МУҲИМТАРИН ҚАРОРДОДЕ, КИ ҲЕҶ ШУД…

(Санаде барои коршиносон ва сабақе барои коргузорон)

Бо салому эҳтиром,

Таҳаввули ахире, ки дар Афғонистони ҳамсоя пеш омад, мавҷи назару андешаву ёддошту таҳлилро дар тамоми ҷаҳон дар пай доштааст ва хоҳад дошт. Коршиносони тоҷик низ ба ин мавзӯъ бетараф набуда, диду назари худро пайваста изҳор менамоянд.

Яке аз бузургтарин муаммоҳои ин раванд сиёсати ИМА дар минтақа ва мушаххасан, муносибати ин кишвар бо Афғонистон мебошад, ки имрӯз атрофии он таъбиру тафсирҳои бешуморе дида мешаванд. Гарчи банда низ дар ин боб хулосаҳои мушаххаси худро дорам, аммо имрӯз мехостам барои дастгирии ҷомеаи коршиносии кишвар, матни комили яке аз муҳимтарин санадҳои ҳамкории ин ду давлат, яъне «Қарордоди ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико»-ро, ки 30 сентябри соли 2014 дар ш.Кобул ба имзо расидааст, пешкаш ва андаке муаррифӣ намоям.

Мақсади асосии пешниҳоди матни комили ин ҳуҷҷати таърихӣ дар он аст, ки ошноӣ бо ин санади муҳимми сиёсӣ ва амниятии минтақавӣ ва байналмилалӣ ва тааммул рӯи он барои коршиносону коргузорони тоҷик ва барои ҳамаи мо аз чанд назар бисёр муҳим мебошад:

1.Паёми сиёсӣ ва миллии сарнавишти ин санад:

Қарордоди амниятӣ бо ИМА муҳимтарин ва баҳсноктарин санади сиёсӣ ва амниятии минтақа дар солҳои охир буда, он дар асл санади расмият ёфтани ҷойгиршавии нерӯҳо ва пойгоҳҳои низомии ИМА дар Афғонистон ва тамоми минтақа мебошад. Илова бар ин, бо вуҷуди баъзе таъкидҳои сирфан дипломатӣ ба эҳтироми хокимияти миллии ин кишвар, қарордоди мазкур санади расмият ёфтани ишғоли Афғонистон аз тарафи ИМА низ ба ҳисоб мерафт.

Ин қарордод ҷузъиёти муносибатҳои амниятии ИМА ва Афғонистон ва шартҳои ҷойгиршавии базаҳои ҳарбии ИМА дар ин кишварро дар бар гирифта, дар он ИМА ҳамчун шарики стратегии Афғонистон ба ин кишвар болотарин ва ҷиддитарин кафолатҳои амниятии дохилӣ ва беруниро дода аст. Дар айни замон, санади мазкур барои ИМА имтиёзҳои фавқулодда ва барои Афғонистон шарту таҳқирҳои бисёр ҷиддиро пеш мегузошт, ки бо ин сабаб дар аксари доираҳои сиёсии Афғонистон имзои он ҳамчун хиёнати роҳбарони онвақтаи кишвар арзёбӣ мешуд.

Бинобар ин, пас аз таҳияи санад, президенти онвақтаи Афғонистон Ҳомид Карзай солҳо ба қабули он розӣ нашуд ва қарордод танҳо пас аз рӯи кор омадани Ашраф Ғанӣ ба имзо расид. Бо вуҷуди он, ки қабули ин қарордод муҳимтарин шарти аз тарафи ИМА президенти Афғонистон таъйин шудани Ғанӣ буд, аммо ӯ имзои мустақими онро ба дӯши Дабири Шӯрои амнияти Афғонистон (мушовири амнияти миллӣ) Ҳаниф Атмар гузошт.

Аммо муҳимтарин нуктае, ки барои мо ҳамчун давлати мустақил ва миллати соҳибдавлат муҳим аст, муносибати худи ИМА бо ин қарордоди калидӣ мебошад. Зеро аввалан, худи ИМА дар тамоми муддати ҳузураш дар Афғонистон банду муқаррароти ин қарордодро ҳамаҷониба нақз менамуд. Сониян, вақте манфиатҳои ИМА тақозо кард ва ё сиёсати он андаке дигар шуд, худи ИМА ин қарордодро ошкоро шикаста, тамоми паймону уҳдадориҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва тамоми ваъдаю кафолатҳои имзошударо зери пой гузошта, Афғонистонро дар доми фоҷеа раҳо намуд.

То ҷое, ки бар хилофи ин Қарордод бо гурӯҳи «Толибон» ҷадвали хурӯҷи нерӯҳояшро мувофиқа ва имзо карда, ҳатто бо илтимосҳои пайвастаи ҳукумати Афғонистон ҳузури худро ақаллан барои 6 моҳи дигар тамдид накард. Бо вуҷуди он, ки сиёсатмадорони Афғонистон тамоми шартҳо, ҳатто шартҳои таҳқиромез дар бораи дахлнопазирии ҳуқуқӣ ва ҷиноии сарбозон ва шаҳрвандони ИМА дар баробари шаҳрвандони Афғонистонро (моддаи 13) пазируфта будан ва бо имзои ин қарордод кишварро расман ба идоракунии ИМА супорида буданд, аммо ин абарқудрат давлат ва мардуми Афғонистонро дар баробари манфиату хостаи худ ҳеҷ дониста, дар мушкилтарин вазъият ба ҳоли худ гузошту рафт. ИМА ҳатто лозим надонист, ки ин қарордодро расман бекор кунад ё дар ин бора ба ҳукумати Афгонистон иттилое диҳад. Ин аз ҳамон намунаҳоест, ки чи гунна қарордодҳои бузург гоҳе дар як лаҳза ба қоғазе бекора табдил мешаванд…

Бинобар ин, вақте сиёсатмадорони Афғонистон аз хиёнату аҳдшикании ошкори ИМА нисбати кишвари худ сухан мегӯянд, матни ин қарордоди амниятию дифоӣ худ гувоҳи ҳамин ҳақиқат аст.

Аммо аз сӯи дигар, ин бархурди ИМА бо Афғонистон ва бо уҳдадориҳои худ нишон дод, ки дар ҷаҳони муосир такя ба «шарикони стратегӣ», бовар ба «қарордодҳои амниятӣ», эътимоди имонгуна ба “кафолатҳои берунӣ» ва ғайра на ҳамеша кафолати суботу амнияти кишвар ва устувории низоми сиёсию амнияти ҷамъиятӣ буда метавонад.

Бинобар ин, бузургтарин сабақи ин ҳодисаҳо ин аст, ки ҳар кишвар бояд дар масъалаҳои сиёсию амниятӣ то ҳадди имкон рӯи пойи худ бошад ва ба нерӯҳои дохилӣ ва зарфияту имкониятҳои худӣ такя намояд. Ин ҳодиса барои мо низ дастур медиҳад, ки дар айни идомаи ҳамкориҳо бо ҳамаи шарикони минтақавию байналмилалӣ, бояд барои ҳамеша дар ёд гирем, ки такягоҳи асосии мо фақат худи мо, нерӯи ҳимоятгари манфиатҳои мо танҳо давлати мо ва шарики стратегии воқеии мо маҳз ҳамин халқи мост. Бақия асосан сиёсату дипломатия аст, ки ба вазъияту манфиати он «шарикони стартегӣ» бисёр вобастагӣ дорад… Чунон, ки дида шуд.

2.Аҳаммияти амниятӣ ва тахассусии ин матн:

Илова бар сиёсиёну коршиносон, ба хатти имрӯзаи тоҷикӣ ва шарҳи мафҳумҳои тахассусии соҳавӣ дастрас гаштани матни комили ин қарордоди муҳим барои масъулону мутахассисони соҳаҳои ҳарбӣ ва амниятии мо низ аҳаммияти ҷиддӣ дорад. Он на танҳо як иттилоот, балки намунаи як санади комили амниятиву дифоии байнидавлатист, ки чигунагии омӯзиши он ва чигунагии иситифодаи таълимию тахасусии он кори тахассусии онҳост.

3.Аҳаммияти илмӣ ва таърихии матн:

Гарчи эътибори санади мазкур имрӯз шикаста шудааст, аммо барои илм ва таърих аҳаммияти он ҳамчун яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ ва амниятии таърихи минтақа маҳфуз мемонад. Он ҳамчун санади расмӣ ва дақиқ моҳияти равандҳо, ҳаҷми ҳамкориҳо, тақобули арзишҳо, вусъати ҳадафҳо, умқи хидмату хиёнатҳо ва бисёр воқеиятҳои дигари ин равандро ба таври рӯшан нишон медиҳад. Таъриху таърихнигорон дар оянда онро амиқ меомӯзанд ва ба амалкарди ҷонибҳо дар ин қазия баҳои ниҳоии худро хоҳанд дод.

Барои коршиносони тоҷик, ки бахше аз онҳо дар истифодаи матни англисӣ ва дарии он мушкил доранд, низ дастрасӣ ва ошноӣ бо матни комили ин санад аҳаммияти зиёд хоҳад дошт. Аммо барои илми афғонистоншиносии тоҷик нашру омӯзиши чунин санадҳо аз ин назар муҳим аст, ки коршиносони мо низ бояд дар ин самт кор бо матнҳо, китобҳо, нашрияҳо, ёддоштҳо, санадҳо, мусоҳибаҳо ва ғайраро бештар аз худ намоянд.

Зеро назаргӯиҳои ҳафтаҳои охир гувоҳ аст, ки бахше аз мо бо дидани чанд ахбори расона ва хондани чанд хабари фейбускӣ афғонистоншиносу соҳибназар шудаем. Вале афғонистоншиносии ҷиддӣ, ҳамчун як ихтисос, ба омӯзишу мутолиаи пайвастаи бисёрсола ва корҳои бунёдиву ҷиддитар, аз ҷумла кор бо китобу санаду сарчашмаҳо ниёз дорад.

4.Аҳаммияти забонии ин санад:

Санади мазкур аз назари забонӣ низ як матни хеле мураккаб ва қавии тахассусист, ки заҳмати зиёди иншову коргузориро нишон медиҳад. Илова бар ин, гарчи дар нигоҳи аввал ин санад на тарҷума, балки бо ҳифзи асолати матн танҳо аз алифбои форсӣ ба алифбои сирилики тоҷикӣ баргардон шудааст, аммо он манзараи ҷолиберо аз ҳолати умумият ва тафовути гунаҳои забонии мо дар ин ҳавзаи бузургу бостонии фарҳангӣ ба намоиш мегузорад. Албатта, ин ҳолат ҳаргиз масъалаи усулии ҳамзабониву якзабонии моро зери савол намебарад, аммо дар айни замон, нишон медиҳад, ки дар натиҷаи фосилаҳои сиёсию иҷтимоӣ, услуби баён ва маҷмуаи иборату истилоҳҳои тахассусӣ ва соҳавӣ аз ҳам бисёр фарқ кардаанд. Ва агар намунае аз асноди тахассусии форсии Иронро пеши рӯй орем, он ҷо маҷмуаи ҷумлаву ибораву истилоҳҳои хоси соҳавӣ боз ҳам бисёр дигартаранд.

Бегумон, ҳамин манзара дар бахшҳои тиббӣ, илмӣ, фаннӣ, муҳандисӣ, коргузории идорӣ ва ғайра низ ба рӯшанӣ дида мешавад. Аз ин рӯ, ин санад барои шинохти вожагони тахассусӣ низ аз аҳаммият холӣ нест.

Аммо муҳимтар аз ин, шояд яке аз заруритарин ҳаракатҳое, ки бояд дар ҳавзаи забони форсӣ сурат гирад, ҳамоҳангсозии истилоҳҳои соҳавӣ ва наздиктар кардани забони тахассусӣ дар ҳавзаҳои гуногуни ин забон мебошад.

Бо умеди муносибати ҷиддию тахассусӣ бо ин матни ҷиддии тахассусӣ.

****

МАТНИ КОМИЛИ

«Қарордоди ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико», шаҳри Кобул, 30-юми сентябри соли 2014

***

ҚАРОРДОДИ

ҲАМКОРИҲОИ АМНИЯТӢ ВА ДИФОӢ

МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ АФҒОНИСТОН

ВА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

Муқаддима

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (дар матни ин Қарордод “Афғонистон”) ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (дар матни ин қарордод “Иёлоти Муттаҳида”), ки ба таври ҷамъ «тарафайн» ва ба таври муфрад “тараф” ёд мегарданд:

– бо таъйиди “Мувофиқатномаи ҳамкориҳои дарозмуддати истротежӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (Мувофиқатномаи ҳамкориҳои истротежӣ, ки дар дувуми моҳи майи соли 2012 милодӣ (13 саври 1391 шамсӣ) имзо шудааст) ва бо таъкиди муҷаддад бар тааҳҳуди тарафайн дар ин Мувофиқатнома мабнӣ бар ин, ки ду тараф ҳамкориҳои дарозмуддати истротежӣ дар соҳоти мавриди назар ба шумули таҳкими сулҳ, амният ва субот, тақвияти ниҳодҳои давлатӣ, ҳимоят аз тавсеаи дарозмуддати иқ тисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон ва ташвиқи ҳамкориҳои минтақавиро тақвият мекунанд;

–бо таъйиди мафоди “Мувофиқатномаи ҳамкориҳои истротежӣ”, мабнӣ бар ин, ки ҳамкорӣ миёни тарафайн бар мабнои эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак устувор мебошад;

–ҳамчунон, бо таъкид бар мафоди “Мувофиқатномаи ҳамкориҳои истротежӣ” мабнӣ бар ин, ки тарафайн ба ҳамкорӣ ва тааҳҳудашон ҷиҳати таҳаққуқи ояндаи мубтанӣ бар адолат, сулҳ, амният ва эҷоди фурсатҳои лозим барои мардуми Афғонистон бо итминон идома дода ва як бори дигар бар тааҳҳуди нерумандашон ба ҳокимияти миллӣ, истиқлол, тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллии Афғонистон таъкид мекунанд;

–бо дарназардошти ҳамкории давомдор миёни Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида ва таъкид бар иродаи муштараки тарафайн барои густариш, рушд, ҳимоят ва иртиқ ои сатҳи ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоӣ бар мабнои ин қарордод;

–бо алоқ амандӣ бар идомаи таҳкими ҳамкориҳои наздики дифоӣ ва амниятӣ ба манзури тақвияти амният ва субот дар Афғонистон, саҳмгирӣ дар сулҳ ва суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, мубориза бо терроризм, дастёбӣ ба минтақае, ки дигар паноҳгоҳи амн барои “Алқоида” ва гурӯҳҳои вобаста ба он набошад ва афзоиши тавонмандии Афғонистон барои дафъи таҳдидот алайҳи ҳокимияти миллӣ, амният ва тамомияти арзиаш ва бо дарназардошти ин, ки Иёлоти Муттаҳида дар пайи дастёбӣ ба таъсисоти доимии низомӣ дар Афғонистон набуда ва хоҳони ҳузуре нест, ки таҳдиде барои ҳамсоягони Афғонистон бошад; ва ҳамчунон бо дарназардошти тааҳҳуди Иёлоти Муттаҳида мабнӣ бар ин, ки аз қаламрави Афғонистон ва ё аз таъсисоташ дар ин кишвар ба ҳадафи роҳандозии ҳамалот алайҳи кишварҳои дигар истифода намекунад;

–бо ёдоварии маводи “Эъломияи нишасти Чикаго”, муаррахи 21-уми майи 2012 (1-уми ҷавзои 1391 шамсӣ) дар робита ба Афғ онистон, ки тавассути сарони Афғонистон ва кишварҳое, ки бо “Маъмурияти кумак ба амният дар Афғонистон” (ИСАФ) зери раҳбарии НАТО ҳамкорӣ мекунанд, тасвиб гардид ва ба вижа таҷдиди тааҳҳуди неруманди ин кишварҳо ба як Афғонистони дорои ҳокимият, амн ва демократӣ ва низ, бо дарназардошти ин, ки маъмурияти ИСАФ дар охири соли 2014 милодӣ (зимистони соли 1393 шамсӣ) ба поён мерасад ва пас аз такмили раванди интиқол, ҳамкориҳои наздик миёни ин кишварҳо аз тариқи тааҳҳуди мутақобил миёни Афғонистон ва НАТО барои эҷоди як маъмурияти ҷадид таҳти раҳбарии НАТО ба ҳадафи омӯ зиш, машварат ва кумак ба неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон ҳамчунон идома меёбад ва бо дарназардошти ин, ки чунин маъмурият ниёз ба салоҳиятҳои лозим ташхиси ҷойгоҳ ва мабнои қонунӣ дорад;

–бо таъкиди муҷаддад бар ҳимояти давомдори тарафайн барои эҷоди механизмҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии минтақавӣ ба ҳадафи таҳкими амният ва субот аз тариқ и рафъи танишҳо, ибҳомот ва сӯитафоҳумот;

–бо дарназардошти файсалаи Луя Ҷиргаи машваратии 2013 милодӣ (1392 шамсӣ) мабнӣ бар аҳаммияти ин Қарордоди ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоӣ миёни ду кишвар барои амнияти Афғонистон;

–ба манзури тақвияти ҳарчӣ бештари заминаҳои ҳамкории дифоӣ ва амниятӣ миёни тарафайн бар мабнои усули эҳтироми комил ба истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзиашон ва адами мудохила дар умури дохилии якдигар ва барои густариши амният ва субот дар минтақа ва мубориза бо терроризм;

–бо тавофуқ бар аҳаммияти ҳамкориҳои мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил, адами мудохила ва баробарӣ миёни Афғонистон ва ҳамсояҳои он ва низ бо дархост аз ҳамаи кишварҳо, то ба ҳокимият ва тамомияти арзии Афғонистон эҳтиром гузошта ва аз мудохила дар умури дохилӣ ва пурусаҳои демократии ин кишвар худдорӣ намоянд;

ва ҳамчунон

–бо таъкид бар ҳамкориҳои тарафайн бар мабнои эҳтироми комил ба ҳокимияти миллии ҳар ду тараф, риояти аҳдофи Маншури Созмони Милали Муттаҳид ва хости муштараки тарафайн барои тадвини як чорчуби ҳамкории дифоӣ ва амниятӣ миёни онҳо ва бо таъкиди муҷаддад бар тааҳҳуди нерумандашон ба ҳокимият, истиқлол, тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллии Афғонистон ва низ эҳтиром ба қавонин, урф ва русуми Афғонистон;

чунин тавофуқ мекунанд:

Моддаи аввал

Истилоҳот

1. «Неруҳои Иёлоти Муттаҳида» ба ниҳоди муташаккил аз аъзои неруҳои низомӣ, бахши мулкӣ ва ҳамчунон, тамомии амвол, таҷҳизот ва маводи марбут ба неруҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави Афғонистон итлоқ мешавад;

2. «Узви неруи низомӣ» ба фарди мутааллиқ ба бахши заминӣ, баҳрӣ ё ҳавоии қувваҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида итлоқ мешавад;

3. «Узви бахши мулкӣ» иборат аст, аз ҳар фарде, ки тавассути Вазорати дифои Амрико истихдом шуда, вале узви неруи низомии он кишвар нест. Ҳарчанд «узви бахши мулкӣ» ба афроде итлоқ намешавад, ки дар Афғонистон иқомати доимӣ дошта ва ё дорои тобеияти Афғонистон буда ва ба гунаи одӣ дар ин кишвар сукунат доранд;

4. «Намояндаи иҷроӣ» иборат аз Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида ва Вазорати дифои миллии Афғонистон мебошад. Намояндаи иҷроӣ ба унвони тарафи аслии иртиботӣ дар татбиқи ин Қарордод аз кишвари матбӯъаш намояндагӣ мекунад.

5. «Қарордодиҳои Иёлоти Муттаҳида» ба ашхоси ҳақиқӣ ва ҳукмие гуфта мешавад, ки бар асоси қарордоди аслӣ ё қарордоди фаръӣ масъулияти икмол ва ироаи хадамотро ба неруҳои Иёлоти Муттаҳида дошта ва ё ба намояндагӣ аз онҳо дар Афғонистон анҷом медиҳанд.

6. «Кормандони қарордодии Иёлоти Муттаҳида» ба кормандоне итлоқ мешавад, ки тавассути қарордодиҳои Иёлоти Мутттаҳида истихдом мешаванд;

7. «Таъсисот ва соҳоти тавофуқшуда» ба таъсисот ва соҳоте гуфта мешавад, ки тавассути Афғонистон дар манотиқи мундариҷи замимаи «Алиф» фароҳам мегардад. Ин таъриф шомили соири таъсисот ва соҳоте низ мегардад, ки метавонад дар оянда аз ҷониби Афғонистон тибқи тавофуқи дуҷониба фароҳам гардида ва неруҳои Иёлоти Муттаҳида, қарордодиҳои Иёлоти Муттаҳида, кормандони ин қарордодиҳо ва ё дигарон, ҳаққи дастрасӣ ва истифода аз онҳоро дар мутобиқат бо ин Қарордод дошта бошанд.

8. «Неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон» иборатанд аз аъзои неруҳои амниятӣ ва дифоии таҳти фармони Вазорати дифои миллӣ ва Вазорати умури дохила ва дар сурати лузум, Раёсати умумии амнияти миллӣ ва соири ниҳодҳое, ки аз ҷониби тарафайн дар мавридашон тавофуқ сурат гирад.

9. «Молиёт» шомили куллияи анвои молиёт, авориз (ба шумули аворизи гумрукӣ), ҳаққуззаҳма ва ҳар гуна уҷрати мушобеҳ ва муртабити дигаре мешавад, ки аз ҷониби давлати Афғонистон ё ба иборати дигар, аз ҷониби ниҳодҳои зисалоҳи давлатии Афғонистон дар тамоми сутуҳ, ба шумули вилоёт ва вулусволиҳо ва ё аз ҷониби соири ургонҳо ба намояндагӣ аз давлати Афғонистон вазъ мегардад.

Моддаи дувум

Мақосид ва абъод

1.Тарафайн барои тақвияти амният ва субот дар Афғонистон, мубориза бо терроризм, саҳмгирӣ дар сулҳ ва суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ ва иртиқ ои тавонмандии Афғонистон барои дафъи таҳдидоти дохилӣ ва хориҷӣ алайҳи ҳокимият, амният, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва низоми мубтанӣ бар Қонуни асосии ин кишвар, ба тақвияти ҳамкориҳои наздик бо якдигар идома медиҳанд. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида ҳеч гуна амалиёти муҳорибавиро дар Афғонистон иҷро намекунанд, магар ин ки тарафайн таври дигаре тавофуқ кунанд.

2.Бар асоси тавофуқи ду тараф, Иёлоти Муттаҳида дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии наздик бо Афғонистон ба ҳадафи кумак ба тавсеаи зарфиятҳои мавриди ниёзи неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон барои таъмини амнияти тамоми мардуми Афғонистон, ба анҷоми фаъолиятҳои ҳимоятӣ ба шумули иқдомоти зер мепардозад: машварат, омӯ зиш, таҷҳиз, ҳимоят ва тақвияти пойдори неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон ба шумули бахшҳои инжинерии соҳавӣ, хунсосозии бомбҳои сохташуда бо даст ва соири маводди мунфаҷира; эҷод ва иртиқои системаи лужистикӣ ва транспортии неруҳои дифоӣ ва амниятии афғон; тақвияти зарфиятҳои ташрики иттилооти истихборотӣ; тақ вияти тавоноии неруҳои ҳавоии Афғонистон; роҳандозии тамриноти муштараки низомӣ ва соири фаъолиятҳои мавриди тавофуқи ду тараф. Тарафайн рӯ йи ҷузъиёти инкишофи неруҳои дифоӣ ва амнияти миллии афғон бар мабнои барномаи мавсум ба «Барномаи рекорди Афғонистон», мусавваби нишасти Чикаго, соли 2012-и милодӣ (ҷавзои 1391 шамсӣ) ва дар мутобиқ ат бо «Маҷмаи машваратии амниятии дуҷонибаи Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида», ба корашон идома медиҳанд.

3.Тарафайн бар ин боваранд, ки таъмини амнияти мардум ва қаламрави Афғонистон вазифаи неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон мебошад. Тарафайн барои афзоиши сатҳи қобилиятҳои неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон ба манзури дафъ ва посух ба таҳдидоти дохилӣ ва хориҷӣ бо ҳам кор мекунанд. Бар ҳасби тақозои Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида фавран ҳимоятеро, ки омодагии ироаи он ба неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғ он ба ҳадафи посухдиҳӣ ба таҳдидот алайҳи амнияти ин кишварро дорад, ташхис мекунад.

4.Тарафайн тасдиқ медоранд, ки амалиёти низомии Иёлоти Муттаҳида барои шикасти «Ал-қоида» ва вобастагони он метавонад дар чавкоти муборизаи муштарак бо терроризм қобили қабул бошад. Тарафайн тавофуқ доранд, то ба ҳадафи ҳифзи манофеи миллии Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида, ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии наздик бо ҳам бидуни тавассул ба амалиёти якҷонибаи низомии Иёлоти Муттаҳида алайҳи терроризм идома диҳанд. Манзур аз «амалиёти низомии Иёлоти Муттаҳида бар зидди терроризм» иборат аз амалиёти мутаммим дар ҳимоят аз амалиёти неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон бар зидди терроризм аст, ки аз сӯ йи неруҳои миллии дифоӣ ва амниятии ин кишвар раҳбарӣ шуда ва мубтанӣ бар эҳтироми комил ба ҳокимияти Афғонистон ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масуният ва амнияти мардуми ин кишвар ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масуният ва амнияти онҳо дар хонаҳояшон анҷом мешавад.

5.Барои пешбурди фаъолиятҳо ва амалиёти мундариҷи ин модда ва соири аҳдоф ва маъмуриятҳои мавриди тавофуқи тарафайн ва дар мутобиқат бо муҷаввизоти мундариҷи ин Қарордод, неруҳои Иёлоти Муттаҳида метавонанд ба фаъолиятҳое, монанди транзит, ҳимояи неруҳо ва соири иқдомоти ҳимоятии мавриди ниёзи ҳузурашон дар Афғонистон мутобиқи мафоди ин санад ва соири фаъолиятҳои мундариҷ дар ин Қарордод ва ё фаъолиятҳои мавриди тавофуқи тарафайн бипардозанд.

6.Ин Қарордод ба шумули замоим, тавофуқот ва ё иқдомоти иҷроии дигари марбут ба он, муҷаввизи мавриди ниёзро барои ҳузур ва чунин фаъолиятҳои неруҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон фароҳам карда, шароит ва чигунагии ин ҳузур ва фаъолиятҳоро танзим ва ҳамчунон, дар мавориди хосси мутобиқ бо ин Қарордод, ҳузур ва фаъолияти қарордодиҳои Иёлоти Муттаҳида ва кормандони онҳо дар Афғонистонро низ танзим мекунад.

Моддаи севум

Қавонин

1.Тамомии аъзои неруҳои низомӣ ва бахши мулкии Иёлоти Муттаҳида мукаллафанд, то Қонуни асосӣ ва соири қавонини нофизаи Афғонистонро риоят намуда ва аз ҳар гуна фаъолияти муғойири рӯҳияи ин Қарордод, ба хусус фаъолиятҳои сиёсӣ дар қаламрави Афғонистон, худдорӣ кунанд. Мақомоти неруҳои Иёлоти Муттаҳида масъуланд, то иқдомоти лозимро дар ин замина иттихоз кунанд.

2.Мукаллафиятҳои тарафайн дар ин Қарордод ва тавофуқоти баъдӣ, бидуни ҳеч гуна таоруз бо ҳаққи ҳокимияти Афғонистон ва ҳаққи дифои машрӯи ҳар як аз тарафайн мутобиқ и ҳуқуқи байналмилалӣ танзим мегардад. Ҳамкорӣ ва фаъолиятҳои марбут ба татбиқ и ин Қарордод дар мутобиқат бо тааҳҳудот ва мукаллафиятҳои тарафайн тибқи мавозини ҳуқуқи байналмилалӣ сурат мегирад.

3.Ба истиснои ҳолоти фавқулодаи ғайриодие, ки дар он зиндагӣ ва ҷони атбои Иёлоти Муттаҳида дар маърази хатари фаврӣ қарор дошта бошад, неруҳои Иёлоти Муттаҳида наметавонанд ба мақсади амалиёти низомӣ ва талошӣ ба хонаҳои афғонҳо дохил шаванд. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида наметавонанд атбои афғонро дастгир ё зиндонӣ кунанд. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ҳеҷ навъ тавқ ифхонаро идора накарда ва наметавонанд зиндон дошта бошанд.

Моддаи чорум

Тавсеа ва тақвияти пойдори тавоноиҳои

дифоӣ ва амниятии Афғонистон

1.Бо эҳтироми комил ба ҳокимияти Афғонистон тарафайн ниёзи кунунии ин кишварро ба идомаи кумакҳои байналмилалӣ дар бахши амният дарк карда ва дар ин замина, ки Афғонистон ба гунаи рӯ зафзун ва дар ниҳоят, ба сурати комил, масъулияти тамвили ниёзҳои дифоӣ ва амниятӣ ва ҳамчунон, тақвияти пойдори неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии хешро бар уҳда бигирад, дорои ҳадафи муштарак мебошанд.

2.Афғонистон бо дарназардошти суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва низ созгор бо вазъияти умумии иқтисодияш, саҳми комили худро он гуна, ки неруи башарӣ, манобеъ ва имконоти он эҷоб мекунад, ба манзури тақвият ва ҳифзи неруҳои дифоӣ ва амниятии хеш ифо менамояд. Афғонистон тамомии иқдомоти лозимро барои тавсеа ва тақвияти пойдори зарфиятҳои неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон, иттихоз мекунад.

3.Тибқи аҳкоми «Мувофақатномаи ҳамкориҳои истротежӣ» ва бо дарназардошти тааҳҳудоти мусавваби нишасти 2012-и Чикаго (ҷавзои 1391 шамсӣ), Иёлоти Муттаҳида мукаллаф аст, то таъмини вуҷӯҳи пулиро ба шакли солона барои ҳимоят аз омӯзиш, таҷҳиз, машварат ва тақвияти пойдори неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон ҷустуҷӯ кунад, то ин ки ин кишвар битавонад мустақилона амнияти худро таъмин ва аз худ дар баробари таҳдидоти дохилӣ ва хориҷӣ дифоъ намуда ва нагузорад, то террористон бори дигар ба хоки ин кишвар рахна карда ва амнияти Афғонистон, минтақ а ва ҷаҳонро таҳдид кунанд. Иёлоти Муттаҳида бо дарназардошти тааҳҳудоти мусавваби нишасти Чикаго, дар мавриди миқдори вуҷуҳи молӣ барои таъмин ва иҷрои мафоди ин Қарордод бо Афғонистон машварат намуда ва натоиҷи ин машваратҳоро барои таҳаққуқ и ин мукаллафият мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Бо дарназардошти авлавиятҳои солонаи Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида кумакҳои муносиби молиро аз тариқ и маҷории буҷавии Ҳукумати Афғ онистон таҳти мудирияти ниҳодҳои зирабти афғ он, ки масъулияти татбиқ и меъёроти молии шаффофият ва ҳисобдиҳӣ ва назорати қонунманд аз раванди тадорукот ва тафтишро мутобиқ ба равишҳои пазируфташудаи байналмилалӣ доранд, фароҳам месозад.

4.Тарафайн аҳаммияти бархурдории неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғ он аз таҷҳизот ва таслиҳоти мавриди ниёзи таъмини амнияти ин кишварро тасдиқ медоранд. Барои дастёбӣ ба ин муҳим, Иёлоти Муттаҳида дар ҳамкорӣ бо Афғонистон таҳия ва тадоруки таҷҳизот ва аслиҳа барои неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии ин кишварро идома медиҳад.

5.Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида бо соири кишварҳо дар робита бо тақ вияти неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғ он ба шумули таҷҳизи ин неруҳо, метавонанд тибқ и тавофуқи дуҷониба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ намоянд.

6.Ба манзури саҳмгирии муассир дар заминаи амнияти Афғонистон ва минтақа, Иёлоти Муттаҳида тавофуқ мекунад, то дар тавсеаи тавоноиҳои неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон, ба ҳамкориҳояш бо Афғонистон ба унвони «муттаҳиди умдаи ғайри НАТО» идома диҳад.

7.Тарафайн тасдиқ мекунанд, ки иртиқ ои зарфият ва системаҳои дифоии Афғонистон мутобиқ ба меъёрҳои созмони НАТО ба манфиати ин кишвар буда ва қобилиятҳои таомулпазирии Афғонистонро бо системаҳои НАТО густариш медиҳад. Тарафайн бар ҳасби тақозои давлати Афғонистон иқдомоташонро дар ростои тавсеаи неруҳои амниятӣ ва дифоии ин кишвар, таъмини таҷҳизот, таслиҳот, тасҳилот, тадвини доктринаи амалиётӣ ва дастёбии ниҳодҳои он ба меъёришудан ва интибоқ пазирӣ бо НАТО, ба манзури афзоиши истифодаи муассир ва нигаҳбонӣ аз кумакҳои дифоӣ ва амниятии фароҳамшуда барои Афғонистон ва афзоиши баҳраварии ҳамкориҳо миёни неруҳои амниятӣ ва дифоии миллии ин кишвар бо неруҳои Иёлоти Муттаҳида, ҳамоҳанг мекунанд. Ин ҳамоҳангӣ монеи тадоруки таҷҳизот ва таслиҳоте намешавад, ки Афғонистон барои неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии хеш бо истифода аз манобеи дохилӣ ба гунаи мустақил аз кишварҳои ғайри НАТО харидорӣ мекунад.

Моддаи панҷум

Механизмҳои ҳамкории амниятӣ ва дифоӣ

1.Тарафайн тавофуқ доранд, то «Гурӯҳи кории ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон – Иёлоти Муттаҳида»-ро, ки тибқи «Мувофиқ атномаи ҳамкориҳои истротежӣ» эҷод гардидааст, барои нил ба аҳдофи зер тавзиф намоянд:

Алиф: Иттихози тадобири лозим барои иртиқои муассирияти арзёбӣ ва беҳбуди истифода аз манобеи мавҷуди амниятӣ ва дифоии Афғонистон, тибқи аҳдоф ва абъоди ин Қарордод;

Бе: Анҷоми арзёбиҳои шашмоҳа аз пешрафти кор дар мутобиқат бо тадобири фавқ, то тарафайн аз тасомими гирифташуда дар робита бо тахсиси манобеъ ва наҳваи ҳамкорӣ дар ростои тавсеа ва рушди пойдори зарфиятҳои дифоии Афғонистон, огоҳ шаванд.

Ҷим: Эҷоди як раванди мушаххаси арзёбии муштарак, тибқи аҳдоф ва абъоди ин Қарордод, ба манзури анҷоми баррасии бамавқеъ, дақиқ ва муассир аз таҳдидоти дохилӣ ва хориҷӣ алайҳи Афғонистон ва;

Дол: Ироаи суфоришоти мушаххас ба манзури ташрик ва арзёбии иттилооти истихборотӣ.

2.Тарафайн дар ростои идомаи тақвияти тавоноиҳояшон ба манзури машварат дар бораи таҳдидҳо ба шумули суҳбат рӯйи эҷоди маҷроҳои иртиботи масун ё ихтисосӣ, дорои ҳадафи муштарак мебошанд.

Моддаи шашум

Таҷовузи хориҷӣ

1.Бар хилофи Маншури Созмони Милали Муттаҳид, Афғонистон ҳамвора дастхуши таҷовузоти кишварҳои бегона ва истифодаи неру тавассути давлатҳои хориҷӣ ва гурӯ ҳҳои мусаллаҳе шудааст, ки дар берун аз сарҳадоти ин кишвар дорои пойгоҳ буда ва ё мавриди ҳимояти ин давлатҳо қарор доштаанд. Мутобиқ и ин Қарордод, тарафайн бо ҳар гуна истифода аз неруи мусаллаҳ ё таҳдид алайҳи тамомияти арзӣ, истиқ лоли сиёсии Афғонистон, ба шумули ҳимоят аз гурӯ ҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла таъмини паноҳгоҳ ва ё таслиҳот аз сӯ йи як кишвари хориҷӣ ва ё гурӯҳҳои мусаллаҳи дигар, қавиян муқобила мекунанд. Тарафайн тавофуқ мекунанд, то дар заминаи таҳкими қобилиятҳои дифоии Афғонистон дар баробари таҳдидот алайҳи ҳокимияти миллӣ, тамомияти арзӣ ё истиқлоли сиёсии ин кишвар, бо ҳам ҳамкорӣ кунанд.

2.Иёлоти Муттаҳида ҳар гуна таҷовузи хориҷӣ ё таҳдид ба таҷовуз алайҳи ҳокимият, истиқлол ва тамомияти арзии Афғонистонро муҷиби нигаронии шадиди худ пиндошта ва бовар дорад, ки чунин таҷовузе метавонад манофеи муштараки тарафайнро дар робита бо суботи Афғонистон, сулҳ ва суботи минтақа ва ҷаҳон таҳдид кунад.

3.Дар сурати вуқуи чунин таҷовузе ва ё таҳдид ба чунин таҷовузе алайҳи Афғонистон, тарафайн ба манзури иттихози иқдомоти билқувваи сиёсӣ, дипломатӣ, низомӣ ва иқтисодӣ ба унвони бахше аз посухи муносиб, бо ҳам ба гунаи муназзам машварат мекунанд. Ин машваратҳо ба ҳадафи эҷоди феҳристе аз иқдомоти лозими сиёсӣ, дипломатӣ, низомӣ ва иқтисодӣ сурат мегирад.

4.Дар сурати вуқуи чунин таҷовузи хориҷӣ ва ё таҳдид ба таҷовузи хориҷӣ алайҳи Афғонистон, тарафайн бо тавофуқ бо якдигар ва ба гунаи фаврӣ рӯ йи иттихоз ва иҷрои посухи муносиб ба шумули баррасии иқ домоти мавҷуди сиёсӣ, дипломатӣ, низомӣ ва иқтисодӣ шомили феҳристи мундариҷи фақраи 3-юм ва мутобиқ ба тарзуламалҳои мундариҷи қавонини асосии ҳар ду тараф, ба машварат мепардозанд.

5.Тарафайн тарзуламалҳои ҷомеъро ба манзури таҳаққуқи муассири чунин машваратҳои муназзам ва фаврӣ тартиб медиҳанд:

Алиф: Мутобиқ ба чунин тарзуламалҳои ҷомеъ, вузарои хориҷа ва дифои Афғ онистон ва Иёлоти Муттаҳида ва суфарои ҳар ду кишвар дар Кобул ва Вашингтон (DC) ба унвони маҷроҳои аслӣ вазифадоранд, то дар сурати вуқуи таҷовузи хориҷӣ ва ё таҳдид ба чунин таҷовузе, ба машваратҳои фаврӣ бо ҳам бипардозанд;

Бе: Дар сурате, ки аҳаммият ва фаврияти мавзӯъ эҷоб кунад, ин тарзуламалҳои ҷомеъ наметавонад тавоноии тарафайн барои машварат бо якдигарро аз соири туруқ ва механизмҳо маҳдуд ва мутаассир созад.

6.Тарафайн тавофуқ доранд, ки «Гурӯҳи кории ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон – Иёлоти Муттаҳида» вазифа дорад, то заминаи татбиқи муассири ин модда, ба шумули тартиби тарзуламалҳои ҷомеи ёдшударо мусоид сохта ва феҳристи иқ домоти мундариҷи фақ раи 3-юми ин моддаро ба гунаи муназзам мавриди бознигарӣ қарор диҳад.

Моддаи ҳафтум

Истифода аз таъсисот ва соҳоти тавофуқшуда

1.Афғонистон бад-ин васила дастрасӣ ва истифода аз таъсисот ва соҳоти тавофуқ шударо тибқи фақраи 7-уми моддаи аввали ин Қарордод танҳо ба манзури татбиқи аҳдоф ва аҳкоми мундараҷи ин санад, бо дарназардошти мавқеияти қитъаоти неруҳои дифоӣ ва амиятии миллии афғон ва соҳоти маскунӣ, фароҳам мекунад. Чигунагии дастрасӣ ва истифода аз ин соҳот ва таъсисот барои мақ осиди дигар, тобеи тавофуқи тарафайн мебошад.

2.Бар асоси ин Қарордод неруҳои Иёлоти Муттаҳида бад-ин васила аз сӯ йи Афғонистон иҷоза меёбанд, то дар дохили таъсисот ва соҳоти тавофуқ шуда аз тамомии ҳуқуқ ва салоҳиятҳои марбут ба истифода, пешбурд, дифоъ ва ё контроли ин таъсисот, ба шумули ҳаққи анҷоми корҳои ҷадиди сохмонӣ, бархурдор бошанд. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида метавонанд фаъолиятҳои марбут ба чунин корҳои сохтмониро ба василаи афроди низомӣ ё бахши мулкиашон ва ё аз тариқи қарордодӣ анҷом диҳанд.

3.Бад-ин васила, неруҳои Иёлоти Муттаҳида аз сӯ йи Афғонистон иҷоза меёбанд, то ба далоили амниятӣ ва таъмини масунияташон, духул ба таъсисот ва соҳотеро, ки барои истифодаи ихтисосии ин неруҳо фароҳам шудааст, контрол намоянд, аммо духул ба таъсисот ва соҳоте, ки барои истифодаи муштарак таъйин шудааст, дар ҳамоҳангӣ бо мақ омоти афғ он сурат мегирад. Бар ҳасби дархост, Иёлоти Муттаҳида дастрасии мақомоти зирабти афғонро ба ҳар як аз соҳот ё таъсисот, ки мавриди истифодаи ихтисосии ин неруҳо қарор дорад, фароҳам меоварад. Тарафайн бо тавофуқ бо ҳамдигар тарзуламалҳоеро барои танзими дастрасии мақ омоти аф он ба соҳот ва таъсисоти мавриди истифодаи ихтисосии неруҳои Иёлоти Муттаҳида тартиб медиҳанд. Ин тарзуламалҳо ва чигунагии дастрасӣ ба ин соҳот бо риояти комили муқ аррароти амалиётӣ ва амниятии неруҳои Иёлоти Муттаҳида тартиб мегарданд. Бо дарназардошти ин, ки мумкин аст, неруҳои Иёлоти Муттаҳида фаъолиятҳои муҳофизатӣ аз неруҳояшонро дар дохили соҳот ва таъсисоти тавофуқшуда ва моҳавли онҳо индаззарурат иттихоз кунанд, тарафайн тавофуқ мекунанд, то тарҳҳояшонро бо ҳадафи таъмини амният ва масунияти неруҳои Иёлоти Муттаҳида бо эҳтироми комил ба ҳокимияти Афғ онистон ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масуният ва амнияти мардуми Афғ онистон ҳамоҳанг ва ҳамсӯ созанд. Барои таҳаққуқи ин ҳадаф, неруҳои Иёлоти Муттаҳида мутобиқ ба қавонини Афғонистон ва мавозини муҳорибавии ин неруҳо, афроди мулкиро, аз ҷумла дар хонаҳояшон ҳадаф қарор намедиҳанд.

4.Ба манзури таҳаққуқи аҳдоф ва абъоди ин Қарордод ва ба вижа таҳаққуқи масоии Иёлоти Муттаҳида ба манзури омӯзиш, машварат, таҷҳиз ва тақвияти пойдори неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон, Афғонистон тамомии таъсисот ва соҳоти тавофуқ шударо бидуни дарёфти маҳсул ба дастраси неруҳои Иёлоти Муттаҳида қарор медиҳад.

5.Неруҳои Иёлоти Муттаҳида масъули ҳазинаи фаъолиятҳои сохтмонӣ, тавсеаӣ, амалиётӣ ва ҳифзу муроқибати таъсисот ва соҳоте мебошанд, ки барои истифодаи ихтисосии онҳо фароҳам шудааст, магар ин ки аз ҷониби тарафайн таври дигаре мувофиқат гардад. Ҳазинаи фаъолиятҳои сохтмонӣ, тавсеаӣ, амалиётӣ ва ҳифзу муроқибати таъсисот ва соҳоте, ки мавриди истифодаи муштараки неруҳои афғон ва Амрико ва ё барои истифодаи муштараки ин неруҳо ва ниҳодҳои дигар қарор мегирад, ба гунаи муштарак ва мутаносиб ба мизони истифода аз онҳо пардохта мешавад, магар ин ки таври дигаре тавофуқ гардад.

6.Иёлоти Муттаҳида тааҳҳуд мекунад, то дар иҷрои полисиҳои марбут, тамомии меъёрҳо, муқаррарот ва қ авонини Афғонистонро дар иртибот ба ҳифзи муҳити зист, сиҳат ва масуният риоят кунад. Тамомии амалиёт ва фаъолиятҳои неруҳои Иёлоти Муттаҳида дар соҳот ва таъсисоти тавофуқ шуда бо таваҷҷуҳи комил ба ҳифзи муҳити зист ва масунияти ҷон ва сиҳати инсонҳо ва ҳамчунон, бо риояти комили қавонин ва муқаррароти нофизаи Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида ва низ мутобиқи тавофуқоти нофизаи байналмилалӣ сурат мегирад.

7.Амалиёт ва фаъолиятҳои неруҳои Иёлоти Муттаҳида дар соҳот ва таъсисоти тавофуқ шуда дар мутобиқати комил бо қавонин ва муқаррароти марбут ба ҳифзи обидот ва осори таърихӣ ва меросҳои фарҳангии Афғ онистон анҷом мешавад. Дар сурати кашфи осор ё соҳаи таърихӣ ва ё мероси фарҳангӣ дар яке аз соҳот ва таъсисоти тавофуқ шуда, неруҳои Иёлоти Муттаҳида мукаллафанд мавзӯъро фавран аз тариқи комиссиюни муштарак ба огоҳии мақомоти зирабти афғон расонда ва дар маврид машварат намоянд.

Моддаи ҳаштум

Ҳаққи моликият

1.Неруҳои Иёлоти Муттаҳида тамомии таъсисот ва соҳоти тавофуқ шуда, ба шумули бахшҳоеро, ки ин неруҳо дар он таъмирот, сохтмонҳои ғайриманқул ва аҷзои собити дигар эъмор, таъдил ва ё мараммат карда ва дигар мавриди истифодаи онҳо қарор надорад, ба Афғонистон вогузор мекунад. Аммо қабл аз чунин вогузорӣ, неруҳои Иёлоти Муттаҳида ниёз ба ин таъсисот ва соҳоти тавофуқ шударо ба гунаи муназзам мавриди арзёбии муҷаддад қарор медиҳанд. Тарафайн ё намояндаҳои иҷроияшон дар мавриди шароити бозгардондани ин таъсисот ё соҳоти тавофуқ шуда бо ҳам машварат мекунанд. Тарафайн тавофуқ доранд, то ба манзури таъмини масуният ва сиҳати инсонҳо ва ҳифзи муҳити зист, аз равишҳои виқ оявӣ ва на вокунишӣ истифода кунанд. Тарафайн бовар доранд, ки полисиҳо ва равишҳои Иёлоти Муттаҳида ба гунае тарҳ шудааст, ки аз чунин осебҳо ва хатарот ҷилавгирӣ мекунад, аммо дар айни ҳол, тавофуқ доранд, то меъёрҳои ҳар ҷониберо, ки бештар муҳофизатӣ бошад, татбиқ намоянд. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида мутобиқ бо полисиҳои хеш, иқдомоти оҷилро ҷиҳати рафъи асароти ҷиддие, ки мутаваҷҷеҳи масуният ва сиҳати инсонҳо ношӣ аз олудагии муҳити зист дар асари фаъолияти ин неруҳо дар соҳот ва таъсисоти тавофуқ шуда гардидааст, иттихоз мекунанд.

2.Тамомии таъмирот, сохтмонҳои ғайриманқул ва аҷзои дигаре, ки аз ҷониби неруҳои Иёлоти Муттаҳида эъмор, таъдил ва ё мараммат шудаанд, сирфан барои истифодаи неруҳои Иёлоти Муттаҳида, қарордодиҳои ин неруҳо ва кормандони қарордодии онҳо ва ё афроди дигаре, ки мавриди тавофуқ қарор гирифта бошад, ихтисос доранд. Тамомии таъмирот, сохтмонҳои ғайриманқул ва аҷзои дигаре, ки аз ҷониби неруҳои Иёлоти Муттаҳида эъмор шуда ва ё барои дастрасӣ ва истифодаи ин неруҳо фароҳам гардидааст, метавонад тавассути неруҳои Иёлоти Муттаҳида мараммат ва тағйир биёбанд ва ин неруҳо метавонанд, то замоне, ки ба ин таъсисот ниёз доранд, ба гунаи ихтисосӣ аз онҳо истифода кунанд.

3.Неруҳои Иёлоти Муттаҳида ва қарордодиҳои онҳо ҳаққи моликият бар тамоми таҷҳизот, таслиҳот, икмолот, сохтмонҳои манқул ва соири дороиҳои манқулеро доранд, ки ин неруҳо ва қарордодиҳои онҳо ба хотири ҳузур дар қаламрави Афғонистон насб, ворид ва ё онро таъмин кардаанд. Тарафайн дар мавриди таҳвили мумкина ва ё харидории таҷҳизоти изофӣ тавассути Афғонистон тавре, ки қавонин ва муқаррароти Иёлоти Муттаҳида иҷоза медиҳад, бо ҳам машварат мекунанд.

Моддаи нуҳум

Ҷобаҷойӣ ва захираи таҷҳизот ва таслиҳот

1.Афғонистон ба неруҳои Иёлоти Муттаҳида иҷоза медиҳад, то таҷҳизот, икмолот ва таслиҳоти хешро дар дохили таъсисот ва соҳоти тавофуқ шуда ва дигар маҳаллоти мавриди тавофуқи тарафайн ҷобаҷо кунанд. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида ҳаққи моликият ва контрол бар истифода ва таъбияи васоил, икмолот ва таҷҳизоти захирашуда дар қаламрави Афғонистонро дошта ва низ ҳақ доранд ин васоилро аз қаламрави Афғонистон хориҷ кунанд.

2.Неруҳои Иёлоти Муттаҳида тааҳҳуд мекунанд, ки тамомии меъёрҳо, муқаррарот ва қавонини эминии Афғонистонро риоят кунанд. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида тибқи қавонин ва муқаррароти нофизаи ин кишвар, тамомии иқдомоти лозимро барои ҳифозат ва захираи масуни таҷҳизот, икмолот ва маводи дорои моҳияти хатарнок иттихоз мекунанд. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида тибқи полисиҳои марбут, иқдомоти оҷилро барои ин ду манзур иттихоз мекунанд: (1) поккории соҳот ва таъсисоти тавофуқшуда аз вуҷуди зубола ва (2) расидагӣ ба таъсироти сиҳҳӣ ва масуниятии ношӣ аз олудагии муҳити зист дар асари фаъолиятҳои неруҳои ин кишвар дар дохили соҳот ва таъсисоти тавофуқшуда.

3.Иёлоти Муттаҳида бо дарназардошти тааҳҳудоти хеш тибқи “Конвенсияи манъи густариш, тавлид, захира ва истифода аз таслиҳоти кимиёӣ ва тахриби он”, мунъақидаи 13-уми январи 1993, Париж (23-юми ҷаддии 1371 шамсӣ) ва тибқи “Конвенсияи манъи густариш, тавлид ва захираи таслиҳоти биологӣ ва заҳрӣ ва тахриби он”, мунъақиди 10-уми апрели 1972, Вашингтон (21-уми ҳамали 1351 шамсӣ), Лондон ва Маскав, тавофуқ мекунад, ки таслиҳоти кимиёӣ ва биологиро дар қаламрави Афғонистон захира намекунад. Тарафайн таъкид медоранд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аслиҳаи ҳаставиро дар қаламрави Афғонистон мустақар ва ё захира намекунад.

Моддаи даҳум

Гаштугузори васоит, киштиҳо ва тайёраҳо

1. Афғонистон ҳаққи ҳокимияти комил бар ҳарими фазоӣ, арзӣ ва обиашро доро мебошад. Идора ва мудирияти ҳарими фазоӣ ва чигунагии транспорти ҳавоии Афғонистон тавассути мақомоти зисалоҳи ин кишвар сурат мегирад.

2. Бо ҳифзи комили ҳаққи ҳокимияти хеш, Афғонистон иҷозаи духул, хуруҷ, убур аз фазо, сӯхтгирии ҳавоӣ, сайр ва ҳаракат ва нишаст ва бархости тайёраҳои ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва тайёраҳои мулкие, ки тавассути ин неруҳо ва ё барои истифодаи ихтисосии онҳо дар қаламрави Афғонистон фаъолият менамояндро, тибқи аҳдоф ва аҳкоми ин Қарордод, эъто мекунад. Тайёраҳои ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва тайёраҳои мулкие, ки тавассути неруҳои Иёлоти Муттаҳида ва ё барои истифодаи ихтисосии онҳо фаъолият мекунанд, тобеи пардохти ҳаққулубур ё уҷрати контроли ҳавоӣ ва соири маҳсулот ба хотири нишаст ва ё таваққуф дар майдонҳои ҳавоии ҳукуматии Афғонистон намебошанд. Тайёраҳои ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бо риояти комили муқ аррароти марбут ба масуният ва гаштугузор дар Афғонистон ба шумули риояти муқаррароти иттилои қаблӣ фаъолият мекунанд. Тайёраҳои мулкие, ки тавассут ё барои истифодаи ихтисосии неруҳои Иёлоти Муттаҳида фаъолият мекунанд, тобеи иттилои қаблӣ аз чигунагии духул ва ё хуруҷ аз Афғонистон тибқи муқаррароти идороти ҳавонавардии мулкии Афғонистон мебошанд.

3.Бо ҳифзи комили ҳаққи ҳокимияти хеш ва дар мутобиқат бо аҳдоф ва абъоди ин Қарордод, Афғонистон ба киштиҳо ва васоити ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва соири киштиҳо ва васоите, ки тавассути неруҳои Иёлоти Муттаҳида ва ё барои истифодаи ихтисосии ин неруҳо фаъолият мекунанд, иҷозати вуруд, хуруҷ ва ҳаракат дар дохили қаламрави Афғонистонро медиҳад. Тамомии ин киштиҳо ва васоит бо риояти комили муқ аррароти масуният ва гаштугузор дар Афғонистон, фаъолият мекунад. Аъзои неруҳои низомӣ ва бахши мулкии Иёлоти Муттаҳида вазифадоранд, то ҳини истифода аз васоити расмӣ, муқ аррараи гаштугузори васоити мутурдори Афғонистонро риоят кунанд.

4.Савор шудан бар тайёраҳо, киштиҳо ва васоити ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бидуни мувофиқати мақ омоти ин неруҳо мамнӯъ мебошад. Тайёраҳо, киштиҳо ва васоити ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар дохили Афғонистон аз ҳар гуна тафтиш, интизом ва ё сабт ва роҷистер муоф мебошанд, магар ин ки дар ин санад таври дигаре омада бошад ва ё аз ҷониби комиссиюни муштарак рӯйи он тавофуқшуда бошад.

5.Неруҳои Иёлоти Муттаҳида дар муқобили хадамоте, ки барои тайёраҳо, васоит ва киштиҳояш тақозо ва дарёфт мекунад, ҳаққулуҷрати муносиберо бидуни ҳеч гуна молиёт ва ё маҳсули мушобеҳ мепардозад.

6.Тарафайн тавофуқ доранд, то тарзуламалҳоеро ба манзури татбиқ и ин модда тадвин кунанд. Тарафайн ин тарзуламалҳоро ҳасби зарурат мавриди бознигарӣ ва баррасӣ қарор дода ва ба масоили эҳтимолии муртабит бо онҳо дар асраъи вақт аз тариқи комиссиюни муштарак расидагӣ мекунанд.

Моддаи ёздаҳум

Тарзуламали ақди қарордодҳо

1.Неруҳои Иёлоти Муттаҳида метавонанд мутобиқи қавонини нофизаи Амрико ба ҳадафи дарёфти мавод ва хадамот, ба шумули корҳои сохтмонӣ дар қаламрави Афғонистон ба ақ ди қарордод бипардозанд. Афғонистон мепазирад, ки неруҳои Иёлоти Муттаҳида дар умури марбут ба чигунагии дархост, эъто ва мудирияти ин қ арордодҳо, мукаллаф ба риояти қавонин ва муқаррароти кишвари худашон мебошанд. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида саъй мекунанд, то ҳадди имкон аз ширкатҳои афғон барои ироаи амвол, маҳсулот ва хадамоти мавриди ниёз, мутобиқи қавонин ва муқаррароти Иёлоти Муттаҳида истифода кунанд.

2.Қарордодиҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон тобеи сабт ва роҷестар буда ва тибқи қавонин ва муқаррароти Афғонистон аз тариқи як пурусаи сареъ, ҷавози тиҷоратии дорои эътибори сесоларо аз Идораи ҳимоят аз сармоягузориҳои Афғонистон бо пардохти як бор ҳаққ ззаҳмаи муносиб ва муайян дарёфт мекунанд. Қарордодиҳои Иёлоти Муттаҳида аз дарёфти ҳар гуна ҷавози дигар ва муқаррароти мушобеҳ барои ақд ё иҷрои қарордодҳои аслӣ ва фаръӣ бо неруҳои Иёлоти Муттаҳида ё ба намояндагӣ аз онҳо, муоф мебошанд.

3.Бо дарки аҳаммияти таъмини шаффофият аз тариқи табодули маълумот ва машваратҳо ва соири иқдомоти мавриди тавофуқи ду тараф, неруҳои Иёлоти Муттаҳида ба нигарониҳо ва даъовие, ки аз ҷониби мақомоти афғон дар робита ба қарордодиҳои ин неруҳо матраҳ мешавад, таваҷҷуҳи лозим мабзул медоранд. Тарафайн ба манзури беҳбуди шаффофият, ҳисобдиҳӣ ва муассирияти бештари раванди ақди қарордодҳо ба ҳадафи пешгирӣ аз суйистифода ва ҷилавгирӣ аз шеваҳои нодурусти иҷрои қарордодҳо, бо ҳам як ҷо кор мекунанд.

4.Бар ҳасби тақозои ҳар як аз тарафайн, ҳар гуна масъала ба шумули мавзӯъоти марбут ба фаъолиятҳои қарордодиҳои Иёлоти Муттаҳида ва кормандони қарордодии онҳо ва масоили ношӣ аз татбиқ и ин модда, аз ҷониби тарафайн ба асраъи вақт аз тариқи комиссиюни муштарак мавриди баррасӣ ва машварат қарор мегирад.

Моддаи дувоздаҳум

Таъминот ва мухобирот

1.Неруҳои Иёлоти Муттаҳида метавонанд ниёзмандиҳои шомил (ва на маҳдуд) ба об, барқ ва соири заруриёти хешро дар соҳот ва таъсисоти тавофуқшуда ва дигар маҳаллоти мавриди тавофуқи тарафайн тавлид ва фароҳам намоянд. Тавлид ва ироаи хадамоте аз ин қабил бояд ба комиссиюни муштарак ба сурати давомдор иттилоъ дода шуда ва дар ҳамоҳангӣ бо он анҷом гирад. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида ва қарордодиҳои он метавонанд аз хадамоти обрасонии омма, барқ ва соири имконоти умумӣ таҳти айни шароит ва муқ аррароти шомили қимат ва маҳсуле, ки неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии афғон мепардозанд, бидуни молия ва ё маҳсули мушобеҳ ё муртабити дигар мустафид шаванд, магар ин, ки тарафайн таври дигаре тавофуқ кунанд. Қимати маҳсули ношӣ аз масорифи неруҳои Иёлоти Муттаҳида ё қарордодиҳои он мутаносиб бо мизони истифода аз ин имконоти умумӣ санҷида мешавад.

2.Афғ онистон мепазирад, ки неруҳои Иёлоти Муттаҳида ниёз ба истифода аз фриконсҳои родиёӣ дар Афғонистон дорад. Ҷониби афғ он фриконсҳои мутааллиқ ба худро тибқи муқаррароти Афғонистон дар дастраси ин неруҳо қарор медиҳад. Иёлоти Муттаҳида иҷоза дорад, то аз системаҳои мухобиротии амрикоӣ тибқи таърифи мухобирот дар “Асосномаи Иттиҳодияи байналмилалии мухобирот”, мунъақиди соли 1992 (1370 шамсӣ), истифода намояд. Ин иҷозат ҳамчунон шомили истифода аз васоил ва хадамоти мавриди ниёзи фаъолияти дурусти системаҳои мухобиротӣ ва фриконсҳои родиёие мешавад, ки аз ҷониби мақ омоти зирабти Афғонистон бо ин ҳадаф фароҳам мегардад. Истифода аз ин фриконсҳои родиёӣ барои Иёлоти Муттаҳида ройгон мебошад.

3.Неруҳои Иёлоти Муттаҳида бо дарки ҳаққи моликияти Афғ онистон ва салоҳияти ин кишвар мабнӣ бар тахсиси фриконси родиёӣ дар Афғонистон ва ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳар гуна ихтилоли нашаротӣ, масоили марбут ба фриконсҳоеро, ки барои неруҳои мустақар дар Афғонистон ихтисос ёфтааст, бо мақ омоти зисалоҳи афғон ҳамоҳанг мекунанд. Неруҳои Иёлоти Муттаҳида фриконсҳоеро, ки тавассути шабакаҳои дохилӣ мавриди истифода қарор мегирад ва ё барои онҳо ихтисос ёфтааст, мухтал намесозад.

4.Истифода аз васоили мухобиротӣ тавассути неруҳои Иёлоти Муттаҳида бояд ба гунае танзим шавад, ки боиси ихлол дар соири амвоҷи родиёӣ ва васоили мухобиротие нашавад, ки Ҳукумати Афғонистон ва ё дигар ниҳодҳои дорои муҷаввизи Ҳукумати Афғонистон барои истифода аз амвоҷи родиёӣ ва ё васоили мухобиротӣ аз он истифода мекунанд.

Моддаи сездаҳум

Ҷойгоҳи ҳуқуқии персонал

1.Афғонистон, бо ҳифзи ҳаққи ҳокимияти хеш мепазирад, ки контроли инзиботӣ ба шумули иттихози тадобири қазоӣ ва ғайриқ азоӣ аз ҷониби мақомоти неруҳои Иёлоти Муттаҳида бар аъзои низомӣ ва бахши мулкии он аҳаммияти басазо дорад. Бинобар ин, Афғонистон тавофуқ мекунад, ки Иёлоти Муттаҳида таъмили салоҳияти қ азоӣ дар расидагӣ ба тахаттиҳои ҷиноӣ ва мадании чунин афрод дар қаламрави Афғ онистонро ҳаққи ихтисосии худ медонад. Афғонистон ба Иёлоти Муттаҳида иҷозат медиҳад, то муҳокимоти қазоӣ ва соири иқдомоти дисиплинии марбут ба ин қазоёро, индаззарурат дар қаламрави Афғонистон анҷом диҳад.

2.Бар ҳасби тақозои Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида ҷониби Афғонистонро аз ҷараёни муҳокимоти ҷазоӣ ба шумули натоиҷи ниҳоии таҳқиқот ё муҳокимоти марбут ба ҷароими муртакибшуда тавассути афроди низомӣ ва ё мулкии неруҳои ин кишвар дар баробари атбои Афғонистон, мутталеъ месозад. Дар сурати тарҳи чунин тақозое, Иёлоти Муттаҳида масоеъи худро мабнӣ бар иҷоза ва тасҳили иштирок ва назорат аз чунин муҳокимот тавассути намояндагони Афғонистон рӯ йи даст мегирад.

3.Ба манзури таҳаққуқи адолат, тарафайн якдигарро дар заминаи таҳқиқи ҳаводис, ба шумули ҷамъоварии мадорики исботия кумак менамоянд. Ба манзури таҳқиқи ҷароим, мақомоти Иёлоти Муттаҳида ҳар гуна гузориши таҳқиқоти анҷомёфта тавассути мақомоти афғонро дар назар мегиранд.

4.Иёлоти Муттаҳида нақши муҳиммеро, ки мақомоти танфизи қонуни Афғонистон дар иҷрои қонун, назм ва ҳаросат аз мардуми Афғонистон ифо мекунанд, дарк мекунад. Дар сурате, ки яке аз аъзои неруҳои низомӣ ё бахши мулкии Иёлоти Муттаҳида ба хотири иртикоби ҷурме аз сӯи масъулини Афғонистон мавриди суизанн (гумон) қарор бигирад, мақомоти зисалоҳи афғон мавзӯъро билофосила ба огоҳии масъулини неруҳои Иёлоти Муттаҳида мерасонанд, то мақомоти неруҳои Иёлоти Муттаҳида битавонанд иқдомоти оҷилро иттихоз намоянд. Аъзои неруҳои низомӣ ва бахши мулкии Иёлоти Муттаҳида тавассути мақ омоти афғон дастгир ва тавқиф намешаванд. Он идда аз аъзои неруҳои низомӣ ва бахши мулкӣ, ки ба ҳар далеле тавассути мақомоти афғон, ба шумули мақ омоти танфизи қонуни Афғонистон, дастгир ва ё тавқиф шаванд, дар асраъи вақт ба мақомоти неруҳои Иёлоти Муттаҳида таслим дода мешаванд.

5.Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида мувофиқат менамоянд, ки аъзои неруҳои низомӣ ё бахши мулкии он бидуни ризояти сареҳи Иёлоти Муттаҳида ба ҳеч маҳкамаи байналмилалӣ ё ниҳоди дигаре ва ё давлате таслим ё интиқол дода намешаванд.

6.Афғонистон ҳаққи эъмоли салоҳияти қазоиро бар қарордодиҳои Иёлоти Муттаҳида ва кормандони қарордодии ин неруҳо барои худ маҳфуз медорад.

Моддаи чаҳордаҳум

Ҳамли силоҳ ва истифода аз юниформ

1.Аъзои неруҳо ва бахши мулкии неруҳои Иёлоти Муттаҳида ҳангоми ҳузур дар Афғонистон тибқи ин Қарордод метавонанд ба манзури иҷрои вазоиф ва мутобиқи авомири содира бо худ силоҳ ҳамл кунанд. Мақомоти неруҳои Иёлоти Муттаҳида ҳангоми судури амри ҳамли аслиҳа дидгоҳҳои масъулини марбутаи афғон дар мавриди маҳаллоти муносиб барои ҳамли силоҳро бо дарназардошти масунияти омма дар назар мегиранд. Бо дарназардошти ин амр, неруҳои Иёлоти Муттаҳида ба масоҷид ва ё соири амокини муқаддаса, ки барои мақ осиди мазҳабӣ аз онҳо истифода мешаванд, ба манзури амалиёти низомӣ ворид намешаванд. Аъзои неруҳои низомӣ метавонанд ҳини ҳузур дар Афғонистон юниформ (либоси низомӣ) ба тан дошта бошанд. Мақомоти неруҳои Иёлоти Муттаҳида тадобири муносибро барои огоҳии аъзои неруҳои низомӣ ва бахши мулкӣ, аз ҷумла дар бораи ҳамли силоҳ дар маконҳои умумӣ, иттихоз мекунанд.

2.Тарафайн мувофиқат мекунанд, ки қарордодиҳо ва кормандони қарордодии Иёлоти Муттаҳида иҷозаи истифода аз юниформи низомиро дар Афғонистон надошта ва танҳо метавонанд дар мутобиқат бо қавонин ва муқаррароти Афғонистон силоҳ ҳамл кунанд.

3.Қарордодиҳои Иёлоти Муттаҳида, ки вазифаи ироаи хадамоти амниятиро доранд, тобеи тамомии қавонин ва муқаррароти Афғонистон мебошанд.

4.Бар ҳасби дархости ҳар як аз тарафайн, масоили ношӣ аз татбиқи ин модда ба асраъи вақт аз тариқи комиссиюни муштарак мавриди баррасӣ ва машварат қарор мегирад.

(ИДОМА ДОРАД)

Total Views: 148 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.