ШОИРИ РАВШАНГАР

Маҷмӯаи шеърҳои «Дӯст дор зистан»-и Абдуллоҳи Раҳнамо соли 2021 аз тариқи нашриёти «Эр-граф» интишор ёфтааст. Ин китоб ашъореро дар бар гирифта, ки дар солҳои гуногун эҷод шудаанд ва ҳосили таҷрибаҳои фикриву отифии шоир аз зиндагӣ мебошанд. Пешгуфтори аввал ва мухтасари китоб ба қалами шоири шинохтаамон Ато Мирхоҷа тааллуқ дошта, монанди даричаест, ки хонандаро ба олами андешаву эҳсоси шоир раҳнамоӣ мекунад. Пешсухани бахши аввали китоби мазкур, ки аз сӯи устоди зиндаёд Муъмин Қаноат навишта шудааст, баргирифта аз маҷмӯаи пешини шоир – «Ту дар гуфтан намеоӣ» мебошад ва дар он муҳимтарин вижагиҳои шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо зикр шудаанд.

Боби аввали маҷмӯа «Интихоби ман ин аст» унвон дошта, ҳовии ашъори ватандӯстонаи муаллиф мебошад. Бештари шеърҳои ин боб дар қолаби ашъори суннатӣ ва бо нигаришу нигориши тозаи имрӯзӣ ба қалам омадаанд. Ин шеърҳо аз назари забону баён солиму мустаҳкам, мутантану равон ва аз лиҳози андешаву ғоя пурбору моявар буда, ҳадафрас суруда шудаанд. Аз лобалои сатрҳои онҳо гармии дили бедору ҳамеша тапандаи як зиёии пӯёву ҷӯё эҳсос мешавад.

Боби дувуми китоб «Ин Ватанро нигар ба чашми хирад» ном дошта, низ аз ашъори ватанпарастона иборат аст ва онро метавон аз беҳтарин бобҳои китоб ба шумор овард. Як силсилаи ин шеърҳо ба шаҳру ноҳияҳои Бадахшон бахшида шудаанд ва аз назари шеърияту бадеият шоистаи таваљҷуҳи хосанд. Шоир тавонистааст, ки вижагиҳову мушаххасоти ҳар ноҳияеро шоирона дарку эҳсос кунад ва тоблуи зебоеро пешорӯи хонанда бигузорад. Дар шеърҳои ба минтақаҳои дигар бахшидаи боби мазкур низ ҳамин хусусиятҳо хосанд ва ҳамагӣ баёнгари ҳунари хуби тасиргариву мазмунофаринии шоир мебошанд.

Боби савум «Дӯст дор зистан» ном дорад ва шеърҳои он аз ҷиҳати мавзӯъу муҳтаво гуногун буда, ағлаб дар қолаби ғазал суруда шудаанд. Ғазалҳо баёнгари инанд, ки шоир дар сурудани ин навъи шеър таҷрибаи лозим дорад ва суханаш фасоҳату балоғати хос касб кардааст. Бештари ғазалҳо бо ҳолу ҳавои ғазали имрӯзи тоҷикиву форсӣ ҳамхониву созгорӣ доранд.

Шеъри меҳварии ин боб, ки бори ҳадафу паёми асосии шоирро ба дӯш дорад ва номи китоб низ аз он гирифта шудааст, «Дӯст дор зистан» мебошад, ки шеърест умедпарвару равшанибахш.

«Агар имон мебуд» номи боби дигари китоб аст ва ашъори ба истилоҳ хирадгароёнаву ҳикамии шоирро дар бар гирифтааст. Ӯ талош карда, ки аз ҳодисаву рухдодҳои ҷаҳони имрӯз мазмуну ҳикмати шоирона бардорад ва аз ин ҷост, ки оҳанги иҷтимоии ин шеърҳо дар қиёс бо ашъори бобҳои дигар баландтар мебошад. Ба равшанӣ метавон дарёфт, ки Абдуллоҳи Раҳнамо ба воқеоти замона ва вазъи зиндагии инсони имрӯз бетафовут нест.

Дар қисмати охири китоб, ки се боби кӯтоҳро ташкил медиҳад, ашъори дар марҳалаҳои аввали эҷод сурудаи шоир фароҳам омадаанд. Ин қисмат бо пешсухани Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, ки ба маҷмӯаи «Оғози дӯсторӣ»-и шоир навишта буд, оғоз мешавад. Шоири маъруф ба муаллифи ин китоб баҳои баланд додаст.

Агар дар ашъоре, ки шоир дар бобҳои аввали китоб манзур кардааст, нақши хираду тафаккур аёнтар бошанд, дар ашъори бобҳои охир, ба ин далел, ки дар ҷавонӣ, яъне фасли туғёни эҳсосот навишта шудаанд, эҳсосу тахайюл нақши равшантар доранд. Албатта ин ба он маъно нест, ки шеърҳои даврони камолоти шоир аз эҳсосу тахайюл орист, манзур ин аст, ки дар шеърҳои мавриди назар шӯру ҳоли ботинӣ нақши асосиву марказӣ доранд. Аз ин рӯст, ки оҳанги ғиноии ин шеърҳо баландтар аст ва шумораи ашъори ошиқона дар ин бобҳо бештар.

Ба назар мерасад, ки шоир бо гузашти замон эҳсосоти худро борикбинона ба андешаву хирад омезиш дода, бо ин роҳ шеърашро пурбортар кардааст. Воқеан ин ду унсури асосии таъйинкунандаи шеър бидуни якдигар наметавонанд бошанд ва Абдуллоҳи Раҳнамо ин нуктаро ба хубӣ дарётфааст.

Аз ҳар шеъри китоби зери назар пайдост, ки шоир равшангариву равшанигустариро мароми эҷодии худ қарор дода ва ҳатто метавон гуфт, ки ин рисолатро ба барномаи эҷодии худ табдил додааст. Дар ғазале мегӯяд:

Равшаниву гармиро ҷавҳари сухан кардам,

Офтоб мехонам, шаҳкитоби ман ин аст.

Китоби «Дӯст дор зистан» симои Абдуллоҳи Раҳнаморо чун шоири андешавару ҳунарманд, тасвиргару маънисоз ва ошно бо асолати шеъру рисолати шоирӣ ба хубиву равшанӣ ойинадорӣ мекунад.

Толиби Луқмон (“Адабиёт ва санъат”, 13 майи соли 2021, №20)

 358 – Мақоларо хонданд,  2 – Имрӯз хонданд

Total Views: 340 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.