ШОҲНОМАИ МАН

Ё ёддоште дар рўзи таъсиси мактаби Раҳнамо

Имрўз, 13-уми сентябр, солгарди нахустин рўзи кори «Литсейи Раҳнамо» мебошад. Рўзе, ки барои банда ва барои ҳазорон нафари гузашта аз ин даргоҳ рўзи муборак аст.

11 сол пеш аз ин, соли 2010, бо ормонҳои олӣ, ташаббусҳои бисёр самимӣ ва ҳиммати бисёр баланди шаҳрвандӣ, ки бо ҳам ҷамъ омада буданд, ин муассисаи таълимии хусусӣ таъсис ва фаъол гашт. Замоне, ки муҳити маорифи кишвар зери таъсири таъйинкунандаи мактабҳои хориҷиву муштараку дорои рўҳияи бегона буд ва зиёиёни огоҳи миллат бонги изтироб сармедоданд, таъсиси «Литсейи Раҳнамо» ҳамчун садои миллӣ ва посухи амалӣ, ҳамчун дурахши андеша ва ҳиммати ватанӣ паёму маънии бузурги худро дошт…

Имрўз, ки аввалин давраи 11-солаи ин муассиса комил шуд, тибқи меъёри мактабшиносӣ инак метавон аз як таҷрибаи анҷомшуда ва як низоми шаклгирифтаи таълимиву тарбиявӣ сухан гуфт. Низоме бо рўҳу муҳиту арзишҳои миллию ватандорӣ ва талошу меъёру ормонҳои ҷаҳонишавӣ…

Достони таъсис ва 11 соли фаъолияти «Литсейи Раҳнамо» ҳам бисёр талх ва ҳам бисёр ширин аст. Он шоҳиди бузургтарин дастгириҳои фардӣ ва ҳимоятҳои давлатӣ ва низ, мавриди бузургтарин мушкилаву чолишҳои гуногун будааст. Дар як ҷумла, дар ин давра 80% аз нерў ва талоши мо танҳо сарфи ҳифзи он гаштаву шояд фақат 20% аз талошу нерў сарфи рушду такмил…

Ай кош баръакс мебуд…

Бале, дар ин раванд бисёре аз орзуву хостаҳои мо амалӣ нашуд ва банда аз тамоми костагиҳои ин даргоҳ огоҳ ва узрхоҳам ва шакке надорам, ки он бояд дигартару бисёр беҳтар мебуд. Дар сатҳи шиору ормонҳои бунёдии худ. Аммо рўшан аст, ки болотар аз воқеияту имконият рафтан муҳол мебошад…

Бо ин ҳама, имрўз «Литсейи Раҳнамо» як назария нест, як амалия аст. Як шиор нест, як амал аст. Тарҳи амалие, ки шаҳрвандони соҳибиродаи ватан тавонистанд эҷод кунанд. Намунаи беназири хидмати миллӣ. Ин, ки имрўз бахши бузурге аз нухбагону зиёиёну идориёни кишвар маҳз ин маконро барои таҳсили фарзанди худ интихоб мекунанд, сипоси ҷомеа ба ин иқдом ва посухи бузурге ба тамоми саволҳои ҷорист…

Ва агар рӯзе тамоми гуфтаву навиштаву корномаи худи маро пеши рўй оранд, шояд муҳимтарин хидмати амалии банда, бузургтарин ҳадяи банда барои ватану миллати худ таъсиси ҳамин мактаб будааст. Мактабе бо рўҳияи миллӣ, арзишҳои инсонӣ ва гароиши илмҳои дақиқ, ки ҳар се имрўз бисёр муҳимманд.

Ва агар рўзе шеъру мақолаву китобҳои ман инкор шаванд, аммо ин хидмат, ин мактаб, ки барои ҳазорон нафар фарзандони беҳтарини мардум саводу адаби сазовор додааст, ҳамоно хидмати бегазанди ҷовидона хоҳад буд. Ин ҳамон “Шоҳнома”-и ман аст, ки бар ҷой хоҳад монд ва хоҳад гуфт, ки банда фақат марди сухан набудам…

Зеро шояд агар ҳизбе таъсис медодам ё расонае ё корхонае месохтам, дар ин шароит барои миллат ин қадар муфид намебуд, ки таъсиси ин мактаб. Чун дар замоне, ки низоми умумии таҳсилот буҳронӣ буд, ин ҷазираи сатҳу меъёр ва ин коргоҳи донишу адабу ифтихор барои ватан бештар аз як ҳизби сиёсию созмони ҷамъиятию корхонаи саноатӣ хидмат кардааст ва мекунад.

Бале, имрўз барои дарёбии арзиши чунин ибтикорҳо ҳануз дарки умум фароҳам нест. То ҷое, ки бо камоли бераҳмӣ ин тарҳи милливу маърифатиро аксар тиҷорат мепиндоранд ё сиёсат мешуморанд.

Аммо шояд дар оянда нависандае, журналисте, телевизионе, муҳаққиқе, огоҳе пайдо мешавад, ки рисолати ин муассисаро дармеёбад, достони талху ширини онро менигорад, вижагиҳои нотакрори онро рӯшан мекунад, хидмати мардумии онро менависад, коргоҳи инсонофарии онро мустанад месозад…

Аммо дар ин рўзи муборак, бо табрики ҳамаи устодону шогирдон, орзуву таманноям ҳамин аст, ки Худованд ин боргоҳи донишу адабро, ки бо лутфи илоҳӣ ва бо ҳиммати бузургмардони миллат солҳо сари як ришта давом овардааст, дар паноҳи худ нигоҳ дорад.

Ҳоло бошад рисолату арзишҳои он дар суруди ин мактаб, ки ҳамон рўзи таъасисёбӣ бо чаҳоне аз ормон навишта будам, ифода ёфтааст, ки ин ҷо мегузорам.

Ва низ тасвири ин ду финҷони ҷашнӣ, ки яке аз шогирдон офаридааст, дар ду ранги сафеду сиёҳ тамоми хубиву бадӣ, мусбату манфӣ, комёбиву нокомӣ ва дастовраду мушкилоти моро ифода мекунад.

Ин рўзи муборак барои тамоми дўстдорони маорифу рўшанӣ хуҷаста бод!

                                                       ***

                                         Суруди «Литсейи «Раҳнамо»

Бо гавҳари хирад, бар меҳвари хирад,

Дар сарзамини нур, дар кишвари хирад.

Ҳампояи замон, чун рўдҳо равон,

Аз кўчаи диёр, то саҳнаи ҷаҳон.

«Литсейи Раҳнамо», эй сояи Ҳумо,

«Литсейи Раҳнамо», умеди насли мо.

Андарзи Рўдакӣ, оҳанги Борбад,

Дар ибтидо азал, дар интиҳо абад.

«Шаҳнома»-и азим, маънии «Маснавӣ»,

Ангезаи баланд, андешаи қавӣ.

«Литсейи Раҳнамо», эй сояи Ҳумо,

«Литсейи Раҳнамо», умеди насли мо.

Ҳастии мо адаб, фарҳанги мо салом,

Водии маърифат, водии эҳтиром.

Эй фитрати худӣ, эй қудрати сухан.

Эй лаззати амал, эй маънии ватан.

«Литсейи Раҳнамо», эй сояи Ҳумо,

«Литсейи Раҳнамо», умеди насли мо.

Бикшодайӣ ба мо, эй шаҳри ошно,

Як сина офтоб, як осмон сафо.

Бо миллати куҳан, бо давлати ҷавон,

Ҷовид сарбаланд, ҷовид ҷовидон.

«Литсейи Раҳнамо», эй сояи Ҳумо,

«Литсейи Раҳнамо», умеди насли мо.

Total Views: 142 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.