ШУКРОНА

Вақти сухан дошт бобои ман,

Ҷойи забон «шукр» андар даҳан.

Ҳар неку ҳар бад, ки ояд ба сар,

Шукрона будӣ ҷавоби падар.

Чун нахли имони худ модарам,

Шукрона номида буд хоҳарам.

Пироҳани сурху сабзу кабуд,

Дар деҳа як деҳа Шукрона буд…

 

Шукрона як амри маҷбур нест,

Муҳтоҷи фармону дастур нест.

Шукрона як рукни имони мост,

Фарҳанги халқи мусулмони мост.

 

Гирам ду-се фарди дигарманиш,

Шукронаро мекунад сарзаниш.

Ё чанд нерӯи ислоҳхоҳ,

Шукронаро таън басту мазоҳ.

Оё ба таблиғу талқини ӯ,

Бояд битобам зи шукрона рӯ?

Бархезаму боз тӯфон кунам,

Ҷамъи Ватанро парешон кунам?

Осоиши анҷуман бишканам,

Ҷоми булури Ватан бишканам?…

Шукрона баҳси сиёсӣ набуд,

Барномаи ихтисосӣ набуд.

 

Гирам намояндаи як ниҳод,

Олуда бошад ба фисқу фасод.

Ё ин, ки як нозири назми роҳ,

Дар кори худ мекунад иштибоҳ.

Ё ин, ки дар дафтаре пушти миз,

Биншаста бинам ду-се бетамиз.

Оё зи баҳри Ватан бигзарем?!

Номи Ватанро ба зиштӣ барем?!

Навмеду баргаштаҳолат шавем,

Аз Меҳани худ хиҷолат шавам?

Бо дидани як-ду-се носазо,

Бояд ватанро намоям раҳо?!…

 

Ман низ мебинам ахборро,

Он ҳарфҳои батакрорро.

Шояд, ки шукронаи рӯбарӯ,

Шукронаро карда беобрӯ.

Аммо алорағми танзими паст,

Шукрона як аслу як арзиш аст.

Бар рағми ин тарзи таблиғи суст,

Шукрона асли бузургу накӯст.

Он даъвати гарми он пири кор,

Нурест аз мактаби рӯзгор…

Шукрона аз ҳикмати дин бувад,

Фарҳангу нерӯи ботин бувад.

Шукрона аз ҳирс бахшад наҷот,

Аз чанги ин хирс бахшад наҷот.

 

З-ин рӯ ман аз решаву мағзи ҷон,

Шукрона дорам ба вирди забон.

Бе ҳеҷ барномаву ҳеҷ суд,

Он сон, ки дину хирад раҳ намуд.

Шукронаи Кирдгори азим,

Султони умеду султони бим.

Яктову зебову фарёдрас,

Пайдогари шамъу себу нафас…

Шукронаи обу хоки Ватан,

Шукронаи номи поки Ватан.

Шукронаи даштҳои баланд,

Шукронаи мардуми арҷманд.

Шукронаи набзи гарми ҳаёт,

Шукронаи бозгашти субот.

Шукронаи ваҳдати пойдор,

Шукронаи давлати устувор.

Шукронаи парчаму тоҷу тахт,

Шукронаи ҷаннати пойтахт.

Шукронаи обҳои равон,

Шукронаи наслҳои ҷавон.

Шукронаи кишвари орзу,

Шукронаи халқи шукронагӯ…

 

Шукрона як амри маҷбур нест,

Муҳтоҷи фармону дастур нест.

Шукрона таълими дини ман аст,

Таълими дини мубини ман аст…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.