ДИДГОҲИ ДАВЛДАТМЕҲВАР Ё ЭЪЛОМИЯИ 50-СОЛАГИИ АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО

Маводе пурҳаҷми фикрӣ дар 20 нукта барои хониши орому андешаи амиқ.

Зимни пешниҳоди он, АЗ АҲЛИ НАЗАР ВА АНДЕША хоҳиш доштам, ки бо вуҷуди бузургии матн, аз бузургвории худ вақт гузоштаву онро мутолиа фармоянд. Зеро ин эъломия ва рисола муҳимтарин паёми фикрию сиёсии банда барои давлату миллат ва барои ҳар шаҳрванди огоҳ дар ин марҳилаи зиндагист. Муҳимтар аз ҳар навиштаи дигари ахири ман.

Дар он ба силсилаи саволҳои муҳимме дар бораи масъалаҳои такмили тафаккури давлатӣ, дарки моҳияти равандҳои ҷорӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дар марҳилаи феълӣ посухҳои таҷрибабунёди муаллифӣ ироа гаштааст.

Бо умеди дарку тааммулу таҳаммули дӯстони ватанпарвару давлатмеҳвар.

НУКТАИ 1: РИСОЛАЕ БО ҚУРБИ ЯК ЭЪЛОМИЯ

Шояд муҳимтарин армуғони рӯзҳои 50-солагии банда нашру рӯнамои китоби “Дидгоҳи давлатмеҳвар” буд, ки яке аз назарияҳои асосии сиёсии муаллифро шарҳу муаррифӣ менамояд. Ин рисола пеши банда ба ҳадде муҳим аст, ки номи аввали он “Эъломияи 50-солагии Абдуллоҳи Раҳнамо” буд ва танҳо дар охирин рӯз бо пешниҳоду эҳтиёти дӯстон чунин тағйир ёфт.

Аммо бо вуҷуди ин, мазмуну ҷойгоҳи рисола ҳамчунон дар сатҳи як эъломия боқист, зеро он хулоса, таҷриба, мавқеъ, паём, дид ва пешниҳоду васияти огоҳонаву масъулонаи маро нисбат ба силсилаи масъалаҳои арзишию миллӣ ва ҷамъиятию сиёсии кишвар, хусусан дар масъалаҳои давлатсозию давлатдории миллӣ дар ин марҳилаи таърихӣ бозгӯй ва рӯшан месозад. Ба ибораи дигар, он ҳам коркардҳои илмию назариявӣ, ҳам хулосаҳои таҳлилию тахассусӣ, ҳам рисолати миллию ватандорӣ ва ҳам мавқеи инсонию шаҳрвандии маро ба таври фишурда дар бар мегирад.

Чун дар остонаи 30-солагии истиқлоли кишвар қарор дорем, сазост, ки ҳар яки мо дар пешорӯи ин соати таърихӣ боре ба низоми арзишӣ, ҷаҳони фикрӣ, хидмату ғафлат, бурду бохт ва мавқеи ҷамъиятию сиёсии худ таваҷҷуҳ намуда, дар кадом мавқеи шаҳрвандию фикрию миллию сиёсӣ қарор гирифтани худро таҳлилу арзёбӣ намоем. Чунин ҷамъбандиву ҳисобот на танҳо пеши таърих, Ватан, миллат ва ҷомеа, балки, пеш аз ҳама, назди худи мо ва назди виҷдони мо низ бисёр муҳим аст. Ва чун тӯли солҳои зиёд низоми фикрии сиёсию ҷамъиятии банда маҳз дар атрофи диду усулҳои бунёдие чун «тафаккури давлатӣ» ва «дидгоҳи давлатмеҳвар» шакл гирифтааст, эъломияву рисолаи ҳисоботии марҳалавии худро маҳз бо ҳамин ном пешкаш намудам.

Гарчӣ чанде пеш ин андеша ва рисола дар мизи гирде дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мухтасар муаррифӣ шуд, аммо бо гузоштани ин маводи бунёдӣ мехостам моҳият ва аҳаммияти консепсияи дидгоҳи давлатмеҳвар ё “эъломияи 50-солагӣ”-и худро барои ҷомеа низ муаррифӣ ва бозкушоӣ намоям. Умед аст, ки аҳли миллату ватану андеша паёмро дармеёбанд. Паёми наҷоти милӣ ва бақои давлатии моро.

НУКТАИ 2: ПАЁМИ АСОСИИ ЭЪЛОМИЯИ РАҲНАМО

Муҳимтарин паёми ин дидгоҳ ин аст, ки мушкилаи асосии ҷомеаи мо на танҳо дар худи масъалаҳои мавҷуда, балки, пеш аз ҳама дар тарз ва сатҳи тафаккури ҷомеа ва хусусан, маърифату тафаккури нухбагони фикрию сиёсии мо нуҳуфта аст. Аз ин рӯ, то замоне, ки ин сатҳу ин тарзу ин қолабҳои фикрӣ боқӣ бошанд, баъзе мушкилоти усулии ҷомеаи мо низ боқӣ хоҳанд буд, зеро ҳалли воқеии бисёре аз онҳо аз ислоҳи тарзи тафаккури мо вобаста мебошад. Ва “дидгоҳи давлатмеҳвар”, ки андешаи меҳварии ин эъломия аст, маҳз ҳамон сатҳ ва ҳамон мавқеест, ки барои раҳоӣ аз ин ҳолат бояд ҳамаи иштирокдорони фардиву ҷамъии раванди фикрию сиёсӣ, новобаста аз дидгоҳу манфиати худ, онро дошта бошанд ва риоя намоянд.

Аз назари луғавӣ дар ин ибора калимаи “дидгоҳ” ба маънои “назария” ё маҷмӯаи аз назари мазмунӣ, арзишӣ, сохторӣ ва методологӣ яклухту муназзамшудаи андешаҳо ва калимаи “меҳвар” ба маънои марказ, тири марказӣ ё такягоҳи асосӣ омадааст. “Дидгоҳи давлатмеҳвар” ба маънои назария дар бораи дар маркази низоми фикрӣ ва ҳамчун меъёри асосии арзёбии арзишу моҳияти андеша ва амал қарор додани ҳифзи давлат ва манфиатҳои давлатист.

Аз назари таърифи мафҳумӣ, дидгоҳи давлатмеҳвар сатҳи андеша ва навъи амалияест, ки шаҳрванди дорои он дар раванди фаъолияти фикриву ҷамъиятию сиёсии фардӣ ё ҷамъии худ аҳаммияту моҳияти давлатро чун сақфи ҳимояти ҳамагон(1) ва зарфи манфиати ҳамагонӣ(2) дарк намуда, ҳифзу устувории давлатро ҳамчун ниҳоди асосӣ(3) ва ҳифзи манфиатҳои олии миллию давлатиро ҳамчун арзиши ҳаётии умумӣ(4) дар авлавият қарор медиҳад. Он сатҳ ва тарзи муносибатест, ки инсон нақши ҳаётӣ, танзимгар ва кафолатдиҳандаи давлатро барои ҳуқуқу манфиатҳои хеш дар амал дарёфта, бо вуҷуди доштани манфиатҳои муайяни шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, сиёсӣ, минтақавӣ, моддӣ ва арзишӣ, онҳоро ҳаргиз аз ҷойгоҳу устувории давлат ва манфиатҳои милливу давлатӣ, ки ифодаи манфиатҳои ҳаётии умумии ҷомеа ва шаҳрвандонанд, боло намегузорад.

Ба ин маъно, дидгоҳи давлатмеҳвар ё амалияи аз диди давлат муносибат кардан ба масъалаҳо сатҳ ва нуқтаи пайванди ҳамагон ва нуқтаи ифодаи манфиатҳои олии ҳамагонист.

НУКТАИ 3: АҲАММИЯТИ АМАЛИИ ДИДГОҲИ ДАВЛАТМЕҲВАР

Аҳаммияти асосии ин консепсия, пеш аз ҳама дар он аст, ки маҳз нарасидани андешаи сатҳи миллӣ, тафаккури давлатӣ ва дидгоҳи давлатмеҳвар яке аз сабабҳои асосии то имрӯз боқӣ мондани ихтилофи беохири баъзе манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва қутбию ҷиноҳӣ дар ҷомеа ва раванди сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Ин ҳолати истеъморзадагии фикрӣ имкон намедиҳад, ки зарфиятҳои гуногуни мо ба зарфи умумимиллӣ рехта шуда, аз ҷамъи тавоноиҳои мо потенсиали азиму созандаи миллӣ ба вуҷуд ояд, зеро манфиатҳо ва зарфиятҳо бо ҳам бештар дар ҳолати рақобати душманона, балки муборизаи ҳазфкунанда қарор мегиранд. Бинобар ин, дидгоҳи давлатмеҳвар на танҳо ҳамчун як ормон ё назарияи зебои илмӣ, балки, пеш аз ҳама, ҳамчун як нусхаи амал ва як роҳи ҳал барои мушкилоти мавҷуда дар ҷомеаи худи мо дар назар гирифта мешавад.

Аз ин рӯ, оммавӣ шудан ва ба назари аксарияти нухбагони сиёсию идорӣ ва қишри зиёии мо табдил гаштани он дар рушду устувории давлатдорӣ ва ҳифзи беҳтари манфиатҳои миллии мо аҳаммияти махсуси амалӣ хоҳад дошт.

НУКТАИ 4: РАҲГУЗАРЕ ОДӢ НАБУДАМ Ё ЗАМИНАИ НАЗАРИЯВӢ ВА ТАҶРИБИИ РИСОЛА ЧИСТ?

Тайи се даҳсолае, ки дар фазои иттилоотии адабию фарҳангӣ ва фикрию сиёсии кишвар дар сатҳҳо ва шаклҳои гуногун ҳузур доштаам, дар раванди зинда ҳаҷми муайяни осори илмию таҳлилӣ, сиёсию ҷамъиятӣ, фикрию динӣ ва адабию бадеӣ таълиф кардаам, ки имрӯз бахши мавҷудаи он беш аз 20 ҷилдро ташкил мекунад. Илова бар ин, дар доираи вазифаҳои хидматии давлатӣ садҳо тарҳу маводи ҷиддии таҳлилӣ таҳия ва пешниҳод намудаам, ки он дигар моликияти давлату миллат аст ва умедворам, ки дар бойгониҳои он маҳфуз бошад.

Бинобар ин, як сабаби аҳаммият ва таҷрибабунёдии консепсияи дидгоҳи давлатмеҳвар, маҳз дар он аст, ки сарнавишти печидаи муаллиф ба гунае ташаккул ёфт, ки дар як умри кутоҳ ҳам мактаби фикрии шӯравӣ(1), ҳам рӯҳи ворастаи даврони бозсозӣ(2), ҳам мавҷи муборизаҳои миллии истиқлолхоҳӣ(3), ҳам дарди ҷонсӯзи муҳоҷирати тӯлонӣ(4), ҳам оташу даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ(5), ҳам тамомии раванди музокироту сулҳи тоҷикон(6), ҳам марҳалаи ваҳдатсозию барқарории баъдиҷангӣ(7), ҳам ҳошияҳои муҳити адабӣ(, ҳам ҳузури огоҳона дар доираҳои динӣ(9), ҳам фаъолияти масъулона дар равандҳои дунявӣ(10), ҳам таҳсилу зиндагӣ дар ҷомеаҳои анъанавии шарқӣ(11), ҳам таҳсилу таҷриба дар ҷомеаҳои муосири ғарбӣ(12), ҳам мактаби хидмат дар дастгоҳи марказии давлатӣ(13), ҳам мутолиаи осори фикрии худию берунӣ(14), ҳам марҳалаи тӯлонии пажӯҳишгарии майдонӣ(15), ҳам таҷрибаи ғании майдони таблиғотӣ(16), ҳам собиқаи ҳузуру робитаҳои васеи хориҷӣ(17), ҳам инзивонишинии дифоӣ(18) ва ғайраро бевосита гузаштаву ҷамъбасту таҷрибаи зиндаи ин фаслу самтҳоро бо равиши илмию(1), ҷавҳари ватанию(2) дидгоҳи миллию(3) мавқеи давлатмеҳвар(4) таҳлилу ҷамъбаст намудааст. Ин имкону таҷрибаи нодире, ки фарогирию синтези мавзуни он дар зиндагӣ насиби муаллиф гашт, рӯйи сифату мазмуни осори ӯ таъсири бисёр доштааст, ки хонандаи огоҳ ва босалоҳият онро ҳатман дармеёбад.

Ба иборати дигар, банда раҳгузаре одӣ набудам ва чизе қолабиву ориятию тақлидӣ нагузоштам, балки ҳар навиштаи банда сабти як таҷриба, ҷамъбасти як марҳала, шарҳи як муаммо, тарҳи ҳалли як мушкила ё барномаи ҳаракат дар як самт буд, ки бар меҳвари ватандориву давлатмеҳварӣ таълиф гаштааст.

Ҳамин тавр, рисолаи «Дидгоҳи давлатмеҳвар» низ маҳсули қалами як муҳаққиқи китобию дафтарию интернетӣ набуда, балки ҳосили таҷрибаи зиндаи бисёрҷанба ва мураккаби як инсони печидасарнавиштест, ки тамоми ин марҳалаҳоро шахсан гузаштаву дар мизони дониши назариявӣ баркашидаву ин хулосаҳоро шахсан нигоштаву гузоштааст. Таваҷҷуҳ ба ин ҳолат муносибат бо ин рисолаву эъломияро комилан дигар мекунад.

НУКТАИ 5: МУШКИЛИ АСОСИИ ФИКРӢ ДАР ФАЗОИ СИЁСӢ

Бузургтарин монеаи дарку қабули дидгоҳи давлатмеҳвар диду тафаккури сиёсишудаи гурӯҳиву ҷиноҳӣ ва дуруст нашинохтани фарқ миёни мафҳуму ниҳодҳои «давлат» ва «ҳукумат» аст. Ба ин маъно, ки давлат мафҳум ва ниҳоди басе фаротару бунёдитар аз ҳукумат буда, дидгоҳи давлатмеҳвар ҳаргиз ба маънои ҳимояи ҳукумат ва мавқеи ҳукуматгаро нест ва он дар сатҳи куллияти давлат матраҳ мебошад.

Таърифи корбурдии ин мафҳумҳо дар рисола омадааст, аммо ба таври умумӣ, «давлат» як мафҳуми бузургу фарогир буда, пеш аз ҳама, худи кишвар, ҳамаи шохаҳову зинаҳои ҳокимияти сиёсии он, замину обу фазои он, мардум ва арзишҳои аслии он, истиқлоли сиёсӣ ва амнияти миллии он, танзими меъёрҳои ягонаи муносибат ва масъулияти таъмини манфиатҳои аҳолии онро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, давлат мафҳуми аслӣ ва бунёдӣ буда, дар фаъолияти сиёсӣ масъалаи буду набуди он, ягонагии ҳудудии он, истиқлоли сиёсии он, суботу амнияту манфиатҳои он, ҳаёту ҳуқуқу номуси шаҳрвандони он ва ғайра мавриди савол ва мавзӯи муомилаи сиёсӣ қарор намегиранд. Давлат ҳамчун ифодаи арзишҳои олӣ ва манфиати умумии миллат, на танҳо нуктаи пайвасти ҳамагонӣ ва меҳвари такягоҳи миллӣ, балки ҳамчунин, хатти сурх ва марзи муқаддаси андеша ва фаъолияти ҷамъиятию сиёсии фард ва гурӯҳ ба ҳисоб меравад. Дар дидгоҳи давлатмеҳвар мафҳуми «давлат» маҳз ба ҳамин маънои бунёдӣ ва фарогири он корбурд ёфтааст.

Вале «ҳукумат» як ниҳод ё институти идорӣ ва иҷроии давлатист, ки аъзои он ба намояндагӣ аз миллат масъулияти идораи умури ҷории давлатиро ба уҳда дорад. Аъзои ҳукумат гурӯҳи муайяни одамоне ҳастанд, ки дар муҳлати муайян дар доираи қонунҳое, ки шохаи қонунгузори давлат (парлумон) ба намояндагӣ аз мардум қабул кардааст, умури иҷроиро идора мекунанд ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро роҳбарӣ ва дар доираи қонун танзим менамоянд. Ҳукумат мафҳуми мухолифи давлат нест, аммо аз назари ҷойгоҳу фарогирӣ танҳо як ниҳоди давлатӣ аст. Эътибору машрӯияти як ҳукумат то ҳамон ҷоест, ки дар доираи қонунгузории давлат ташаккул ёфта ва дар доираи он фаъолият намояд.

Омезиши дониста ё надонистаи байни ин мафҳумҳо боис мешавад, ки гоҳо шаҳрвандон ё фаъолони сиёсӣ бо ранҷиш аз ҳукумат ё як масъули он, нисбати давлату давлатдорӣ эътироз мекунанд ва ба ҷойи дар амали он шахс ё ниҳод ҷустани масъала, бо худи давлат ва арзишҳои бунёдии он дар низоъ қарор мегиранд. Ҷониби дигари мушкила дар он аст, ки гоҳе мақомоти давлатӣ ба як барномаи ҳукумат ё амали масъули ҳукуматӣ назари танқидӣ доштани як шаҳрванд ва ё доираи сиёсиро ба маънои мухолифати он бо давлат фаҳмида ё ба ин маъно шарҳ медиҳанд.

Аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, ки новобаста аз «хуб» ё «бад» будани як ҳукумат, дуруст ё хато будани сиёсати як ҳукумат ва новобаста аз чигунагии сатҳ ва рафтори як масъули ҳукуматӣ, ҷойгоҳи давлат ва дидгоҳи давлатмеҳвар коста намешавад. Ва низ, новобаста аз муносибати сиёсии шахс ё гурӯҳе нисбат ба ҳукумат ва сиёсатҳои он, аҳаммияти давлат ва зарурати дидгоҳи давлатмеҳвар халал намеёбанд.

Расидан ба ин сатҳи андеша ва муттаҳидии ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ дар атрофи мафҳумҳои болотаре чун “давлат” ва “манфиатҳои миллию давлатӣ” моҳияту шиддати муборизаҳои сиёсиро низ нармтару солимтар мегардонад.

НУКТАИ 6: ДАВЛАТМЕҲВАРӢ Ё ИНСОНМЕҲВАРӢ?

Нуктаи муҳимм дар дарки дидгоҳи давлатмеҳвар дарёфти таносуби мафҳумҳои «давлатмеҳварӣ» ва «инсонмеҳварӣ» мебошад. Диди солим ин аст, ки ҳам дар назария ва ҳам дар амалияи сиёсӣ, ҳама гуна сиёсату фаъолият маҳз дар нисбати инсон ва барои инсон сурат мегирад. Ташаккулу мавҷудияти давлатҳо низ аз сӯйи инсон ва барои инсон маъно доранд.

Аммо дидгоҳи давлатмеҳвар дарки таҷрибию таърихии ин воқеият аст, ки бо вуҷуди муҳимму муқаддас будани ниёзҳои моддию маънавӣ ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини онҳо дар фазои ормонӣ номумкин буда, маҳз дар шароити мавҷудияти давлати пойдор ва суботи устувор имконпазир мегардад.

Яъне ин дидгоҳ аз назари ҳадафӣ маҳз татбиқи манфиатҳои моддиву маънавии инсон, яъне зиндагии шоиста ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳадафи асосӣ қарор дода, ба ҷойи андешаи абстракту ормонӣ дар ин бора, давлатмеҳвариро ҳамчун яке аз роҳу равишҳои дурусту озмудаи раисдан ба ин ҳадафҳи олӣ ба миён мегузорад. Давлатмеҳварӣ ҳаргиз инсонро дар баробари ҳифзи давлат ё ҳукумат дар дараҷаи дувум нагузошта, балки маҳз бар он таъкид мекунад, ки давлат ҳамчун ниҳоди кафолатдиҳанда дар таъмини шоистаи манфиатҳо, арзишҳо ва талаботи инсон нақши асосӣ дорад ва бе ҳифзи он таъмини ин номумкин мебошад. Ин дидгоҳ ба таҷрибаи тӯлонии башарӣ ва аз ҷумла, ба таҷрибаи наздики ҷомеаи мо такя карда, нишон медиҳад, ки татбиқи тамоми он тарҳу омолу манфиатҳои машрӯъ ва зарурии инсон маҳз дар сурати мавҷудияти давлати пойдор ва суботи устувор имконпазир аст. Хусусан, дар марҳалае, ки давлат ҳанӯз дар масири ташаккул буда, моҳияти осебпазир дорад, равиши давлатмеҳвар ҳамчун роҳи расидан ба ҳадафу зинаҳои олӣ худ ба худ авлавият пайдо мекунад.

Аз ин рӯ, дар баробари мафҳуми «инсонмеҳварӣ» пиндоштани дидгоҳи давлатмеҳварӣ фаҳми дурусти моҳият ва ҳадафи ин дидгоҳ нест.

Дар айни замон, дар амалияи сиёсӣ ва идорӣ бисёр муҳим аст, ки дар ин масиру ин таносуб мудирони раванди давлатсозӣ моҳияти аслӣ ва ҳадафи олии давлат, яъне хидмат ба инсонро фаромӯш накарда, инсонро дар баробари «манфиатҳои давлатӣ» дар ҳошияи нагузоранд. Зеро дар фалсафаи ғоявии давлат ва давлатсозӣ сабаби будани давлат ва ҳадафи олии он маҳз инсон аст. Инсоне, ки фақат дар шароити давлати устувор татбиқи манфиату саодати он ҳамчун шаҳрванд имконпазир мебошад. Дарёфту риояи ин таносуб асоси муносибати мавзуни инсону давлат, шарти асосии комёбии ҷомеа ва камоли хиради сиёсист.

НУКТАИ 7: ДИДГОҲИ ДАВЛАТМЕҲВАР БАРОИ КИСТ?

Аз назари нишонӣ ё истифода, рӯйи назарияи давлатмеҳвар танҳо сӯйи неруҳои берун аз низоми давлатию ҳукуматӣ ё зиёиёну рӯшанфикрон нест. Балки он, пеш аз ҳама, барои неруҳои сиёсии дохилӣ, ниҳодҳо ва хизматчиёни давлатӣ, қишрҳои идориву зиёӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамаи шаҳрвандони фаъоли кишвар равона шудааст. Зеро, пеш аз ҳама, ба тафаккури қишрҳои идориву зиёии кишвар табдил гаштани ин навъи нигариши ниҳодгароёнаву давлатдорона таъсири бисёр бештар дар татбиқи он ва нақши муҳим дар таҳкими давлатдорӣ хоҳад дошт.

Аз ин рӯ, чунин пиндор ҳаргиз дуруст нест, ки хизматчиёни давлатӣ, неруҳои сиёсӣ ва зиёиёни дохилӣ ҳамагӣ дидгоҳи фарогурӯҳиву фароманфиатии давлатмеҳвар доранду ин назария барои дигарон аст. Кош чунин мебуд. Бинобар ин, маҳз бо дарки ҳамин зарурат, рисолаи «Муқаддимае бар тафаккури давлатӣ» (2012), ки қадами аввали ин дидгоҳ буд, аз тарафи худи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри расмӣ шуда, барои таҳкими тафаккури хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ ва паҳн гашта буд. Ва низ муаллиф ин мафҳуму дидгоҳи худро солҳои тӯлонӣ дар давраҳои бозомӯзии касбии Академияи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз барои хизматчиёни давлатии сатҳ ва соҳаҳои гуногун тадрис намудааст.

НУКТАИ 8: ЧАРО АЗ НИЗОМИ СИЁСӢ ҶОНИБДОРӢ МЕКУНАМ?

Дидгоҳи давлатмеҳвар як назарияи мавҳуми китобӣ набуда, навъе ифодаи китобатёфтаву назаришудаи хулосаи илмию ҳаётӣ ва мавқеи сиёсии давлатмеҳвари муаллиф дар раванди сиёсии муосир низ мебошад. Бо вуҷуди ин, гоҳо дар муҳити сиёсию фазои иттилоотӣ дар бораи муносибати мушаххаси муаллиф бо низоми сиёсии имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назарҳои гуногун дода мешавад.

Дар ин бобат бояд гуфт, ки бале, банда аз низоми сиёсии давлатии имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти имрӯзаи кишвар ва сиёсатҳои калони имрӯзи давлатӣ ба таври возеҳ ҷонибдорӣ мекунам. Чунин мавқеи шаҳрвандию сиёсии банда як ҷонибдории огоҳона ва масъулона аст, ки барои он назди худ далелҳои устувору мушаххаси таърихӣ(1), арзишӣ(2), геополитикӣ(3), мантиқӣ(4), сиёсӣ(5) ва шахсӣ(6) дорам.

Шарҳи ҳар яки он, ки дар эъломия омадааст, ин ҷо тӯлонӣ мебуд. Аммо ба таври мисол, хулосаи далели таърихии банда ин аст, ки давлатдории имрӯзи мо ҳам ба мафҳуми моҳиятӣ ва ҳам ба мафҳуми шаклӣ таҷассуми ормони ҳазорсолаи миллат ва муҳимтарин омили бақои миллии мост. Бинобар ин, ман ҳамчун як таҳлилгари ин соҳа ва як зиёӣ, ҷонибдорӣ аз ин давлат ва саҳмгузорӣ дар устувории ин низоми сиёсиро, ки ифодаи шаклии устувории давлати мост, вазифаи ҳар шаҳрванди огоҳ, аз ҷумла вазифаи шахсии худ мешиносам. Бале, банда ҳаргиз мафҳуми ҳукуматро ҳамрадифи мафҳуми давлат намегирам, аммо ба ин хулосаам, ки дар шароити имрӯза низоми сиёсии устувор як омили нигоҳдорандаи давлат аст.

Ё далели мантиқӣ ба он маъност, ки бале, ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон мушкилоту камбудҳои муайяни худро дорад, аммо ҳар ақли солим метавонад қиёс кунад, ки аз миёни лоиҳаю вариантҳои эҳтимолие, ки имрӯз дар муҳити идеологию геополитикии минтақа ва дар фазои сиёсию иттилоотии ҷомеа ҳамчун алтернативаи ин ҳукумат матраҳанд, низоми феълӣ ва ҳукумати имрӯза бо ҳамаи мушкилоташ дар қиёс бо онҳо варианти беҳтари имконпазир мебошад…

Дар умум, мавқеи банда дар ҳимоят аз низоми сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон на як “ишқ” ё мухлисии кӯр-кӯрона, балки як мавқеи ташаккулёфтаи шахсӣ буда, болои пояҳои ҷиддӣ илмӣ, мантиқӣ, арзишӣ ва таҷрибӣ устувор аст. Шоиста аст, ки ҳамаи мо низ барои мавқеи худ асосу далелҳои дурусту устувор дошта бошем.

НУКТАИ 9: ОЁ МО МУШКИЛОТ ДОРЕМ?

Дар баробари ҷонибдорӣ аз устувории низоми сиёсӣ набояд чунин пиндошт, ки аз мушкилоту камбудҳои ҳукумат ва кишвар бехабарем. Барои муайян намудани муносибати дуруст, банда тамоми чизеро, ки дар фазои иттилоотӣ бо номи «мушкилот ва камбудиҳо» нақду матраҳ мешавад, пеши худ ба се бахш ҷудо намудаам:

Бахши аввал, маълумоти нодуруст, нофаҳмиҳо, овозаҳо, туҳматҳо ё бофтаҳои ғаразноке, ки ё аз дуруст надонистани мавзӯъ ва ё аз сари ғаразу мухолифати маҳз бо давлат ё ҳукумат аз тарафи афроду доираҳои мушахахс матраҳ карда мешаванд. Баъзе аз онҳо дар ҳаддеянд, ки ҳеҷ олим ва зиёӣ ҳаргиз имкони таҳқиқу санҷиши онро низ надорад, то муносибаташро бо он муайян кунад. Пас онҳо маводи ҷанги иттилоотӣ буда, мавзӯи баҳси воқеии коршинос нестанд, ки дар бораи моҳияташон назар дода шавад.

Бахши дуюм, мушкилоти калони таърихӣ ва марҳалавие, ки рафъи комили онҳо барои кишваре чун Тоҷикистон дар чунин фосилаи замонӣ ва маҳдудаи маконӣ имконпазир нест. Гарчӣ то имрӯз барои ҳалли онҳо қадамҳои ҷиддӣ гузоштаю барномаҳои бунёдӣ рехта шудаанд, аммо табиист, ки бо имконоти кишвар ва мардуми мо ҳалли онҳо ба талошу муддати бештар ниёз дорад. Ҳатто беҳтарин ҳукуматҳо низ наметавонанд дар чунин шароит чунин масъалаҳоро дар кӯтоҳмуддат ҳал кунанд. Сӯиистифодаи сиёсӣ аз ин вазъият ва ба мавзӯи доимии танқиди ҳукумат табдил додани онҳо мавқеи созанда нест.

Бахши сеюми мушкилот, масъалаю камбудҳои воқеии ҷойдошта дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакатанд, ки ҳам дар бахши сиёсату идора, ҳам дар тарбияву интихоби кадрҳо, ҳам дар бахши иқтисоду иҷтимоӣ, ҳам дар бахши фарҳангию идеологӣ ва ҳам дар татбиқи сиёсату барномаҳои давлатӣ дида мешаванд. Банда аз ин мушкилот на танҳо огоҳам, балки мебинам, ғам мехӯрам, барои ислоҳашон дар доираи вазифаю тавони худ пайваста талош мекунам…

Таърих ва бойгониҳо гувоҳанд, ки банда дар солҳои фаъолият дар доираи масъулияти худ дар ин самт даҳҳо китобу мақола ва маводи таҳлилии хидматӣ навиштаву пешниҳод намудаам. Бинобар ин, пеши виҷдонам ҳисоб дорам, ки ҳаргиз нисбат ба мушкилоту камбудҳои ҷойдошта бетараф набудаам, балки тамоми талоши худро дар ин самт ба харҷ додаам. Барои мисол, агар соли аввали кор дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон биноии чашмони банда (-0,75) бошад, ҳоло он ба (-7.00) расидааст, ки коҳиши даҳкарата буда, қариби марзи нобиноист! Яъне банда бо заҳмати шабонарӯзӣ нури чашмонамро, умру ҷавонию саломатиямро дар ин роҳ бахшидаам. Ва маҳз бо ҳамин равиш, зарра-зарра об шуда, лаҳза-лаҳза сарф шуда, заррае дар ислоҳи камбудҳо ва рушди кишвар саҳми хоксоронаи худро гузоштаам….

Хулоса, ин камоли содалавҳӣ ё беинсофӣ мебуд, агар касе гумон кунад, ки аз мушкилоти ҷомеа бехабарем ё чашм мепӯшем ё аз камбудҳои мавҷуда ҷонибдорӣ мекунем. Фақат тафовут дар ин аст, ки яке масъулона, дилсӯзона ва ватандорона дар пайи ҳалли онҳост, дигаре ислоҳи онҳоро самимона баррасӣ мекунад, севумӣ аз ин мушкилот сармояи сиёсӣ месозад ё холи сиёсӣ мегирад… Ин тафовути сатҳҳо, мактабҳо ва равишҳост. Чунин мавқеъ бо дидгоҳи давлатмеҳвар созгор нест, ки шарҳи он низ дар рисола омадааст…

НУКТАИ 10: ИСТИҚЛОЛ ЧӢ НАТИҶА ДОД?

Равиши давлатмеҳвар ҳамчунин имкон медиҳад, ки бурду бохт ва натиҷаю дастовардҳои 30 соли таърихи давлатдории худро дуруст ҷамъбандӣ ва арзёбӣ намоем. Ҳоло дар арзёбии моҳият ва натиҷаҳои ин марҳалаи давлатдорӣ равишҳои иҷтимоӣ(1), арзишмеҳвар(2), миллигароёна(3), геосиёсӣ(4), манфиатӣ(5), ниҳодгароёна(6) ва ғайра истифода мешаванд, ки ҳар яке ба хулоса ва натиҷаи худ мебаранд.

Масалан, равиши иҷтимоӣ моҳият ва арзиши таҳаввулоти даврони худсолории давлатро, пеш аз ҳама дар тағйири вазъияти иҷтимоии ҷомеа ва сатҳи зиндагии моддии мебинад. Пайравони дидгоҳи либералии арзишмеҳвар арзиши таҳаввулоти замони истиқлоли давлатиро маҳз аз назари чигунагии тағйири вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон баҳо медиҳанд. Дар нигоҳи худмеҳвари манфиатӣ муаллифон муносибати худро ба ин падида вобаста ба тағйири ҷойгоҳи ҷамъиятӣ ва сатҳи мушорикати шахс ё гурӯҳи худ дар равандҳо муайян менамоянд.

Аммо дар нигоҳи ниҳодгароёна ё институтсионалистӣ раванд ва натиҷаҳои ин марҳилаи рушди таърихии кишвар, пеш аз ҳама аз назари ташаккули мазмунию сиёсию сохтории худи давлат, сатҳи ташаккулу устувории ниҳодҳои ҷомеа (институтҳо) ва сатҳи ниҳодина шудани суботу амнияти умумӣ арзёбӣ мегардад.

Ин равиши арзёбӣ нишон медиҳад, ки дар ин давра таҷрибаи амалии давлатдорӣ ҳосил гашта, мактаби амалгароёнаи давлатдорӣ ташаккул ёфта, масъалаҳои асосии давлатсозию давлатдории миллӣ ҳалли худро пайдо намуданд. Ба таври мушаххас, дар ин марҳалаи ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла худи давлатдории миллии тоҷикон, аз эҳтимоли нобудӣ наҷот ёфт(1), ягонагии ҳудудии кишвар ҳифз шуд(2), аркон ва сохтори давлатдорӣ барқарор гаштанд(3), модели давлатдории миллии мусоир шакл гирифт(4), сулҳу ваҳдати миллӣ таъмин карда шуд(5), раванди эҳёи миллӣ самту суръат ёфт(6), муҳити воҳиди арзишию шаҳрвандӣ фароҳам гашт(7), буҳрони шадиди иқтисодӣ эътидол ёфт( ва мақоми устувори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуд (9). Бо такмили ин марҳала, акнун Тоҷикистон ҳамчун давлат марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдориро ҷамъбаст намуда, ба зинаи нави таърихи такомулии худ, яъне ба марҳалаи рушди уствор ворид мегардад, ки он хусусиятҳо ва вазифаҳои комилан хосси худро дорад(1).

Маҳз ҳамин дастовардҳои усулӣ, бо муваффақият тай шудани марҳилаи эҳё ва барқарории давлатӣ ва гузор ба марҳилаи рушди устувор муҳимтарин натиҷаи ин марҳилаи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Агар чунин равиши арзёбии давлатмеҳвар истифода нашавад ва натиҷаи истиқлолият бо нархи халтаи орд ва музди миёнаи маош андозагирӣ шавад, дар шароити дар қиёс бо даврони тоистиқлолӣ мураккабтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии зиндагии аҳолӣ, барои оммаи мардум нишон додани арзиш ва дастоварди иистиқлол хеле мушкил хоҳад буд. Зеро танҳо ба ин роҳ мо метавонем худи раванди таърихӣ, вазъияти институтсионалӣ, дастовардҳои бунёдию зербиноӣ ва самти ҳаракати ояндаи давлатро арзёбӣ ва натиҷагирӣ намоем. Ва дарк намоем, ки давлат ҳамчун давлат то куҷо расидааст…

НУКТАИ 11: НАҚШИ ДАВЛАТИ УСТУВОР ДАР МАРҲИЛАИ ГУЗОР

Яке аз андешаҳои марказии дидгоҳи давлатмеҳвар ин аст, ки маҳз мавҷудияти давлати устувор ва суботи пойдор метавонад арзишҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои мардумро таъмин намуда, ҳастии давлатӣ ва бақои миллии ҳар миллатро кафолат диҳад. Аз ин рӯ, давлатҳои тозаистиқлол барои ба маънои комили худ давлат шудан ва барои таъмини ҳифзи миллии дарозмуддати худ дар марҳалаи осебпазири баъдиистиқлолӣ ба низомҳои сиёсии қавию мутамарказ ниёз доранд, ки бо назорату ҳидояти қатъии самти рушди ҳамаи соҳаҳо, давлатро ҳамчун низоми воҳиди ҳуқуқию сиёсӣ(1), ҳамчун механизми ягонаи иқтисодӣ(2), ҳамчун зерсохтори ягонаи иртиботӣ(3), ҳамчун маҷмӯи мавзуни арзишию равонӣ, яъне ҳисси шаҳрвандӣ ва миллати сиёсӣ(4), қаламрави якпорчаи ҳудудӣ(5), ҳамчун фазои ягонаи амниятӣ(6) ва ҳамчун воқеияти собити низоми байналхалқӣ(7) то охир ташаккул диҳад. Чунин низомҳо шояд на ҳамеша моҳияти комилан прогрессивӣ ва адолатмеҳвар дошта бошанд, аммо таъкид рӯйи моҳияти ниҳодофарӣ ва давлатсозии онҳост, ки дар ин марҳалаи рушди ин давлатҳо бисёр ҳалкунанда аст.

Чунин марҳалаи гузор аз ҳукуматҳои мутамаркази сахтгир дар таҷрибаи кишварҳои муваффақи демократии имрӯз маъмул аст, бо ин шарт, ки транзити солими физикӣ ё мазумнии ин низомҳо саривақт анҷом шуда, ин «марҳалаи зарурии шаклгирӣ» ба ҳолати «абадӣ» табдил нагардад.

Муаммои асосии ин марҳала дарёфти таносуб байни «адолати таърихӣ» (ҳуқуқи таърихии давлат доштани ин миллатҳо) ва «адолати иҷтимоӣ» (ба озодиҳои бештар ва зиндагии шоиста ҳуқуқ ва эҳтиёҷ доштани мардум) мебошад. Моҳияти ин муаммои дар он аст, ки бе ташаккулу устувории давлат ҳеҷ тарҳу барномаву ормон, аз ҷумла демократия, амалӣ намешавад, аммо бе таъмини адолати иҷтимоӣ низ таъмини таҳаммули дарозмуддати ҷомеа дар раванди давлатсозӣ бисёр мушкил аст. Муаммое, ки фақат роҳбарону низомҳои ботадбир метавонанд бо сиёсатҳои санҷида ва ҳифзи ҳамбастагии давлат ва мардум гузори муваффақ аз онро таъмин намоянд.

Аммо агар моҳияти ин марҳилаи мураккаб дарк нашавад ва дар чунин масъалаи муҳимми сарнавишти давлату миллат ба ғафлату эҳсосот дода шавем, на танҳо бохти суботу оромии кишвар, балки шикасти худи давлату давлатдорӣ низ эҳтимол дорад. Ин аст, ки дар дигоҳи давлатмеҳвар, дар ин марҳилаи гузор ҳифзу тақвияти худи давлат чун ниҳоди бунёдӣ ва зарфи кафолатдиҳандаи ҳимоят ва татбиқи арзишҳо ва манфиатҳои мардум дар авлавият қарор мегирад.

НУКТАИ 12: ЗИЁИИ ДАВЛАТМЕҲВАР КИСТ?

Яке аз мушкилтарин масъалаҳои таърихи давлату ҷомеаҳои дар ҳоли рушд таъмини тавозун байни меҳварияти давлат ва меҳварияти арзишҳои инсонист. Дар ин раванд бахше аз зиёиёну рӯшанфикрону ислоҳталабон бо такя бар равиши арзишмеҳвари холис худи арзишҳои моддию маънавиро дар алоҳидагӣ талқин ва барҷаста намуда, новобаста аз шароиту воқеият, ба татбиқи мутлақи онҳо аз сӯйи давлат таъкид мекунанд. Дар ин дидгоҳҳои ултролибералӣ «зиёӣ» ва «рӯшанфикр» аксаран ҳамчун шахси ғайриқолабӣ (ҳатто дар зоҳир, либос ва рафтор), берун аз низоми идории давлатӣ, озод аз меъёру қонунҳо тасаввур шуда, муҳимтарин рисолати ӯ танқиди низоми сиёсӣ ва доштани мавқеи мухолиф бо ҳукумат дониста мешавад.

Аз ин рӯ, яке аз ислоҳоти асосие, ки бояд дар муҳити фикрии мо амалӣ шавад, аз ислоҳи ин тасаввури харобиовар дар бораи «зиёӣ» ва «рӯшанфикр» аст. Баръакси ин, бояд қишри зиёӣ ва рӯшанфикре шакл гирад, ки тафаккури устувори давлатмеҳвар ва ниҳодгароёна дошта, на танҳо машғули танқид аз берун ва маҳз дар танқиди низом дидани ифтихору бузургии худ, балки бо пазируфтани масъулияту саҳмгузорӣ дар ислоҳи вазъият дар дохили низом ва дар матни ҷомеа қарор дошта бошад. Дар ин нигоҳ ҳар олиму зиёӣ илова бар рисолати илмию арзишӣ ҳамчунин, «рисолати миллӣ» низ дорад ва як зиёии огоҳу давлатмеҳвар таҳдид ба миллатро таҳдид ба худ, таҳқири миллатро таҳқири худ ва хатар ба ҳастии ватану давлатро хатар ба худ медонад.

Ҳамин тавр, дидгоҳи давлатмеҳвар на назаре мухолиф бо рӯшанфикрӣ, балки дар асл сатҳи болотар, амалгаро ва ақлонишудаи ҳамон огоҳӣ ва рӯшанфикрист. Он бо коргирии дидгоҳи ҷомеъ ва равиши ниҳодгароёна, илова ба эътирофи ҷойгоҳи ҳуқуқу арзишҳо, ҳамчунин, шароиту роҳу механизми татбиқи онҳоро низ дар назар дорад. Ва ин шароиту ин механизм маҳз давлати пойдор ва суботи устувор аст.

НУКТАИ 13: ПАС ДАВЛАТ КИСТ?

То замоне миёни қишри идорӣ ва зиёии мо тафаккури давлатӣ ва диди давлатмеҳвар диди ғолиб нашавад, аксари муборизаҳои хурду мушкилоти бузурги мо ҳамчунон боқӣ хоҳанд монд. То замоне, ки манфиати давлатӣ болотар аз манфиати шахсию гурӯҳию маҳаллию идеологии ҳар яки мо қарор нагирад, мову шумо саргарми мубориза бо ҳамдигару гурӯҳи ҳамдигар монда, барои ҳам мушкилаву қазияҳо месозем ва ҳамдигарро фишор медиҳем, хурд мекунем, ҳазф мекунем…

Дар ин боб аз таҷрибаи худ овардам, ки банда ҳаргиз бо давлат, манфиатҳои давлатӣ, бо арзишҳои низоми сиёсӣ ва бо сиёсатҳои роҳбарияти кившар ҳеҷ мушкиле надоштам ва аз муҳимтарин ҳомиёну ёрону мубаллиғони он будам. Аммо дар айни замон ҳамвора «мубориза» ва фишори баъзе масъулу соҳибмансабони алоҳидаеро, ки дар асоси фаҳму нигоҳу манфиатҳои шахсии онон буд, эҳсос намудаам. Яке маро дар расонаҳо манъ мекарду дигаре аз донишгоҳҳо, яке аз мулоқотҳо хат мезаду дигаре ба ҳар сӯ шикоятҳо мебофт… Барои чунин шахсон ҳаргиз муҳим нест, ки аз ин кор манфиати давлат чӣ мешавад, балки бисёр муҳим аст, ки фалониро ҳазф кунанд… Ин мушкиларо шояд бисёриҳо эҳсос кардаанд.

Ва дар канори асли назариявӣ, хулосаи таҷрибии банда ин шуд, ки дар аксари мавридҳо на «давлат» ва на «ҳукумат», балки маҳз инсон, маҳз шахсони мушаххас ҳастанд, ки дар сатҳи фаҳму фарҳанги худ ба нафъи давлат ё ба зарари давлат амал ва қарор мекунанд. Аммо ҳеҷ яки онҳо дар алоҳидагӣ давлат нестанд.

Бинобар ин, дар ҳеҷ сурат бояд муносибати мо ба давлат ҳамчун ниҳод, ҳамчун арзиш ва ҳамчун асли муқаддас тағйир наёбад. Дар ҳеҷ сурат, дар натиҷаи амали ғайришоистаи шахси алоҳида бояд рӯҳияи давлатмеҳвару ватандӯстонаи мо нашиканад. Зеро ҳаргиз амали як корманд, ҳатто як корманди масъули идораи давлатиро ба таври мутлақ «мавқеи давлат» пиндоштан дуруст нест.

Пас, чӣ қадар зарур аст ба сатҳи андешаи миллӣ ва тафаккури давлатию дидгоҳи давлатмеҳвар расидани мо! Зеро танҳо ҳамин сатҳ моро аз ин муборизаҳои хурду аз ин мушкилоти бузург раҳо месозад.

НУКТАИ 14: ДАВЛАТ АСЛИ АВВАЛ АСТ

Барои дарки беҳтари аҳаммият ва ҷойгоҳи ҳаётии давлат дар татбиқи манфиатҳо ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, дар эъломия ду мисол аз Афғонистони ҳамсоя овардем. Бале, Афғонистон ҳоло барои мо намунаи модели рушд ва улгуи давлатдорӣ нест, аммо яқинан сабақи рӯшане барои дарки аҳаммият ва ҷойгоҳи давлат аст…

Мисоли 1: Баҳори соли 2011 яке аз бузургтарин шахсиятҳои сиёсӣ ва маънавии Афғонистони муосир, Раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва президенти собиқи ин кишвар ва наздиктарин дӯсти давлат ва мардуми Тоҷикистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ дар Паёме барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла чунин фармуданд:

«… Вазифаи таърихии тамоми неруҳо дар Тоҷикистон ин аст, ки давлат ва вазъияти мавҷударо ҳифз кунанд. Доштани давлат ба унвони як бистар масъалаи бисёр асосист, ҳамаи неруҳо ва ҳамаи мардум бояд донанд, ки имрӯз ҳифзи давлат асл аст. Аввал давлат, аввал ҳифзи давлат, баъд аз он идеоложиҳо, тарҳҳо ва ҳадафҳои дигар.

Дигар ин ки барои ҳама дар Тоҷикистон имрӯз ҳифзи амният зарур аст. Ман аз тамоми мардуми Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки амниятро ҳамчун як воҷибаи динӣ ва вазифаи шаръии худ ҳифз кунанд. Замон замони сода нест, ман аз тариқҳои гуногун иттилоъ мегирам, ки бисёр неруҳо дар хориҷ оромӣ, истиқрор ва суботи Тоҷикистонро намехоҳанд. Плонҳо доранд, ки ин кишвар ноором бошад…

Ин чизро ман ҳам барои ом ва ҳам барои хос гуфтанӣ ҳастам, давлати худро, амнияти худро дар ин муҳити фитнабор нигоҳ доред… Агар ин фурсат аз даст равад, дигар ҷамъ кардани Тоҷикистон мушкил аст, эҳтиёт бошед… »

Мисоли 2: Масъалаи ташаккули давлати устувор ва низоми пойдор дар Афғонистон ҳамчунон чун масъалаи марказии раванди сиёсӣ боқӣ мондааст. Агар ин мавзӯъро дар интихоботи президентии ахири ин кишвар дар соли 2019-2020 пайгирӣ намоем, боз ҳам мебинем, ки неруҳои асосии сиёсии Афғонистон пас аз даҳсолаҳои ҷангу баҳсҳои шадиди ормониву арзишӣ болои лоиҳаҳои динию дунявию иҷтимоиву исломию демократӣ, дар ниҳоят ба масъалаи аҳаммияту авлавияти ниҳоди давлат ва суботи ҷомеа баргашта, ин бор барномаҳоли интихоботии худро маҳз дар ҳамин поя сохтанд.

Аз ду номзади асосии ин интихобот, Президенти амалкунандаи Ашраф Ғанӣ барнома ва тими худро маҳз «Давлатсоз» номида, Раиси иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ тимашро «Субот ва ҳамгароӣ» унвон гузоштаанд. Яъне дар муборизаҳои интихоботии ахир мафҳумҳои арзишии «демократия», «ислом», «халқӣ», «парчамӣ», «озодӣ», «ҳуқуқи инсон» ва ғайра дар барномаҳои интихоботии ин кишвар ба сатҳи дувум рафтанд. Ба ҷойи ин, болотарин ва муҳимтарин ваъдаи номзадҳо ба мардум на ислому на демократия, на ҳуқуқу на озодӣ, балки давлат ва субот буд.

Маънӣ ва сабақи ин бозгашту бозандешии мафҳумӣ дар Афғонистон ин аст, ки бе ниҳодина шудани (институтсионализатсияи) давлат ва бе ниҳодина шудани субот татбиқи ҳеҷ тарҳу арзишу ормону идеологияву ҳуқуқу манфиатҳо имконпазир нест.

НУКТАИ 15 : ОЁ ОППОЗИТСИЯИ ДАВЛАТМЕҲВАР ИМКОН ДОРАД?

Консепсияи давлатмеҳвар дар баробари тарзи тафаккур будан, дар амалияи сиёсӣ як сатҳи масъулиятшиносиро низ ифода мекунад. Аз диди он, ҳар шаҳрванд ва неруи сиёсӣ, аз ҷумла оппозитсияи сиёсии ҳукуматҳо, илова бар пайгирии манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳии худ, дар баробари ҳифзи давлат ва манфиатҳои миллӣ низ масъулият дорад.

Оппозитсияи солими сиёсӣ неруи моҳиятан сиёсиест, ки зарфияти муносиби фикрию интеллектуалӣ, пойгоҳи муайяни иҷтимоӣ ва мардумӣ, барнома ё платформаи алтернативии сиёсию иқтисодӣ ва сохтори ҷиддии ташкилотӣ дошта, маҳз бо эҳсоси масъулият дар баробари сарнавишти ҷомеа, давлат ва миллат ва бо мақсади созандаи беҳбуди вазъияти мавҷуда барои татбиқи ҳадафҳои барномавии худ мубориза мебарад. Аз ин нигоҳ, бо вуҷуди имрӯз дар фазои иттилоотӣ фаъол будани баъзе афроду доираҳои норозӣ, ҳоло дар Тоҷикистон оппозитсияи сиёсие шакл нагирифтааст, ки омадани он маҳз фарорасии зинаи нисбат ба имрӯза болотари рушди ҷомеаро ифода намояд.

Дар масъалаи эҳсоси масъулияти миллӣ ва давлатдорона, ки аз диди давлатмеҳвар яке аз муҳимтарин талабот барои ҳар нерӯи мухолифи ҳукумат аст, низ зикри ду намунаи бе шарҳ аз атроф муфид мебуд:

Намунаи 1: Норозиёни тавофуқи сиёсии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон пас аз интихоботи соли 2019 эътироз доштанд, ки агар ишорае мекардӣ, Аркро бо аркнишинонаш сарнагун месохтему ҳукуматро соҳиб мешудем. Доктор Абдуллоҳ дар посух гуфт, ки оре, ин имконпазир буд, аммо имрӯз, аз як сӯ, мардум дар бадбахтии куруно аст ва шояд ҳама гирифтор мешуданд, аз сӯйи дигар, дар кишвар низои қавмӣ оташ мегирифт ва ҳамчунин, дар чунин шароити таҳдидҳои амниятӣ нахостам омили фурӯрезии низоми давлат шавам, зеро дигар ҷамъ овардани он муҳол буд. Хушҳолам, ки дар ниҳоят саломати низоми давлатӣ ҳифз шуд…

Намунаи 2: Чанде пештар мақомоти амрикоӣ аз писари шоҳи собиқи Эрон ва яке аз роҳбарони асосии мухолифини ҳукумати феълии Эрон дар хориҷа Муҳаммадризо Паҳлавӣ даъват намуданд, ки ҳамчун шахси маъруфи минтақа барои фазосозӣ ба нафъи лоиҳаи аз тариқи Афғонистон ба Ҳинду Покистон интиқол додани гази Туркманистон (ТАПИ) дар маъракаи таблиғотӣ иштирок намояд. Ӯ ҷавоб дод, ки (тарҷумаи мазмунӣ) ин лоиҳа аз хоки Эрон намегузарад ва дар бозори энергетикӣ бар хилофи манфиатҳои Эрон аст ва банда ҳаргиз ба нафъи он таблиғот намекунам. Гуфтанд, ки Шумо роҳбари мухолифини Эрон ҳастед ва ин режим падари Шуморо сарнагун ва худии Шуморо овора кардааст. Чӣ гуна Шумо аз манфиатҳои Эрон дифоъ мекунед? Гуфт: Банда мухолифи ҳукумати феълии Эрон ҳастам, на мухолифи давлату манфиатҳои Эрон. Марзу бум ва манфиатҳои давлатии Эрон дар ҳар ҳолат барои ман муқаддасанд!

Мавқеи шахсият ё оппозитсияи масъулиятшиноси сиёсӣ дар масъалаҳои усулӣ ва лаҳзаҳои буҳронӣ тақрибан чунин аст.

Меъёри муҳимми дигаре, ки дар дидгоҳи давлатмеҳвар барои оппозитсияи солими сиёсӣ дар назар аст, навъи робитаи он бо кишвару доираҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин самт, дар сурати ҷой доштани пуштибонӣ (сиёсӣ, молиявӣ, низомӣ) ва хусусан, истифодаи афзории давлатҳои хориҷӣ аз гурӯҳҳои мухолифи як давлати дигар, чунин доираҳоро дигар на танҳо оппозитсияи сиёсии ҳукумат, балки ҳатто неруи сиёсии дохилӣ шуморидан мушкил аст. Ва ҳатто пирӯзии сиёсии чунин неру дигар на пирӯзии як неруи дохилӣ, балки амалан, пирӯзии манфиатҳои кишвари хориҷии пуштибони он бар манфиатҳои кишвари худӣ ба ҳисоб меравад.

Дар чунин сурат, он неру дигар на оппозитсияи сиёсии ҳукумат, балки амалан таҳдид ба манфиатҳои миллӣ мегардад ва муқовимат бо он фаротар аз мафҳуми «мубориза барои ҳифзи қудрат» рафта, маънои мубориза барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳатто барои ҳифзи истиқлоли сиёсӣ аз дахолати беруниро мегирад.

НУКТАИ 16: ОЁ “ДИДГОҲИ ДАВЛАТМЕҲВАР” ЯК НАЗАРИЯ АСТ?

Сабаби маҳз ҳамчуни дидгоҳ ё назария матраҳ намудани асли давлатмеҳварӣ дар он аст, ки он аз сатҳи андеша ва асли назариявӣ оғоз гашта, дар раванди омӯзишу таҷриба ба маҷмӯи ба ҳам пайванди бинишҳо, арзишҳо, равишҳо ва хулосаҳо табдил шуда, дар ниҳоят ба шакли як дидгоҳи муназзами назариявию таҷрибӣ даромадааст.

Аз ҷумла, аз назари методологӣ ё равишшинохтӣ, ин дидгоҳ бар пояи амалгароии (прагматизми) сиёсӣ ва ақлмеҳварии (ратсионализми) илмӣ устувор буда, омилҳо, субъектҳо, объектҳо, тазодҳо ва равандҳои сиёсии ҷомеаро маҳз аз ҳамин нигоҳ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Аз назари сохтори мантиқӣ низ ин назария абарфарзия ё тезиси марказии худро дорад, ки он маҳз аз «дар ин марҳалаи рушди таърихии давлатдорӣ маҳз бар меҳварияти давлати устувор ва суботи пойдор имконпазир будани татбиқи тамоми тарҳу арзишу ормонҳо» иборат аст. Аз нигоҳи тақсимбандии назариявии мактабу дидгоҳҳои сиёсӣ, ин дидгоҳ дар назари аввал хусусияти консервативӣ дорад, аммо барои ин марҳалаи ташаккули давлат ва ҷомеа он нигоҳи воқеъбинона ва таъминкунандаи наҷоти милливу бақои давлатӣ мебошад.

Аз назари тарзи идоракунии раванди сиёсӣ ин дидгоҳ ба равиши ниҳодгароёна (институтсионалистӣ) ва низомофар такя намуда, маҳз нигоҳи ҷомеи системавӣ ба вазъият ва равандро мувофиқи мақсад мешуморад. Дастгоҳи мафҳумии ин дидгоҳ низ то ҷое рӯшан буда, мафҳумҳои асосии он ҳамчун давлат, ҳукумат, миллат, давлатмеҳварӣ, мавқеи миллӣ, тафаккури давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, давлати устувор ва ғайра таърифи мушаххаси худро доранд. Баъзе аз онҳо то имрӯз дар илмҳои сиёсӣ таърифи пазируфтаи худро доштанд ва баъзеи дигар, ки дар ин рисола вориди гардиши фикрӣ карда шудаанд, дар матни он таъриф ёфтаанд…

Ҳамин тавр, дидгоҳи давлатмеҳвар фаротар аз як идея ё тезиси ҷудогона буда, он ҳамчун дидгоҳи муназзам, консепсия ё назарияи амалгароёнаи сиёсӣ ба миён гузошта мешавад. Аз ин назар он метавонад ҳамчун яке аз бинишҳои шаклёфта, ба унвони маводи таълими ва маърифатӣ низ истифода гардад.

Бале, банда аз таҷриба дарк мекунам, ки аз сабаби тоҷик(1) ва зинда(2) будани муаллиф ва моҳияти истеъморзада доштани тафаккури ҷомеаи имрӯзи мо(3), омӯзишу эътирофу корбурди илмиву амалии як назарияи як ҳамватан барои аксари мо гарон ва гоҳо берун аз тасаввур аст. Аммо бо камоли умеду самимияту масъулият, ҳамчун як рисолати милливу таърихӣ, ин эъломия ва паёми худро бар девори баланди Ватан меовезам, то рӯзе хонанда ва соҳиби худро дарёбад ва барои таҳкими давлатдорӣ ба хидмату корбурд гирифта шавад…

НУКТАИ 17. ШАКЛИ СОДАИ ПЕШНИҲОДИ ЯК МАВЗУИ БИСЁР МУРАККАБ

Бо вуҷуди як назарияи коршуда будани дидгоҳи давлатмеҳвар, дар рисолаи мазкур он дар шакли озоди илмӣ-оммавию ташвиқӣ ироа гаштааст, зеро агар он бо сабки меъёрии рисолаҳои илмию таҳқиқотӣ, бо риояти дастгоҳи илмиву мафҳумӣ, таърихи таҳаввулу сатҳи омӯхташадагии мавзӯъ, чидани иқтибосу повариқиву адабиёт ва хулоса, бо риояти «талаботи ВАК» навишта мешуд, он наметавонист маводе хонданӣ ва таъсиргузор барои ҷомеаи имрӯзи мо бошад.

Бинобар ин, рисолаи «Дидгоҳи давлатмеҳвар» ба шаклу сохтори ғайриқолабию ғайримаъмул, бо омезиши назарияву амалия, бо баррасии равандҳои зиндаву воқеии ҷомеа, бо таҳлили ҳолату таҷрибаҳои шахсӣ, бо баёни рӯшани мавқеи муаллиф ва низ бо андаке эҳсосу ташвиқ тадвин шуд. Яъне он рисолаи зиндаест, ки дар баробари мантиқу мазмуну ҳадафу паём, набзу ҳарорат низ дорад. Аз ин рӯ, боке нест, агар шӯрое ё ниҳоди илмие онро «рисолаи илмӣ» нашиносад, зеро ҳадаф ин нест, балки муҳим он аст, ки сатҳи миллӣ, тафаккури давлатӣ ва дидгоҳи давлатмеҳвар андешаи ҳамагонӣ гардад ва ҷомеаи мо аз як силсила мушкилот раҳо шавад. Ва агар ҳатто як нафаре аз ин тариқ бо ин андешаву мафҳумҳои баланду наҷотбахши миллӣ бипайвандад, рисолати рисола иҷрост.

НУКТАИ 18: ТАФАККУРИ ДАВЛАТӢ ВА ДИДГОҲИ ДАВЛАТМЕҲВАР

Меҳвари дигари рисола таносуби тафаккури давлатӣ ва дидгоҳи давлатмеҳвар аст. Тафаккури давлатӣ навъ ва сатҳи бинишест, ки фард моҳияти давлат, аҳаммияти давлат, сиёсати давлат ва манфиатҳои давлатиро дар сатҳи зарурӣ дарк намуда, тафовути манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ, маҳаллӣ, қавмӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбии худ дарк мекунад ва ба масъалаҳо аз сатҳи давлатӣ ва аз диди манфиатҳои давлат менигарад. Фарди дорои тафаккури давлатӣ ба таври рӯшан дарку дониш дорад, ки давлат чист, моҳияти он кадом аст, сохтор, вазифаҳо ва нақши он аз чӣ иборат аст. Чунин огоҳӣ, пеш аз ҳама аз роҳи гирифтани таҳсилоти касбии мудирияти сиёсӣ(1), ё доштани мутолиаи ҷиддии сиёсию ҷамъиятшиносӣ(2) ва ё аз роҳи андӯхтани таҷрибаи ҷиддии кори идорию давлатӣ(3) ба даст меояд. Дар ғайри ин сурат, дарки ғайрикасбии моҳияту нақши давлат наметавонд то сатҳи тафаккури комили давлатӣ ташаккул ёбад.

Чунин фард дуруст тасаввур мекунад, ки дар сурати аз даст рафтани давлат тақдири миллати ӯ, тақдири худи ӯ, сарнавишти падару модар ва фарзанди ӯ, сарнавишти ҳамватанон ва ҳаммиллатони ӯ чӣ хоҳад шуд. Маҳз дар сурати дарки ҳам ҳиссӣ, ҳам иттилоотӣ ва ҳам ақлии ин ҳолат фард метавонад давлатро ҳамчун арзиши аввал ва зарурати якум муҳим донад ва ҳифзу бақои он ва манфиатҳои онро дар афзалият қарор диҳад.

Яъне ниҳояти амалии тафаккури давлатӣ ва шакли татбиқшудаи он низ дидгоҳи давлатмеҳвар буда, ҳифзи огоҳонаи давлат ва дар амалия боло гузоштани манфиатҳои давлатиро таъмин мекунад. Парвариши чунин тафаккур дар ҷомеа ва хусусан, дар ҳамин самт парвариш ёфтани элитаи сиёсии кишвар яке аз масъалаҳои асосӣ ва сарнавиштсози давлатдории миллии тоҷикон дар замони муосир мебошад.

Дар бораи таносуби «тафаккури давлатӣ» ва «дидгоҳи давлатмеҳвар» бояд гуфт, ки аввалӣ асосан тарз, сатҳ ва сифати тафаккури шахсияти сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва идориро нишон дода, бештар моҳияти бунёдӣ, маърифатӣ ва назариявӣ дорад. Аммо дидгоҳи давлатмеҳвар консепсияи сиёсии таҷрибӣ ва амалгароёна буда, асосан тарзи татбиқи тафаккури давлатӣ дар амалияи сиёсӣ ва дар раванди идоракунии давлатиро меомӯзад. Аз ин назар, дидгоҳи давлатмеҳвар нисбат ба тафаккури давлатӣ бештар ҷанбаи амалӣ ва корбурдӣ дошта, хусусан дар марҳилаҳои гузариш ва эҳёву барқарории давлатдорӣ аҳаммияти махсуси ҳаётӣ пайдо мекунад. Аммо тафаккури давлатӣ ҳамчун сифати андеша ва арзиши фундаменталии шахсияти ватандӯсту давлатмеҳвар дар тамоми шароиту марҳилаҳо аҳаммияти асосии тағйирнаёбанда дорад.

НУКТАИ 19: БАЪДИ ПАНҶОҲ …

Чун панҷоҳи асосӣ рафтаву сухан аз панҷ рӯзи боқист, бояд кӯтоҳии фурсатро дарк карда, вақти андаки худро бештар барои корҳои арзишманд равона сохт. Аз ин рӯ, дар фурсати боқӣ хуб аст, ки аз баҳсу ихтилофоти сиёсии сабуку ҷузъию ҷории фазои маҷозӣ дуртар истода, барои арзишҳои бунёдӣ, корҳои арзишӣ ва фаъолиятҳои арзишманду мондагор вақти бештар гузорам..

Аз сӯи дигар, худи баҳси сиёсии тоҷикӣ дар фазои маҷозӣ низ ба марзе расид, ки дар он фарҳанги муколамаи сиёсӣ суқут карда, гуфтумон шеваи таҳқиру хушунат гирифт ва дигар таҳлил бо таҳлил, мавқеъ бо мавқеъ, фикр бо фикр, андеша бо андеша посух намеёбад. Ва чун баҳс дигар фикрӣ набошаду ҷойи онро табодули таҳқир гирад, ҳузури солими як зиёӣ ё коршинос дар он мушкил ё номумкин аст, зеро зиёии воқеӣ барои ҳузур дар чунин раванд тавон ва афзоре надорад…

Аз ин рӯ, мехостам пас аз ин асосан ба се коре вақт гузорам, ки дил ба он дорам:

1.Тақвияти фаъолияти эҷодию адабӣ ва маънавию фарҳангӣ

2.Такмили фаъолияти назарию амалии маорифпарварӣ

3.Анҷоми таҳқиқу таҳлилҳои касбии сиёсатшиносӣ

Дар самти таҳқиқу сиёсатшиносӣ, ки бештар пурсида мешавад, ҳадафи аслии банда ҷамъбандию тадвини илмии афкори миллию сиёсии худ дар боби ташаккулу тақвияти дидгоҳи давлатмеҳвар ва тафаккури давлатӣ(1), ҷамъбасти назариявии таҷрибаи давлатдории миллӣ (2) ва омӯзиши касбии равандҳои калони минтақавӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ(3) мебошад. Зеро то имрӯз дар муҳити мо чунин ҷамъбастҳои бунёдии назариявӣ бо равиши илми сиёсатшиносӣ камтар анҷом мешаванд ва гоҳе эҳсосам ин аст, ки бояд банда дар пайи пур кардани ин холигӣ бошам.

Пас дурӣ аз баҳси сиёсии хашину сабуки шабакаҳои маҷозӣ ба маънои тарки фаъолияти фикрӣ, илмӣ, таҳлилӣ ва эҷодӣ набуда, балки таваҷҷуҳи бештар рӯи ҳадафҳоест, ки татбиқи онҳо ба тақвияти зарфияти зеҳниву маърифатии ҷомеа(1), эҳёву муосирсозии ҳувият ва арзишҳои миллӣ(2), таҳкими донишу ҳувияту ахлоқи насли навин(3), дарки дурусту таҳкими амнияту манфиатҳои миллӣ(4) ва таҳкими назарияву амалияи давлатдории миллӣ(5) мусоидат хоҳад кард.

НУКТАИ 20. ХУЛОСАИ ЭЪЛОМИЯИ РАҲНАМО

Истифодаи ибораҳои «мавқеи ман» ва «эъломияи 50-солагӣ» нисбат ба ин дидгоҳ ва рисола як интихоби огоҳона буда, он дар ҳақиқат дарк, муносибат ва мавқеи рӯшани муаллиф нисбат ба равандҳои куллӣ ва ҷузъи ҷомеаи имрӯзи моро ифода мекунад. Ин назарест, ки аз водии пажӯҳиш ва мактаби таҷриба бархоста, дар баробари он масъулияти том эҳсос менамоям. Бинобар ин, агар дар оянда будам, хоҳиш дорам, ки ин дидгоҳ чун хулосаи илмию таҷрибӣ ва мавқеи сиёсӣ ва ҷамъиятии банда дар ин марҳила дар назар гирифта шавад, вале агар набудам, мехостам, ки он чун васияти банда пазируфта гардад.

Мавқеъ ва васияте, ки хулосаи фишурда ва паёми рӯшани марказии он чунин аст:

Давлатдории мустақили миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихи муосири мо(1) ва зарфу кафолати бақои миллии мо буда(2), имрӯз масиру марҳалаи мураккаби ташаккулу устуворшавии ниҳоии худро мегузарад(3). Дар ин раванди печидаи таърихӣ мо ҳамчун давлат мушкилоти зиёди объективию субъективии худро дорем(4) ва аз вуҷуди онҳо ба хубӣ огоҳем(5) ва барои рафъи онҳо ирода, барнома ва талош менамоем(6).

Аммо аз назари вазъият ва раванди имрӯзи таърихӣ(7) ҳоло авлавияти аввали мо маҳз ҳифзу ташаккули ниҳоии ниҳоди давлат( ва ниҳодина шудани суботу амният(9) аст, ки он замина ва кафолати татбиқи тамоми тарҳу манфиатҳои дигари милливу инсонии мо(10) хоҳад буд.

Дар ин масир мо модели арзишӣ ва роҳи ҳаракатро интихоб кардаем(11), ки ҳадафи ниҳоӣ ва меҳварии он маҳз таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ(12) ва зиндагии шоистаи мардум(13) аст ва имрӯз ба самти такмили ин низом дар талош ҳастем(14). Аммо дар марҳалаи рушд ва шароити таърихӣ ва сиёсие, ки имрӯз қарор дорем(15), масъалаҳои усулие чун давлат, миллат, ваҳдат, субот, амният, низоми устувори сиёсӣ ва ҳамбастагии миллӣ(16) бартар аз ҳамаи тарҳу ормону ҳизбу ақидаю манфиатҳо(17) ва болотар аз ҳамаи мушкилоту эътирозу ихтилофҳост (18).

Дар ин раванд мо бояд бо тадбиру хирад ва муносибати давлатмеҳвар (19) худи давлати пойдор(20) ва суботи устуворро(21) ҳифз намуда тавонем, то фурсату шароити ягонаи татбиқи тарҳу ормонҳои миллию инсонии мо(22) аз даст наравад.

Дидгоҳи давлатмеҳвар формулаи таъмину татбиқи ин ҳадафу манфиатҳои калидии миллату давлат буда, паёми мухтасари он ва хулосаву мавқеи устувори имрӯзи муаллиф маҳз ҳамин аст.

 

 

 199 – Мақоларо хонданд,  1 – Имрӯз хонданд

Total Views: 190 ,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.