ВАҚТЕ САРНАВИШТ АЗ ДАСТ МЕРАВАД…
Буҳрони калон дар масъалаи Украина боз ба авҷ гирифт. Қутбҳову қудратҳо менишинанд, то сарнавишти ин кишварро «ҳал» кунанд. Албатта, бе иштироки худи давлат ва мардуми Украина…
Ва дар чунин соати ибрат ин ёддоштро ҳамчун ҳӯшдор барои азизони бедор мегузорам.
САБАҚИ УКРАИНА
Борони ашк бошад борони Украина,
Буҳрони аср бошад, буҳрони Украина.
Назми нави ҷаҳонӣ, ҷанги нави равонӣ,
Таърихро рақам зад тӯфони Украина.
Мулке, ки аз табассум гул мефурӯхт мардум,
Виҷдони Шуравӣ буд виҷдони Украина.
Ҳар фард ёд дорад ширу панири покаш,
Ҳар мард ёд дорад хубони Украина.
Як халқ ҳамдигарро инак асир гирад,
Пур шуд аз украинӣ зиндони Украина.
Мазлуму хор давлат, як мулку чор давлат,
Ҳар ҳизбу ҳар қумандон султони Украина.
Дар маҳшари сиёсат, дар каш-каши раёсат,
Бишкаст ҳамчу давлат аркони Украина.
Ку шаҳди инқилобаш, ку орзуи нобаш?
Шуд пора-пора-пора армони Украина.
Ку қудрати атомӣ, ку он диёри номӣ?
Акнун ба дасти ғайр аст фармони Украина.
Дигар аз ӯ напурсанд тақдири сулҳу ҷангаш,
Русу Фаранг бандад паймони Украина.
Гум гашт қутбу мизон дар ҳою ҳӯйи «Майдон»,
Майдони қутбҳо шуд майдони Украина.
Эй ҳайфи ҳамтаборӣ, эй ҳайфи ҳамҷаворӣ,
Бо танк шуд таҷовуз кардони* Украина!
Эй тоҷики ватандор, бикшой чашми бедор,
Дарсе азим дорад бурҳони Украина.
Ваҳдат шуд интихобам дар мактаби сиёсат,
То мулки мо нагардад ҳамсони Украина.
*Кардон — сарҳад (ба забони украинӣ)