ҶОЙГОҲИ ДАВЛАТ
Ҳамчун ҳабиби давлат, ҳамчун сипоҳи давлат,
Қарзе азим дорам, дар пешгоҳи давлат.
Асрори мулкдорӣ «тафсири ин ду ҳарф аст»,
Давлат паноҳи мардум, мардум паноҳи давлат.
Давлат ҳамин ману ту, ин марзу ин диёрем,
Ҳар санг лаъл бошад андар нигоҳи давлат.
Ҳар фард як ҷаҳон аст, як узви хонадон аст,
Гар бингарӣ ба мардум аз дидгоҳи давлат.
Гар авҷи ормонаш қавму гурӯҳ бошад,
Бе давлат аст одам дар авҷи ҷоҳи давлат.
Андешаи ғуломӣ бояд фурӯ гузорад,
Қавме, ки мегузорад бар сар кулоҳи давлат.
Болотар аз раёсат, болотар аз сиёсат,
Болотар аз ҳукумат бошад салоҳи давлат…
Як тора шамъ гаштам, як пора рўшноӣ,
То ҳеҷ гаҳ набинам рӯзи сиёҳи давлат.