БА БАЗМИ ХОСАИ ХОСИЯТИ ЗАРАФШОНӢ…

Гузориши кўтоҳу манзум аз сафари кории имрӯз ба ноҳияи биҳиштосои Айнӣ ба шодбошии маҳфили камоли эҷодии бонуи ҳунар Хосияти Зафрашонӣ, ки бо ибтикори роҳбарияти ин ноҳия дар Қасри фарҳанги он бо шукўҳу шаҳомати азиме баргузор шуд.

Агарчӣ роҳи сафар сахт буду тўлонӣ,

Агарчӣ ағба пур аз барф буду боронӣ.

Аз Иттифоқи нависандагон паём омад,

Ба базми хосаи Хосияти Зарафшонӣ.

Хуҷаста бод диёри биҳиштии Фалғар,

Диёри Туғрали Аҳрору Бедили сонӣ.

Чӣ нозанин шуда дар солгарди Истиқлол,

Ҳама шукўҳу шукуфоию фаровонӣ.

Ба ҳар қадам ҳама созандагию ободӣ,

Зи ҳар канор навандешагию навгонӣ.

Равоқи шаҳр музайян ба лолаи парчам,

Замини шаҳр ҳама растаҳои райҳонӣ.

Ва хоса аз нафаси тирамоҳи ҳафтавранг,

Биҳишти боғ мунаққаш чу дафтари Монӣ.

Фидои мардуми хубаш, ки аз шакархойӣ,

Табассумаш ҳама ширину лутфаш арзонӣ.

Тамоми халқ фароҳам ба Кохи фарҳангаш,

Ки аз даруну бурун чун сарои султонӣ.

Ба сақфи кунгурааш офтоб овезон,

Ба даври гумбадаш овезаҳои марҷонӣ.

Чӣ ҷашнвораи зебо, чӣ соати некў,

Ҳама таронасароӣ, ҳама ғазалхонӣ.

Фазо ҳама ҳунариву муҳит фарҳангӣ,

Сухан ҳама хираду интихоб ирфонӣ.

Садо садои хушу лаҳн лаҳни довудӣ,

Наво навои хушу базм базми раббонӣ.

Ҳазор сол бизӣ, эй фариштаи санъат,

Ба зери сояи сабзи паноҳи яздонӣ.

Ҳазор сол туро рӯзгор хуррам бод,

Ва зиндагии хушу рӯшану чароғонӣ.

Зиҳӣ ниҳояти эъҷозу қудрати овоз,

Ки ҷӯш мезанад аз он вуҷуди вулқонӣ!

Зи номи аҳли адаб ин тарона эҳдо шуд,

Ба базми хосаи Хосияти Зарафшонӣ…

Total Views: 237 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.