БАР САНГАРАТ САЛОМ

Инак аз марзи мо садои тир меояд. Ва ахбори оташу хуну марг. Ва низ хабари истодагиву пирўзӣ…

Дар боби муносибат ба марз ва зарурати нигоҳи воҳиду фарогурўҳӣ ба ин мавзӯъ диду мавқеи худро дар ду маводи пешин аз 22.03.2021 ва 02.04.2021 навишта будам.

Он мавод боис шуд, ки дар ниҳоят зиёиву фарҳангиву сиёсии хомӯши мо ба ин мавзўи ҷиддӣ рўй орад ва як ҷунбиши фикрию иттилооотии аҳли илму фарҳангу зиё дар дарку дастгирии марзу манфиати давлатӣ шакл ёбад.

Имрўз, ки ҳамсояи азиз пои таҷовуз пеш гузоштааст, бояд ҳамагон ҳамон гуна дар паҳлўи давлат ва нерўҳои қудратманди кишвар бошем, то ваҳдат ва иродаи ягонаи миллӣ пойдор бимонад.

Албатта мо бояд то ҳадде заиф набошем, ки шарҳу гуфтору назару даъвати мо пур аз эҳсосоти хашину таҳқиру дашному нафрату сӯхтан бошад. Он сатҳ ва манфиати мо нест.

Балки паёми қатъии мо бояд дар сатҳи худи мо, дар сатҳи фарҳангу миллати мо бошад ва ин бошад, ки мо миллати хираду тадбир ва посдори фарҳанги дўстӣ ва некўҳамсоягӣ ҳастем, АММО агар касе нияту ҷуръати таҳқиру таҷовуз ба марзи мо дошт, ҷавоби оҳанину сазовори худро дар амал хоҳад гирифт. Чуноне ки имрўз.

Ва чун изҳори боварии устувор ба нерўҳои қудративу марздори кишвар, дар чунин ШАБИ БЕДОРИИ САРНАВИШТСОЗ паёми банда ба онон ин марши тантанавист, то рўҳияро боло доранд, ки дар кори ватандорӣ тамоми миллат дар канори онон аст:

Як мулки нозанин андар паноҳи ту,

Як миллати азим узви сипоҳи ту.

***

БАР САНГАРАТ САЛОМ!

Чун бод тезрав, чун барқ тезкор,

Чун санг пойбанд, чун кўҳ пойдор.

Бо тору пуди ҷон, бо тору пуди тан,

Пайванд гаштааст бо пайкари Ватан.

Аз тангаи Вахон, то Бешаи паланг,

Аз Регари Ҳисор, то марзи Исфаранг,

Дар имтидоди шаб бедор марзбон,

Дар сангари Ватан ҳушёр марзбон…

 

Аз Модари Ватан бар Сангарат салом,

Аз Сангари Ватан бар Модарат салом!

 

Таърихи мулки мо андарзнома аст,

Ҳар зарра хоки мо як марзнома аст.

Ҳар нахл як шаҳид, ҳар санг як мазор,

Ҳар насл як набард, ҳар дашт корзор.

Ҳафтод пушти мо дар марз шуд ҳалок,

Ў хок хўрда буд, аммо надод хок.

Ҳаргиз ба зиндагӣ сангар набохтем,

То сар набохтем, кишвар набохтем…

 

Аз Кишвари азим бар Сангарат салом,

Аз Сангари азим бар Кишварат салом.

 

Тифлони ин Ватан чун аввалин сухан,

Бо шир хўрдаанд ин ҳикмати куҳан:

«Чун ман калон шавам, ман қаҳрамон шавам,

То бар диёри худ, ман посбон шавам!»*

Як мулки нозанин андар паноҳи ту,

Як миллати азим узви сипоҳи ту.

Андар паноҳи ту ин хандаи лабаш,

Андар паноҳи ту тифлони мактабаш…

 

Бо Бовари бузург бар Боварат салом!

Аз Миллати бузург бар Сангарат салом!

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.