БАРОИ МИЛЛАТИ СОҲИБВАТАН ПАЁМ МУБОРАК!

Дар илми сиёсат, худи ироа шудани Паём аз сӯи Роҳбари як давлат, яъне ба таври мустақил муайян, эълон ва татбиқ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нишона ва рамзи муҳимми истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад. Падидае, ки назди ҳар тоҷики ватандору соҳибдавлат шоистаи ифтихор ва табрик аст.

***

Шукӯҳу манзалату шаъну эҳтиром муборак,

Намоди тантанаи давлату низом муборак,

Набарду ҳиммату пирӯзии мудом муборак,

Бузургии назару вусъати калом муборак,

Барои миллати соҳибватан Паём муборак!

Забону миллату таъриху нангу ном муборак,

Зуҳури тозаи фарҳангу фарру ҷом муборак,

Давоми дигари ин роҳи бардавом муборак,

Ва шаҳди неъмати худмеҳварӣ ба ком муборак,

Барои миллати соҳибватан Паём муборак!

Қиёми лолаи парчам ба авҷи бом муборак,

Нишони зарҳали ин тоқи нуқрафом муборак,

Суботу ваҳдату осудагии ом муборак,

Сапедаи саҳару рӯшании шом муборак,

Барои миллати соҳибватан Паём муборак!

 68 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 68 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.