РАББОНӢ ВА МАСЪУД АЗ МЕҲВАРҲОИ МУҲИМТАРИНИ МИНТАҚАВИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН БУДАНД

Дар остонаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ба ду шахсияти бузурги милливу фаромиллӣ, Устод Бурҳониддин Раббонӣ ва Сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд аз сӯи Пешвои огоҳи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эъто шудани нишони олии давлатии Тоҷикистон, нишонгари эътирофу эҳтироми хидматҳои бузурги ин ду абармард дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон, зиндадории рӯҳи миллӣ ва ҳифзу наҷоти давлатдории миллии тоҷикон аст.

Илова бар ин, дар чунин лаҳзаи мураккабтарину ҳассостарини таърихиву сиёсии минтақаву ҷаҳон, ин иқдоми Пешвои муҳтарами миллат на танҳо як амали ёдбуду сипос, балки як паёми муҳим ва як ҷасорати бузурги миллӣ ва инсонӣ мебошад.

Гарчӣ банда борҳо дар ҳузуру суҳбати ин ду бузургвори таърих будаву хотироти арзишманде аз хидматҳои эшон барои тоҷикони тамоми минтақа ба ёд дорам, аммо бо нашри ин лавҳа мехостам намунае аз нигоҳу дидгоҳи самимонаи онҳоро нисбат ба мардум ва кишвари мо пешкаш намоям.

Ёди ҳарду гиромӣ бод!

Устод Раббонӣ ба мардуми Тоҷикистон чӣ паём дод?

***

Моҳи апрели соли 2011.

…Чун сафари мо сафари сулҳ ва барномаи сулҳсозӣ буд, нуктаи олии он мулоқот бо Раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ буд…

Худи Бурҳониддин Раббонӣ низ имрӯз аз бонуфузтарин шахсиятҳои Афғонистон, шояд ҳамчун фарди воҳид, бонуфузтарин шахсияти Афғонистон ба ҳисоб ояд. Шахсияти ӯ дар ин кишвар аз чандин ҷиҳат матраҳ ва қобили таваҷҷуҳ аст: ҳамчун роҳбари мардумӣ ва ҷиҳодӣ, ки барои истиқлоли кишвар умре мубориза доштааст(1), ҳамчун сиёсатмадори пурсобиқа, ки ҳудуди 50 сол сафи пеши саҳнаи сиёсиро таҷриба кардааст(2), ҳамчун профессор ва олими динӣ, ки мақоми болотарини илмии худро ҳамчунон ҳифз намудааст(3), ҳамчун чеҳраи адабӣ ва фарҳангӣ, ки эътирофи умумӣ ёфтааст(4), ҳамчун шахсияти маънавӣ ва ахлоқӣ, ки бо ҳилму зуҳду тавозӯи худ машҳур гаштааст… ва ғайра. Хулоса, ин шахсияти ҷомеъ имрӯз ҳам аз сутунҳои давлатдорӣ ва аз меҳварҳои ҷомеаи Афғонистон аст. Ва ҳамон мафҳуми бисёр баланди «Устод», ки нисбати ин шахсият ба кор меравад, ба тамоми маъно дар сатҳу симои ин чеҳраи фазилатпаноҳ таҷаллӣ кардааст.

… Устод бо пазироии гарм дар бораи барномаҳои мо ва чигунагии рафти сафар ва боздид аз Афғонистон пурсон шуда, назари худро дар бораи имкони сулҳ дар Афғонистон баён доштанд ва аз ин, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, бисёр хушҳол буданд ва беихтиёр ба нақли лаҳзаҳои бисёр ҷолиб ва ногуфтаи раванди сулҳи Тоҷикистон оғоз намуданд. Лаҳзаҳое, ки шояд фақат эшон ва баъзе роҳбарони раванди сулҳ медонистанд…

Вале аз ин суҳбати бисёр муҳимм, барои банда қисми ниҳоии он бисёр муҳиммтар буд, ки дар он Устод Бурҳониддини Рабонӣ барои тоҷикону Тоҷикистон паёмеро изҳор доштанд. Ин паёми як инсони пуртаҷриба, як инсони дилсӯз ва як инсони огоҳ буд, паёме, ки бояд ҳамаи мо аз боло то поин бо гӯши ақл бишнавем. Матни он, ки чун амонат ҷумла ба ҷумла ёддошт шуд, чунин аст:

«Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Чун меравед, саломи маро ба тамоми мардуми Тоҷикистон, хусусан, ба бародари азизи ман, Раисиҷамҳур Эмомалӣ Раҳмон расонед. Паёми ман ба мардум, нерӯҳои сиёсӣ ва давлати Тоҷикистон ин аст, ки ҳама дар гирди ҳам ҷамъ шаванд, сухани ман ба ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки ҳамаро дар гирди худ дошта бошад…

Вазифаи таърихии тамоми нерӯҳо дар Тоҷикистон ин аст, ки давлат ва вазъияти мавҷударо ҳифз кунанд. Доштани давлат ба унвони як бистар масъалаи бисёр асосист, ҳамаи нерӯҳо ва ҳамаи мардум бояд донанд, ки имрӯз ҳифзи давлат асл аст. Аввал давлат, аввал ҳифзи давлат, баъд аз он идеоложиҳо, тарҳҳо ва ҳадафҳои дигар.

Дигар ин ки барои ҳама дар Тоҷикистон имрӯз ҳифзи амният зарур аст. Ман аз тамоми мардуми Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки амниятро ҳамчун як ваҷибаи динӣ ва вазифаи шаръии худ ҳифз кунанд. Замон замони сода нест, ман аз тариқҳои гуногун иттилоъ мегирам, ки бисёр нерӯҳо дар хориҷ оромӣ, истиқрор ва суботи Тоҷикистонро намехоҳанд. Плонҳо доранд, ки ин кишвар ноором бошад, зеро роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як фарди истиқлолталаб аст, фикри тобеъият надорад…

Дар чунин марҳила давлат ҳам бояд мардумро, нерӯҳоро, шахсиятҳоро ҳамагӣ дар атрофи худ дошта бошад. Мардум вақте розӣ мешаванд, ки мушкилоти онҳо хусусан расидагӣ шавад ва ба фарҳангу арзишҳои онҳо эҳтиром гузошта шавад…

Ман аз атроф бисёр хабарҳо дастрас мекунам… Ман мехостам бигӯям, ки бародари ман Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмарди баномуси тоҷик аст. Ман дар ин бора ба Устод С.А.Нурӣ чанд бор, чанд рӯз гап задам, инро фаҳмонидам, гуфтам: ҳоло шуморо ҷомеа, русҳо, минтақа, Ғарб иҷозат намедиҳад, ки ҳукумат дошта бошед. Биёед ҳамин роҳбари ҷавонро, ки ҳама қабулаш доранд, дастгирӣ кунед, давлати Тоҷикистонро созед. Боре аз Тахор то Бадахшон дар мошин ин гапҳоро фаҳмондам, бисёр борҳои дигар. Эмомалӣ Раҳмон як шонси тоҷикон ва Тоҷикистон аст.

Ва охири паёми ман ин аст, ки бо ҳифзи оромӣ, бо рушд ва пешрафт, бо сулҳ, бори дигар миллати Тоҷикистон ба ҷаҳон як намуна диҳад, намунае аз азамати таърихии худ. Бо ҳамон фарҳанги асили исломӣ ва миллии худ як паёми тамаддунӣ диҳад, намунаи давлат, намунаи фарҳанг…

Мо дар Афғонистон дар шароити бисёрқавмӣ, миллатҳо, забонҳо, нерӯҳои хориҷӣ, бисёр сиёсатҳо, бисёр гирифториҳо дорем, аз ин рӯ наметавонем ба ҳамаи ҳадафҳои худ бирасем. Шумо қадри осудагии худро шиносед, кишварро рушд диҳед. Кишвар фақат дар ҳоли озодии мардум рушд мекунад: мардум, ки озод буд, худаш кишварро рушд медиҳад.

Мо бояд он ҷо, дар Тоҷикистон, шоҳиди ҳамбастагии давлат ва мардум бошем.

Ин чизро ман ҳам барои ом ва ҳам барои хосс гуфтанӣ ҳастам, давлати худро, амнияти худро дар ин муҳити фитнабор нигоҳ доред…

Хулоса, инро мо бародарона мегӯем: Агар ин фурсат аз даст равад, дигар ҷамъ кардани Тоҷикистон мушкил аст, эҳтиёт бошед…

Аз Худо талаб мекунам, ки Тоҷикистон обод, озод, пешрафта бошад. Ва барои Шумо низ, ҷаноби доктар, ки меҳрубонӣ кардед, ман хушҳол шудам аз дидор. Ҳамаро, хусусан, бародарам Раисҷумҳурро, агар дидед, салом гӯед…» (Кобул, 27.04.2011, соати 12:30)

Ду пайнавис бар паёми устод Раббонӣ:

1.Вақте Устод Раббонӣ сухани худро барои давлат ва миллати Тоҷикистон мегуфт, банда бо тамоми вуҷуд ба симои нуронии ин сиёсатмадори куҳансобиқа менигаристам: ӯ бисёр ором, бо андешаи амиқ, бо тааммулу масъулият, бо мулоҳизаи тамоми паҳлӯҳои мавзӯъ сухан мегуфт. Ӯ тамоми вақт ба як нукта нигоҳ мекард ва ба назарам, дар тӯли ин гуфтор равандҳои пуршӯри ҷаҳонӣ, фазои печидаи минтақа, нақшаҳои шуми қудратҳову абарқудратҳо, манфиатҳои нирӯҳову гурӯҳҳо ва воқеиятҳои дохилу атрофи Тоҷикистон, ки ӯ аз тамоми он бисёр хуб огоҳ аст, пеши чашмони ӯмегузаштанду давр мезаданд. Ва ӯ, ҳамчун пири хирадманди сиёсат, ҳамчун падари дурандеш бар он меандешид, ки чӣ гуна кишвар ва мардуми Тоҷикистонро, ки барои ӯ ҳаргиз бегона нестанд, аз фурӯ рафтан ба ин тӯфон барҳазар дорад. Кишвареро, ки дар сулҳи он, дар ҳифзи давлатдории он, дар ҳифзи истиқлоли он, хулоса, дар наҷоти он нақши ӯ низ кам надбудааст…

Устод Раббонӣ ҳангоми ин сӯҳбат, ки барои ом гуфта мешуд, гӯё рӯи майдони минаҳо роҳ мерафт, ки дар сухани худ чӣ гуфтаниҳоро бигӯяд ва чӣ нагуфтаниҳоро нагӯяд… Зеро, дар чунин муҳит, дар чунин сатҳ, дар чунин симат, аз чунин фосила ва дар чунин масъала гоҳо гуфтан мушкил асту гоҳо нагуфтан мушкил… Ва ниҳоят, ин устоди пуртаҷрибаи сиёсат ҳам гуфту ҳам нагуфт… Ба гунае, ки дарку дарёфти гуфтаву нагуфтаҳои ӯ ба сатҳи фаҳми шунаванда вогузор шуд.

2.Пас аз шунидани ин паём бояд бори дигар ба ин нукта баргардем, ки Бурҳониддини Раббонӣ кист ва паёми ӯ чӣ аҳаммият дорад? Ҷавоб: Ӯ аз собиқадортарин сиёсатмадорони тоҷик, аз ботаҷрибатарин роҳбарони сиёсӣ, аз огоҳтарин шахсиятҳои минтақа, шахсияте, ки равнадҳои дохиливу минтақавию ҷаҳониро аз дохил медонад, мешиносад ва гоҳо месозад. Ва илова бар ин, зиндагӣ, таърих ва таҷриба нишон додаст, ки Бурҳониддини Раббонӣ ба ҳамаи маъно дӯст аст, дӯсти мардуми тоҷик, дӯсти давлати тоҷикон, дӯсти роҳбари давлати тоҷикон. Пас, паёми ӯ аз умқи таҷриба, аз авҷи огоҳӣ, аз ҳисси дилсӯзӣ ва аз сари дӯстӣ берун омадааст. Дар паёми ӯ ҳеҷ ғаразе нест, ҷуз самимияту некӯӣ. Паёми ҷиддиву огоҳонаи дӯсти куҳантаҷрубаву кордида. Пас, дар ин марҳилаи ҳассоси таърих, дар ин муҳите, ки бисёр кишварҳо дар пеши чашмонамон ба гирдоби фитнаву ноамнӣ фурӯ мераванд, ин паёмро ҳамагон бояд ба гӯши ҷону хирад бишнавем, чӣ давлат, чӣ мардум.

Total Views: 132 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.