ГУЗОРИШЕ МАНЗУМ АЗ ХОНАИ ПАРИИ ОБӢ

Бар фарози паҳнаи Боми ҷаҳон,

Боз шуд ганҷинаи ганҷи ниҳон.

Сабз андар сабз саҳрои бузург,

Чун кунам тасвир ин ҷои бузург?

Ин Булункул аст, ин афсона аст,

Оби одӣ нест, як дурдона аст.

Солҳо дар орзуяш будаам,

Дар хумори атру бӯяш будаам.

Дар дили Марғоб, дар дурии дур,

Интизори мост ин дарёи нур.

Синааш оинадори осмон,

Ҳамнишини беғубори осмон.

Сели моҳияш рама андар рама,

Мурғакони обияш дар замзама.

Нурпардози шаби маҳтобияст.

Хонаи нози парии обияст.

Чашми обии бадахшии замин,

Ёдгори ҳусни ваҳшии замин.

Дар чаманзорони ин дашти баланд,

Кӯдакон нахчирбонӣ мекунанд.

Ин ҳамон ҷое, ки озод аз замон,

Хуш нишаста дар канори осмон.

Хушаи себаргаро бояд шумурд,

Даст рӯи шонаи хуршед бурд.

Ё канори обии беинтиҳо,

Дуртар аз фитнаи ҳарфу ҳиҷо.

Фориғ аз афсонаи буду набуд,

Метавон эҳсоси хушбахтӣ намуд…

Ҳар таҷаллии Бадахшон қиссае,

Ҳар куҷои Тоҷикистон қиссае.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.