ҲАҚИҚАТЕ БОЛОТАР
Мо хастаем байни ҳақиқат ва маслиҳат,
Сарбастаем байни ҳақиқат ва маслиҳат.
***
Як сӯ салоҳи миллату як сӯй нақди ом,
Биншастаем байни ҳақиқат ва маслиҳат.
***
То ин булури ваҳдати якдона нашканад,
Бишкастаем байни ҳақиқат ва маслиҳат.
***
Аз бими он, ки мулк пароканда мешавад,
Пайвастаем байни ҳақиқат ва маслиҳат.
***
Як тифл ҷор зад, ки «падар нос мекашад!»…
Оҳистаем байни ҳақиқат ва маслиҳат.
***
Эҳсос агар ба банди хирад нест, оташ аст,
Вобастаем байни ҳақиқат ва маслиҳат.
***
Ин масти фош гуфтану он сархуши сукут,
Бигристаем байни ҳақиқат ва маслиҳат.
***
Мо ҳар чӣ гуфтаем, ба тадбир гуфтаем,
Барҷастаем байни ҳақиқат ва маслиҳат.
***
Болотарин ҳақиқати мо ҳифзи Меҳан аст,
Якдастаем байни ҳақиқат ва маслиҳат
***
“Бори гуҳар намекашад ин тор нозук аст”,
Нагсастаем байни ҳақиқат ва маслиҳат.
***
Не суд бурдаему на мансаб гирифтаем,
Ворастаем байни ҳақиқат ва маслиҳат.
231 – Мақоларо хонданд, 1 – Имрӯз хонданд