ВАНҶИ БОЛО

Як қисса лутфу сафо Ванҷи боло,

Марҷони олучаҳо Ванҷи боло.

Дар атргардони нози саҳаргаҳ,

Аттори боди сабо Ванҷи боло.

Пойи мазору шибарҳои Ванван,

Ҳар даргаҳат ошно Ванҷи боло.

Пӯшу курушу камолу зилолак,

Водии мардумгиё Ванҷи боло.

Имсол туташ ба шаккар нишаста,

Дар чормагзаш даво Ванҷи боло.

Лозурҳои булурини ҷовид,

Тасхири вақту фазо Ванҷи боло.

Шояд, ки Қофи муқаддас ҳамин аст,

Парвозгоҳи Ҳумо Ванҷи боло.

Болотарин нуктаи офариниш,

Як интихоби Худо Ванҷи боло.

                                    5.07.2021

 213 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 196 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.