МЕЪРОҶИ САФЕДОР

Сад рози зебо ниҳон аст, дар гуфтугў бо сафедор,

Обии як осмон аст, дар гуфтугў бо сафедор,

Ҳар барг як ҳамзабонӣ, ҳар даст як меҳрубонӣ,

Ҳар чашм як достон аст, дар гуфтугў бо сафедор.

                                ***

Исёни сабзи раҳоӣ, дори баланди шаҳодат,

Устураи порсоӣ, афсонаи қадду қомат,

Фавворае аз тавозун, мавзуни мавзуни мавзун,

Ҳар қисса оби равон аст, дар гуфтугў бо сафедор.

                               ***

Чун ояи растагорӣ, чун пояи пойдорӣ,

Бигзашта аз ҳар тааллуқ, ории ории орӣ.

Не бадгумониву не фарз, не хатти Дуранду не марз,

Вақту фазо бекарон аст, дар гуфтугў бо сафедор…

                               ***

Худро ба боло кашида аз ҳамнишинии дунон,

Аз анҷуманҳои ғайбат, аз довариҳои пинҳон,

Ҳамдарду ҳамрозу ҳамбар, як ошно, як бародар,

Лутфи сухан ройгон аст, дар гуфтугў бо сафедор.

                               ***

Ҳар барг хонад ба гўшам, такрору такрору такрор:

«Бархезу бархезу бархез, шамшоди қаддат нигаҳ дор!

Ин хокро осмон кун, меъроҷро имтиҳон кун… »

Тадбири як нардбон аст, дар гуфтугў бо сафедор.

                               ***

Аз боғҳои табархез ин гуна бояд рамидан,

Яъне чунон қад кашидан, то рўи мардум надидан.

Захми табар то баногўш, захмиву мағруру хомўш…

Ин достон ҷовидон аст, дар гуфтугў бо сафедор.

 198 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 172 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.