СИМФОНИИ ШИФОБАХШ

НУКТАҲОИ ХОСС ВА ЛАВҲИ СИПОС ДАР РӮЗИ РУХСАТ АЗ ҚАРИЯИ БОЛО

СИМФОНИИ ШИФОБАХШ ЧИСТ?

Ҳуҷраи 10-уми бахши ҷарроҳии умумии бинои 4-уми бемористони «Шаҳраки Шифобахш», ки чун Қарияи Боло машҳур аст, дар интиҳои самти чапи роҳрави бисёр тӯлонӣ ҷой дорад. Тирезаи васеи ин утоқи рӯшан сӯи ҳавлии сарсабзе боз мешавад, ки дарахтони азимаш аз боми иморатҳо низ гузаштаанд. Ва ин баландии сабзу амну анбӯҳ зистгоҳи парандагонест, ки ҳар пагоҳу бегоҳ хониши муназзаму зебоеро ба ҷой меоваранд. Ин оҳанги хушиҷро ва ин иҷрои хушоҳанг симфонии «Шифобахш» аст.

Агар дар ин оҳанг фурӯ равем, ба хубӣ дармеёбем, ки симфонии «Шифобахш» як офаридаи нафису мукаммали ҳунарист, ки дар он ҷойи ҳар нуту тартиби ҳар овозу навбати ҳар мутриб ва сатҳи ҳар садо муайян аст: бомдодон, ки ҳанӯз рӯшаниву торикӣ дарҳам аст, симфонӣ бо дебочаи зебои булбулон оғоз мешавад; сипас гунҷишкон онро бо хори умумии пуршӯр идома медиҳанд ва баъд, майнаҳои баландовоз барномаро бо якнавозиву ҷуфтхонӣ ба авҷ мебаранд ва баъди он мусичаҳо бо савтҳои зарбию нафасӣ навбат мегиранд ва ниҳоят, кабутарон аз бому нигисаҳои атроф бо ин маҳшар ҳамхонӣ мекунанд. Яъне, дар он нахуст шаҳди чаҳ-чаҳ аст, сипас чир-чиру чириқ-чириқ, баъд шақ-шақи шақ, баъд бум-буми бум ва ниҳоят қум-қуми қум…

                                                          ***

ПАЙВАНДИ ЗИНДА БО НАБЗИ ТАБИАТ

Чун бомдоди рӯзи дигар таъсири мадҳушӣ кам шудан гирифт, нахустин чизе, ки ҳануз дар дунёи нимаҳушёрӣ дарк мешуд, садо буд. Ва зиндагии нав бо симфонии бомдодии ҳамин мурғони хушхон оғоз мешуд. Инсоне, ки дар ин ҳолат ҳанӯз аз дунё огоҳ нест ва чанд соате аз тамоми ташвишу тазвиру зангори дунё буридааст, ҳоло оромиши мутлақе дорад, то миёни тирагиву ҳушёрӣ ва хобу бедорӣ ба набзи табиат пайванд ёбад ва ба оҳанги ҳастӣ гӯш андозад. Ва шояд дар солҳои ахир бори нахуст буд, ки бо табиат чунин пайванди зинда ёфта, ҳар садо дар зеҳни холиям дақиқ нақш мебаст ва назму пайдраҳамиву қонунмандии хониши мурғонро дуруст дармефтам: Ба гунае, ки нахуст шаҳди чаҳ-чаҳ, сипас чир-чиру чириқ-чириқ, баъд шақ-шақи шақ, баъд бум-буми бум ва ниҳоят қум-қуми қум…

Ва ин ҳолати аҷиб, балки лаззати наҷибест, ки ташвишҳои бепоёни дунё башари имрӯзро аз эҳсоси он маҳрум доштааст ва барои дарки он фурсат нагузоштааст. Гоҳ ному насаб, гоҳ молу мансаб, гоҳ кибру ҳасад, гоҳ ҳирси беадад, гоҳ биму гила, гоҳ ғаму мушкила, гоҳ ганду гуноҳ, гоҳ рӯйи сиёҳ… Ҳолате, ки аксар ба он гирифторем ва аз набзи табиату ҳастӣ ғофил мондаем. Ҳолате, ки оромиш ва фурсат намедиҳад, то бо набзи зиндаи табиат, бо рӯдбори олами ҳастӣ ва бо ҳастиҳои мувозӣ дар пайванду тамос бошем. Ҳолати оинаҳои зангоргирифта…

Маҳз аз ин таҷриба дарки маъниву муҳити ин байти Мавлоно муяссар гашт, ки мегуфт:

Мешуморам баргҳои боғро,

Мешуморам бонги кабку зоғро…

Чӣ ҳиссу оромиш, чӣ озодию озодагӣ, чӣ растагиву растагорӣ ва чӣ ҳолати табиӣ доштаанд орифони мо, ки бо худи набзи табиат ва низоми олами ҳастӣ пайванд ёфта буданд. Ва дар зиндагиву осори онон чӣ қадар лаҳзаву таҷрибаву намунаҳои иртиботи зиндаву мустақим бо табиат ҷой дорад…

Аммо мо ин қадар бохтаву бегонаву ҳушёру айёру зангор шудаем, ки барои дастёбӣ ба оромиш, барои дарки набзи муҳит ва барои ҳамоҳангӣ бо оҳанги табиат ва барои шунидани назми садои як паранда моро бояд беҳӯш кард!?…

Ва чанд ҳафтае, ки он ҷо мондам, ҳамин иртиботи зинда бо он олами мурғон ва ҳамон пайванду ҳамзабонӣ бо мантиқу-т-тайри онон барҷой буд. То ҷое, ки бомдоду шомгоҳон гӯшу ҳӯшам чун гӯшу ҳӯши рӯзадорон ба бонги азон, нигарони садои ин мурғон монда буд…

ДОСТОНИ ТАБИБОНИ ВАТАНӢ

Банда шояд то чаҳор соли пеш дар ҳама умр бемории ҷиддӣ надоштам, аммо пас аз хуруҷи соли 2018 инак чанд ҷарроҳӣ ва дармонро дар Ҳинду Чину Русия гузаштам. Ва агар сабаби аслии хориҷравӣ шароити беҳтари тиббу дармонгоҳҳои онон бошад, сабаби дигар шояд таъсири баъзе таблиғоти манфӣ дар бораи вазъи тибби дохилӣ буд.

Аммо дар роҳбандони ду соли охир мисли ҳазорон мардуми корафтодаи диёр пайваста меҳмони табибони азизи ватанӣ шудам. Аз ҷумла, ду бор дар маҷмааи Қарияи Боло, як бор дар Беморхонаи касалиҳои сироятӣ ва як бор аз табибони бемористони «Шифо» табобат гирифтам. Ва дар ин раванди тӯлонӣ тасаввури банда дар бораи тиббу табобату табобатгоҳҳои ватанӣ хеле воқеъбинона гашт, аз як пиндори маҷозӣ ба як огоҳии айнӣ гузашт. Хоса дар боби он бахшу самтҳои мушаххасе, ки аз фазои он гузаштам.

Бале, шакке нест, ки дар аксари бемористонҳои кишвар фазою шароити кор ва вазъи иҷтимоии табибони азизи мо ба беҳбуди куллӣ ниёз дорад. Аммо ҷанбаи бисёр мусбат ин буд, ки дар ин муддат дар бахши ҷарроҳии умумӣ шоҳиди ҷиддитарин назму интизом, реҷаи қатъии корӣ, беҳдошти шадиди меъёрӣ, коргузории дақиқи идорӣ ва танзиму тақсими дақиқи масъулиятҳо будам, ки ин даргоҳро бо сарварии профессор Нурулло Қурбонов чун як дастгоҳи танзимшудаи соат мечархонд. То ҷое, ки дар ин чанд ҳафта ҳатто як рӯз нашуд, ки боздиди саҳаргоҳии сарвари ин бахш ва боздиду қабули шомгоҳии табибони шаб аз соати муайяншуда дертар шавад. Ва банда аз хиҷолат занги соати телефонро рӯшан мегузоштам, то пеш аз вуруди онон бедору омода бошам…

Ва муҳимтар аз ин, ин маконро дунёе аз касбияти баланд, донишу талош, масъулиятшиносии бузург, муносибати нек, ахлоқи некӯ ва табассумҳои гарм дарёфтам, ки барои ҳар беморе умеду эътимоду қувват мебахшад. Бо ин ахлоқу арзишҳои баланд табибони ин даргоҳ як муҳити солими инсониву тоҷикие сохтаанд, ки дар ҳеҷ бемористони муҷаҳҳазу пешрафтаи хориҷӣ наёфта будам. Муҳите пур аз муҳаббат, лутф, эҳтиром, табассум, меҳрубонӣ…

Ба яқини банда, агар ғайрату ҷиддият ва фарҳангу муоширати баланди ҳамшираи калон ва азизи ҳамагон апаи Ҷумъагул намебуд, шояд муҳити беморони ин даргоҳ басе сарду дилгир мешуд. Ва ё агар зарофату самимияти ҳамшираи ҷарроҳиву захмбандӣ апаи Ширин намебуд, бегумон беморию барқарории ин маризон басе талху тӯлонӣ мегузашт.

Ва ё чун медидам чӣ теъдод беморон аз гӯшаҳои кишвар бо ин азм омадаанд, ки маҳз аз устоди устодон, профессор Муҳиддин Нуриддин ё табиби номвар Комрон Болтуев ҷарроҳию табобат гиранд, ифтихору оромиш меёфтам, ки имрӯз ҳам тахассуси олӣ, касбияти баланд ва таҷрибаи амалӣ бе гуфтугӯ эътироф ва қадрдонӣ мешавад. Ва барои чунин табибони асил чизе болотар аз ризоияту саломатии мардум нест…

Бо дидани ин манзараҳои ихтисосу салоҳияту муҳаббату одамият, ҳар бор аз дилам мегузашт, ки тасаввури мо дар бораи табибони ватанӣ комил набудааст. То ҷое, ки мехостам пеши ҳар яке аз онҳо барои он гумон самимона узр хоҳам. Хоса пеши он фаррошони меҳрубонтар аз модар, ки ҳар соат ҳатто идрори беморони нотавонро зарфгирӣ мекунанд, фарзандвор сари таъзим фурӯд орам… Ё пеши он ҳамшираи меҳрубоне, ки сари ҳар бемор кашаву шавлаҳои парҳезӣ меовард ва чун модари ғамхор исрор мекард, ки ҳатман бихӯранду зудтар қувват гиранд…

Ва яқин кардам, ки баръакси маломат, мо бояд ба қадри табибони ватанӣ бирасем, онҳоро чун гавҳари чашм нигоҳ дорем, ки ҳар яке аз онҳо як сарват, як хазина аст. Болои ин, шояд онон охирин насли табибон бошанд, ки ба бемор нигоҳи тиҷорӣ надоранд, нигоҳи онҳо ҳанӯз инсонӣ боқӣ мондааст. Дарди моро, рӯҳияву ахлоқи мо, фақри моро, нози мо, беназмии беморону бемордорони моро танҳо ҳаминҳо таҳаммул мекунанд. Пас, ин азизон сазоворанд, ки коргоҳҳои муосиртарин, таҷҳизоти тиббии навтарин, маошҳои болотарин ва маишати комилтаринро дошта бошанд. Пас ин азизон сазоваранд, ки нури чашми мардуми мо бошанд. Талош, заҳмат, ихтисос, назм, муҳаббат ва табассуми онҳо шоистаи ҳама гуна эътирофу эҳтиром ва қадрдониву дастгирист…

Ин аст, ки ҳамчун вазифаи инсонӣ самимонатарин сипоси худро ба сарвару ободгари ин маҷмаи бузург профессор Шамсзода Хизматулло Амирхон ва муовини ботадбири эшон профессор Маъруфҷон Ҳомидов тақдим медорам. Роҳбароне, ки ҳар бомдод, пештар аз офтоб дар коргоҳ ҳозир мешаванд ва кори ҳар бахшу ҳар утоқу ҳар табибро шахсан мебинанд, то шароити боиста барои табибону беморон фароҳам бошад ва хидмати шоиста барои мардуми ранҷур ба ҷой омада бошад… Ва бовар дорам, ки аксари кулли беморон низ ба ин сипоси самимӣ ҳамроҳ мешаванд. Сипосе, ки ҳар бемори шифоёфта як сина аз онро аз шаҳраки Шифобахш ва табибони ҳабиби он барои ҳамеша бо худ мебарад…

РИСОЛАТИ ЧИРЧИРАК

Шояд як сабаби ба биҳишти мурғони хушхон табдил шудани дарахтони Қарияи боло дар он бошад, ки ин ҷо амнияти тамом ҳоким аст. Аввал, ин ҷо аз кӯдакони сангандозу чумчуқбоз ва наврасони камондору кафтаршикор нишоне нест ва низ, ин дарахтон ба ҳадде баланданд, ки гурба низ барои то он авҷ рафтан мискин аст. Аз ин рӯ, муҳите пур аз шодиву озодӣ, ҷуфу насл, суруду овоз ва чӯҷаву парвоз фароҳам шудааст…

Шабе, ки фардояш бояд мураххас шавам, талош доштам, ки бори дигар дар симфонии Шифобахш ғарқ гардаму онро ҳамчун зеботарин бозёфти ин ҳафтаҳо дар зеҳнам сабт намоям. Ва дар ин ҳангом дарёфтам, ки бо вуҷуди диққатҳои зиёд то ин дам чирчирак фаромӯш мондааст. Зеро сӯзанаку чирчиракҳои ин боғ низ бахши зарифу зебое аз ин симфонӣ ҳастанд. Хосса вақте бо фарорасии торикӣ мурғон хомӯш мешавад, басти кории сӯзанаку чирчиракҳо оғоз мегардад ва саҳна комилан дар ихтиёри онҳо боқӣ мемонад. Онҳо дар радифи ҳамшираҳои навбатдору шабзиндадори ин даргоҳ то саҳар бедор мемонанд ва то худи бомдод бо тамоми вуљуд садо мекашанд ва иҷозат намедиҳанд, ки набзи ҳаёт лањзае бозистад ё ваҳми шаб бар беморон чира шавад. То лаҳзае, ки маҳшари мурғон аз саҳнаи дарахтон пахши навбатии симфонии шифобахшро оғоз кунанд ва садои умеду зиндагиро дубора танинандоз созанд: нахуст чаҳ-чаҳ, сипас чир-чиру чириқ-чириқ, баъд шақ-шақи шақ, баъд бум-буми бум ва ниҳоят қум-қуми қум…

Total Views: 158 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.