БАРДОШТЕ АЗ ДАРДҲОИ САДСОЛАИ ИҚБОЛИ ЛОҲУРӢ
Шабе бигриистам бо рӯҳи Иқбол,
Ки аз он рӯзгорон рафта сад сол:
Ҳамон мулло, ҳамон сӯфӣ, ҳамон шайх,
Ҳамон ғафлат, ҳамон хорӣ, ҳамон ҳол.
Ба мулло бастам аҳди ошнойӣ,
Вале ночор гаштам аз ҷудойӣ.
Худойи ман Худойи аззу ҷалл буд,
Худои ҳазрати мулло- худойӣ.
Чу аз ёди висоли ёр мастам,
Чӣ сон оини муллоро парастам?
Аз он бесуннату бемазҳабам хонд,
Ки ман аз хони кас локӣ набастам.
Зиҳӣ муфтӣ, ки фатворо фурӯшад,
Зиҳӣ шайхе, ки тақворо фурӯшад.
Аҷаб гарм аст бозори хиёнат,
Зиҳи мулло, ки муллоро фурӯшад.
Маро бо аҳли мазҳаб арз бошад,
Ки шояд гуфтани он қарз бошад.
Ҳамон рише, ки аз суннат ниҳодӣ,
Ба дасти шона додан фарз бошад.
Ҳама мулло ба мулло дар хилоф аст,
Ба даври каъбаи худ дар тавоф аст.
Чу аз ваҳдат сухан гуфтам ба пешаш,
Бигуфто мазҳаби мо ихтилоф аст.
Ту мегуӣ мусалмон бешумор аст,
Ҳазор андар ҳазор андар ҳазор аст.
Намегуӣ, ки аз фақру ҷаҳолат,
Ҳама вобаставу маҳруму хор аст.
Ба хоки эҳтиёҷу фақру ҳирмон,
Намерӯяд гиёҳи ишқу имон.
Зи дини Мустафо бӯе набурда,
Агар бо ҷаҳл дарсозад мусалмон.
Мусалмоне, ки ахлоқаш накӯ нест,
Зи нури Мустафо чизе дар ӯ нест.
Агар дарёи дониш гашта бошад,
Варо дар маҳфили мо обурӯ нест.
179 – Мақоларо хонданд, 2 – Имрӯз хонданд