ХАРОБАҲОИ ШУКЎҲ

(Гуфторе бар харобаҳои шаҳри Афросиёб ё вайронаҳои Самарқанди бостонӣ, пойтахти қадимии Турон ва Суғд)


Афросиёб, эй падари бостониям,

Вайронаи бузурги шукӯҳи ҷаҳониям.


Аз лолаи ту хуни Сиёвуш медамад,

Эй қатлгоҳи салтанати ормониям.


Ин қадр бенишонаву бегона мондаӣ,

Эй хок бар сарам ба чунин бенишониям.


Чун бо харобаҳои ту ман ҳарф мезанам,

Туркон гумон кунанд маризи равониям…


Баъд аз ту тохтанду буриданду сўхтанд,

Чизе намонд аз фараҳи осмониям.


Чандон ғариб мондаам андар зиёратат,

Ҳатто билет мекунад акнун гарониям.


Бо сад ҳазор захм суроғи ту омадам,

“Гардун гумон надошт чунин сахтҷониям!”


Ашки маро чу дурри ятимат қабул дор,

Афросиёб, эй падари бостониям…


Total Views: 134 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.