ДАР ПЕШГОҲИ ВАҲДАТ

Ин кишваре, ки ин ҳама зебост, ваҳдат аст,

Ин ҷаннате, ки рашки сурайёст, ваҳдат аст.

 

Ин чорбоғи шаҳр, ки аз мавҷхези ранг,

Гӯйӣ магар қиёмати гулҳост, ваҳдат аст!

 

Кӯҳе, ки ҳамчу бурҷи баланди ғурури халқ,

То осмон расидаву барҷост, ваҳдат аст.

 

В-ин чашмаи наҷиб, ки аз остини кӯҳ,

Бар ҷуйи шир рехта, дарёст, ваҳдат аст.

 

Тифле, ки бо навори хати парчами Ватан,

Пешонаи баланд биёрост, ваҳдат аст.

 

Он мактабе, ки саф зада бар зери як суруд,

Он вожае, ки сархати иншост, ваҳдат аст.

 

Ваҳдат ҳисоби саҳмияву шартнома нест,

Ҷое, ки халқ якдилу яктост, ваҳдат аст.

 

Рўзе, ки пушти як ваҷаби марзи Исфаранг,

Як кишваре чу зилзила бархост, ваҳдат аст.

 

Насле, ки вораҳида зи гирдоби ихтилоф,

Ҳампову ҳамнабарду ҳамовост, ваҳдат аст.

 

Хоне, ки ҷойи косаи ғам нест андар он,

Ё ин нақорабазм, ки ғавғост! Ваҳдат аст.

 

Эҳсоси орамидану лабханди эътимод,

К-аз рўи гарми дўст ҳувайдост, ваҳдат аст.

 

Рози бақои давлату сирри суботи мулк,

Ин назми устувор, ки барпост, ваҳдат аст.

 

Ҳар афсари Ватан, ки барои бақои мулк,

Аз умри худ чу моҳи фалак кост, ваҳдат аст.

 

Дар гирдбоди фитнаи бегонаву худӣ,

Барномае, ки ҳалли муаммост, ваҳдат аст.

 

Ин аст мунтаҳои паёми паямбарон,

Тавҳид дар азал ба чӣ маъност? Ваҳдат аст.

 

Бар ресмони ваҳдати ҷовид чанг зан,

Андешае, ки аз ҳама болост, ваҳдат аст.

 

 

 

Total Views: 93 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.