ВАТАН ШУДАМ…

Ман посдори марзи баланди шаҳоматам,

Ҳампову ҳамсадову ҳамоҳангу ҳамхатам,

Болотар аз ҷиноҳу гурӯҳу сиёсатам,

Як давлату як анҷуману як ҳақиқатам!

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!


Даври гурӯҳбандиву хории ман гузашт,

Вақти гурезагиву фирории ман гузашт,

Бо ихтилоф номбарории ман гузашт,

Як байт, як таронаи сабзи муҳаббатам,

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!


Аз Ванҷу Панҷу Рашту Зарафшон Ватан шудам,

Аз даҳрию «маҷус»-у мусулмон Ватан шудам,

Аз ҳизбу кизбҳои парешон Ватан шудам,

Қавму қабила нестам, имрӯз миллатам!

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!


Ҳам нармтар зи хокаму ҳам сахттар зи санг,

Дар рўзи нанг нангаму дар рўзи ҷанг ҷанг,

Рўзи набарди Воруху буҳрони Исфаранг,

Дидӣ қиёми нангу шукӯҳи шаҳодатам?!

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!


Ҳаргиз заифу бекасу бечора нестам,

«Як корвон муҳоҷири овора» нестам,

«Як миллати шикастаи садпора» нестам,

Ман бегазанду беададу бениҳоятам,

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!


Сели наҳангу баҳри хурўшон ҳамин манам,

Шери Худову Рустами Дастон ҳамин манам,

Эй дев ҳўш дор, Сулаймон ҳамин манам!

Дар ваҳдат аст рози бузургиву қудратам!

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!


Ман кимиёи васл шуданро шинохтам,

Бозии ин ҷаҳони куҳанро шинохтам,

Маънии давлатии Ватанро шинохтам,

Рўҳи Ватан нишаста ба хуну табиатам,

Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!

Total Views: 126 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.