БА АШТИ БУЗУРГ…

Пас аз вусъати гарми дашти бузург,

Расидем инак ба Ашти бузург.

 

Раҳаш ҳамчу тири камон рост буд,

Ва бар ҷониби кӯҳ гашти бузург.

 

Зиҳӣ мулки озоди озодагон,

Ки номаш набишта ба яшти бузург.

 

Қадамҷои он ҳашт пири тариқ,

Саломун алайкум, ба ҳашти бузург.

 

Яке маҳфили ваҳдат оростем,

Зи Суғду Бадахшону Рашти бузург.

 

Ҳама ифтихору ҳама корзор,

Ҳама қиссасу саргузашти бузург.

 

Ва мерехт хуршеди вақти ғуруб,

Зари арғувонӣ зи ташти бузург…

 157 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 149 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.