ВАЗИР ВА САФИР

Бо салому эҳтиром,

Ин шарафномаро соли 2012 дар зодрӯзи инсони бузургвор ва шахсияти нотакрор Бобохон Алиевич Маҳмадов суруда будам. Дар зодрўзи устоди соҳибҷавҳар ва мудири давлатмеҳвар.

Имрӯз дар саҳифаҳо дидам, ки устод 71-СОЛА шудаанд ва банда дар авҷи ғафлату дар кунҷи узлат аз чунин муҳимме бехабар мондаам. Аз ин рӯ, ин навиштаи пур аз ихлосу эҳтиромро ба табрики хушномтарин вазири давлату шоистатарин сафири миллат пешкаш менамоям. Гарчӣ ҳоло вазъият басе беҳтар аз соли 2012 аст, аммо ҳикмату аҳаммияти ин мавзӯъ дар раванди ҳар давлатдорӣ ҳамеша пойбарҷой хоҳад буд..

ВАЗИР ВА САФИР

Хушо, ки имрӯз мо соҳиби давлат ҳастему чандин вазир ва бештар аз он сафир дорем, вазири давлат ва сафири давлат. Вазири давлати Тоҷикистон ва сафири давлати тоҷикон… Ва аз ин омору ин ифтихор пайваста ин пурсиш бедор мешавад, ки:

Пас, вазир бояд чӣ гуна бошад?

Пас, сафир бояд чӣ гуна бошад?

Аввал, ки вазир фақат як мутахассис нест, фақат як донандаи соҳаи худ нест. Ин салоҳият барои вазир басе зарур аст, вале ҳаргиз кофӣ нест. Балки бисёр ҳатмист, ки як вазир як шахсият низ бошад, як мудири инсонӣ, як соҳиби назар, як соҳиби мавқеъ.

Сафир низ фақат як мутахассис нест, фақат як донандаи забони хориҷӣ ё бандҳои ҳуқуқи байналмилалӣ нест. Балки бисёр зарур аст, ки як сафир худ як чеҳра бошад, як шахсият бошад, соҳибназар ва соҳибмавқеъ бошад.

Пас, вазир фақат як шахс нест, балки вазир як шахсият аст.

Сафир низ фақат як шахс нест, балки сафир низ як шахсият аст.

Пас, некӯст, ки чунин бошад, на, пас бояд, ки чунин бошад.

Сониян, вазир танҳо мақоми идорӣ нест, танҳо як корманди дафтарӣ нест, балки вазирӣ як мансаби сиёсӣ низ ҳаст, як мақоми сиёсӣ, як чеҳраи сиёсӣ.

Сафир низ танҳо намояндаи як идора нест, балки намояндаи як давлат аст, сафири сиёсати як давлат, сафири фарҳанги як миллат, сафири манфиати як давлат. Ва сафирӣ низ як мансаби сиёсӣ, як мақоми сиёсӣ, як чеҳраи сиёсӣ аст.

Пас, як вазир бояд ҳатман як ҳушёр ва як сиёсатмадор бошад.

Як сафир низ бояд ҳатман як ҳушёр ва як сиёсатмадор бошад.

Пас, некӯст, ки чунин бошад, на, пас бояд, ки чунин бошад.

Сеюм, вазир бояд дар сатҳи гурӯҳе, маҳалле ва минтақае наандешад. Балки вазир бояд аз ин бандҳо вораста бошад, дар сатҳи миллӣ бошад, мавқеи миллӣ ва тафаккури давлатӣ дошта бошад, нигоҳи давлатмеҳвар дошта бошад. Манфиати миллиро дуруст шиносад ва ба мавзӯъ аз диди манфиатҳои миллӣ нигарад. Пеши ӯ болотар аз миллат чизе набошад.

Сафир низ бояд манфиати миллиро дуруст шиносад ва аз диди манфиатҳои миллӣ нигариста тавонад. Дар равандҳои печидаи сиёсӣ ҷой, мавқеъ, эътибор ва манфиати давлати худро ташхис диҳад. Пеши ӯ болотар аз давлат чизе набошад.

Пас вазир бояд давлатмеҳвар бошад.

Сафир бояд соҳибдавлат бошад.

Пас, некӯст, ки чунин бошад, на, пас бояд, ки чунин бошад.

Дигар ин, ки дар симои як вазир, дар гуфтори як вазир, дар рафтори як вазир ва дар кирдори як вазир бояд сифатҳои беҳтарини миллаташ ифода гардад. Шахсияти ӯ бояд беҳтарин арзишҳои тамаддуни як миллат ва як давлатро дар худ таҷассум созад. Зеро мардум дар симои вазири як давлат моҳияти он давлат, сатҳи он давлат ва шукӯҳи он давлатро мебинад.

Дар шахсияту ахлоқу фарҳанги як сафир низ бояд ҳусни симои як кишвар, сатҳи фарҳанги як миллат ва шукӯҳи истиқлоли як давлат ифода ёбад. Зеро, мардум дар симои сафири як давлат фарҳанги он давлат, шукӯҳи он давлат ва ҷавҳари он миллатро мебинад. Ба масал, сафири тоҷик бояд холосае аз паҳнои ҳувияти тоҷикӣ ё чакидае аз азамати фарҳанги тоҷикон бошад.

То ҷое ки ҳар давлат бо интихоби вазиру бо таъйини сафираш моҳияти худ, ботини худ ва сатҳи худро пеши ҷаҳониён ба намоиш мегузорад. Балки, ҳар давлат бо интихоби вазиру сафираш эҳтироми худашро ба худаш нишон медиҳад…

Пас, вазир чеҳраи давлат ва симои миллат аст.

Сафир низ чеҳраи давлат ва симои миллат аст.

Пас, некӯст, ки вазиру сафир чунин бошад, на, пас бояд, ки чунин бошад.

Ва ниҳоят, вазир ва ҷаҳл, вазир ва ғурур, вазир ва дашном, вазир ва фасод, вазир ва чашми ҳарис. Ҳаргиз, ҳаргиз! Мафҳумҳо бо ҳам намешинанд.

Ё сафир ва ҳақорат, сафир ва тиҷорат, сафир ва фақри маънавӣ, сафир ва хиҷолати миллат. Зинҳор, зинҳор! Мафҳумҳо бо ҳам намеоянд.

Пас, вазир шудан осон, вале вазир будан бисёр мушкил аст.

Ва сафир шудан низ осон, вале сафир будан бисёр мушкил аст.

Пас вазиру сафир бояд фарҳанги ашрофӣ дошта бошад, нухбаи миллат бошад, соҳиби маърифати элитарӣ бошад.

Ва хулоса, на ҳар вазир вазир асту на ҳар сафир сафир; дар вазифаи вазир будан як чиз асту дар сатҳи вазир будан чизи дигар; дар нақши сафир будан як чиз асту дар сатҳи сафир будан чизи дигар.

Пас, вазир будан фақат як мансаб нест, вазир будан аввало як сатҳ аст.

Сафир будан низ фақат як вазифа нест, сафир будан низ аввало як сатҳ аст.

Чун Бузургмеҳр, чун Балъамӣ, чун Ҷайҳонӣ, чун Низомулмулк…

Чун вазири ботадбире, ки Мавлоно суруд ва чун вазири некманзаре, ки Шайх Саъдӣ сутуд.

Чун сафири тавоное, ки Фирдавсӣ навишт ва чун сафири огоҳе, ки Алломаи Дониш сиришт.

Пас, мафниати миллӣ ва суннати давлатдорӣ ҳамеша дар он буда, ки вазир будан ё сафир будан аввал дар як шахс ҳамчун сатҳ ва ҳамчун салоҳият ҳосил шавад, фақат он гоҳ барояш ҳамчун мансаб ато гардад. Яъне, замоне, ки шахсияту фарҳангу хиради ӯ ба сатҳи Вазиру ба сатҳи Сафир расида бошад. Вазир бо ҳарфи калон ва Сафир бо номи бузург.

Яъне вазирӣ на танҳо мақоми ӯ, балки сатҳу сифати ӯ низ бошад.

Ва сафирӣ на танҳо рутбаи ӯ, балки ҷавҳари ӯ ва фарҳанги ӯ низ бошад.

Ҳамон гуна, ки Бобохон Алиевич Маҳмадов, ки на танҳо Вазиру Сафир шуд, балки дар вазирию дар сафирӣ намуна шуд, улгу шуд, меъёр шуд…

На танҳо Вазиру Сафир шуд, балки дар вазирию дар сафирӣ устура шуд, китоб шуд, достон шуд…

Пас, сазост, ки имрӯз, дар зодрӯзи хушномтарин Вазири давлат ва шоистатарин Сафири миллат аз баландии дидгоҳи давлатдорӣ аз худ бипурсем, ки мо чанд Вазир ва чанд Сафир дорем? Вазир ва Сафир бо ҳарфи бузург, дар сатҳи Бобохон Алиевич Маҳмадов…

Мо, давлати мустақили Тоҷикистон.

Мо, давлати миллии тоҷикон…

БОРИ ДИГАР МИЛОД ХУҶАСТА БОД, УСТОДИ ОГОҲУ ФАЗИЛАТПАНОҲ!

Абдуллоҳи Раҳнамо

Total Views: 111 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.