АҲМАД ЗОҲИР: ФАРОТАР АЗ ОҲАНГ

Ё 10 НУКТАИ ПАЖӮҲИШӢ ДАР ШИНОХТИ ҶОЙГОҲИ Ӯ ДАР ФАЗОИ ПАЙВАНДҲОИ АДАБӢ ВА ФАРҲАНГИИ ҲАВЗАИ ТАМАДДУНИИ МО

Дар аввал 75-умин ёдрӯзи ҳунарманди беназир Аҳмад Зоҳирро барои ҳамаи мухлисону дӯстдорон шодбош мегӯям. Ҳамин нишасту маҳфилу ёдбуд оростани мо ва ҳанӯз ҳама ҷо садо додан ва бозхонӣ шудани ин садо худ намоде аз номи ҷовид аст, ки худи ӯ аз забони Устод Халилуллоҳи Халилӣ суруда буд: ном, ки ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?

Сониян, нашри ин китоби зебо ва пурмуҳтаво барои ҳамагон гиромӣ бод. Дар ҳақиқат тавлиди як китоб кори бузургест, ки бояд рӯнамо шавад, ҷашн шавад, ҳодиса шавад, хабар шавад.

Дар умум, пажӯҳишҳои шодравон Султони Ҳамад дар мавриди Аҳмад Зоҳир, ки дар маҷмӯъ чандин ҷилданд, дар тамоми кишвраҳои форсизабон беназир буда, дар ин мавзӯъ ба ин фарогириву диққати илмию ҳаҷм ҳанӯз пажӯҳишҳои дигаре нестанд.

***

Вақте аз Аҳмад Зоҳир суҳбат мекунем, сухан танҳо аз як овозхон намеравад, балки ҳамзамон як шахсияти фарҳангию ҷамъиятӣ, як донандаи хуби забону адабиёту ҳунар, як падидаи ноби ҳунарӣ ё истеъдоди ғайриоддӣ, як пули пайвандгар ва як чеҳраи фаромиллию фаромарзиро пеши рӯй дорем. Ин аст, ки дар ин даҳсолаҳо ба ин падида аз дидгоҳҳои гуногун назар кардаанд, пайванд шудаанд, шарҳу истифода кардаанд.

Зеро Аҳмад Зоҳир чун як падидаи бисёрҷанбаӣ барои фарҳангиён фарҳанг ва барои оҳангсозон оҳанг аст. Барои ҳунаршиносон ҳунар, барои ошиқон ишқ, барои сӯхтагон сӯз, барои шӯридагон шӯр, барои дардмардон дарду таскин аст. Барои андешаварон андеша ва барои сиёсатгарон сиёсат аст, ки шарҳаш хоҳад омад.

Аммо агар ба Аҳмад Зоҳир аз диди пайвандҳои адабию фарҳангӣ дар паҳнои ин ҳавзаи бузурги забонию тамадунӣ нигарем, нуктаҳои зиёдеро метавон дарёфт, ки барои шинохти ин падида бисёр муҳимманд:

1. Нуктаи аввал ин аст, ки фарогирӣ ва ҷуғрофиёи биниши Аҳмад Зоҳир бузург ва ҳайратовар аст. Ӯ барои сурудан намунаҳои шеъри тамоми ҳавзаи бекарони забону адабиёти форсиро фаро гирифтааст. Шеъри Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳинд, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва ғайра. Ҳатто шоирони форсигӯи муқими кишвраҳои Ғарбро.

Ба ҳисоби шодравон Султони Ҳамад, Аҳмад Зоҳир илова бар таронаҳои мардумӣ, дар умум шеъри ҳудудан 110 шоирро хондааст, ки онҳо аз бахшҳои бисёр гуногуни ҳавзаи тамаддунии моянд. Аз ҳудуди 400 суруди форсии ӯ, матни беш аз 350 сурудаш ба муаллифони воқеӣ ё шоирони гуногун тааллуқ дорад.

Барои рӯшан шудани ин манзара, ҳатто агар 10 шоири аввалро, ки ӯ аз ашъорашон бештар аз ҳама сурудааст, ба тартиби миқдорӣ баршуморем, вусъати назари ҳунарманд ба ин мавзӯъ комилан муайян мешавад:

1.Абулқосим Лоҳутӣ (аз ҳама бештар)

2.Абдулҳамиди Адо (Шероғо)

3.Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

4.Фурӯғи Фаррухзод

5.Раҳии Муъайирӣ

6.Аҳмадшоҳи Азҳар

7.Симини Беҳбаҳонӣ

8.Ҳофизи Шерозӣ

9.Халилуллоҳи Халилӣ

10.Саъдии Шерозӣ

Аз ин номгӯй метавон дид, ки аз даҳ шоири бештар сурудаи ӯ, танҳо се нафар, яъне Абдулҳамиди Адо, Аҳмадшоҳи Азҳар ва Халилуллоҳи Халилӣ ба таври мушаххас аз ҳавзаи адабии навини дохилии Афғонистон бархостаанд.

Аммо баррасии мавзӯъ нишон медиҳад, ки сабаби дар умум аз шеъри шоирони тоҷики даврони шӯравӣ камтар гирифтану камтар сурудани Аҳмад Зоҳир, пеш аз ҳама дар маҳдудияти робитаҳои адабӣ, камтар дастрас будани китобу шеърҳои тоҷикистонӣ дар муҳити Афғонистони он замон ва хусусан, тафовути алифбои ду кишвар ва ғайра будааст. Ва табиист, ки он вақт фазои маҷозию интернетӣ низ набуд, ки чун имрӯз ҳама чиз аз он дастрас бошад.

Маълумоти шоҳидон гувоҳ аст, ки дар солҳои охири ҳаёташ Аҳмад Зоҳир бо як силсила олимон, шоирон ва ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла бо донишманди тоҷик Шаҳбоз Кабиров, ҳунарманду донишвари тоҷик шодравон Ҷӯрабек Назрӣ, шоираи шинохтаи мо Меҳринисо Бобобекова ва ғайра аз наздик ошно гашта, дар пайи ҳамнишиниҳо бо онҳо ба фарҳангу адабиёти муосири Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда буд. Аммо умри ӯ вафо накард, то аз шеърҳои онҳо низ миқдори бештаре интихоб кардаву бисарояд.

Бо вуҷуди ин, ӯ аз шоирони муосири тоҷикистонӣ низ шеърҳое интихоб намудаву сурудааст, ки миёни онҳо 16 шеъри Лоҳутӣ, 2 шеъри Турсунзода ва 2 шеъри Абдулло Қодирӣ муайян шудаанд.

Аз ашъори устод Мирзо Турсунзода шеърҳои «Ҳамин кофист» ва «Дидам нигоре» (маҳфилӣ) ва аз Абдулло Қодирӣ шеърҳои «Аввалин ишқам ту будӣ» ва «Ай нигори нозанин» суруда шудаанд.

Таърихи тавлиди суруди «Ҳамин кофист» рӯшан аст, зеро, ба таҳқиқи Султони Ҳамад, ин шеър соли 1976 дар Кобул пас аз муаррифии китоби «Мушоира» аз сӯи доктор Шаҳбоз Кабиров ба Аҳмад Зоҳир интихоб ва суруда шудааст. Худи устод Турсунзода низ ин сурудро ҳангоми беморӣ дар беморхонаи ҳукуматӣ шунида ва бисёр хуш пазируфта будаанд. Суруди «Дидам нигоре» низ дар ҳамон солҳо дар маҳфили якҷояи Аҳмад Зоҳир бо фарҳангиёни тоҷик дар Кобул бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба шакли маҳфилӣ иҷро шудааст ва навори комили он дастрас нест.

Аммо бисёре аз мухлисон то ҳанӯз бовар надоранд, ки маҳбубтарин шоири Аҳмад Зоҳир маҳз устод Лоҳутӣ буда, ин ҳунарманд аз ашъори ӯ аз ҳама бештар баргузидаву сурудааст. Аз матнҳои тасдиқшуда, 16 суруди комил ва 4 маврид резхонӣ ё муқаддимаи сурудҳои ӯ бар шеърҳои Лоҳутӣ эҷод шудаанд.

Машҳуртарин ин сурудаҳо «Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест», «Аё сайёд шарме кун», «Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад», «Бути нозанинам», «Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, эй меҳан», «Ошиқам, ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон», «Бути нозанинам, маҳи меҳрубонам», «Эй дуздида чашм аз оҳу» ва ғ. мебошанд, ки ба сурудҳои дӯстдоштаи мардуми тамоми ин ҳавзаи фарҳангӣ табдил шудаанд.

Чун сухан аз шоирони ин сӯи Омуст, яке аз маҳбубтарин сурудҳои маъанвии Аҳмад Зоҳир «Эй тири ғаматро дили ушшоқ нишона» низ бар шеъри Хаёлии Бухороӣ баста шудааст ва муҳаққиқон навиштаанд, ки ӯ мухаммаси машҳури Шайх Баҳоӣ бар ин ғазали Бухориро, ки бо мисраи «То кай ба таманнои ту, эй моҳи ягона» оғоз мешавад, низ суруда будааст, аммо навори он низ дастрас нест.

Ин фарогирии васеи Аҳмад Зоҳир дар сатҳи тамоми ҳавзаи забону адабиёти форсӣ, пеш аз ҳама ба ду воқеият ишорат дорад:

Аввалан, он нишонгари огоҳӣ, заҳмат ва мутолиаи бисёр васеи адиб ва ҳунарманд аст. Зеро, бегумон, чунин интихоб натиҷаи ҳаҷми зиёди ҷустуҷӯ ва қиёс аст.

Сониян, он нишонгари нигоҳи фарох ва фаромарзии ӯ дар сатҳи тамоми ин ҳавзаи забону адабиёту тамаддун мебошад. Ӯ дар паҳнои ин тамаддун марз нашинохта, ҳамчун соҳиби ин тамаддун ба тамоми ин қаламрав ба чашми худӣ нигариставу интихоб кардаву сурудааст.

2. Фарогирии замонии Аҳмад Зоҳир дар қаламрави адабиёти мо низ ҷолиб аст. Ӯ аз шоирони асрҳои аввали шеъри форсӣ то шоирони марҳилаҳои гуногуни рушди адабиёт, аз ҷумла шоирони навини ҳамзамони худро сурудааст. Ҳамон гуна, ки Мавлавию Саъдию Ҳофизу Ҳилолию Бедилро сурудааст, ҳамон гуна Баҳору Сояву Шаҳриёру Фурӯғу Симину Халилию Лоиқ Сулаймонро ба оҳанг кашидааст.

3. Аз назари истифодаи сабку мактабҳои адабӣ ва навъҳои шеърӣ низ муносибати Аҳмад Зоҳир беназир аст. Ҳамон гуна, ки шеърҳои суннатии арӯзиро дар сатҳи баланд месуруд, шеърҳои наву сафеди бевазну беқофияро низ ба оҳангҳои навоварона сурудааст. Хусусан ба оҳанг кашидану озод сурудани шеъри сафед, ки дар он марҳила истиқболу собиқаи камтар дошт, яке аз истеъдодҳо ва навовариҳои хоси ӯст, ки равияи тозаеро дар мусиқӣ устувор ва ҳамагонӣ намудааст.

Мисли шерҳои «Шабҳои зулмонӣ» аз Салими Сармаст, «Вақте ки дил танг аст»-и Ҳамдии Мусаддиқ», «Танҳо шудам, танҳо»-и Абулҳасани Варзӣ, «Ай шуълаи ҳазин»-и Сулаймон Лоиқ, «Ай Худо, модари ман боз ба ман деҳ»-и худи овозхон ва даҳҳо намунаи дигар, ки дар онҳо шеъри сафед бо сеҳри мусиқӣ ҳамнишинии мавзун ёфтааст.

4. Нуктаи бисёр муҳимми дигар дар шинохти назари Аҳмад Зоҳир ба адабиёти мо интихоби маъниҳои баланд аст. Ӯ аксар шеърҳоеро барои сурудан гирифтааст, ки ҳарфҳо, мазмунҳо, арзишҳо ва ҳикматҳои бисёр ҷиддӣ доранд, паёмҳои ҷиддиеро мерасонанд. Гоҳо дӯстиву ишқу муҳаббату сафову вафову қадрдониву меҳрубонӣ. Гоҳо ирфону фалсафву ҳикмату андеша. Гоҳо паёмҳои ҷиддии фикрию иҷтимоиву сиёсӣ.

Албатта, мавзӯи меҳварии бештари хондаҳои Аҳмад Зоҳир ишқ аст, муҳаббату вафост ва аз ин рӯ, ӯ пеш аз ҳама маҳбуби ошиқон аст. Мавзӯи ишқ аз аксари сурдаҳои ӯ мустақиман ё ғайри он садо медиҳад. Садои ҷовидонии: Эй ишқ, зи дасти ту қалби ман сӯхта, сӯхта, сӯхта!

Аммо фаровонию такрори маъниҳои арзишию иҷтимоиву сиёсӣ ва таъкиди ҳунарманд бар онҳо нишон медиҳанд, ки интихобҳои иҷтимоии ӯ низ огоҳона будаанд. Ва ҳамин арзишсароиву андешавариву иҷтимоигарӣ ӯро ҳунарманди дӯстдоштаи табақаҳои соҳибиандеша низ кардаааст. Чун дарди маънидор, сӯзи ҳадафманд, оташи созанда.

Ба ин восита Аҳмад Зоҳир бисёре аз паёмҳои бузурги гузаштагонро дубора ҳамагонӣ кардааст, аз рафи китобхонаҳо дубора ба гардиши иҷтимоӣ овардааст, ба зеҳни ҷомеа талқин намудааст:

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест…

Чу по дорӣ, бирав дасте биҷунбон,

Туро бедаступойӣ маслиҳат нест!

Ин паёми муҳимму созандаю нерӯбахши Мавлоно бо мусиқии зебои ӯ ба ҷони ҳар ҷавон менишинад. Паёме, ки имрӯз низ барои ҳар ҷавони мо зарур аст! Чун давои заъфу нотавонию бечоранолӣ, ки «туро бедаступойӣ маслиҳат нест!!!»

Ва дар бисёр сурдаҳои дигар низ чунин паёмҳои созандаву вораста танинандозанд:

Зиндагӣ, яъне шаби нав, рӯзи нав, андешаи нав…

Зиндагӣ бояд, ки саршор аз такону тозагӣ бошад!

Ё ғазали зебои Хаёлии Бухороӣ «Эй тири ғаматро дили ушшоқ нишона» паёми муҳимми фикрӣ ва ислоҳталабонае дорад, ки бар зарурати тағйиру такмили тафаккуру диндории зоҳирбинонаи мо таъкид мекунад:

Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,

Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона…

Мақсуд туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона…

Суруди «Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед?» бар шеъри Мавлонои Балхӣ низ ба ҳамин маънӣ ишорат дорад, ки «маъшуқ ҳамин ҷост»!

«Мабарӣ гумон, ки муфтӣ ба Худо раисда бошӣ» бар шеъри Бедил, «Аҷаб сабре Худо дорад» бар шеъри Раҳими Кирмоншоҳӣ, «Ай подшаҳи хубон» бар ғазали Ҳофиз, «Худоё ман намедонам, ба лутфи худ ту медонӣ» ва даҳҳо суруди дигар низ ҳикмату мазмунҳои арзишию ислоҳӣ доранд.

(Дар зимн, худи Аҳмад Зоҳир низ бо афкори ирфонӣ пайваст дошта, муҳаққиқон, аз ҷумла шодравон Султони Ҳамад, дар бораи ошноии ӯ бо баъзе таълимоти фикрӣ ва робитаи наздик ва пайравии ӯ аз тариқати тасаввуфии чиштия маводи зиёде навиштаанд.)

Ё шояд дар соатҳои душвор ва дар лаҳзаҳои фишори рӯзгор аз дилу вуҷуди ҳар яки мо борҳо ин нидои таъкидии Лоҳутӣ бо садои Аҳмад Зоҳир гузаштааст, ки:

Гар фишори рӯзгор обат кунад, мискин машав,

Мард бош, эй хастадил, шармандагӣ даркор нест!

Ва ба ин маъно Аҳмад Зоҳир як сарояндаи андешаҳои иҷтимоӣ низ будааст, балки як ҳунарманди дорои дидгоҳ ва мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣӣ бо хитоби «бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест!». Ба воситаи ин сурудаҳо ӯ ин арзишҳоро, ин паёмҳоро ҳамагонӣ кард, ба шиори ҳазорон нафари рӯшанфикру истиқлолхоҳ табдил намуд, барои ҳазорон нафари афсурда рӯҳу нерӯ бахшид. Муборизаро, номусро, пойдориро, ватанро, истиқлолро, озодиро суруд.

Сурудҳои ҷовидонае, чун «Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед» аз Маликушшуаро Баҳор, «Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест», «Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимаҷонамро» ва «Танида ёди ту дар тору пудам, меҳан, эй мейҳан» аз Лоҳутӣ ва ғайра.

Чунин сурудаҳо, ки дар муҳити Тоҷикистони шӯравӣ бисёр паҳн гашта буданд, дар тақвияти арзишҳои номусӣ ва андешаҳои миллию истиқлолталабии тоҷикон низ нақши муайян доштаанд.

Таъсири амиқи чунин хонданҳои ҳадафманди Аҳмад Зоҳир бар рӯҳияи инсон аз тарафи низоми Шӯравӣ низ дарк мешуд. То ҷое, ки дар барномаҳои таблиғотии Шӯрави барои таъсиргузорӣ бар афкори умумии Афғонистон ин мазмунҳо ва ин сурудаҳои ӯ ба таври васеъ истифода мегаштанд, ки намунаи он барномаи машҳури «Булбулони шӯридаи Шарқ» аз бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон буд. Ин барномаи адабиву мусиқӣ аз муборизаву истиқлолхоҳию озодихоҳию истикборзудоиву истиқлолсароии Лоҳутӣ ва Аҳмад Зоҳир ситоиш намуда, чун намунае барои шарқиён сари ҳар муддат бозпахш мешуд:

Зиндагӣ озодии инсону истиқлоли ӯст,

Баҳри озодӣ ҷадал кун, бандагӣ даркор нест!

(Таъсири ин суруду паёмҳо ба ҳадде амиқ ва фаромиллӣ будааст, ки ахиран яке аз шахсиятҳои калидии Афғонистон, роҳбари ӯзбекҳои ин кишвар, маршал Абдуррашид Дустум “Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест!”-ро шиори аслии зиндагию муборизаҳои худ хонд.)

Аҳмад Зоҳир суруду паёмҳои комилан сиёсӣ низ суруда буд, ки баъзе аз онҳо ҳатто бо дархости худи сиёсатмадорон ва роҳбарони аввали кишвараш анҷом шудааст. Ба мисли «Ҷумҳурии мо муборак!», «Миллӣ ваҳдат» (ба забони пашту), ки дар даврони Сардор Довудхон ва «Ин тавсани айём чӣ хуш роми Амин аст!», ки дар даврони Ҳафизуллоҳ Амин суруда шудаанд.

Таронаи ахир бисёр пурбаҳс гашта, то ба имрӯз баъзеҳо онро чун ситоиши роҳбари онвақтаи Афғонистон Ҳафизуллоҳ Амин ва баъзеи дигар онро чун васфи Паёмбари ислом (Паёмбари амин) шарҳ медиҳанд, ки бо таваҷҷуҳ ба таърихи суруд, шарҳи аввал саҳеҳтар аст. Муҳаққиқи ин масъала Исмоили Маҳшур ҳатто дар бораи қадрдонии ҳокими вақт аз ин суруди мадҳиявӣ ёдоште овардааст.

Ё оҳанги мутантани «Эй ҳамватан, эй нерӯи боландаи ҷовид!» бар шеъри Бориқ Шафеӣ, ки худ як марши коргарӣ ва як инқилоб аст.

Чун сухан аз сиёсат рафт, метавон афзуд, ки дар он ҷомеаи суннатии он рӯзи Афгонистон бо чунин паёму мавқеъ ва бо чунин сабку шакл зуҳур кардану дар зеҳну арзишу рафторҳо инқилоб овардани Аҳмад Зоҳир ва низ соҳиби чунин шуҳрату нуфӯз шудани ӯ, худ як падидаи ҷамъиятию сиёсӣ буда, наметавонаст аз таваҷҷуҳи мусбат ё манфии доираҳои сиёсӣ берун монад.

5.Ҷанбаи дигари ин падида ҳайратбарангез зебоишиносии Аҳмад Зоҳир аст. Хондаҳояш гувоҳанд, ки ӯ завқи баланд, табъи латиф, тавони интихоби шеъри сара ва зеборо дорад. Ӯ беҳтарин намунаҳои шеъри ин ҳавзаи бузургро бо тамоми тӯлу арзаш гулчину пешкаши шунавандаи худ кардааст. Хондаҳои Аҳмад Зоҳир мисли як гулдастаи рангин аст, ки аз ин бӯстони бузург чидаву баста бошанд.

Матни ин сурудҳои зеборо пеши рӯй оварем:

Гар зулфи парешонат бар дасти сабо афтад…

Эй, ки аз килки ҳунар нақши дилангези Худойӣ…

Ҳанӯз бар лаби ман ҷойи бӯсаҳои ту ҳаст…

Оҳанги зиндагӣ, хонад ба гӯши ман…

Суруди шабонгаҳ…

Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун…

Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид…

Бароям гиря кун имшаб…

Зи чи ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро…

Ин интихобҳои бисёр зебо нишонгари сайри пайвастаи ҳунарманд дар олами шеър ва нишонаи тарбияти олӣ, ҷаҳони ботинӣ ва завқу зебоишиносии хосаи ӯст, ки метавонад мавзӯи як баҳси васеи эстетикӣ бошад.

6. Ҷанбаи муҳимми дигаре, ки вусъати нигоҳи Аҳмад Зоҳир ба адабиёт ва интихоби шеърро нишон медиҳад, хонданҳои ӯ аз эҷодиёти шифоҳии мардум ё фолклор аст. Ӯ ба адабиёти бузурги шифоҳии мардуми Афғонистон ҳамчун як сарчашмаи муҳимми интихоби матну сурудҳо нигариста, як силсила таронаҳои зебои маҳаллию мардумиро бо завқи баланд ва навоварона сурудааст.

Бо хондани Аҳмад Зоҳир аксари ин сурудҳои маҳаллӣ дар сатҳи миллӣ ва минатқавӣ муаррифӣ шуда, ба сурудҳои дӯстдоштаи тамоми ҳавзаи бузурги забони форсӣ табдил шуданд.

Масалан, суруди «Каҷаки абрӯт неши каждум аст…» ҳама минатқаҳои ин забон хонда мешавад ва солҳои ахир ҳатто овозхонҳои шинохтаи эронӣ, аз ҷумла хонуми Лайло Фуруҳар, низ онро бозхонӣ карданд. Сурудҳои маҳаллии «Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлиҷон», «Чашми сиёҳ дорӣ…», «Буру бобо ма катит нестум» (дар вариантҳои гуногун), «Биё, ки бурем ба Мазор…» (дар шаклҳои гуногун), «Гандумо дарав шуд, наёмад ёрум» ва ғайра низ дар аксари маҳфилҳои Тоҷикистон хонда мешавад, байни тоҷикону форсигӯёни Осиёи Марказию Чину Покистону Ҳинд низ маъруф аст.

Ин гуна намунаҳо зиёданд ва Аҳмад Зоҳир бо ин хидмати худ ин таронаҳоро ҳамагонӣ ва моли дастраси тамоми ҳамзабонон дар сатҳи ҷаҳон кард. Ин таронаҳо пештар низ буданд, аммо хондан, навсозӣ ва истеъдоду садою оҳангҳои ӯ ба онҳо шукӯҳу умри дубора бахшид.

Яке аз вижагиҳои мардумисароӣ ё фолклорхонии Аҳмад Зоҳир дар он аст, ки ӯ дар чандин маврид нақароти машҳури таронаҳои мардумиро бо рубоиву дубайтиҳои шоирони касбӣ омехта, аз ин синтез сурудҳои зебоеро ба вуҷуд оврадааст. Масалан, ӯ дубайтиҳои мансуб ба Лоҳутӣ чун «Зи роҳи дида бар дил хона кардӣ», «Камонабрӯ камонатро бибӯсам», «Сиёҳчашмак ба дил банди ту бошам», дубайтии Фарибурзи Разонӣ «Лабат шаҳди ғазал нӯшида хотун» ва ғайраро дар таркиби таронаҳои мардумӣ омехтахонӣ кардааст. Онҳоро, аз ҷумла дар таронаҳои Чашми сиёҳ дорӣ”, “Шикоят дорам”, “У бону, бону, бону” ба кор бурдааст.

7.Фазилати дигари ҳунари Аҳмад Зоҳир дуруст хондани шеър аст, ки аз саводи баланди забониву адабию мантиқии ӯ шаҳодат медиҳад. Талаффузу ташдиду кашишу пайванди саҳеҳи сухан, риояти вазну тобишу оҳанги калимаву ибораҳо ва умуман, ҳамчун як соҳибзабон озод будан дар ифодаи тобишҳои забонӣ яке аз вижагиҳои ӯст.

Зикри ин масъала аз он назар муҳим аст, ки имрӯз ҳунари мусиқии мо сатҳи касбиву элитарии худро то ҷое бохта, ҳатто дар барномаҳои расмӣ бо мазмуни сабук ва бо талаффузу вазну ифодаҳои хато сурудани шеърҳои коре маъмул гаштааст. Аммо Аҳмад Зоҳир дар ин масъала бегумон устоди беҳамтост.

(Албатта, метавон ДАР ДОХИЛИ ҚАВСАЙН зикр намуд, ки дар хондаҳои Аҳмад Зоҳир низ мавридҳои талаффуз ё корбурди нодурусти калима, ибора ё мисраъҳои ҷудогона ҷой доранд. Аммо чунин ҳолатҳо дар ҳудуди 400 суруди боқӣ шояд ҳамагӣ 6-7 мавридро ташкил диҳанд, ки баъзе аз онҳо шояд иштибоҳоти фаннӣ низ бошанд. Чун ин як мавзӯи ҷудогона аст, ин ҷо танҳо чанд маврид чун намуна зикр мешавад:

Масалан, дар шеъри устод Мирзо Турсунзода «Ҳамин кофист», дар мисраи «Навиштам, пахш кардам муҳр, мондам даст бегуфтор», калимаи «муҳр» ҳамчун «меҳр» суруда мешавад, ки маънои аслиро, яъне пас аз навиштану имзо кардан муҳр гузоштан ба мактубро, намерасонад.

Ё чунин ҳолати тағйир дар хондани дубайтии машҳури Иқболи Лоҳурӣ «Саҳар мегуфт булбул боғбонро / Дар ин гил ҷуз ниҳоли ғам нагирад» низ дида мешавад, ки дар он мисраи дуввум дар шакли «Дар ин боғ ҷуз ниҳоли ғам нарӯяд» хонда шудааст. Ин ҷо ҳам матн тағйир дода шуда, ҳам вазн ва ҳам қофия (бо «Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад» дар мисраи чорум) пурра хароб гаштааст. Зимнан, хондани ин дубайтиҳо яке аз пурсӯзтарину зеботарин сурудаҳои Аҳмад Зоҳир аст ва шояд ин ҷо ӯ хостааст, ки бо тағири матни мисраъ маъниро рӯшантару фаҳмотар ифода кунад.

Байти аввали ғазали машҳури Абдулқодири Бедил «Мабарӣ гумон, ки яъне ба Худо расида бошӣ» ба шакли «Мабарӣ гумон, ки муфтӣ…» хонда шудааст. Гарчӣ ин «ислоҳ» маънии байтро боз беҳтар карда, аммо дар нусхаҳои муътабари девони Бедил он дар шакли аввал, яъне бо «яъне» омадааст.

Дар шеъри Симини Беҳбаҳонӣ «Вой ман беҳудаам, беҳуда андар корҳо», мисраи «Холиям, холитар аз як хоб ё аз як сукут» дар натиҷаи кӯтоҳ хондани калимаи «хоб» вазнашро аз даст медиҳад, ки хоси забони форсӣ нест.

Дар бораи зикри хатову камбудҳо дар таронаҳои Аҳмад Зоҳир шоири шаҳири афғонистонӣ Беранги Кӯҳдоманӣ қиссаи ҷолибе дорад: Боре ӯ дар телевизони Афғонистон изҳор доштааст, ки таронаи «Бодаҳо холист, холист»-и Аҳмад Зоҳир дуруст нест ва маъно надорад, зеро «бодаҳо» холӣ намешаванд, балки мантиқан «шишаҳо» холӣ мешаванд… Пас аз ин ӯ муддатҳо мавриди эътирозу маломати мухлисони овозхон қарор гирифтааст, ки «бо чӣ ҷуръате ба Аҳмад Зоҳир эрод мегирӣ?!»

(Албатта, аз назари таҷрибаи амалии забонӣ, ибораи «бодаҳо холист» метавонад талмеҳан ба маънои «зарфҳои бода» ё «шишаҳои шароб» холист ҳам биёяд, аммо ғараз аз мисоли охир худи тарзи бархӯрди мухлисони қатъии Аҳмад Зоҳир бо эроду эродгирон буд.)

Бо ин эҳтиёт мо низ аз оврадани мисолҳои дигар худдорӣ менамоем, хусусан бо назардошти он, ки ҳамаи он намунаҳои ҷиддӣ нестанд.)

Аммо хато рафтани як ҳарф ё нодуруст гуфтани як калима дар таронаҳои Аҳмад Зоҳир як ҳолати нодир ва бисёр истисноист, ки он сатҳи болои дарку хониши дурусти ӯро инкор ё халадор намекунад. Боз ҳам ӯ ҳамчун устоди сухану ҳунар аз дурустхонтарин овозхонҳои забони мо боқӣ мемонад.

8. Масъалаи дигаре, ки муносибат ё нисбати Аҳмад Зоҳирро ба шеър ва адабиёт рӯшан менамояд, худи ҳунару таҷрибаи эҷодию шоирии ӯст. Дар ин маврид мо ба ӯ метавонем ҳамчун ба як адиб ва шоир нигарем, зеро ӯ худ муаллифи як силсила шеърҳоест, ки худ оҳанг баставу сурудааст.

Дар ин миён, аз ҷумла сурудҳои машҳуре чун «Эй Худо, модари ман боз ба ман деҳ», «Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст» ва ғайра бар шеърҳои худи овозхон сохта шудаанд.

Аз ин назар, ӯ ҳамчун адибу шоир дар шинохту дарку интихоб тасҳеҳи шеърҳо салоҳияти зарурии бештар аз як овозхони маъмулиро доштааст. Як сирри комёбии ӯ дар самти интихобу дурустхонии шеър маҳз дар ҳамин аст.

9. Гарчи мавзӯи меҳварии ин гуфтор робитаҳои адабист, аммо зикри ин банд низ ҳатмист, ки Аҳмад Зоҳир дар рушди робитаҳои фарҳангию ҳунарӣ дар сатҳи ин ҳавзаи тамаддунӣ низ саҳму хидмати бузург доштааст. Хидмате, ки дар муаррифию омезиши ҳунари мусиқӣ аз як ниҳод, як вазорат ва ҳатто як давлат бештар бошад.

Нигоҳе ба таърихи мусиқии Тоҷикистон ва тоҷикони Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки дар солҳои 70-уму 80-уми асри гузашта Аҳмад Зоҳир дар фазои мусиқии ин ҳавза таъсири фавқулодда васеъ дошта, дар рушди самтҳои муайяни он такони ҷиддӣ бахшидааст. Ӯ омезаи бисёр арзишмандеро аз мактаби бузурги мусиқии Афғонистон, Ҳинд ва Ғарб вориди мусиқии тоҷик намудааст, ки истиқбол ва пайравии зиёд доштааст ва ҳанӯз дорад.

Дар он солҳо аксари овозхонони навовари тоҷик дар Осиёи Марказӣ фаъолияти худро бо «аҳмадзоҳирхонӣ» оғоз кардаву ба ин восита ба саҳнаҳои калони расмӣ ва мардумӣ роҳ ёфтаанд. Бозхонии Аҳмад Зоҳир аз васеътарин падидаҳои он замон будааст, ки ҳам овозхонони мард ва ҳам овозхонони зан ба он рӯй оварда будаанд.

Наворҳои маҳфиливу тӯёна, ки аз он солҳо то имрӯз аз ҳунармандони шаҳире чун Тоҷиддин Муҳиддин, Дӯстмурод Алиев, Хадича Абдуалимова, Ҷамшед Исмоилов, Кароматулло Қурбон ва ғайра боқӣ мондаанд, нишон медиҳанд, ки овозхонони тоҷик сурудҳои зиёди Аҳмад Зоҳирро дар маҳфилҳо бозхонӣ кардаанд, ки бо истиқболи васеи мардумӣ рӯбарӯ шудааст.

Насли ҷавонтари ҳунармандоне чун Фурқат Саид, Ҳотами Равшан, Садриддин Наҷмиддин, Парвиз Пӯлодӣ ва ғайра низ бо тамоми вуҷуд аз мактаби Аҳмад Зоҳир гузаштаанд. Бозхонии ин овозхон дар муҳити фарҳангу мусиқии Осиёи Марказӣ ҳамоно идома дорад ва шукӯҳи маҳфилу озмунҳои ҳамасолаи аҳмадзоҳирхонӣ худ гувоҳи онанд.

Албатта, шаклу тарзу сатҳу вусъати таъсири Аҳмад Зоҳир ба мусиқии тоҷик як мавзӯи бисёр тахассусист, ки баррасии онро ба санъатшиносон мегузорем, аммо як чиз рӯшан аст, ки дар як марҳилаи муайян ин таъсир бисёр муҳим ва муайянкунада будааст.

10. Ва ниҳоят, ҳамчун натиҷагирӣ аз ин гуфтор ду хулосаи муҳимро зикр менамоем.

Якум, бо ин нақше, ки ба ҷой овард, Аҳмад Зоҳир дар амал ба як пули пайвандагаре табдил шуд, ки дар пайванду муаррифии байниҳамдигарии шеъру муҳити адабӣ ва мусиқию муҳити ҳунарии бахшҳои гуногуни ҳавзаи бузурги забону адабиёти форсӣ нақши ҷиддӣ гузошт.

Ӯ бо интихобу хондану оварданҳои худ шеърҳоро, шоиронро, мазмунҳоро, адабиётҳоро умумӣ кард. Чи қадар шоирони Афғонистону Эрону Ҳинду Покистон ба ин восита дар муҳити Тоҷикистон ворид шуданду ном ёфтанду садо доданд ва баръакс, чӣ қадар шоирони мо ба ин восита вориди муҳити фарҳангию мардумии он сӯи Ому шуданд. То ҷое, ки баъзе аз шоирони ношинохтаи он ҳавзаҳоро танҳо бо чанд таронаи Аҳмад Зоҳир аз осори онҳо мешиносем.

Ҳатто агар касе буд, ки шояд номи Маликушшуарои Баҳорро нашунида бошад, аммо суруди «Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед»-ро замзама мекард. Ё агар касе буд, ки номи Абдулҳамиди Адоро нашунида буд, аммо «Кардаам нола басе, аз пайи ҳамнафасе»-ро дар маҳфилҳо борҳо шунида буд. Ё касе агар Фурӯғро нахонда бошад, аммо бар таронаи «Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид» ашк рехтааст. Ва низ, агар касе китоби Лоҳутиро ба даст наёварда бошад, аммо таронаи «Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад»-ро шунидаву ҳамроҳ замзама кардааст.

Ҳамин гуна, Аҳмад Зоҳир дар муҳити адабии ин ҳавзаи бузурги тамаддунӣ нақши мондагори пайвандгареро ба ҷой овард.

Дуюм, бо ин нигоҳи васеъ, бо ин фарогирифу истиқбол ва бо ин таъсиру нақши азиме, ки зикраш рафт, Аҳмад Зоҳир бегумон як падидаи фаромиллӣ буда, ба тамоми ин таъриху фарҳангу тамаддун таллуқ дошт. Ӯ ба тамоми мардуми ин ҳавза мансуб буд, ба ҳамаи ононе, ки ба ин забон ҳарф мезананду мешунаванд ва ба ҳамаи ононе, ки бо ин забон шеър мегӯянду мехонанд нисбат дошт.

Ба гунае, ки ба масал вақте ғазали «Эй сорбон, оҳиста рон»-и Саъдӣ бо садои нотакрори Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон пахш ва истиқбол мешавад, ҳаргиз саволе пеш намеояд, ки муалиф аз куҷост ё оҳангсоз аз куҷост ё овозхон аз куҷост ва ё шунаванда аз куҷост…

Ин авҷи омезиш, маҳзи ягонагии як фарҳанг аст. Ин ҳолат робитаи фарҳангию наздикии фарҳангҳо нест, ин ҳолати як будани он фарҳангу тамаддун аст. Аз ин назар, Аҳамд Зоҳир ҳамчун падидаи фаромарзию фароҳудудӣ посухи рӯшанест ба тафовутҷӯиҳову ҷудоиандешиҳо, ҷавоби зебоест, ба дидгоҳҳое, ки пораҳои ҳамҷавҳари як фарҳангро аз ҳам ҷудову бегона мешиносанд. Ӯ як падидаи умумии мост, мунодии он, ки мо «парвардаи як навбаҳорем.»

Ёдаш ба хайр, ки бо вуҷуди ин ҳама ҷавон рафтан, ҳамагӣ дар 33 соли умр, чунин нақше муҳим дошту чунин паёме азим гузошт.

 

 19 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 7 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Пайгирӣ кунед

Facebook Youtube