ДУБОРА МАШҚИ ҚАДАМ…
Бо салому эҳтиром,
Имрӯз пас аз муддатҳо дурӣ ба саҳифаи худ бозгаштам. Бо сипос аз мудирони муваққат, ки дар ин фосила саҳифаи маро холӣ нагузоштанд ва аз маводи бойгонӣ обод доштанд.
Бозгашт бо ин паёму сатрҳои сода, ки дар лаҳзаҳои барпошавию машқи қадамзанӣ аз зеҳни парешон гузашт.
****
БОЗГАШТ
Ба дасту панҷаи ларзон, ба пойҳои варам,
Ва найчаҳои пизишкӣ ба чокҳои шикам,
Дубора тай-тай по-по, дубора машқи қадам,
Дубора чашм кушодан зи партгоҳи адам…
Чӣ ҳикматест, ки ал-ихтисору ал-муъҷам:
Худо агар, ки нахоҳад, намемурад одам!
Дубора дарки садоҳо, дубора бам-бам-бам,
Дубора себ фаровону дӯстон бо ҳам,
Дубора занги телефон, дубора ном, рақам,
Дубора васвасаи фейсбуку инстаграмм,
Салом нур, салом осмон, салом қалам!
Салом кишвари шодӣ, салом кишвари ғам…
Дубора рост шав, эй қомати шикастаи хам,
Ки боз рост шавам дар баробари парчам,
Ва бар баландии ин кӯҳи сарбаланд қасам,
Ки гар ба пой шавам, дар сафи шумо ҳастам!…
Нишаста бар сари мижгон ситораи шабнам:
Худо агар, ки нахоҳад, намемурад одам…