БОЗГАШТИ ИСТИҚЛОЛ
«Истиқлол» ё «истиқлолият»? Чаро ҳамагӣ 2-3% халқҳои ҷаҳон соҳиби давлати худанд? Касби истиқлол ё бозгашти истиқлол? Ёддоште якшанбегӣ дар ҳошияи солгарди худсолории давлатӣ, ки шояд барои аҳли андеша муфид ояд.
1.ИСТИҚЛОЛ Ё ИСТИҚЛОЛИЯТ?
Аз диди маъноиву луғавӣ калимаи «истиқлол» аз маънои решаии кори андак, амали қобили иҷро ва қобили таҳаммул ба тадриҷ ба маънои «мустақилона тавонистан» ва «рӯйи пойи худ будан» ва «худкифоӣ » гузаштааст. Вақте сухан дар бораи давлат меравад, мафҳуми «истиқлол» маҳз ҳолати мустақил будани давлат ва аз ҷониби худи давлат мустақилона муайян ва татбиқ гаштани сиёсати дохиливу хориҷии онро ифода мекунад, ки ҳамон ҳолати худсолории давлатист.
Аз замони касби истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ нисбат ба падидаи худсолории давлатӣ истилоҳҳои «истиқлолият» ва «истиқлолияти давлатӣ » истифода мешавад. Дар матнҳои ҳуқуқӣ ва адабиёти сиёсӣ низ ин мафҳум ба ҳамин шакл корбурд меёбад.
Албатта мафҳуми «истиқлолият» ҳамчун исми мазмунан ифодакунандаи ҳолат дуруст аст ва дар фанни ҳуқуқу сиёсат ҷойи истифодаи худро дорад. Аммо ҳангоми ифодаи аз ҳолати вобастагӣ ба ба ҳолати худсолорӣ расидани давлат истифодаи истилоҳи «истиқлол» муносибтар ва дурусттар мебуд. Зеро он чӣ касб карда мешавад, маҳз «истиқлол» аст. Истилоҳи конститутсионӣ ва роиҷи «соҳибистиқлол» низ ба муносибии истифодаи «истиқлол» таъкид дорад, зеро сохтани таркиби «соҳибистиқлолият» дуруст намебуд.
Аз назари худи забон арабӣ ва шакли сохторӣ низ калимаи истиқлол дар вазни «истифъол» сохта шудааст, ки ба он афзудани пасванди «ият» ва ба вазни «истифъолият» овардани он на танҳо зарурате надорад, балки роиҷ низ нест. Зеро мафҳуми «истиқлол» барои ифода кардани ҳолати худсолорӣ, аз ҷумла худсолории давлатӣ ба танҳоӣ худкифо мебошад. Яъне маъноро пурра ифода карда, ниёз ба илова кардани пасванди дигар надорад. Аз ин назар метавон гуфт, ки истифодаи васеи «истиқлолият» дар ин мавриди мушаххас навъе ғалати роиҷу истилоҳгашта мебошад, ки пазируфта шудааст.
Пас, ибораҳои «фарорасии истиқлол», «ҷашни истиқлол», «рӯзи истиқлол», «истиқлоли давлатӣ» метавонанд ҳолати худсолориро беҳтар ва дурусттар баён созад. «Истиқлолият» ҳамчун калимаи худсохта ва ҳамчун сифати вазъияти сиёсӣ метавонад дар ҷои худ истифода шавад.
Албатта, агар мо омодагӣ ва истиқлоли кофии фикрӣ медоштем, ин мафҳумро якбора «худсолорӣ » ё «худсолории давлатӣ» гуфтан мумкин буд, ки он вақт на танҳо маънои калима, балки худи тоҷикӣ будани истилоҳ низ фарорасии истиқлолро ифода мекард. Аммо чун ҳоло чунин имкон ё ҷуръати истиқлоли фикриву арзишӣ фаро нарасидааст, ақаллан истифодаи истилоҳи «истиқлол» дар мавриди ҷашн ва рӯзи касби худсолорӣ мафҳумро рӯшантар месозад. Яъне Рӯзи истиқлол ва ҷашни истиқлол.
2.ЧАРО БОЗГАШТИ ИСТИҚЛОЛ?
Дар фазои сиёсию идеологию таълимӣ ҷашни истиқлолро ба маънои «бозгашти истиқлоли давлатӣ» ва «дубора соҳиби истиқлоли давлатӣ гаштани миллати тоҷик», «бозёбии истиқлол», «барқарории истиқлоли давлатӣ» ва ғ. шарҳ намудан дурусттару муфидтар хоҳад буд.
Зеро ибораҳои «касби истиқлол», «ба даст овардани истиқлол», «соҳибистиқлол шудан» ва ғайра, ки ба таври васеъ истифода мешаванд, бештар ба як санаи таърихӣ ва оғози мушаххаси замонӣ ишора мекунанд, ки умр ё фосилаи муайяни оғози давлатдориро ифода менамоянд. Масалан, 30-солагии ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ гоҳо ба 30-сол будани умри давлат ва давлатдорӣ ҳаммаъно фаҳмида мешавад. Ба ин восита, таърих ё умри давлату давлатдории мо дар назари хонанда басе кӯтоҳ ҷилва мекунад.
Аммо воқеият ин аст, ки тоҷикон як миллати куҳандавлат буда, дорои таъриху собиқаи тӯлонии давлатдории худӣ мебошанд. Аз империяҳои Кӯшониву Ҳахоманишиниву Сосонӣ, то давлатҳои Суғду Бохтар пешиниёни тоҷикон давлатдорӣ карда, хоса дар давраи Сомониён намунаи мукаммали давлатро ташкилу идора намудаанд. Аз замони суқути давлати Сомониён то ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тоҷикон дар таркиби тамоми давлатҳои ташкилшудаи ин қаламрав ҳузур доштанд, фаъолияту таъсиру саҳм доштанд, аммо идоракунии сиёсии давлат пурра дар ихтиёри тоҷикон набуд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки тоҷикон дар ин марҳила истиқлолияти сиёсии давлатӣ надоштанд. Яъне, ин давраро метавон давраи аз даст рафтани истиқлолияти сиёсию давлатӣ номид ва касби истиқлол дар соли 1991-ро ҳамчун ҳодисаи бозгашти истиқлол пазируфт. Ҷашни истиқлолро низ ҳамчун ҷашни бозёбии истиқлол ё бозгашти истиқлол номидан ва шарҳ намудан дурусттар мебуд.
Ба он маъно, ки мо аз даврони бостон соҳиби давлат будем ва дар асрҳои миёна низ дар давлатҳое, ки дар ин ҳавза зуҳур карданд, иштирок доштем, аммо дар як марҳилаи муайяни замонӣ истиқлолияти сиёсӣ ва таъйини сарнавишти сиёсии давлат дар ихтиёри худи намояндагони миллати мо набуд. Аммо бо барқарории истиқлол дар соли 1991 дубора соҳиби истиқлоли давлатӣ гаштем. Бинобар ин, ин ҷашн маҳз ҷашни бозгашт ва барқарории дигарбораи истиқлоли давлатист.
Бартарии ибораи «бозгашти истиқлол» ё «барқарории истиқлол» дар ин аст, ки он ҳам ба собиқаву таърихи давлатдорӣ ва соҳибдавлатии тоҷикон ишора мекунад ва ҳам дар давраи навин бори дигар барқарор шудани адолати таърихӣ ва ба даст омадани истиқлоли давлатиро ифода менамояд. Ин ҳолат аз назари эътимоди миллӣ ва пайванди рӯҳии насли муосир ба тамаддуну давлатдории таърихии миллат бисёр муҳим аст. Чунин шарҳ ба ҳақиқати илмию таърихӣ низ мухолифате надорад, ки дар бахшҳои дигар шарҳ хоҳад шуд…
3.ТАНҲО 2-3% АЗ ХАЛҚҲОИ ҶАҲОН СОҲИБИ ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ХУДАНД!
Мувофиқи оморҳои расмии СММ дар ҷаҳони имрӯза беш аз 7000 забони ҳанӯз зинда мавҷуд аст. Табиист, ки дар паси ҳар забоне гуруҳе, қавме, халқе ё миллате вуҷуд дорад, ки гӯяндагони ин забонанд. Агар аксари ин забонҳо гӯишҳои халқҳои хурд ё қабилаҳои дар ҳоли инқироз бошанд, ҳудуди 2500 аз онҳо забони роиҷи халқиятҳои устуворанд. Аммо дар ҷаҳони имрӯз ҳамагӣ бештар аз 200 давлати мустақил мавҷуданд, ки аз он низ на ҳамаашон давлатҳои миллӣ мебошанд.
Ҳамин тавр, фақат ҳудуди 3% аз ҳамаи қавму халқҳои мавҷуда ва ҳудуди 8-10% аз халқу миллатҳои пойдори ҷаҳон соҳиби давлатҳои худанд. Масалан, дар як худи Федератсияи Россия беш аз сад халқу миллият зиндагӣ мекунанд, ки бо вуҷуди бархурдорӣ аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, соҳиби давлати миллии мустақилли худ нестанд.
Аз ин назар, тоҷикон яке аз миллатҳои хушбахттарини ҷаҳонанд, ки ба ин шумори бисёр андаки миллатҳои соҳибдавлат дохил шуда, соҳиби давлати миллии мустақили худ мебошанд ва БО МАҲЗ НОМИ ХУД давлат доранд. Ин як мавзӯи ҷиддии таваҷҷуҳ ва ифтихор аст. Зеро истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ орзӯи садҳо халқу миллатҳои ҷаҳон буда, танҳо ба баъзе аз онҳо ба таври истисноӣ насиб мегардад.
Агар чунин таносубро дар байни худи тоҷикони ҷаҳон гирем, боз ҳам воқеияти ҷолибе ба назар мерасад. Зеро аз ҳудуди 50 миллион тоҷиконе, ки имрӯз дар кишвраҳои Осиёи Марказӣ , Афғонистон, Покистон, Чин ва ғайра зиндагӣ мекунанд, боз ҳам камтар аз 20% аз онҳо, яъне фақат тоҷикони сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби давлати миллии мустақили худанд. Ин ҳолат низ барои мо як ҳолати истисноӣ ва ифтихорист.
Ифтихор ва масъулияти бузург дар баробари давлату давлатдории миллӣ .
Бо умеди пойдории ин бахти истисноии таърихӣ ва ин истиқлоли давлатии нодир!