ВАТАНДОРӢ, ЧОПЛУСӢ ВА “ФАБРИКАИ ҶАВОБ”

Андеше барои бозандешӣ
Мафҳум ва ҳукми чоплусӣ

Яке аз гармтарин баҳсҳои шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ва яке аз доғтарин дардҳои ҷомеаи мо чоплусист. Бахше чоплусӣ мекунанд, бахше бо он дар набарданд, бахше иттиҳоми чоплусӣ мебофанд, бахше қурбонии ин туҳматанд ва баъзеи дигар, аз бими он хомӯшанд. Дар ин баҳсҳо муносиби фарҳанги муаллифон истилоҳҳои дигаре чун лагандбардор, тамаллуқгар, манфиатҷўй, лесак, гурусна, пойбўс, тамаъкор, маддоҳ, подхолим, хокзан, шохдор… ва ғайраро низ истифода мешаванд, ки бо вуҷуди тобишҳои маъноӣ, дар маҷмуъ, ба маънои чоплусист. Пас, чоплусӣ чист ва чоплус кист, ки ҳамарӯза аз он мешунавем? Албатта, чун мавзӯи мо ҷомеа ва сиёсат аст, сухан аз чоплусии ҷамъиятию сиёсӣ меравад.

Дар ин маврид, чоплусӣ амалест, ки шахси муайян бе доштани мавқеи ҷонибдорона ва бе доштани боварии воқеӣ ба гуфтаҳои худ, фақат бо мақсади таъмини манфиати моддӣ(1) ё ҳадафи мансабӣ(2) ва ё аз тарс(3) ё аз тафаккури анъанавӣ(3) сиёсати давлатӣ, арзишҳои ҳоким, ҳукумат ва ё роҳбарони сиёсиро ҷонибдорӣ ва тавсифу тамҷид кунад. Ӯ ин амали худро шояд бо сухан, шеър, ҳунар, тақлид, ришвату инъом, зиёфату хушхидматӣ ё бо ҳар роҳи дигар пешкаш намояд ва интизор дошта бошад, ки дар ивази он, аз тарафи низоми сиёсӣ ё шахси қудратманд инъоме, мансабе, имтиёзе ё гузаштеро ба даст орад.

Агар дар рафтор ва фаъолияти шахси муайян чунин аломатҳо ошкоро мушоҳида шаванд(1) ва низ дақиқ бошад, ки мақсади воқеии ӯ аз ҷонибдорӣ ё васфу ситоиш маҳз тамаъ ва дарёфти имтиёзе будааст(2), чунин шахсро метавон чоплус ва фаъолияти онро чоплусӣ ё тамаъкорӣ номид.

Дар бораи ҳукми чоплусӣ, бояд гуфт, ки он аз назари динию шаръӣ ҳаром(1), аз назари ахлоқию инсонӣ маҳкум (2) ва аз назари сиёсию давлатдорӣ зиёновар аст(3). Кош ҳукми ҳуқуқии он низ муайян мебуд(4), ки пешгирияш имконпазир мегашт. Зеро аз рўи моҳият ва пайомадҳо, хавфи он аз ҷиноятҳои сангин кам нест.

Оё дар ҷомеаи мо низ чоплусон ҳастанд?

Бале, мутаассифона, дар ҷомеаи имрўзи мо низ чоплусон зиёданд. Онҳоро метавон дар ҳар сатҳ, дар ҳар макон, дар ҳар идора, дар ҳар расона мушоҳида намуд. Дар тўли фаъолияти худ даҳҳо нафар аз ононро дидаам, аз ҳадафҳо, шеваҳо ва комёбиҳои онҳо низ огоҳам. Чунин афрод на ба давлат, на ба сиёсати давлатӣ ва на ба заҳматҳои роҳбарияти кишвар эҳтирому эътиқоде надоранд, дар хилват танқиду дашному мефиристанду дар ошкор мадҳу ситоиш. Ва ба ин воситаҳо дар атрофи роҳбарон ҷойи устувор ёфта, гоҳо ба ҳадафҳои кучаки худ мерасанд.

Аммо чун гуноҳ ва айбдоркунӣ хусусияти фардӣ дорад ва банда салоҳияти онро надорам, ба муҳокимаи фарди муайян намепардозам. Ҳадди ман ин аст, ки чоплусиро ҳамчун падида ва чоплусро ҳамчун унсур маҳкум мекунам.

Ватандўстӣ, арзишгароӣ ва чоплусӣ

Сабаби аз шарҳи мафҳуми чоплусӣ оғоз кардани матлаб дар он буд, ки дар фазои маҷозии имрўз марзи истифодаи ин мафҳум нисбати инсонҳо риоят намегардад, балки аз истифодаи он бештар сӯиистифода мешавад. Аз чунин фазои иттилоотии носолим, пеш аз ҳама афроди ватандўст, ҷонибдорони арзишу манфиатҳои миллӣ ва соҳибони тафаккури давлатмеҳвар осеб мебинанд. Зеро, бар хилофи қутбгириҳои нерўҳои сиёсӣ ва идеологӣ, арзиши мафҳумҳои меҳварие чун ватан, миллат, давлат, манфиатҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амнияту осудагии мардум, устувории низоми сиёсӣ, ахлоқу маънавият, адолат ва ғайра ҳамеша побарҷой мемонад. Аҳли илму зиё ва ахлоқу фарҳанг, ки ба ин мафҳумҳо пайванданд, рисолатманд ва вазифадоранд, ки дар ҳар сурат барои ҳифзи онҳо муосидат кунанд ва бо шарҳ, тафсир ва ё ситоишу тараннуми ин арзишҳои усулӣ диди нерўҳои сиёсӣ ва афкори умумии ҷомеаро ба сӯи онҳо ҳидоят намоянд.

Ин солимтарин равандест, ки боиси бақои ҷавҳари миллат ва давлати миллӣ мегардад ва рабте ба чоплусию тамаъ надорад. Баръакс, аксари муаллифон худ офаранда ва фидоии ин арзишҳо ҳастанд ва ҳастии худро ба он мебахшанд.

Бинобар ин, яке аз бузургтарин зулмҳое, ки имрўз дар фазои маҷозӣ ба назар мерасад, бе ҳеҷ асос овехтани туҳмати чоплусӣ ва тамаъ ба ватандўстону арзишмеҳварон аст. Як даста муаллифу фейкҳои бемасъулият, ки аксаран ҳатто шарофати бо номи худ навиштанро надоранд, ҳар сухани ватандўстона, давлатмеҳвар, миллатпарвар ва ваҳдатофар ва ё ҳар даъват ба иттиҳод, сулҳ, субот, ҳамбастагӣ ва ҳифзи устувории давлат ва низоми сиёсиро чоплусию косалесию тамаъ ном гузошта, муаллифони онро ба таври васеъ таҳқир менамоянд. Аз намунаҳои фаровон як мисол кофист, ки чанде пеш фақат барои бузургдошти парчами Тоҷикистон аз сўи баъзе фаъолони маҷозӣ ҳукми чоплусӣ гирифта, даҳҳо шарҳу таҳқири носазо дарёфт кардам. Ин равнади хатарнокест, ки барои солимии фазои фикрии миллӣ.

Мавқеи сиёсӣ ва чоплусӣ

Дар чунин фазои носолими иттилоотӣ, ба ҳазорон ҷонибдори воқеӣ ва самимии низоми имрўзаи сиёсӣ ва роҳбарияти кишвар низ ҳуҷуми иттилоотиӣ сурат гирифта, туҳмати чоплусӣ ва тамаллуқ зада мешавад. Дар ҳоле, ки мавқеи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва интихоби онҳо чунин буда, бе ҳеҷ чоплусию тамаъ, вақти зарурат фикрашонро бо ифтихор изҳор медоранд.

Масалан, вақте устод Муҳаммад Ғоиб дар васфи Ватан, давлат ё Пешвои миллат бо санъату эҳсос шеър мегўяд, ин на чоплусӣ ва тамаъ, балки фаввораи муҳаббати ў ба ин арзишҳо ва боварии ў ба шахсият ва хидматҳои Роҳбари давлат аст. Ё дар раванди кор садҳо ҷавони ҳизбӣ ё донишҷӯи оддиро мебинам, ки нисбат ба арзишҳои давлатӣ ва роҳбарияти кишвар садоқати беғараз ва самимӣ доранд ва дар ин самт довталабона хидмат мекунанд. Инсони озода ва таҳаммулпазир, ҳатто дар сурати розӣ набудан бо назари онҳо, ба он ҳамчун дидгоҳи шахсию сиёсии шаҳрванди дигар, ҳамчун интихоби ӯ, эҳтиром мегузорад. Хусусан, онҳое, ки акнун пой ба Аврупо ниҳодаанд, бояд ақаллан ин алифбои таҳаммулпазириро донанд.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бар хилофи таблиғу тасаввурҳои маҷозӣ, имрӯз бештари мардум аз сиёсати давлатӣ, хусусан аз ҳифзи суботу амнияти кишвар ва аз шахсияти Пешвои миллат ба таври воқеӣ ҷонибдорӣ мекунад ва мавқеашон маҳз ҳамин аст. Яъне, имрӯз дар ҷомеа садҳо ҳазорон, балки миллионҳое ҳастанд, ки бе ҳеҷ тамаъ, аз сулҳ, субот, ваҳдат, амният, оромиши ватан, зиндагии осудаи мардум, сиёсати созанда ва ғайра самимона қадрдонӣ ва ҳимоят мекунанд, аз ҷойгоҳ ва дастовардҳои кишвар ифтихор меварзанд, ба раванд баҳои мусбат медиҳанд ва бо ҷанг, ихтилоф, фитна, ноамнӣ ва ғ. зиддияти ошкор доранд. Аз ин рў, пайваста чоплусу тамаъҷў номидани ин қишри васеи соҳибмавқеъ на танҳо як бераҳмӣ, балки як таҳқиру ҳуҷуми ошкор ба эҳсосоти ватандорона ва мавқеи шаҳрвандии онҳост. Шояд мақсади ин таблиғоти васеъи иттилоотӣ дар шакли таҳқирсозию чоплус эълон кардани онҳо, шикастани ҳамин рӯҳияи баланди ватандӯстона ва заиф кардани давлат бошад.

Масъулияти хидматӣ ва чоплусӣ

Гурўҳи дигаре, ки дар ин масъала бе асос мазаммат мебинанд, намояндагони расмии давлат, хидматчиёни бахшҳои идеологӣ ва ё иттилоотӣ мебошанд. Чунин нигоҳ, аз як сў ба надонистани хусусияти низоми давлатӣ ва, аз сўи дигар ба худи моҳияти олудаи фазои маҷозӣ бармегардад. Зеро дар ҳама ҷо низоми давлатӣ сиёсати танзимшуда, арзишҳои пазируфта, барномаҳои тасдиқшуда, шиорҳо ва меъёрҳои ҳатмии таъйидшудаеро дорад, ки вазифаи намояндаи расмӣ ё корманди таблиғотӣ нашр ва оммавӣ гардонидани онҳост. Аз назари сохторӣ, кормандони ин бахшҳои ҳукумат маҳз барои татбиқу таблиғи ҳамин сиёсату арзишу меъёрҳо кор мекунад ва маош мегиранд. Масалан, як намояндаи расмӣ матнеро мехонад, ки аз марказ ирсол шудааст ё он шиору арзишҳоеро таблиғ мекунад, ки аз марказ таъкид шудаанд. Ё як гўяндаи шабакаи давлатӣ матну хабареро мехонад, ки мудирият таҳриру тасдиқ намудааст. Ин оддитарин қоидаҳои коргузории давлатӣ ва идорист ва ҳеҷ оқиле ба он эрод намегирад.

Ёд дорам, ки боре дар гузориши як корманди ҷавон чанд ҷо ибораи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба ҳарфи калон ислоҳ кардам. Ў нороҳат шуд, ки устод, чунин чоплусӣ чаро? Гарчӣ шарҳ кардам, ки тибқи талаботи имлои расмии забони тоҷикӣ ва меъёрҳои коргузории идорӣ ин ибора бо ҳарфи калон навишта мешавад, аммо ӯ ҳамоно норозиёна сар меҷунбонд. Ҳоло, ки худ масъули бахшест, оромона имлоро риоят мекунад ва медонад, ки ин ҳаргиз чоплусӣ нест, балки талаботи коргузорист ва ба эҳсосоти шахсии корманд нисбати мафҳумҳо рабте надорад.

Хулоса, дар нисбати ин қишр, ки вазифаи хидматии худро иҷро мекунанд, низ ба кор бурдани истилоҳи чоплус ва туҳмати тамаъ ҳам ғайримантиқӣ ва ҳам беинсофист.

Оё Абдуллоҳи Раҳнамо низ чоплус аст?

Чун зери навиштаҳои банда низ ин дустони навбатдор иттиҳоми чоплусию тамаъ мекоранд, мехостам дар ин масъала нисбати мавқеи худ низ ишора намоям. Бале, банда аз арзишҳои олии миллию давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, суботу амнияти кишвар, низоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти кишвар ва сиёсатҳои калони он ҷонибдорӣ мекунам. Аммо ин мавқеи огоҳонаи худи банда буда, ба мафҳумҳои чоплусиву тамаъ рабте надорад, балки бар пояи далелҳои кофӣ шакл гирифтааст.

Ин далелҳоро дар навиштаҳои дигар шарҳ кардаам, аммо мухтасараш чунин аст, ки аз диди ман, ин давлатдорӣ барои мо ғанимати бузурги таърихӣ буда, ҷонибдорӣ аз он ва саҳмгузорӣ дар устувории он вазифаи ҳар шаҳрванди огоҳ аст. Бале, мафҳуми ҳукуматро ҳамрадифи давлат намегирам, аммо дар марҳилаи имрўза низоми сиёсии ҳукуматӣ нигоҳдори худи давлат аст.

Банда аз ҷавонӣ дар сафи ҳаркатҳои миллию истиқлолӣ ҳузур доштам ва хушҳолам, ки бахше аз ормонҳои он чун истиқлолияти сиёсӣ, давлатдории миллӣ, низоми давлатии демократӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, давлатӣ шудани забон, таъмини бештари озодиҳои сиёсию эътиқодӣ ва ғайра ё амалӣ мешаванд ва ё талоши давлат ва ҷомеа барои татбиқи онҳо идома дорад.

Банда низ аз мушкилу камбудиҳои ҷорӣ ва талошҳо барои рафъи онҳо огоҳам, аммо дар умум, дар худ ҳеҷ далеле барои мухолифати усулӣ бо ин давлат ва бо роҳбарияти он намебинам. Ман на сохти идории имрўзаи давлати Тоҷикистонро дигар кардан мехоҳам ва на самти арзишии сиёсати онро.

Илова бар ин, ҳамин роҳбарияти имрўзаи кишвар, хусусан Пешвои муҳтарами миллат, бо талошҳои зиёде сулҳу ваҳдат, суботу амният ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишварро ба таври воқеӣ таъмин намуда, кишвари ҷангзадаро ба мулки осуда ва мардуми парешонро ба миллати сарҷамъ табдил сохтааст. Ин ҳарфи обшуста нест, балки воқеитарин воқеияти ҷомеаи мост. Бинобар ин, ман ҳамчун иштирокдори бевоситаи ин раванд, ҳаргиз ҳуқуқи маънавӣ надорам, ки ин дастовард ва арзиши онро инкор кунам ё дар муқобили он қарор гирам.

Баръакс, дар фазои имрӯзи ҳассоси геополитикӣ, бо вуҷуди муҳиммияти арзишҳои либералӣ, маҳз ҳифзи устувории низоми сиёсӣ ва таъмини амнияти миллии кишвар масъалаи рақами яки давлатдории мо мебошад.

Ва ниҳоят, банда ҳамчун касе, ки оташи ҷанги шаҳрвандию фурқати муҳоҷирати тўлониро шахсан гузаштааст, фоҷеаи миллиро бо чашми худ дидааст ва манфиатҳои нерўҳои дарунию беруниро дар амалия шинохтааст, бо камоли масъулият эълон медорам, ки имрўз ҳеҷ манфиате ва ҳеҷ ҳизбу тарҳу ақидае арзиши онро надорад, ки бори дигар суботро барҳам занем, низомро бишканем, миллатро пароканда кунем, кишварро ба фоҷеа барем. Ин хулосаи ҳаётии банда аст.

Ин аст мавқеи огоҳонаи шаҳрвандӣ ва сиёсии ман, ки он мавқеи худи банда буда, ба чоплусиву тамаъ ҳеҷ рабте надорад.

Масалан, банда даъватҳои ахири фаъолони мухолиф дар бораи «қиёми миллӣ»-ро амали ғайримасъулона ва бераҳмии ошкор нисбат ба мардум ҳисоб мекунам. Бинобар ин, ҳамчун як масъулияти шаҳрвандӣ ё касбӣ, бе ҳеҷ дастуру дархосте, назари худро дар ин бора дар шакле изҳор менамоям. Оё дар ҳамин ҳолат ман чоплусӣ кардаам? Ҳаргиз. Ин ҳолатест, ки инсони дорои назар мавқеи шаҳрвандии худро баён мекунад.

***

Ҳамин тавр, чунин гумонҳои сода, ки гўё «А.Раҳнамо барои мансабу вазифа ва пул аз ҳукумат ҷонибдорӣ ва чоплусӣ мекунад», низ нишони бехабарии гўяндагон аз ҷойгоҳ ва дидгоҳи банда аст. Зеро, банда ҳеҷ мансабе надошта, зиндагии хеле маъмулӣ дорам. Пиёда то коргоҳ мераваму меоям.

Дар бораи дарёфти пулу мол аз тарафи ҳукумат бошад, хеле ҷолиб аст, ки ин дўстон дар зеҳни худ тасаввури соддае сохтаанд, ки касе ба тарафдории давлат чизе навсад, дарҳол ба ў пулу имтиёзу мансаб медиҳанд. Дар ин масъала ҳамин ишорат кофист, ки маоши моҳонаи ман (1900 сомонӣ) ҳатто ба харҷи як шаби меҳмонхонаҳои баъзе аз ин муаллифони эродгар дар Аврупо баробар намешавад. Фикр мекунам, онҳо бо он нигоҳи тиҷорӣ дар ин «мансаб»-и ман шояд як рўз ҳам сабр накунанд.

Дар бораи иттиҳомҳое чун «ҷонибдорӣ аз зулм», «ҷонибдорӣ аз диктотура», «ҷонибдорӣ аз режим», «шарикӣ дар зулм» ва ғайра, ки баъзе фаъолони шабакаҳо нисбати банда ва умуман, дар ҳаққи ҷонибдорони устувории низоми сиёсӣ мезананд, назари банда ин аст, ки ин ибораҳо унсурҳои огоҳонаи риторикаи ҳуҷуми иттилоотии мухолифини давлат мебошанд. Зеро ҳар касе, ки маънои «диктотура» ё «зулм»-ро ҳамчун режими давлатӣ медонанд, медонад, ки дар Тоҷикистон вазъияти ҳаргиз чунин нест. (Худо аз он ҳолат паноҳ дорад!)

Доираҳои мухолиф низ инро хуб медонанд, аммо шояд зарурати муборизаи онҳо талаб кунад, ки низоми сиёсии Тоҷикистонро бо чунин калимаҳои даҳшатнок ном бурдаву беобурӯ намоянд. Бахше аз ин режимгӯиҳову диктотурагӯиҳо ба зарурати дар Аврупо мақоми паноҳандагӣ гирифтани муаллифон ҳам марбут буда метавонад.

Ин баҳси васеъ аст, аммо муҳим ин аст, ки мо бояд ба вазъияти воқеии ҷомеа нигариста, воқеиятро худамон ба таври ақлонӣ баҳо дода, ҳаргиз зери таъсири равонии мафҳуму истилоҳоти махсусан интихобшудаи шабакаҳои мухолиф қарор нагирем. Агар чунин эҳсос дар шаҳрванд ва хусусан, дар кормани давлатӣ ҳосил шавад, он шикастӣ равонӣ буда, ба нафъи мухолифини ин низом мебошад.

Ва ниҳоят, таъкидҳои такрорие чун «ӯ ба хотири мактабу биною моликият аз давлат ҷонибдорӣ ва чоплусӣ мекунад» низ шояд аз надоштани маълумот аст, зеро бинои мактаби мо моликияти давлатӣ буда, худи мактабдорӣ, пеш аз ҳама як фаъолияти иҷтимоию маорифпарварист, ки чархиши он аз мояи ҷон ва саҳмияи волидон пеш меравад. Ва низ сояи сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти кишвар аст, ки чунин муассисаҳои таълимӣ то имрўз давом овардаанд. Аммо аз диди шахси дур чунин менамояд, ки гўё мактаб фақат як «бизнес» бошаду муассиси он як «бизнесмен». Ҳамин ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, ба Худо бузург қасам, ки ба сабаби таътилҳои карантинӣ мактаб беш аз як миллион сомонӣ қарздор аст ва ба чандин бонк нома кардааст, ки маоши тобистонаи муаллимонаш бо қарз таҳия шавад…

Аммо аз диди банда, барои ҷонибдорӣ аз ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, барои ҳимоят аз устувории низоми сиёсӣ ва барои дастгирии сиёсатҳои созанда, доштани ҳеҷ мансабу вазифа ё дарёфти ҳеҷ пулу мол аз ҳукумат шарт нест. Ватандӯстию ватандорӣ тиҷорат нест, ки дар ивази чизе матраҳ бошад, ин тарзи тафаккур ва мавқеи шаҳрвандии инсон аст.

***

Ҳамин тавр, банда пеши Худованд ва назди таъриху виҷдони худ гувоҳӣ медиҳам, ки дар фаъолиятам ҳолати чоплусӣ, яъне ҳамон бо мақсади дарёфти пул ё мол ё мансаб ё имтиёз нисбати ҳукумат ё роҳбарият ситоиши беасос кардан ҷой надоштааст. Ман ҳангоми савол ё зарурат мавқеи шаҳрвандӣ, илмӣ ва сиёсии худро ҳамчун мавқеи худам баён кардаам ва сабабҳои ҷонибдории огоҳонаи худ аз давлат ва роҳбарияти онро болотар ишора намудам.

Бинобар ин, аз ҳамаи мухолифону мувофиқини азиз ва ранҷидагону фейкҳои муҳтарам самимона хоҳиш дорам, ки агар Шумо мавқеи шаҳрвандӣ ва сиёсии маро қабул надоред, марҳамат, маро ҳамчун ҷонибдори ин давлат, ҷонибдори ин низоми сиёсӣ ва ҷонибдори сиёсатҳои роҳбарияти кишвар сад бор муҳокимаву танқид намоед. Агар ин мавқеъ ва ин андешаро нодуруст меҳисобед, исбот кунед ва нишон диҳед, ки он нодуруст аст.

Аммо ба ҷойи ин, шахсияти муаллифро сиёҳ кардаву бе ҳеҷ асос мавқеи маро ба чоплусиву манфиату тамаъ нисбат надиҳед. Зеро ҳаргиз чунин нест ва агар аҳли имонед, туҳмату дурӯғ дар ҳаққи касе барои худатон гуноҳи азим ва барои ҷонатон ҷабри алим хоҳад буд.

Ҷомеаи огоҳ худ «фабрикаи ҷавоб» аст

Тавре зикр шуд, имрўз посдорони арзишҳои миллию давлатӣ, ҳомиени ваҳдату суботи кишва ва ҷонибдорони сиёсатҳои роҳбарияти давлат назару шарҳу ҷавоби худро дар муқобили ҳуҷумҳои идеологию иттилоотии берунӣ дар шакли мақола, таҳлил, вокуниш, шеър, шарҳ ва ғ. пешкаш менамоянд. Дар ин самт, бе ҳеҷ асосе ба кадом як «фабрикаи ҷавоб» ва ё «фермаи ҷавоб» нисбат додани ҳамаи ин муаллифони самимӣ ва соҳиби мавқеи шаҳрвандӣ низ яке аз туҳматҳо ва ҷабрҳои роиҷ дар фазои имрўзи маҷозӣ гаштааст.

Дар бораи «фабрикаи ҷавоб» бояд гуфт, ки даҳ сол пеш ин ибора нисбати гурўҳи хурде кор рафта буд, ки он ба таври касбӣ ба таҳияи посухҳо ба маводи алоҳида машғул буд. Аммо имрўз дар фазои иттилоотӣ ва муҳити маҷозӣ аз қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳазорон муаллифи воқеӣ ба майдон омадааст, ки мавқеи худро дар масъалаҳои ҷорӣ огоҳона баён мекунад. Тавре овардам, масалан, банда мавқеи ахири фаъолони мухолиф дар бораи даъват ба бетартибиҳоро ғайримасъулона дониста, дар ин бора фикри худамро дар саҳифаи худам ифода мекунам. Пас, оё ман аз «фабрикаи ҷавоб» ҳастам? Дар ин рўзҳо даҳҳо тан аз донишмандони огоҳи тоҷик ин фитнаи хатарнокро нораво шуморида, онро бо ному унвони худ маҳкум карданд. Оё онҳо аз «фабрикаи ҷавоб»-анд? Бинобар ин, ба «фабрикаи ҷавоб» нисбат додани ин доираи васеъи муаллифони соҳибназар на ифодаи воқеият, балки боз ҳам як ҳамлаи ҳадафманди таблиғотӣ бар зидди афроди ватандўст ва соҳибмавқеъ мебошад. Зеро ҳоло сухан дар бораи як гурӯҳи хурди корӣ намеравад, балки ҳоло бо дарки моҳияти таҳдидҳо, худи ҷомеаи огоҳ худ ба фабрикаи азими ҷавоб дар баробари идеологияи бегона ва ҳуҷумҳои иттилоотии берунӣ табдил гашта истодааст.

Барои тақвияти табиии мавқеъ ва зарфияти ин қишри соҳибмавқеъ, мехостам таъкид кунам, ки имрӯз давлат даҳҳо марказҳои илмию тадқиқотӣ, пажўҳишгоҳу академияҳои фанҳои ҷамъиятӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, шабакаву расонаҳои буҷавӣ дорад, ки масъулону кормандонашон аз ҳукумат мансаб, имтиёз, шароит ва маош дарёфт мекунанд. Пас, ҳимоят аз арзишҳои миллию давлатӣ ва муқовимат бо ҳуҷумҳои идеологию иттилоотии берунӣ низ, пеш аз ҳама вазифаи ҷонии ҳамин маҷмааи бузург аст. Агар ин ниҳодҳо ва ин қишр бо дарки саҳеҳи таҳдидҳо ва масъулиятҳо дар ин масъала фаъолтар гардад, зарфияти онҳо садҳо баробари он гурӯҳи эродгарони маҷозист. Ин ҳаҷми азими зеҳнӣ худ метавонад ҷавоби васеъ ва босалоҳияти миллиро дар баробари ҳама гуна таҳдиди идеологию ҳуҷуми иттилоотӣ таъмин созад.

Аҳли илму зиё, мактабу маориф ва фарҳангу эҷод бояд дарк намоянд, ки бозгашти низоъу бесуботӣ ва омадани тафаккури бегонаи ифротӣ, пеш аз ҳама таҳдид ба арзишҳои миллию дунявӣ, таҳдид ба илму маърифат ва таҳдид ба фарҳангу ҳунар ва ниҳоят, таҳдид ба кору коргоҳ ва арзишҳои зиндагии худи онҳост.

Пас, дар ин мубориза ҳар нафари соҳибватан ва ҳар зиёии рӯшан бояд худ як «фабрикаи ҷавоб» бошад, ҳар пажўҳишгоҳ ва ҳар донишгоҳ бояд худ як «фабрикаи ҷавоб» бошад. На дар пушти кадом номи мустаор, балки самимию ошкор. Давлатдорона, касбӣ, аз мавқеи худ, бо ному унвони худ.

Ва ниҳоят, сабаб ва ҳукми ҳукм ба чоплусӣ чист?

Ҳукми чоплусӣ ва мадҳу ситоиши нораворо дар оғоз гуфтем. Дар поён мехостам дар ин масъала се нуктаи ҷамъбастӣ оварам:

Якум, мутаассифона, ситоиш дар таърихи динию милии мо бисёр роиҷ будааст. Хатибон ҳамеша водор буданд, ки ба номи халифаю султон хутба хонда, дар ҳаққи ў санову дуо фиристанд. Адибони мо аз Рўдакӣ то Шўравӣ давлату роҳбар суруданд ва ҳазор девон мадҳия гузоштаанд. Яъне, масъала дар ҷомеаи мо решаи амиқи таърихию фарҳангӣ дорад ва решакании он сода нест. Албатта, дар замони муосир чоплусӣ ҳаргиз шоиста намебошад, аммо чӣ дар гузашта ва чӣ имрўз муҳим будааст, ки тавсиф моҳиятан дурӯғ набошад ва мақсад аз он тамаъ набошад; зикри сифатҳои неки инсон ё таблиғи барномаҳои хуби давлат бошад, аммо чоплусию риё набошад. Меъёри муътадил ҳамеша ҳамин аст.

Дуюм, гоҳо фикр мекунам, ки шояд сабаби чунин вокуниши ҳассоси баъзе аз танқидгарон на худи ҳимояту ситоишҳо, балки нороҳатӣ аз самти имрўзаи онҳо бошад? Зеро агар эродгириҳои дўстони наҳзатиро мисол гирем, баръакс, собиқаю таҷрибаи мадҳу ситоиш он ҷо басе бештар буд. Ёд дорам, ки ҳанӯз дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар бораи роҳбари ҳизби наҳзат садҳо шеъру мақолаю достон ба нашр расида буданд. Ҳангоми кор дар Комиссияи Оштии Миллӣ ҳамроҳи марҳум Султон Ҳамад чанд дафтар шеърҳои наҳзатиён дар ситоиши пешвои худро ҷамъ карда будем, ки он ҷо ҳама чиз буд: аз васфи ҷилои риши роҳбар то тавсифи сифоту каромоташ. Албатта, дар ин осор ихлосу эҳтиром низ фаровон буд. Як худи устод Муҳаммадалии Аҷамӣ дар васфи С.А.Нурӣ як девон ғазал, як достони манзум ва романи калонҳаҷми «Нур дар зиндон»-ро эҷод карда буд, ки ҳамагӣ ба чоп расидааст. Гурўҳи ҳунарии наҳзат низ чандин суруд (нашид) дар васфи С.А.Нурӣ суруда буду ҳатто дар бораи қумандонҳои ҷангии наҳзатӣ ҳам садҳо шеъру достону филм таҳия шудаанд.

Дар бораи ҳатмӣ будани “ҳимояи шаъну шарафи пешвои наҳзат” бошад, ҳамин мисол кофист, ки шахсан банда соли 1998 дар «додгоҳи шариатӣ»-и ҳизби наҳзат бо ҷурми «танқид кардани роҳбари ҷиҳоду ислом», яъне устод С.А.Нурӣ, муҳокимаи васеъ шуда, ҳукм ва ҷазои шадид гирифта будам. Ба он гузаштаи дур салавот, аммо ин мисоли рӯшане аз он воқеият аст…

Ҳоло бошад, баъзе аз муллифони ҳамон ситоишномаҳо, гардонандагони ҳамон додгоҳҳо ва муҳаррирони ҳамон ҳукмномаҳо ҷонибдорони давлат ва ваҳдатро ба ситоишгарии давлату роҳбарият айбдор мекунад. Агар назди инон стоиш амале моҳиятан норавост, пас чаро дар он сурат нораво набуд? Пас шояд мушкили ин эродгарон на худи амали ситоишгарӣ, балки ин бошад, ки имрўз ситоиш ба самти дигар равона шудааст?

Сеюм, ҳукми чоплусиро гуфтем, аммо ҳукми туҳмат бастани инсонҳо ба чоплусӣ чист? Зеро тавре маълум шуд, дар аксари мавридҳо, бе ҳеҷ далел ва бе ҳеҷ эҳсоси масъулият, фақат барои беобурў кардани инсонҳо, онҳоро ба чоплусӣ ва намояндагӣ аз «фабрикаи ҷавоб» ва ғайра муттаҳам мекунанд. Ин низ як амали ғайринсонӣ ва ғайримусалмонист, ки бояд маҳкум шавад. Хулосаи солим ин аст, ки агар касе ба таври мушаххас чоплусӣ ва тамаъҷӯйӣ мекунад, танқиду маҳкум кардани он бок нест, аммо бе ҳеҷ далел чоплусхонии инсонҳои дур аз ин амал ҳаргиз пазируфта намебошад.

Пас, ҳамчун сухани ҷамъбастӣ, дар бораи туҳмати беасоси дигарон ба чоплусию тамаъҷӯйӣ низ метавонем ҳамон ҳукми аввалро такрор намуд: ҳукми чунин туҳмат аз назари динию шаръӣ ҳаром (1), аз назари ахлоқию инсонӣ маҳкум(2) ва аз назари сиёсию давлатдорӣ зиёновар аст(3). Аммо бо як тафовут, ки ҳукми ҳуқуқии туҳмати ошкор дар қонунгузорӣ низ мушаххас аст(4).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.