ИНҚИЛОБИ МАОРИФ

Азим аст тӯфони рӯҳи маориф,

Шукӯҳи Ватан аз шукӯҳи маориф.

На узву на ҷузву на ҳизбу гурӯҳам,

Маро сабт кун дар гурӯҳи маориф.

Чароғон шавад кӯҳсорони тоҷик,

Агар фатҳ созем кӯҳи маориф.

Маро бас бувад ин мақоми муборак,

Ки монам чу донишпажӯҳи маориф.

                     ***

На ман кардаам иддаои маориф,

Ки таърих донад баҳои маориф.

Ниҳон аст иксири бемунтаҳоӣ,

Ба ҳастии бемунтаҳои маориф.

Малак рашк дорад ба фарзанди Одам,

Барои саводу барои маориф.

Худованд ҳам бо тамоми шукӯҳаш,

Бихондаст худро Худои маориф.

                     ***

Нашояд на марду на зан бе маориф,

Ки натвон дигар зистан бе маориф.

Агар худ нигини ҷаҳон аст миллат,

Шавад ғофил аз хештан бе маориф.

Бузургии мо ҷойгоҳе надорад,

Ба асри ҷаҳонишудан, бе маориф.

Дар ин гирдбоди бузурги ҷаҳонӣ,

Муҳол аст ҳифзи Ватан бе маориф!

                       ***

Низоми ҳаёт аз низоми маориф,

Мақоми милал аз мақоми маориф.

Ҳамин аст киштии Нӯҳи набият,

Ки таъбир шуд аз мароми маориф.

Агар нек бинӣ рамузи суханро,

Бувад Ҷоми Ҷам низ ҷоми маориф.

Наёбем мо эътибори ҷаҳонӣ,

Магар аз раҳи эҳтироми маориф.

                  ***

Чӣ дарди наҷиб аст дарди маориф,

Ҷаҳон ҳосили коркарди маориф.

Ба пешат гузорем зонуи хидмат,

Муаллим, ту эй родмарди маориф!

Ҳама роҳ бояд равад сўи мактаб,

Ва ҳар роҳрав раҳнаварди маориф.

Набарди ҳаёту набарди наҷот аст,

Ба майдони ҳастӣ набарди маориф.

                     ***

Агар бардамад офтоби маориф,

Ту бинӣ шукӯҳи ҷаноби маориф.

Зи сад НОБ-и барқиву сад садди обӣ,

Азим аст нерӯи ноби маориф.

Ҷалоли Фарангу бузургии Мағриб,

Бувад ҳосилу бозтоби маориф.

Агар инқилобе бибояд ватанро,

Бибояд ҳамин инқилоби маориф!

 138 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 114 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.