ҒАМШАРИКӢ: КӮЛОБИ НОЗПАРВАРИ МАН ЗЕРИ ОБ ШУД

Дардо, ки офтоби фалак дар ҳиҷоб шуд,

В-ин аждаҳои марг чунин комёб шуд,

Рахти чакан ба тахти арўсон хароб шуд,

Шаҳбачча зери бистари гил ғарқи хоб шуд,

Ҳам тифл бо саманди аҷал дар шитоб шуд,

Як шаҳри нозанини Ватан осиёб шуд,

Дардо, ки дарди ғамзадагон беҳисоб шуд,

Алқисса, маҳшари сияҳи шайху шоб шуд,

Ин ид ҳам дубора азою азоб шуд,

КУЛОБИ НОЗПАРВАРИ МАН ЗЕРИ ОБ ШУД,

«Дил об шуд бирехт, ҷигарҳо кабоб шуд!»

 121 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 111 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.