дода шуда, онҳо ба таври васеъ баррасӣ мегарданд. Ба соҳаҳои зикршудаи дигар низ вобаста ба мавҷудияти масъалаҳои муҳим дар давраи ироа шудани паём ба таври мухтасар ё муфассал пардохта мешавад.

Ҳангоми шарҳи мавқеи паём нисбат ба ин ва дигар соҳаҳо, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҳар бахши он тартиб ё мантиқи дохилии худро низ дорад, ки дарки он фаҳмиши масъаларо бисёр осон мекунад. Тартиби баёни андеша дар ҳар самт ё соҳа чунин аст, ки аввал, аҳаммият ва ҷойгоҳи худи соҳа зикр мегардад(1), дуввум, вазъияту дастовардҳои он таҳлил мешаванд (2), сеюм, масъалаву камбудҳои он нишон дода мешаванд(3) ва чорум, вазифаю роҳи ҳалҳо ба миён гузошта мешаванд(4). Масалан, агар сухан дар бораи соҳаи маориф равад, аввал ҷойгоҳ ва аҳаммияти ин соҳа баҳо дода шуда, дуввум дастовардҳои кишвар дар ин самт зикр мегарданд, сипас вазъияти имрӯза ва камбудиҳо таҳлил гашта, дар охир дар назди соҳа ва масъулони он вазифаҳои мушахахс гузошта мешаванд. Ин мантиқи дохилии бахшҳоро дар Паёми соли 2023 низ метавон ба таври возеҳ мушоҳида намуд.

БАХШИ 6: БАРРАСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛИИ КИШВАР

Дар ин бахш зери номи шартии “сиёсати дохилӣ” дастаи масъалаҳои сиёсӣ ва идеологие дар назар аст, ки маъмулан дар ин қисмати паём меоянд:

1.Арзёбии умумии равнадҳои сиёсӣ (ваҳдат, чорабиниҳои сиёсӣ, интихоботҳо ва ғ.)

2.Масъалаҳои таҳкими низоми давлатӣ, дунявият ва ғ.

3.Масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон

4.Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ

5. Масъалаҳои дин ва идеология ва ғ.

Баррасии ин мавзуъҳо дар паём маъмулан ба мавҷудияти масъалаҳои мубрам дар ин соҳаҳо дар давраи ироашавандаи паём вобаста мебошад. Масалан, агар дар соли ироаи паём баргузории интихоботи парлумонӣ ё президентӣ ё чорабинии муҳимми дигари сиёсӣ дар назар бошад, нисбати баргузории шоистаи он изҳори назар ва супоришҳо мешаванд.

(Умуман, муқоиса нишон медиҳад, ки дастаи масъалаҳои “сиёсию идеологӣ” дар паёмҳои солҳои 2000-ум бештар матраҳ мешуданд, ки сабаби он дар охир шарҳ мешавад.)

БАХШИ 7: БАРРАСИИ МАСАЪАЛҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА АМНИЯТӢ

Дар ин бахши ҳатмию доимии паём маҷмуаи масъалаҳои ҳуқуқӣ ва амниятии кишвар ба таври алоҳида баррасӣ шуда, вобаста ба вазъият ҳар самти дохилии он таҳлил мегардад. Баррасии паёмҳои даҳ соли охир нишон медиҳанд, ки ин бахши паём низ мантиқ ва сохтори мушаххаси дохилӣ дошта, дар он маъмулан масъалаҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

1.Таҳлили умумии вазъияти амнияти кишвар ва минтақа

Дар ин зербахш аввал ба вазъияти умумии ин самт баҳои умумӣ дода шуда, сипас маъмулан се мавзӯи асосии ин самт баррасӣ мегарданд:

-мубориза бо терроризм(1),

-мубориза бо маводи мухаддир(2)

-мубориза бо коррупсия(3)

Вобаста ба вазъияти давраи ироашавии паём ҳар мавзӯъ ба таври мухтасар ё муфассал баррасӣ мегардад ва дар ҳар самт вазифаҳо гузошта мешаванд.

2.Арзёбии ҷойгоҳ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи хуқуқ

Дар ин зербахш маъмулан фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нерӯҳои мусаллаҳ ва ғайра арзёбии умумӣ мешаванд.

3.Ҳидоятҳои амалӣ дар масъалаҳои ҳуқуқию амниятӣ

Дар ин зербахш маъмулан ба хизматчиёни ин ниҳодҳо аз тарафи Роҳбарияти кишвар изҳори эътимоду боварӣ эълон шуда, ба онҳо баъзе дастуру ҳидоятҳои дорои хусусияти арзишӣ, идеологӣ, сиёсӣ ва хидматӣ дода мешавад ва ба заруратҳои доимие чун риояту эҳтироми қонун, ватандӯстӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва ғ. таъкид мегардад. Яке аз сабабҳои чунин супоришу ҳидоят ба хизматчиёни ин бахшҳо дар он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусалалҳи кишвар буда, дар самти роҳбарии ин ниҳоду нерӯҳо салоҳиятҳои истисноӣ дорад.

4.Таваҷҷуҳ ба вазъияти иҷтимоии хизматчиёни ин ниҳодҳо

Дар ин зербахш дар масъалаи фароҳам овардани шароити беҳтари кору фаъолияти аскарону афсарон ва хизматчиёни ин ниҳодҳо ба роҳбарияти онҳо ва ниҳодҳои дигари дахлдор дастуру супоришҳо дода мешавад. Аз ҷумла, дар паёми соли 2022 “ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.”

БАХШИИ 8: БАРРАСИИ РАВАНДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА СИЁСТАИ ХОРИҶӢ

Ва албатта, бахши ҷудогонаи ҳамаи паёмҳо ба масъалаҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ бахшида мешаванд, ки он маъмулан пас аз баррасии масъалаҳои амниятӣ ҷой мегирад. Муқоисаи мазмуни ин бахш дар паёмҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки он ҳам назм ва мантиқи дохилии худро дорад. Дар он маъмулан, чор нуктаи зерин баррасӣ мешаванд:

1.Арзёбии умумии вазъият ва равандҳои ҷаҳонӣ аз назари Тоҷикистон. Дар ин бахш амалан тафсири роҳбарияти Тоҷикистон аз вазъияту равандҳои ҷории ҷаҳон, тамоюлу гароишҳои байналмилалӣ, авзои сайёра ва ғайра ироа шуда, муносибати Тоҷикистон ба онҳо нишон дода мешавад.

2.Арзёбии умумии сиёсати хориҷии кишвар дар марҳилаи кунунӣ. Дар ин бахш моҳияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон, хусусиятҳои консептуалӣ ва арзишии он зикр мегарданд.

3.Зикр ё шарҳи ташаббусҳои байналмилалии кишвар. Аз он ҷо, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ як силсила ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои таъмини об, пешгирии тағйири иқлим, тавлиди “энергияи сабз”, ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти минтақавӣ ва ғайраро пеш мебарад, дар ин зербахш аз онҳо ёдоварӣ шуда, моҳияти онҳо шарҳ мешавад ва ё пешниҳодҳои нав дар ин соҳа иро мегарданд. Масалан, дар Паёми соли 2022 аз талошҳои Тоҷикистон барои дар сатҳи СММ соли Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо хабар дода шуд. Дар Паёми соли 2023 хабари қабул шудани ин ташаббусҳо бо тантана эълон гашт.

Умуман, аз диди назарияҳои муосири сиёсати хориҷӣ, пешниҳоду татбиқи ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ аз тарафи кишварҳо шакли наву махсуси татбиқи сиёстаи хориҷӣ ба ҳисоб меравад, ки Тоҷикистон низ аз он ба қадри имкон истифода менамояд.

4.Зикри самтҳои мушаххаси амалии сиёсати хориҷии Тоҷикистон. То солҳои 2015 анъана чунин буд, ки дар матни паёмҳои солонаи Роҳбари давлат самтҳои сиёсати хориҷии кишвар ва муносибати Тоҷикистон бо кишварҳо ва созмонҳои гуногун ба таври мушаххас эълон карда мешуданд. Аз ин рӯ, ин бахши паём аз атрофи кишварҳои хориҷӣ, муҳаққиқон ва расонаҳо мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор мегирифт. Аммо баъдан ин бахши паём хусусияти умумӣ гирифта, солҳои охир муносибати Тоҷикистон бо самтҳои геополитикӣ, кишварҳои шарик ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба таври нисбатан умумӣ баён карда мешавад.

(Албатта, гоҳо вобаста ба ҳассосияти вазъият, ҷойи бахшҳо дар таркиби паём метавонанд ба таври истисноӣ тағйир ёбанд. Масалан, паёми соли 2018 амалан бо баррасии масъаалҳои сиёсати хориҷӣ оғоз шуда буд.

Ё вобаста ба вазъият, масъалаи алоҳидае ба таври васеъ баррасӣ гардад. Масалан, бинобар ҳассосияти вазъият дар Афғонистон, дар паёми соли 2022 дар идомаи бахши “сиёсати хориҷӣ” бахши муфассале ба вазъияти Афғонистон ва муносибати Тоҷикистон ба он бахшида шудааст.)

БАХШИ 9: НУКТАҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ВА ДАЪВАТӢ БАРОИ ОЯНДА

Дар бахши поёнии паёмҳои солона маъмулан як силсила нуктаҳои ҷамъбастӣ, супоришӣ, роҳнамоӣ, даъватӣ ва ҳидоятӣ оварда мешаванд. Баррасии ин бахши паёмҳо нишон медиҳад, ки онҳо маъмулан нуктаҳои зеринро дар бар мегиранд:

изҳори эҳтиром ва боварӣ ба халқи тоҷик;

бардоштани обурӯи кишвар;

даъват ба ваҳдату ҳамдилӣ;

даъват ба ватандӯстӣ ва қадрдонӣ аз соҳибдавлатӣ;

хиёнат накардан ба ватану давлати худ;

даъват ба меҳнати ҳалол ва меҳнатдӯстӣ;

даъват ба созандагию ободонӣ;

боварӣ ба ояндаи дурахшони кишвар;

аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ;

риояти одобу эҳтиром;

орзуи сарбаландию комёбиҳо ба мардум ва ғ.

Дар ин бахшҳо ҳамчунин вобаста ба чорабиниҳои сиёсӣ ва марҳилаҳои таърихии дар пеш буда барои ниҳодҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас дода мешаванд. Масалан, дар бахши ҷамъбастии паёми соли 2022 навъе оғоз ба омодагиҳо ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Сипас дар ин бора фармони ҷудогона содир гашт, ки ҳукуматро барои омодагӣ ба ин ҷашн вазифадор мекунад. Дар Паёми соли 2023 низ ин бахш хеле муфассал ва ҷиддӣ омадааст.

                                                           ***

Ҳамин тавр, нигоҳе ба сохтор, мавзӯъбандӣ ва мантиқи таркибии Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин матни дар назари аввал хеле калонҳаҷму мураккаб дар асл як матни бисёр муназзам ва дорои мантиқу сохтори мушаххас мебошад. Дар он ҳар банд ба тартиби муайян, бо мақсади мушаххас ва дар ҳаҷм ва сатҳи зарурӣ ҷой гирифтааст. Аз ин рӯ, ошноӣ бо мантиқи сохторӣ ва тартиби мазмунии матни паёмҳо метавонад барои дарки дурусттари муҳтавои паём аз тарафи коргузорони идорӣ, аъзои гурӯҳҳои фаҳмондадеҳӣ ва шунавандагони оддӣ мусоидат намояд.

ХУСУСИЯТИ АСОСИИ ПАЁМИ МАРҲИЛАИ РУШДИ УСТУВОР ЧИСТ?

Тавре рӯшан аст, дар тӯли 30 соли Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлат марҳилаи эҳё ва барқарории худро сипарӣ кард. Ин марҳила, ки барои як кишвари тозаистиқлол ва ҷангзада бисёр муҳим буд, як силсила масъалаҳо ва вазифаҳои худро дошт, ки муҳимтарини онҳо наҷоти давлат, ҳифзи якпорчагии кишвар, барқарории аркони давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, расидан ба оштии миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, интихоби сохти давлатдорӣ, таъмини амнияти умумӣ, танзими муносибати қувваҳои сиёсӣ, баҳсҳои идеологӣ рӯи дину дунявият, ташаккули самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, роҳҳои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва амниятӣ ва ғайра буданд. Хушбахтона, то имрӯз масъалаҳои ин марҳила асосан ҳалли худро пайдо карда, кишвар ба марҳилаи баъдии рушди давлатдорӣ, яъне марҳилаи рушди устувор мегузарад. Марҳилаи нав хусусиятҳо ва вазифаҳои тамоман дигари худро дорад, ки асосан ба рушди иқтисодию технологии кишвар, ислоҳоти амиқи иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳаввули бунёдии вазъияти зиндагии аҳолӣ равона шудаанд…

Тағйири марҳилаи рушди кишвар ва тағйири сифатии вазъияти ҷомеа ба сохтору муҳтавои паёмҳои солонаи Роҳбари давлат низ таъсири табиии худро мегузоранд. Яъне, агар дар паёмҳои давраи эҳё ва барқарории давлатдорӣ масъалаҳои зикршудаи ҳассоси сиёсӣ, идеологӣ ва амниятӣ мавқеи асосӣ дошта бошанд, дар паёмҳои давраи рушди устувор маҳз масъалаҳои хоси давраи нав ба ҷойи аввал мебароянд. Агар матни як паёми солҳои 2000-умро бо матни як паёми солҳои 2020-2022 муқоиса намоем, ин таҳаввули мавзӯӣ ба таври мушаххас маълум мешавад.

Албатта, масъалаҳо ва дастовардҳои бунёдии марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдорӣ бисёр муҳим буданд ва ҳамеша муҳим боқӣ мемонанд, зеро бе ҳалли онҳо худи бақои давлат зери савол мерафт. Аммо табиист, ки паёмҳое, ки акнун барои марҳилаи рушди устувори давлатдорӣ ироа мешаванд, асосан рӯи ҳалли масъалаҳо ва вазифаҳои хосси ин марҳила таъкиди бештар менамояд. Масалан, дар паёмҳои солҳои охир масъалаҳои зерин илова шуда ё дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд:

амалигардонии ҳадафҳои стратегӣ;

рушди босуръати соҳаи саноат;

ба модели саноатӣ-аграрӣ гузарондани модели рушди ҷумҳурӣ;

ҷалби сармояҳои мустақим;

афзоиши пасандозҳои аҳолӣ;

татбиқи барномаҳои инноватсионӣ;

амалӣ намудани ҳукумати электронӣ;

рақамикунонии иқтисодиёт;

рушди “энергетикаи сабз”;

рушди “зеҳни маснуӣ” (ҳӯши сохта);

эълони солҳои рушди деҳот;

эълони солҳои рушди сайёҳӣ;

саҳибкасб гардонидани аҳолии соҳиби меҳнат;

эълони 20 солаи омӯзиши илмҳои табии ва дақиқ;

эълони панҷсолаи рушди саноат;

солимгардонии фазои соҳибкорӣ;

дастёбӣ ба шуғли пурмаҳсул;

фаъол намудани омили инсонӣ ва ғ.

Шаке нест, ки ин масъалаҳо барои рушди кишвар ва беҳбуди вазъи воқеии зиндагии мардум ниҳоят муҳим мебошанд. Аммо аз сабабе, ки дар давраи баҳсҳои тӯлонии сиёсию идеологӣ зеҳни бахше аз ҷомеа ва муҳити таҳлилию иттилоотии мо бештар хусусияти сиёсию идеологӣ гирифтааст, баъзе аз дӯстон интизори зеҳнӣ доранд, ки дар паёмҳои имрӯза низ ҳамчунон масъалаҳои ҳассоси сиёсӣ ва идеологӣ матраҳ бошанд. Аз ин рӯ, шунидан ва ё таҳлили матни ҷиддии фаннию инноватсионии паёми марҳилаи рушди устувор барои чунин дӯстон то ҷое мураккаб менамояд. Ин аст, ки онҳо аз чунин матнҳои мураккаби тахассусӣ асосан як хулосаи оддӣ мебароранд: Имсол “ягон гапи муҳим нест!”…

Аммо, дар асл, вақте дар паём, масалан, вазифагузорӣ мешавад, ки дар муҳлати муайян модели рушди кишвар аз аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ гузаронида шавад, ин худ бешубҳа як “гапи муҳим” буда, ба он маъност, ки дар оянда бахши муайянкунандаи иқтисоди кишварро маҳз саноат ташкил хоҳад дод. Ё вақте дар паём вазифа гузошта мешавад, ки дар 5 соли оянда дар кишвар беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф сохта шавад, он дар ҳакиқат “гапи муҳим” аст. Ё вақте дар паём супориш мешавад, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат дар панҷ соли оянда 780 корхонаи саноатӣ сохта шуда, содироти маҳсулоти саноатӣ ду баробар афзун гашта, тамоми аҳолии коршояму ниёзманд бозомӯзии касбӣ шавад, барои мардуми оддӣ ин як иқдом ё “гап”-и бисёр муҳим аст. Ҳамин тавр, даҳҳо мисолу пешниҳоди муҳимми дигар…

Албатта, агар иқтисодшиноси касбие баъзе омору рақамҳои паёмҳоро таҳлили воқеӣ ва беғаразона намуда, назари тахассусии худро дар тасдиқ ё нақди онҳо пешниҳод кунад, он ҳатман мавриди эҳтиром хоҳад буд. Аммо воқеият ин аст, ки ин барномаҳои ниҳоят ҷиддӣ ва зарурии марҳилаи рушди устувор маъмулан мавриди истиқболи муҳити таҳлилии сиёсишудаву идеологии мо қарор намегиранд. Вале агар дар паём ба ҷойи ин барномаҳои бунёдии рушду созандагӣ, фарзан гуфта мешуд, ки фаъолияти фалон мазҳаб иҷозат ё манъ мешавад, шояд атрофи он даҳҳо муҳокимаву барномаву шарҳу тафсири “коршиносӣ” ба шабакаҳо мерехтанд… Аз ин рӯ, дар мавриди дарки моҳият ва аҳаммияти паёмҳо зеҳни таҳлилии мо бояд баробари таҳаввули замон такмил ёбад, зеро муҳим надонистани ин ҳаҷми пешниҳоду вазифаҳое, ки татбиқи онҳо метавонад зиндагии воқеии аҳолии кишварро ба куллӣ тағйир диҳад, худ ҳарфи ҷиддӣ намебуд.

Ва ниҳоят, баррасии намунавии матни Паёми соли 2023 нишон медиҳад, ки танҳо дар ҳамин паём даҳҳо пешниҳоду барномаву вазифаҳои муҳим барои рушди бунёдӣ ба миён гузошта шудаанд, ки агар ҳамаи онҳо амалӣ шаванд, сифати рушди кишвар ва вазъияти зиндагии мардум ба таври ҷиддӣ тағйир меёбад. Аз ин назар, бе ягон шубҳа, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 яке аз ҷиддитарин паёмҳои солҳои охир ва саршор аз “гапҳои муҳим” буда, татбиқи он метавонад оғози сатҳу марҳилаи нави рушди кишвар бошад.

ХОТИМА

Бале, тавре дида шуд, дар боби муҳиммияти мазмуну муҳтавои паёмҳо шубҳае нест. Аммо баррасиҳо нишон медиҳанд, ки бояд ҳамзамон бо ин, рӯи татбиқи амалии ин барномаву дурнамоҳои ҷиддӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шавад. Албатта, ҳамасола нақшаи расмии чорабиниҳое таҳия мешавад, ки иҷрои бандҳои мушахахси паёмро аз ниҳодҳои давлатӣ талаб менамояд, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки бояд механизмҳои бисёр ҷиддитару амалитари татбиқи мазмуну талаботи паёмҳо ва масъулияти ҷиддии ниҳодҳо ва масъулон дар баробари иҷрои онҳо ба вуҷуд оварда шавад. Он бояд татбиқи комил ва ҳатмии нишондодҳои сиёсию арзишӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсию амниятии ин ҳуҷҷати муҳимми давлатию давлатдориро давра ба давра таъмин намояд. Чунин муносибат ҳам ҳалли воқеии масъалаҳои гузошташударо кафолат дода, ҳам эътимоди мардумро ба ин барномаҳои муҳим афзоиш медиҳад. Хусусан, дар марҳилаи рушди устувори давлат, ки дигар барномаҳо асосан моҳияти назариявию идеологӣ надошта, ҳар як нақшаву супориш татбиқи амалии физикӣ дар ҳаҷму сатҳу сифату замони муайяншударо талаб дорад.

Total Views: 249 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.