САЛОМ ОБШОРҲО!

Ба шодбошии фарорасии НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ


Шамими васл мерасад, салом интизорҳо!

Насими сабз мевазад, салом навбаҳорҳо!

Табассуми сапедадам ниҳода шарфаи қадам,

Шукуфарез мешавад, салом шохсорҳо!

Навои набзи хок маст, раги равони ток маст,

Зи хӯшаҳои саргарон салом, ҳушёрҳо!

Ту банди муй боз кун, ба ташнагон дароз кун,

Зи мавҷрезу мавҷхез, салом обшорҳо!

Навои ноб дилнишин, садои об дилнишин,

Зи умрҳои даргузар, салом ҷӯйборҳо!

Зи ҷони хок медамад шукуфаҳои ормон,

Зи рафтагони бенишон, салом рӯзгорҳо!

Агарчи бас талош шуд, замири шайх фош шуд,

Зи ишқи ошкори мо салом ошкорҳо!

                              ***

Ёди гулгаште, ки чидам аз гули рухсор гул,

Ёсуман гул, настаран гул, ноз гул, бехор гул.


Чашм рўшан, моҳ рўшан, зиндагӣ атри баҳор,

Осмон гул, остон гул, шаҳр гул, бозор гул.


Ҷилваи нози ҷамоли кист растохези ҳусн?

Сарв гул, шамшод гул, товус гул, рафтор гул.


Фасли меъроҷи парасту, соати эҳсоси боғ,

Об гул, оина гул, даргоҳ гул, девор гул.


Мардуми озодаи шаҳри ман аз ҷинси гул аст,

Рўй гул, абрўй гул, рухсор гул, дидор гул.


Гул ба дасту гул ба домон, гул ба мижгон, гул ба сар,

Дар булури ҳар табассум мешавад такрор гул.


Бар дари масҷид расидам хирмани гул медамид,

Саҷда гул, саҷҷода гул, тасбеҳ гул, дастор гул.


Исавӣ гул, мусавӣ гул, габру тарсо гулфурўш,

Оташи дайри муғон гул, хонаи хаммор гул.


Ҳолиё бархез, то «гул гуфтаву гул бишнавем»*,

Мавҷ гул, фаввора гул, сармаст гул, саршор гул.


Бояд аз авҷи ҷунуни ин хиёбонҳо гузашт,

Ҳарф гул, андеша гул, ашъор гул, осор гул.

                               ***

Гулбонги ишқ дар малакут аст ин саҳар,

Асрор дар мақоми субут аст ин саҳар.

Зангулаи мубораки озодагӣ бизан,

Ворастан аз ҳудуду хутут аст ин саҳар.

Шукри Худо, ки муждаи Наврӯз ҳам расид,

Гӯянд хатми нахвати ҳут аст ин саҳар.

Бар пешвози фасли ҳумоюн баланд шав,

Пирӯзии садо ба сукут аст ин саҳар.

Айёми зулфбезии бед аст ин нафас,

Айёми дастёзии тут аст ин саҳар.

Зонуи эътироф занам пеши обшор,

Айни бузургиву ҷабарут аст ин саҳар.

Total Views: 136 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.