ГУЗАРЕ ШЎХ АЗ ЁВОН
Чойи барги кокутӣ, нони гарми дедонӣ,
Чормағзи коғотӣ, оши мурғимарҷонӣ,
Пистаи лаби хандон, чеҳраҳои нуронӣ,
Меҳрубонтарин тоҷик, инқилоби меҳмонӣ!
Хонатон пур аз гандум, дўстони ёвонӣ!
***
Боғи «Ҳайкали модар», растаҳои райҳонӣ,
Ҳар шиору овеза мактаби хиёбонӣ,
Рӯҳи зиндаи миллӣ, набзи тоҷикистонӣ,
Маслакию фарҳангӣ, маънавию ирфонӣ,
Хонатон пур аз гандум, дўстони ёвонӣ!
***
То ғуруб хушгўйӣ, то саҳар ғазалхонӣ,
Ҳазлу хандаю усал, субҳу зуҳру бегонӣ,
Лаҳҷаи шакарбезӣ, санъати маталмонӣ,
Зираку зарофатгў, чун убайди Зоконӣ.
Хонатон пур аз гандум, дўстони ёвонӣ!
05.12.2021