СИПОСГУЗОРАМ

Бо сипос аз мавҷи табрики дӯстон


Ман аз замини ниёгони худ сипосгузорам,

Аз ин қаламрави армони худ сипосгузорам.


Барои сояи беминнату виқори баландаш,

Зи ҳар чанори хиёбони худ сипосгузорам.


На кӯҳи Қоф шиносам, на кӯҳи Тӯр парастам,

Ман аз шукӯҳи Бадахшони худ сипосгузарам,


Барои рӯҳи баланде, ки ҳеҷ паст нагардад,

Ман аз ғурури куҳистони худ сипосгузорам.


“Бузург” хондани ман ғояти бузургии лутф аст,

Зи лутфи қавми сухандони худ сипосгузорам.


Ба ҳар куҷо, ки маро мардум «устод» бихонад,

Аз Устоди дабистони худ сипосгузорам.


Барои маҳшари табрику мавҷхези муҳаббат,

Зи ҳар кадоми азизони худ сипосгузорам.


Ҳанӯз шеър ба лаб дорад ин қабилаи қудсӣ,

Зи хоки поки Хуросони худ сипосгузорам.


Агар ба доғи ниҳон боз сар кашидаам ин шаб,

Зи лолаҳои баҳорони худ сипосгузорам.


Ғами гарони маро мекашад ба барги ҳарираш,

Зи ҳар саҳифаи девони худ сипосгузорам.

Total Views: 167 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.